Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 1992, № 66 "Дар бораи қисман тағьир додани андоза ва тартиби маблағҷудокунӣ ба фонди давлатии мусоидати шӯғл"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи қисман тағьир додани андоза ва тартиби маблағҷудокунӣ ба Фонди давлатии мусоидати шӯғл

Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи с.1992 "Дар бораи дохил намудани тағьирот ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни с.1991 "Дар хусуси тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шуғли аҳолӣ" Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи ду фоизи кисми масрафии буҷети ҷумҳурӣ, бо назардошти аз 2 январи с. 1992 аз худ кардани он, маблағҷудокуниро ба Фонди давлатии мусоидати шуғл пешбинӣ намояд.

2. Вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаю ташкилоҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ баҳри сари вақту пурра ба Фонди давлатии мусоидати шуғл гузаронидани маблағҳои муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Саруправленияи давлатии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро аз болои расидани маблағҳо ба Фонди давлатии мусоидати шуғл таъмин намояд.

3. Кумитаи иҷрояи шаҳри Душанбе мувофиқати Кумитаи давлатии кор ва тарбияи кадрҳои коргарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани биноҳои зарурӣ ба Марказҳои шуғли аҳолии ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, инҷунин Маркази ҷумҳурии интихоби касб барои ташкили кадрҳои онҳо дар мавриди хизматрасонии аҳолӣ масъаларо барасӣ кунад ва мувофиқи тартиби муқарраргардида ҳал намояд.

Доир ба масъалаҳое, ки қарори иловагии Ҳукуматро талаб мекунад, ба Девони Вазирони ҷумҳурӣ таклифҳо пешниход намояд.

Кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо муассисаҳои Банки амонатии ҷумҳурӣ барои пардохти ёрдампулӣ аз рӯи бекорӣ ба шаҳрвандони бекор биноҳои мавриди ниёзро ҷудо карда, барои ҷиҳозонии техникии онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Абзаци якуми банди 3 Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри с.1991 № 296 "Дар бораи Фонди давлатии мусоидати шуғл" аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Сарвазири

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    А. Мирзоев

Мудири

Корҳои Девони Вазирони

Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Ю. Эгамбердиев

аз 12 марти соли 1992, № 66

ш.Душанбе

Кабинет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О частичном изменении размера и порядка отчисления средств в Государственный фонд содействие занятости

Во исполнение Закона Республики Таджикистан "О занятости населения" и Постановления Верховного Совета Республики Таджикистан от 10 января 1992 г. "О внесении изменений в Постановление Верховного Совета Республики Таджикистан от 27 июня 1991 г. "О порядке введения в действие Закона Республики Таджикистан "О занятости населения" Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерству экономики и финансов Республики Таджикистан предусмотреть отчисления в Государственный фонд содействия занятости в размере двух процентов расходной части бюджета республики, исходя из его освоения, начиная со 2 января 1992 г.

2. Министерствам и ведомствам Республики Таджикистан, предприятиям и организациям независимо от форм собственности, облгоррайисполкомам принять необходимые меры по своевременному и полному перечислению средств в Государственный фонд содействия занятости.

Главному государственному налоговому управлению Республики Таджикистан обеспечить контроль за полнотой и своевременностью поступления средств в Государственный фонд содействия занятости.

3. Душанбинскому горисполкому по согласованию с Государственным комитетом Республики Таджикистан по труду и подготовке кадров рабочих рассмотреть в установленном порядке и решить вопрос о выделении Республиканскому и Душанбинскому городскому центрам занятости населения, а также Республиканскому центру профориентации необходимых помещений для организации их работы по обслуживанию населения. По вопросам, требующим дополнительного решения Правительства, представить предложения Кабинету Министров Республики Таджикистан.

Облгоррайисполкомам совместно с учреждениями Республиканского сберегательного банка выделить требуемые помещения для выплаты безработным гражданам пособий по безработице и принять необходимые меры по их технической оснащенности.

4. Признать утратившими силу абзац первый пункта 3 постановления Кабинета Министров Республики Таджикистан от 27 сентября 1991 г. №296 "О Государственном фонде содействия занятости."

Премьер-министр

Республики Таджикистан А. Мирзоев

Управляющий 

Делами Кабинета Министров

Республики Таджикистан Ю. Эгмабердиев

от 12 марта 1992г. № 66

г.Душанбе