Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2022, №435 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

1. Ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

1) дар муқаддима калимаи "ревизионӣ" ба калимаи "тафтишӣ" иваз карда шавад;

2) дар банди 3 калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;

3) дар банди 4 рақами "209" ба рақами "207" иваз карда шавад.

2. Ба Низомномаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, № 143 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1) дар банди 2 калимаҳои "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва "Кодекси мурофиавӣ-ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан ба калимаҳои "Дар бораи муқовимат ба коррупсия" ва "Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

2) дар банди 3:

- дар сархатҳои якум ва сиву чорум калимаҳои "ревизия ва" ба калимаи "тафтишу" иваз карда шаванд;

- дар сархати сеюм калимаи "инвеститсионӣ" ба калимаи "сармоягузорӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати шашум калимаи "инвеститсияҳои" ба калимаи "сармоягузории" иваз карда шавад;

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "ва таҳияи" ба калимаҳои ", инчунин таҳияи" иваз карда шаванд;

- дар сархати даҳум калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "шаҳрак ва деҳот" иваз карда шавад;

- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- муайян намудани самтҳои афзалиятноки муқовимат ба коррупсия, аз рӯйи нақшаи кори Агентӣ ва дар муҳлати муқарраршуда гузаронидани тафтишу санҷишҳо;";

- сархати ҳабдаҳум ва хаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- муайян ва дар амал татбиқ намудани тартиб ва тарзу усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия;

- гузаронидани экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;";

- дар сархати нуздаҳум калимаи "хатмӣ" ба калимаи "хаттӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати бистум калимаҳои "ревизия ва", "кассаҳо" ва "кассавӣ" мувофиқан ба калимаҳои "тафтишу", "хазинаҳо" ва "хазинавӣ" иваз карда шаванд;

- аз сархати бисту ҳафтум калимаҳои "нишонҳои хизмати шоиста ва" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати сиву якум пас аз калимаҳои "ба ҳуқуқвайронкуниҳо," аломати "," хориҷ ва калимаҳои "дар доираи" илова карда шуда, калимаҳои "ревизия" ва "ревизияи" мувофиқан ба калимаҳои "тафтиши пешакӣ" ва "санҷишу тафтиши" иваз карда шаванд;

- дар сархати сиву сеюм калимаҳои "мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи" ва "мақомоти он" мувофиқан ба калимаҳои "воҳидҳои сохтории Агентӣ ва воҳидҳои маҳаллии" ва "мақомот" иваз карда шаванд;

- дар сархати сиву шашум пеш аз калимаи "коррупсия" калимаҳои "муқовимат ба" илова карда шаванд;

3) дар сархати якуми банди 4 калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад;

4) дар банди 5:

- ҷумлаи сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Агентӣ дар ҳайати 7 нафар аз ҷумлаи роҳбарият аз рӯйи вазифа, сардорони раёсатҳо ва шуъбаҳои мустақили дастгоҳи марказӣ ҳайати мушовара дорад. Ҳайати мушовара бо пешниҳоди директори Агентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.";

- дар ҷумлаи чорум калимаи "аввал" ба калимаи "якум" иваз карда шавад;

- аз ҷумлаи шашум калима ва аломати "сарраёсатҳо," хориҷ карда шаванд;

5) дар банди 6;

- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- нақшаи умумии тафтишу санҷишҳои молиявиро барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;";

- дар сархати дувоздаҳум калимаҳои "махсуси ҳайати олии роҳбарикунанда" ва "пешниҳодот" мувофиқан ба калимаҳои "олӣ ва махсус" ва "пешниҳод" иваз карда шаванд;

- дар сархати чордаҳум калимаи "фармонҳои" ба калимаи "фармоишҳои" иваз карда шавад.

3. Замимаҳои 2 ва 3 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 августи соли 2022, №435

Замимаи 2

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 23 августи соли 2022, №435

Сохтори дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Роҳбарият

2. Раёсати кадрҳо

3. Раёсати тафтишотӣ

4. Раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатӣ

5. Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллӣ

6. Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатӣ

7. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили ҳокимияти давлатӣ, адолати судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ

8. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо ба муқобили моликият, фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ

9. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи андоз ва фаъолияти соҳибкорӣ

10. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи нақлиёт ва гумрук

11. Раёсати муқовимат ба коррупсия

12. Раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

13. Раёсати таҳлил, иттилоот ва омор

14. Раёсати оперативии махсус

15. Раёсати молиявию хоҷагӣ

16. Шуъбаи ташкили кор ва назорат

17. Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеа

18. Шуъбаи чорабиниҳои оперативӣ

19. Шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ

20. Шуъбаи навбатдории оперативӣ ва изолятор (тавқифгоҳ)-и нигоҳдории муваққатӣ

21. Бахши ташкили фаъолияти оперативӣ

22. Бахши коргузории махфӣ

 

Замимаи 3

ба фармони Президенти

Ҷумҳурии Точикистон

аз 23 августи соли 2022, №435

Нақшаи идоракунии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Дастгоҳи марказӣ

2. Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

3. Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

4. Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд

5. Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе

6. Шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб

7. Шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Рашт

8. Шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон

9. Шуъбаи Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор

 

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в указ Президента Республики Таджикистан от 10 января 2007 года, № 143

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" постановляю:

1. Внести в указ Президента Республики Таджикистан от 10 января 2007 года, №143 "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" следующие изменения:

- в пункте 4 цифру "209" заменить цифрой "207".

2. Внести в Положение об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан, утвержденное указом Президента Республики Таджикистан от 10 января 2007 года. №143, следующие изменения и дополнения:

1) в пункте 2 слова "О борьбе с коррупцией" заменить словами "О противодействии коррупции";

2) в пункте 3:

- в абзаце седьмом слова "и подготовка" заменить словами ", а также подготовка";

- в абзаце десятом слово "самоуправлении" заменить словами "самоуправления поселков и дехотов";

- абзац одиннадцатый изложить в следующей редакции:

"- определение приоритетных направлений противодействия коррупции, проведение проверок и ревизии по рабочему плану Агентства в установленные сроки;";

- дополнить абзацами семнадцатым и восемнадцатым следующего содержания:

"- определяет и реализует порядок, способы и методы проведения анализа коррупционных рисков в органах государственного финансового контроля и борьбе с коррупцией;

- проведение государственной антикоррупционной экспертизы нормативных правовых актов и проектов нормативных правовых актов;";

- в абзаце двадцать седьмом слова "знака достойной службы и" исключить;

- в абзаце тридцать первом после слов "по правонарушениям," исключить знак "," и дополнить словами "в рамках";

- в абзаце тридцать третьем слова "органов Агентства и его подведомственных структур" и "органов Агентства" соответственно заменить словами "структурных подразделений Агентства и его территориальных подразделений" и "органа";

- в абзаце тридцать шестом слово "коррупции" заменить словами "противодействия коррупции";

3) в пункте 5;

- третье предложение изложить в следующей редакции:

- "Агентство имеет коллегию в составе 7 человек из числа руководства по должностям, начальников управлений, самостоятельных отделов центрального аппарата. Состав коллегии утверждается Президентом Республики Таджикистан по представлению директора Агентства.";

- из шестого предложения слова п знак "главных управлений," исключить;

4) в пункте 6:

- абзац шестой изложить в следующей редакции:

"- представляет на утверждение Президенту Республики Таджикистан общий план финансовых ревизий и проверок";

- в абзаце двенадцатом слова "Агентства специальных званий высшего начальствующего состава" заменить словами "Агентства высших и специальных званий";

- в абзаце четырнадцатом слова "приказы" заменить словом "распоряжения".

3. Утвердить приложения 2 и 3 к указу Президента Республики Таджикистан от 10 января 2007 года, №143 "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" в новой редакции.

Президент

Республики Таджикистан                                    Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 23 августа 2022 года, №435

Приложение 2

к указу Президента Республики

 Таджикистан от "23"

 августа 2022 года, №435

Структура центрального аппарата Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан

1. Руководство

2. Управление кадров

3. Следственное управление

4. Управление по контролю за бюджетами и государственными фондами

5. Управление контроля местных бюджетов

6. Управление по контролю за хозяйствующими субъектами, инвестиционными проектами и государственным долгом

7. Управление по борьбе с преступлениями против государственной власти, правосудия и военнослужащих

8. Управление по борьбе с преступлениями против собственности, экономической деятельности и инвестиций

9. Управление по борьбе с преступлениями в сфере налогов и предпринимательской деятельности

10. Управление по борьбе с преступлениями в сфере транспорта и таможни

11. Управление по противодействию коррупции

12. Управление государственной антикоррупционной экспертизы нормативных правовых актов

13. Управление анализа, информации и статистики

14. Специальное оперативное управление

15. Финансово-хозяйственное управление

16. Отдел организации работы и контроля

17. Отдел международных отношений, пресс-центра и связей с общественностью

18. Отдел оперативных мероприятий

19. Отдел по делопроизводству и приему обращений физических и юридических лиц

20. Оперативно-дежурный отдел и изолятор временного содержания

21. Сектор организации оперативной деятельности

22. Сектор секретного делопроизводства

Приложение 3

к указу Президента

Республики Таджикистан от "23"

августа 2022 года, №435

Схема управления Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан

1. Центральный аппарат

2. Управление Агентства по Горно-Бадахшанской автономной области

3. Управление Агентства по Хатлонской области

4. Управление Агентства по Согдийской области

5. Управление Агентства по городу Душанбе

6. Отдел Агентства по городам и районам Кулябского региона

7. Отдел Агентства в Раштском регионе

8. Региональный отдел Агентства в Зеравшанской долине

9. Отдел Агентства по городам и районам Гиссарской долины