Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 май соли 2022 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1160
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, инчунин шакли эъломия ва замимаҳои он
070.030.020
Мутобиқи қисми 4 моддаи 272 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ карда шудааст,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, инчунин шакли эъломия ва замимаҳои он тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. Фармоиши мазкур ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир - сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.
Вазир Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор
ш. Душанбе,
аз 1 апрел соли 2022 № 58
Замимаи 1
ба фармоиши вазири молияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 апрели соли 2022, № 58
ДАСТУРАМАЛ ОИД БА ҲИСОБ ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(фармоиши вазири молияи ҶТ аз 03.05.2025
№ 47)
1. Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда (минбаъд - Дастурамал) дар асоси қисми 4 моддаи 272 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кодекси андоз) таҳия карда шуда, супорандагони андоз, объекти андозбандӣ, манбаи андоз, меъёри андоз, давраи андоз, тартиби ҳисоб кардани андоз, тартиб ва муҳлати пардохти андоз, имтиёзҳои андоз ва тартиби пешниҳод кардани ҳисоботи андоз аз арзиши иловашуда (минбаъд - ААИ)-ро муайян менамояд.
2. ААИ андози ғайримустақим буда, дар тамоми марҳилаҳои муомилоти мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи муқаррароти Дастурамал пардохт карда мешавад.
Эзоҳ: Мисол. ҶДММ "А" барои фурӯши 100 тонна шакар ба маблағи умумии 1 миллион сомонӣ бо ҶДММ "Б" шартнома мебандад. Бо мақсади ҳисоб ва пардохт намудани ААИ фурӯшанда (ҶДММ "А") уҳдадор аст, ки ба арзиши моли фурӯхташаванда ААИ-ро бо меъёрҳои муайяншуда илова намуда (1 000 000 + ААИ) шакарро ба ҶДММ "Б" таҳвил намояд.
2. СУПОРАНДАГОНИ АНДОЗ
3. Шахсони зерин супорандагони ААИ эътироф карда мешаванд:
- шахсе, ки даромади умумии он дар давраи на зиёда аз 12 моҳи пурраи пайдарпайи тақвимӣ аз 1,0 миллион сомонӣ зиёд мебошад;
- шахсе, ки ба фаъолияти фондҳои сармоягузорӣ, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳои суғуртавӣ ва қарзӣ, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ломбардҳо, истифодабарандагони захираҳои табиӣ, таҳвилкунандагони алюминийи аввалия, истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, инчунин шахсоне, ки дар асоси шартномаҳои комиссия, супориш ва шартномаҳои миёнаравии дигар ба фаъолияти миёнаравӣ машғул мебошанд;
- шахси хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро мутобиқи боби 32 Дастурамал анҷом медиҳад;
- шахси ҳуқуқии хориҷие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили мол ва иҷрои корро анҷом медиҳад, агар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли таҳвили чунин мол ва иҷрои кор эътироф карда шавад;
- шахсе, ки вориси ҳуқуқии супорандаи ААИ бошад;
- шахсе, ки тибқи муқаррароти боби 15 Дастурамал агенти андоз дониста шавад;
- шахсе, ки воридоти андозбандишавандаи молро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад;
- шахсе, ки барои супоридани ААИ ихтиёран муроҷиат менамояд.
Эзоҳ: Барои муайян намудани даромади шахсони дар сархатҳои якум ва ҳаштуми ҳамин банди Дастурамал даромади умумии шахсони мутақобилан вобаста ба эътибор гирифта мешавад.
4. Бақайдгирии ихтиёрии шахс ҳамчун супорандаи ААИ аз ҷониби мақомоти андоз танҳо дар ҳолати таъмин гардидани талаботи зерин анҷом дода мешавад:
- агар макони фаъолияти доимии соҳибкории шахс муайян бошад;
- агар шахс фаъолияти соҳибкорӣ дошта бошад ва баҳисобгирии муҳосибиро тибқи қонунгузории баҳисобгирии муҳосибӣ анҷом диҳад;
- агар шахс ба ширкатҳои фаъолияти аҳамияти иқтисодӣ надошта алоқаманд набошад.
5. Дар ҳолати ба миён омадани талаботи сархатҳои якум, дуюм, сеюм, панҷум, шашум ва ҳаштуми банди 3 Дастурамал бақайдгирии андозсупоранда ба сифати супорандаи ААИ дар асоси муроҷиати андозсупоранда ба таври автоматӣ аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода шуда, дар ин хусус ба андозсупоранда шаҳодатнома дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешавад.
6. Мақомоти андоз дар сурати ошкор намудани асосҳои кофӣ ҳуқуқ дорад, ки якчанд фаъолияти субъектҳои соҳибкории ба як шахс тааллуқдоштаро ҳамчун як субъекти хоҷагидорӣ эътироф намояд ва аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки ҳолати мазкур ошкор шудааст, чунин шахсро ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирад.
7. Шахс ҳамчун супорандаи ААИ аз санаҳои зерин эътироф карда мешавад:
- мутобиқи сархати якуми банди 3 Дастурамал - аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз ҳадди бақайдгирӣ зиёд шудааст;
- мутобиқи сархати дуюми банди 3 Дастурамал - аз рӯзи бақайдгирии давлатӣ;
- мутобиқи сархатҳои сеюм ва чоруми банди 3 Дастурамал - аз рӯзи оғози фаъолият дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мутобиқи сархати панҷуми банди 3 Дастурамал - аз лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқ ба ворисӣ;
- мутобиқи сархати шашуми банди 3 Дастурамал - аз санаи пардохти даромад ба ғайрирезидент;
- мутобиқи сархати ҳафтуми банди 3 Дастурамал - ҳангоми воридоти андозбандишавандаи молро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Эзоҳ: Шахс дар санаи воридоти мол ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандаи ААИ ба ҳисоб меравад, новобаста аз он, ки чунин шахс ба сифати супорандаи ААИ дар мақомоти андоз бақайд гирифта шудааст ё не;
- мутобиқи сархати ҳаштуми банди 3 Дастурамал - аз санаи дар шаҳодатномаи бақайдгирӣ дарҷшуда.
8. Ба истиснои ҳолатҳои дар сархати ҳафтуми банди 3 Дастурамал, шахсони зерин супорандаи ААИ дониста намешаванд:
1) мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ - дар доираи иҷрои ваколатҳо;
2) шахсоне, ки дар низомҳои махсус фаъолият менамоянд.
9. Андозсупорандагони дар банди 3 Дастурамал муқарраршуда ҳуқуқи бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ-ро доранд, агар шартҳои зерин иҷро гарданд:
- даромади умумии андозсупоранда бо дар назар доштани муқаррароти сархати дуюми банди 3 Дастурамал аз ҳадди 1 миллион сомонӣ, аз рӯйи ҷамбасти 12 моҳи пурраи пайдарпайи тақвимӣ кам шуда бошад;
- аз лаҳзаи гузариш ба низоми умумии андозбандӣ 36 моҳи тақвимӣ гузашта бошад.
10. Дар ҳолати бақайдгирӣ ва бекор кардани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ андозсупоранда уҳдадор аст, ки мувофиқан дар низоми умумии андозбандӣ ё махсус фаъолият намояд.
11. Тартиби бақайдгирӣ ва бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ, пешбурди Феҳрист, додани шаҳодатнома ва қатъи амали он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия таҳия ва тасдиқ карда мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶДММ "Ш" фаъолияти соҳибкориро аз 1 январи соли 2022 оғоз намуда, даромади умумиаш то 1 майи соли 2022 бештар аз 1,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин маврид ҶДММ "Ш" уҳдадор аст барои бақайдгирӣ барои мақсадҳои ААИ ба мақомоти андоз муроҷиат намояд.
Мисоли 2. ҶДММ "А" дар давраи аз 1 июни соли 2021 то 1 январи соли 2022 зиёда аз 1,0 миллион сомонӣ даромад ба даст овардааст, аммо Ҷамъият барои бақайдгирӣ ба мақсадҳои ААИ ба мақомоти андоз муроҷиат накарда, фаъолияти худро дар низоми махсуси андоз идома додааст. Ҳангоми назорати андозӣ, аз ҷумла назорати камералӣ ҳолати мазкур муайян карда шудааст. Дар ин асос мақомоти андоз тибқи муқаррароти моддаи 42 Кодекси андоз ба Ҷамъият бо талаби дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ислоҳ намудани номутобиқатиҳои ошкоргардида ва ҷиҳати бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ дар шаклҳои хаттӣ ё электронӣ огоҳинома ирсол менамояд.
Мисоли 3. Дар натиҷаи азнавташкилёбии ҶДММ "С", ки супорандаи ААИ буд, ҶДММ "Ш" таъсис ёфт, ки тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисх вориси ҳуқуқии ҶДММ "С" мебошад. Барои мақсадҳои ААИ ҶДММ "Ш" новобаста аз ҳаҷми амалиётҳои андозбандишавандааш (таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо) уҳдадор аст пас аз рӯзи ба қайдгирии давлатӣ барои ба сифати супорандаи ААИ бақайд гирифтан ба мақоми андоз муроҷиат намояд.
Мисоли 4. Ширкати интернетии "Х" (шахси хориҷӣ) бе ҳузур доштан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман ба шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳад ва маҳалли чунин хизматрасониҳо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар чунин сурат, ширкати интернетии "Х" тибқи тартиби муқарраршуда, худро ҳамчун супорандаи ААИ бақайд гирифта, уҳдадор аст ААИ-ро ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва пардохт намояд.
Мисоли 5. Шахси воқеӣ "К.А" бо мақсади канорагирӣ аз андозбандӣ, аз ҷумла аз пардохти ААИ фаъолияти соҳибкории худро, ки фурӯши маводи сохтмонӣ мебошад, дар байни ҶДММ "К", ҶДММ "А" ва соҳибкори инфиродӣ "К.Б", ки дар низоми содакардашудаи андозбандӣ қарор доранд, тақсим намуда, фаъолиятро ба воситаи онҳо дар бозорҳои "Сохтмон", "Саноат" ва "Мавод" ба роҳ мондааст. Чунин амалиёт ба шахси воқеӣ "К.А" имкон медиҳад, ки пайваста фаъолияти худро ба воситаи субъектҳои соҳибкории зикргардида дар низоми содакардашудаи андозбандӣ пеш бурда, бо ин восита аз андозбандии ААИ канорагирӣ намояд. Таҳлили маълумотҳо аз ҷониби мақомоти андоз ҳолати ба шахси воқеӣ "К.А" тааллуқ доштани ҳамаи субъектҳои соҳибкории номбаршударо ошкор месозад. Инчунин муайян карда шуд, ки дар давраи 12 моҳи ҳисоботии гузашта даромади умумии ҶДММ "К" 680 000 сомонӣ, ҶДММ "А" 520 000 сомонӣ ва соҳибкори инфиродӣ "К.Б" 320 000 сомониро ташкил медиҳад, ки дар маҷмуъ ба 1 520 000 сомонӣ баробар шудааст, ки аз ҳадди даромад барои низоми содакардашудаи андозбандӣ бештар аст. Дар чунин ҳолат мақомоти андоз тибқи талаботи банди 6 Дастурамал ҳар се субъекти соҳибкории зикршударо ҳамчун як субъекти хоҷагидорӣ эътироф намуда, аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки ҳолати мазкур ошкор шудааст, барои чунин шахсро ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирифтан ба шахси воқеӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ огоҳинома ирсол менамояд. Санаи ҳамчун супорандаи ААИ эътироф шудани чунин шахс мутобиқи сархати якуми банди 3 Дастурамал - аз рӯзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он даромади умумии андозсупоранда аз ҳадди бақайдгирӣ зиёд шудааст, дониста мешавад.
Мисоли 6. ҶДММ "К" барои ихтиёран ба қайд гирифтан ба сифати супорандаи ААИ ба мақомоти андоз муроҷиат намудааст. Мақомоти андоз бо дар назар доштани талаботи банди 4 Дастурамал муайян мекунад, ки макони фаъолияти доимии соҳибкории Ҷамъият муайян мебошад, оё Ҷамъият воқеан фаъолияти соҳибкорӣ менамояд ва баҳисобгирии муҳосибиро тибқи қонунгузории муҳосибӣ анҷом медиҳад, Ҷамъият ва муассиси он ба ширкатҳои дорои фаъолияти аҳамияти иқтисодӣ надошта алоқаманд мебошад ё не. Бо дар назар доштани ин, мақомоти андоз муроҷиати ҶДММ "К"-ро баррасӣ намуда, барои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ хулоса медиҳад.
Мисоли 7. ҶДММ "А" 1 июли соли 2021 пас аз даромади умумиаш аз 1 миллион сомонӣ зиёд шудан ба низоми умумии андозбандӣ гузаштааст. Новобаста аз он, ки даромади умумии Ҷамъият дар 12 моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта (то 1 июли соли 2022) аз 1 милиион сомонӣ камтар шудааст, минбаъд то сипарх шудани 36 моҳ уҳдадор мебошад дар низоми умумии андозбандӣ фаъолият намояд. Танҳо пас аз гузаштани 36 моҳи тақвимӣ, агар дар 12 моҳи пайдарпайи тақвимии гузаштаи охирин аз 1 миллион сомонӣ камтар шуда бошад, андозсупоранда ҳуқуқ дорад барои бекор намудани бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ ба мақомоти андоз муроҷиат намояд. Шахсоне, ки дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 375 Кодекси андоз қайд шудаанд, новобаста аз кам гардидани даромади умумиашон дар тамоми давраи фаъолият ба сифати супорандаи ААИ фаъолият менамоянд. Агар даромади умумии Ҷамъият дар 12 моҳи пайдарпайи тақвимии гузашта аз 1 милион сомонӣ камтар шуда, аз давраи гузариш ба низоми умумӣ ва бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ 36 моҳи гузашта бошад, дар асоси муроҷиати Ҷамъият бақайдгирӣ ба сифати супорандаи ААИ бекор карда мешавад. Бо ин сабаб Ҷамъият уҳдадор мебошад аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми содкардашуда гузашта, тибқи муқаррароти зербанди в) банди 12) қисми 1 моддаи 34 Кодекси андоз ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ иттилоот диҳад. Дар ин ҳолат бекор намудани шаҳодатномаи супорандаи ААИ ва гузариш аз низоми умумии андозбандӣ ба низоми содакардашудаи андозбандӣ дар як вақт анҷом дода мешавад.
3. ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ
12. Объектҳои андозбандии ААИ аз инҳо иборатанд:
- таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби ғайрирезидент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воридоти мол ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
13. Амалиёти андозбандишаванда мутобиқи боби 13 Дастурамал хизматрасонӣ ё иҷрои корро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар намегирад.
14. Агар андозсупоранда молро (корро, хизматрасониро) бо дар назар доштани ААИ харад ва маблағи дахлдори андозро ба ҳисоб гирифта бошад, истифодаи минбаъдаи чунин мол (кор, хизматрасонӣ) барои фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
15. Таҳвили моли (иҷрои кор ё хизматрасонии) андозсупоранда ба кормандони худ ва ба ҳар шахси дигаре, ки супорандаи ААИ намебошанд, аз ҷумла ба таври ройгон, амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳангоми хариди мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ баҳисобгирии ААИ иҷозат дода нашуда бошад. Дар ин ҳолат арзиши амалиёти андозбандишаванда фарқияти байни арзиши хариди мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ва арзиши бозории онҳо мебошад.
16. Сарфи назар аз муқаррароти дигари ҳамин боби Дастурамал, таҳвили мол аз ҷониби супорандаи ААИ, ба истиснои истифодабарандаи меъёри пасткардашуда, амалиёти андозбандишаванда дониста намешавад, агар ин мол дар натиҷаи амалиёти андозбандишавандаи ААИ харида шуда бошанду, мутобиқи боби 21 Дастурамал баҳисобгирии маблағи ААИ иҷозат дода нашуда бошад. Агар ҳангоми харидани мол баҳисобгирӣ қисман иҷозат нашуда бошад, пас андозаи амалиёти андозбандишаванда мутаносибан ба ҳиссаи баҳисобгирии иҷозатнашуда кам карда мешавад.
17. Агар бастаҳо (зарфҳо) тибқи шарт ва муҳлатҳои муқарраркардаи шартнома баргардонидашаванда бошанд, онҳо объекти андозбандӣ дониста намешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар онҳо дар муҳлати муқарраршудаи шартномавӣ баргардонида нашуда бошанд.
18. Агар андозсупоранда ҳангоми истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) аз ашёи хом ва маводи фармоишгар истифода намояд ва маҳсулоти ниҳоӣ дар соҳибии фармоишгар боқӣ монад, барои андозсупоранда иҷрои чунин кор ва хизматрасонӣ амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
19. Воридоти молҳо ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар эъломия дарҷ карда шаванд, ба истиснои моле, ки мутобиқи боби 6 Дастурамал аз ААИ озод мебошанд, воридоти андозбандишаванда дониста мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶСК "Ш" супорандаи ААИ, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад ба ҶДММ "О" супорандаи ААИ, ки дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд ба маблағи 100,0 ҳазор сомонӣ равған мефурӯшад. Дар мисоли мазкур таҳвили равған дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб меравад.
Мисоли 2. ҶДММ "Қ" резиденти Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҶДММ "Т" (харидор) резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 250,0 ҳазор сомонӣ хизматрасониҳои машваратӣ ва маркетингӣ анҷом медиҳад. Тибқи талаботи сархати дуюми банди 12 Дастурамал хизматрасониҳои машваратӣ ва маркетингии ҶДММ "Қ" резиденти Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҶДММ "Т" резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти андозбандии ААИ ба шумор меравад. Дар ин ҳолат ҶДММ "Т" резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор мебошад, ҳангоми пардохти даромад, ААИ-ро ҳисоб намуда дар манбаи пардохт нигоҳ дошта, ба буҷети дахлдор гузаронад.
Мисоли 3. Соҳибкори инфиродӣ аз Ҷумҳурии Халқии Чин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 150,0 ҳазор сомонӣ матоъ ворид менамояд. Новобаста аз он, ки соҳибкори инфиродӣ ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирифта нашудааст, он уҳдадор аст, ки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол, ААИ-ро дар нуқтаи гумрукӣ пардохт намояд.
Мисоли 4. ҶДММ "Т" резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмири системаҳои барқии Ҷумҳурии ӯзбекистон бо КВД "ӯ" резиденти Ҷумҳурии ӯзбекистон ба маблағи 2,0 миллион сомонӣ қарордод ба имзо мерасонад. Иҷрои корҳои таъмирии аз ҷониби ҶДММ "Т" дар ҳудуди Ҷумҳурии ӯзбекистон анҷом дода шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб намеравад.
Мисоли 5. ҶДММ "С", ки супорандаи ААИ ба ҳисоб меравад ба фурӯши маводҳои хӯрока машғул мебошад. Дар моҳи март 20 тонна орд ва 5 тонна равған бо назарошти ААИ харидорӣ намуда, маблағи ААИ-ро ба ҳисоб гирифта, ҳамаи ҳаҷми маводҳои мазкурро ба шахсони эҳтиёҷманд ройгон тақсим мекунад. Бо дар назар доштани он, ки Ҷамъият маводҳои мазкурро бо дар назар доштани ААИ харида, маблағи ААИ-ро ба ҳисоб гирифтааст, новобаста ба ройгон тақсим намудани молҳои мазкур амалиёти мазкур объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб меравад.
Мисоли 6. ҶСП "В", ки супорандаи ААИ мебошад ба воситаи мағозаи либосаи худ ба теъдоди 1000 дона куртаҳои мактабӣ, ки аз Ҷумҳурии Туркия ворид намудааст ба савдо мебарорад, аз он 500 дона ба шаҳрвандон, 250 донаашро ба соҳибкори инфиродӣ ва 150 донаашаро ба ҶДММ "А", ки супорандаи ААИ намебошад фурӯхта, 50 донаи боқимондаро ба кормандони худ ройгон медиҳад. Дар ҳама ҳолатҳои зикршуда, 1000 дона куртаҳои мактабии фурӯхташуда ва ройгон додашуда барои ҶСП "В" объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб меравад.
Мисоли 7. ҶДММ "З" дар моҳи январ барои таъмири бинои маъмурии худ бо дар назар доштани ААИ ба маблағи 115 000 сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ харидорӣ мекунад. Бинобар сабаби он, ки масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири воситаҳои асосӣ дар назар дошта шудааст, мутобиқ ба талаботи зербанди ё) банди 114 Дастурамал баҳисобгирии маблағи ААИ иҷозат дода намешавад. ҶДММ "З" дар моҳи август як қисми масолеҳи сохтмониро, ки дар таъмири бинои маъмурӣ истифода нашудааст ба маблағи 45 000 сомонӣ мефурӯшад. Бинобар сабаби он, ки қаблан масолеҳи сохтмонии мазкур бо дар назар доштани ААИ (меъёри сатандартӣ) харидорӣ шуда, баҳисобгирии андози мазкур иҷозат дода нашуда буд, барои ҶДММ "З" ин амалиёт объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб намеравад. Дар сурати ҶДММ "З" масолеҳи сохтмониро аз шахсоне, ки супорандаи ААИ нестанд, барои таъмири воситаҳои асосӣ харидорӣ намояд ва баъд қисме аз онҳоро фурӯшад, арзиши чунин фурӯш объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб меравад. Инчунин, агар масолеҳи сохтмонии мазкур бештар аз нархи харидашуда, фурӯхта шавад (нархи харид 45 000 сомонӣ фурӯш 55000 сомонӣ), дар ин сурат афзоиш аз фурӯш (10000=55000-45000) барои ҶДММ "З" объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб меравад.
Мисоли 8. КВД "Ш" барои истеҳсоли яхмос аз ҶДММ "Я" маҳлуи яхкунанда дар зарфҳои оҳанини махсус ба мабалағи 800,0 ҳазор сомонӣ бе дар назар доштани арзиши зарфҳо харидорӣ менамояд ва тибқи шартнома КВД "Ш" зарфҳоро, ки арзишашон 100,0 ҳазор сомонӣ мебошад, бояд то 3 моҳи аз рӯзи гирифтани мол ба ҶДММ "Я" баргардонад. Вале, КВД "Ш" зарфҳои мазкурро бештар аз 6 моҳ дар фаъолияти худ истифода менамояд, пас тибқи талаботи банди 17 Дастурамал дар чунин сурат барои ҶДММ "Я" арзиши зарфҳо ба объекти ААИ дохил гашта бо ААИ андозбандӣ мегардад.
Мисоли 9. ҶДММ "Ш", ки корхонаи коркарди пахта мебошад, тибқи шартнома пахтаи фармоишгар - ҶДММ "Р"-ро қабул намуда, пас аз коркарди пахта ба ҶДММ "Р" нахи пахта, чигит, пати пахта ва дигар маҳсулоти коркардро медиҳад. ҶДММ "Ш" бояд аз ҶДММ "Р" барои коркард ба маблағи 150,0 ҳазор сомонӣ даромад гирад, ки тибқи талаботи банди 18 Дастурамал маблағи мазкур объекти андозбандии ААИ ба ҳисоб рафта, ҶДММ "Ш" уҳдадор аст, ба арзиши корҳои иҷронамудааш маблағи ААИ - ро зам намуда барои пардохт ба ҶДММ "Р" пешниҳод намояд.
4. ФУРӯШ Ё ГУЗАШТ НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ
20. Дар доираи як амалиёт фурӯхтан ё гузашт намудани ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ё воҳиди алоҳидаи он аз ҷониби як супорандаи ААИ ба супорандаи дигари ААИ амалиёти андозбандишаванда дониста намешавад, агар фаъолияти соҳибкорӣ ё воҳиди алоҳидаи он мунтазам амалкунанда бошад.
21. Ҳангоми мутобиқ ба муқаррароти банди 20 Дастурамал анҷом ёфтани амалиёт, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои андозии фурӯшанда ё шахси гузашткунандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ ба харидор ё гирандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ мегузарад.
22. Муқаррароти ҳамин қисм ҳангоми иҷро гардидани шартҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
- шахсони дар банди 20 Дастурамал зикргардида дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимии баъди фурӯш ё гузашт намудани ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ мақомоти андозро дар бораи қарор оид ба амалисозии муқаррароти боби мазкури Дастурамал ба таври хаттӣ огоҳ намоянд;
- фурӯшанда ё шахси гузашткунандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ то рӯзи анҷоми амалиёт фаъолият намояд;
- харидор ё гирандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ аз рӯзи анҷоми амалиёт, имтиёзҳои андозиро нисбат ба фаъолияти соҳибкории харидашуда анҷом надиҳад ё онро ба мақсадҳои худ истифода нанамояд.
23. Фурӯшанда ва ё шахси гузашткунандаи ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳама гуна уҳдадориҳо вобаста ба пардохти ААИ, ки то санаи бегонакунӣ ба вуҷуд омадааст, масъулият доранд.
Эзоҳ: Мисол: ҶДММ "С" ҳамчун супорандаи ААИ мунтазам фаъолият дошта, 20 январи соли 2022 ба маблағи 5 млн. сомонӣ ба ҶДММ "Н" дигар супорандаи ААИ фаъолияти соҳибкории худро (корхонаро) мефурӯшад, ки айни замон корхона фаъолият дорад. Бо дар назар доштани он, ки талаботи боби мазкури Дастурамал аз ҷониби фурӯшанда ва харидори фаъолияти соҳибкори риоя гардидаанд, яъне дар муҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимии баъди фурӯш мақомоти андозро дар ин бора ба таври хаттӣ огоҳ намуда, фурӯшанда то рӯзи анҷоми амалиёт фаъолият дошта, харидор аз рӯзи харид фаъолияти мазкурро идома дода, имтиёзҳои андозиро нисбат ба фаъолияти соҳибкории харидашуда анҷом надодааст, пас аҳди мазкур амалиёти андозбандишавандаи ААИ ба ҳисоб намеравад.
5. МАНБАИ АНДОЗ
§1.Арзиши амалиёти андозбандишаванда
24. Манбаи андоз арзиши амалиёти андозбандишаванда буда, он дар асоси маблағе (арзише, аз ҷумла дар шакли аслӣ (натуралӣ)), ки андозсупоранда аз мизоҷ ё аз ҳар шахси дигар мегирад ё ҳуқуқи гирифтанро дорад, аз ҷумла ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва (ё) пардохтҳои дигар, вале бе дар назар доштани ААИ, муайян карда мешавад. Маблағи тахфифҳои иҷозатдодашуда, ки аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми анҷоми амалиёти андозбандишаванда ба эътибор гирифта шудааст, аз арзиши амалиёти андозбандишаванда кам карда мешавад. Тахфиф ё тағйири нархҳо, ки баъди анҷом додани амалиёти андозбандишаванда гузаронида шудааст, мутобиқи муқаррароти параграфи 2 боби 5 Дастурамал тасҳеҳ карда мешавад.
25. Агар бар ивази амалиёти андозбандишаванда ба андозсупоранда таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) анҷом дода шавад ё андозсупоранда ҳуқуқи гирифтани онҳоро дошта бошад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла, ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё дигар пардохтҳоро бе дар назар доштани ААИ дар бар мегирад.
26. Агар андозсупоранда бар ивази амалиёти андозбандишаванда ягон дороиро (мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ) нагирад, арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла, ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё дигар пардохтҳоро бе дар назар доштани ААИ дар бар мегирад.
27. Дар сурати бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода гардидани мол (кор ё хизматрасонӣ), инчунин, ҳангоми таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ба ҳама гуна шахсон (аз ҷумла, кормандони худ), арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории ин мол (кор ва хизматрасонӣ), аз ҷумла, ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё дигар пардохтҳоро бе дар назар доштани ААИ дар бар мегирад.
28. Дар ҳолати таҳвили мол бо шартҳои пардохти ба муҳлатҳо ҷудогардида, арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳаҷми умумии маблағи пардохтшавандаро, сарфи назар аз ҷадвали пардохтҳои дар шартнома муқарраршуда, дар бар мегирад.
29. Дар сурати фурӯхтани (бегона кардани) молу мулки ба гарав гузошташуда, арзиши чунин амалиёти андозбандишавандаи гаравдиҳанда арзиши бозории молу мулки ба гарав гузошташуда (ё бегонашаванда), аз ҷумла, ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ё дигар пардохтҳоро бе дар назар доштани ААИ дар бар мегирад.
30. Арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридотӣ ҳангоми таҳвили минбаъда наметавонад аз арзиши воридоти андозбандишаванда кам бошад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда, чунин фарқият барои ҳисобкунии ААИ баробари сифр қабул карда мешавад.
31. Агар андозсупоранда амалиёти бо ААИ андозбандишавандаро мутобиқи сархатҳои якум, дуюм, ва чоруми банди 138 Дастурамал дар алоҳидагӣ бе ҷудо намудани маблағи андоз дарҷ намояд, арзиши амалиёти андозбандишаванда ва ҳиссаи андоз ба истиснои ҳолатҳое, ки тартиб додани ҳисобнома-фактура ҳатмӣ мебошад, бо формулаҳои зерин ҳисоб карда мешаванд:
1) арзиши амалиёти андозбандишаванда:
А-АхБ/(100+Б),
дар ин ҷо: A - маблағи умумии амалиёти андозбандишаванда;
Б - меъёри ААИ барои амалиёт.
2) маблағи ААИ дар амалиёти андозбандишаванда:
АхБ/(100 + Б ),

32. Агар супорандаи ААИ амалиёти андозбандишавандаро бо арзиши иловашуда ба дигар супорандаи чунин андоз бе ҷудо намудани маблағи андоз анҷом диҳад, маблағи ААИ баҳисобгирифташаванда мутобиқи муқаррароти банди 31 ҳамин қисм муайян карда мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶДММ "А" ба мизоҷони худ тарифи нави хизматрасониҳои мобилиро таҳия месозад, ки арзиши он бе дар назар доштани ААИ 100 сомониро ташкил медиҳад. Тибқи талаботи банди 24 Дастурамал арзиши амалиёти андозбандишавандаи ААИ, аз ҷумла бо дар назар доштани ҳама гуна боҷҳо, андозҳо ва (ё) пардохтҳои дигар, вале бе дар назар доштани ААИ, муайян карда мешавад. Яъне бо мақсади муайян кардани арзиши амалиёти андозбандишавандаи ААИ ба нархи хизматрасонӣ 7% андози аксиз, ки барои соҳаи алоқаи барқӣ муайян карда шудааст зам карда мешавад: 107=(100*7%)+100). Ҳаминтавр арзиши амалиёти андозбандишавандаи ААИ дар мисоли зикршуда 107 сомониро бе дар назар доштани ААИ ташкил медиҳад.
Мисоли 2. ҶДММ "Б" (иҷрочӣ) бо ҶДММ "В" (харидор) шартнома мебандад, ки тибқи шартҳо дар сурати пешпардохти пурраи ҳаққи хизматрасониҳо аз арзиши он 10% тахфиф пешбинӣ шудааст. Арзиши хизматрасонӣ бо дар назар доштани 10% тахфиф 90,0 ҳазор ташкил медиҳад. Яъне мутобиқ ба талаботи банди 24 Дастурамал маблағи тахфифҳои иҷозатдодашуда, ки аз ҷониби андозсупоранда ҳангоми анҷоми амалиёти андозбандишаванда ба эътибор гирифта шудааст, аз арзиши амалиёти андозбандишаванда кам карда мешавад.
Эзоҳ: Дар ҳар сурат ҳамагуна тахфифҳо наметавонанд тибқи моддаи 21 Кодекси андоз аз нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ), ки дар асоси дархосту пешниҳод дар бозори моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (дар ҳолати мавҷуд набудани он - якхела) ва дар асоси шартномаҳои дар бозори дахлдор байни шахсони мутақобилан вобастанабуда баста шудаанд, ташаккул ёфтааст, пастар бошад. Дар ҳолатҳои ҷудогонаи зерин тахфифҳо метавонанд аз болонархии фурӯшанда камтар бошанд, агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда мавҷуд бошад:
- тағйироти мавсимӣ ва дигар тағйироти талаботи истеъмолкунандагон ба мол (кор, хизматрасонӣ);
- гум шудани сифати маҳсулот ё дигар хусусиятҳои мол;
- ба охир расидани (наздикшавии) муҳлати ба охир расидани мол ё фурӯхтани мол;
- сиёсати маркетингӣ, аз ҷумла ҳангоми пешбурди маҳсулоти нав, ки шабеҳашон дар бозорҳо нест, инчунин ҳангоми пешбурди молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба бозорҳои нав.
Ҳамзамон ба назар гирифта шавад, ки мутобиқ ба талаботи қисми 4 моддаи 21 Кодекси андоз ҳеҷ гуна тахфифҳо нисбат ба фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ), ки нархҳои (тарифҳои) онҳо аз ҷониби давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд, бо мақсади андозбандӣ ба назар гирифта намешаванд.
Мисоли 3. ҶДММ "А" ба ҶСК "Б" ба маблағи 115,0 ҳазор сомонӣ бо дар назар доштани ААИ семент мефурӯшад. ҶСК "Б" бар ивази арзиши моли мазкур ба ҶДММ "А" равған таҳвил карданист. Дар чунин сурат тибқи талаботи банди 25 Дастурамал арзиши равған (100,0 ҳазор сомонӣ) манбаи ААИ ба ҳисоб рафта, ҶСК "Б" уҳдадор мебошад, ки аз арзиши равғани бар ивази семент додашаванда ААИ ба маблағи 15,0 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва пардохт намояд.
Мисоли 4. ҶДММ "С" ба ҶДММ "Н" 40 тонна семент бе гирифтани ягон дороӣ медиҳад. Арзиши аслии 40 тонна семент барои ҶДММ "С" 80,0 ҳазор сомонӣ бе дар назар доштани ААИ ташкил медиҳад. Аммо нархи бозории ин миқдор семент бо дар назар доштани ААИ 100,0 ҳазор сомонӣ мебошад. Тибқи талаботи банди 26 Дастурамал барои мақсадҳои ААИ арзиши амалиёти андозбандишаванда (манбаи андоз) нархи бозории семент бе дар назар доштани ААИ мебошад, ки он 86957 сомониро (100 000/1,15) ташкил мекунад ва аз он ба маблағи 13043 сомонӣ (86957*15%) ААИ ҳисоб карда мешавад.
Мисоли 5. ҶДММ "И" супорандаи ААИ ба истеҳсоли хишт машғул буда, дар моҳи июн 100,0 ҳазор дона хиштро таҳвил мекунад, аз ҷумла:
- 10,0 ҳазор дона хиштро бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ ба корманди худ ройгон медиҳад ва ААИ ҳисоб намекунад;
- 90,0 ҳазор дона хиштро ба маблағи 63,0 ҳазор сомонӣ (1 дона хишт ба арзиши 0,70 сомонӣ) ба ташкилоти ҷамъиятии "Х" бе тахфиф бо дар назар доштани ААИ мефурӯшад ва ААИ ба маблағи 8218 сомонӣ (63000/1,15)*0,15) ААИ ҳисоб мекунад. Дар моҳи июн нархи фурӯши яклухти бозории 1 дона хишт 0,80 сомониро бо дар назар доштани ААИ ташкил медиҳад. Тибқи талаботи банди 27 Дастурамал барои мақсадҳои ААИ арзиши амалиёти андозбандишаванда нархи бозории 10,0 ҳазор дона хишти таҳвилшудаи ҶДММ "И" бе дар назар доштани ААИ 6956 сомониро (8000,0 /1,15) ташкил медиҳад. Дар чунин сурат Ҷамъият новобаста аз он, ки миқдори 10,0 ҳазор дона хиштро бо мақсадҳои ғайритиҷоратӣ ба корманди худ ройгон додааст, арзиши амалиёти андозбандишаванда ААИ хишти ройгон додашуда 6956 сомонӣ ба ҳисоб рафта, Ҷамъият уҳдадор аст иловатан 1044 сомонӣ (6956,0*0,15) ААИ ҳисоб ва пардохт намояд.
Мисоли 6. ҶСП "А" бо воситаи мағозаи худ ба шахси воқеӣ ҷиҳозҳои гуногуни хонаро ба арзиши 24,0 ҳазор сомонӣ бо ҷадвали ҷудо кардани пардохти маблағ ба муҳлати 12 моҳ мефурӯшад. Сарфи назар аз он, ки мутобиқи шартҳои ҷадвал, пардохти якум дар лаҳзаи таҳвил 2000 сомонӣ ва дар ҳар як моҳи минбаъдаи 12 моҳа маблағи пардохт 2000 сомониро ташкил медиҳад, арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳаҷми умумии маблағи пардохтшаванда дар лаҳзаи таҳвили мол 20870 сомонӣ (24,0 ҳазор/1,15) ба ҳисоб меравад.
Мисоли 7. ҶДММ "Н", супорандаи ААИ маҳсулоти тайёри дар анбор ҷогиршударо, ки арзиши аслиаш 150 000 сомонӣ мебошад ба гарав гузошта аз ташкилоти қарзии молиявӣ ба маблағи 120 000 сомонӣ қарз мегирад. Мутобиқ ба он, ки ҶДММ "Н" маблағи қарз 120 000 сомонӣ ва фоизҳои ҳисобшудаи қарз ба андозаи 50 000 сомониро баргардонида натавонист, тарафҳо барои рӯйпӯш намудани қарз ва фоизҳо аз ҳисоби молу мулки ба гарав мондашуда ба мувофиқа омаданд. Дар лаҳзаи рӯйпӯш намудани қарз ва фоизҳои он нархи бозории моли багаравмондашуда 170 000 сомониро ташкил медиҳад. Яъне Ҷамъият уҳдадор аст аз арзиши бозории моли багаравмондааш, ки ба моликияти ташкилоти қарзии молиявӣ дода шудааст (бегона шудааст) ҳамчун амалиёти андозбандишаванда бе дар назар доштани ААИ 147826 сомонӣ (170000/1,15) муайян намуда, аз он ААИ ба маблағи 22174 сомонӣ (147826*15%) ҳисоб кунад.
Мисоли 8. ҶДММ "Р", супорандаи ААИ дар моҳи март 10 тонна маҳсулотро бо арзиши 100,0 ҳазор сомонӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид менамояд ва ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ 15,0 ҳазор сомонӣ ААИ ба буҷет пардохт мекунад. Аммо, Ҷамъият таҳвили минбаъдаи маҳсулоти мазкурро 10,0 ҳазор сомонӣ пастар аз арзиши воридотӣ, яъне ба арзиши 90,0 ҳазор сомонӣ бе дар назар доштани ААИ анҷом медиҳад. Дар ин ҳолат новобаста аз он, ки Ҷамъият моли мазкурро ба фарқияти манфӣ фурӯхтааст ва дар чунин ҳолат ААИ пардохтшудаи ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ бештар аз фурӯш дар дохили кишвар мешавад, чунин фарқият барои ҳисобкунии ААИ баробари сифр қабул карда мешавад. Дар чунин ҳолат маблағи манфии 1500 сомонӣ қаблан баҳисобгирифташуда мутобиқ ба талаботи банди 120 Дастурамал (моддаи 267 Кодекси андоз) беэътибор карда мешавад (100000*0,15)-(90000*0,15)-100%=0.
Мисоли 9. ҶСК "Ч", супорандаи ААИ, ки ба таҳвили нерӯи барқ ба аҳолӣ машғул мебошад, мутобиқ ба талаботи сархати якуми банди 138 Дастурамал ҳангоми таҳвили нерӯи барқ ба аҳолӣ ҳуқуқ дорад ҳисобнома-фактураи ААИ тартиб надиҳад ва бинобар ин арзиши хизматрасониро бе ҷудо намудани маблағи ААИ нишон медиҳад. Дар чунин ҳолат тибқи талаботи банди 31 Дастурамал агар арзиши умумии таҳвили нерӯи барқ 560 сомониро ташкил диҳад, пас:
1) бо истифода аз формулаи А-АхБ/(100+Б) арзиши амалиёти андозбандишаванда ба маблағи 487 сомонӣ, 560-560*15/(100+15); ва
2) бо истифода аз формулаи АхБ/(100+Б ) маблағи ААИ дар амалиёти андозбандишаванда ба 73 сомонӣ, 560*15/(100+15) муайян карда мешавад.
дар ин ҷо: 560 сомонӣ - маблағи умумии амалиёти андозбандишаванда;
15 - меъёри ААИ бо фоиз (%) барои амалиёт.
Аз рӯйи ин нишондодҳо муайян карда шуд, ки арзиши амалиёти андозбандишаванда 487 сомонӣ ва маблағи ААИ-и амалиёт 73 сомонӣ мебошад.
§2.Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда
33. Муқаррароти ҳамин параграф нисбат ба амалиёти андозбандишавандаи андозсупоранда, баъд аз анҷом додани амалиёти андозбандишаванда дар ҳолатҳои зерин амалӣ мегарданд:
- бекор гардидани амалиёт ё тағйир ёфтани шартҳои он;
- тағйир ёфтани арзиши амалиёти андозбандишаванда;
- тағйир ёфтани ҷуброни мувофиқашуда барои амалиёт бо сабаби тағйирёбии нарх ё бо ҳар сабаби дигар;
- пурра ё қисман баргардонидани мол ба андозсупоранда;
- қабул нагардидани иҷрои кор ё хизматрасонии анҷомдодашуда.
34. Дар ҳолатҳои дар банди 33 Дастурамал пешбинишуда, андозсупоранда уҳдадор аст, ҳисобнома-фактура оид ба ААИ иловагӣ (тасҳеҳӣ) тартиб дода, тибқи талаботи бандҳои 108 ва 116 Дастурамал эъломияи тасҳеҳӣ пешниҳод намояд.
35. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда дар асоси ҳисобнома - фактураи иловагӣ оид ба ААИ ё дигар ҳуҷҷатҳо, ки фаро расидани ҳолатҳои дар боби 33 Дастурамал пешбинишударо баъд аз анҷом додани амалиёти андозбандишаванда тасдиқ менамоянд, анҷом дода мешавад.
Эзоҳ: Пеш аз ҳама бояд донист, ки тасҳеҳ вобаста ба бекор кардани амалиёт, тағйир ёфтани шартҳои он, тағйир ёфтани арзиши амалиёт, тағйир ёфтани ҷуброн, пурра ё қисман баргардонидани мол ва қабул нагардидани иҷрои кор ё хизматрасонӣ бо роҳи тартиб додани ҳисобнома-фактураи тасҳеҳии (иловагии) ААИ ва тасҳеҳ намудани ҳуҷҷатҳои аввалия амалӣ карда мешавад. Ҳолатҳои дар банди 33 Дастурамал омада аввал дар ҳисобнома-фактураи тасҳеҳии ААИ дарҷ карда шуда ҳисобнома-фактураи ААИ - и ислоҳшуда ба харидор ирсол карда мешавад. Тасҳеҳи амалиёти андозбандишаванда оид ба тахфиф танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки агар он ба муқаррароти банди 33 Дастурамал мувофиқ бошад.
Асос барои тасҳеҳи ҳисобнома-фактура, шартнома ё ҳуҷҷатҳои иловагии тасдиқкунандаи дигаре мебошанд, ки бо дар назар доштани муқаррароти банди 33 Дастурамал розӣ будани харидорро барои тағйир додани арзиши маҳсулоти таҳвилшуда (иҷрои кор, хизматрасонӣ) муайян мекунад. Ин ҳуҷҷатҳо тасдиқ мекунанд, ки тағйирот пас аз интиқоли мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба амал омадааст.
Мисол: Дар моҳи сентябри соли 2022 ҶДММ "А" ба ҶДММ "Б" ба маблағи 115 000 сомонӣ, аз ҷумла ААИ-15000 сомонӣ маҳсулот таҳвил дод. Моҳи ноябри соли 2022 ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки арзиши маҳсулоти таҳвилдодаро кам кунанд. Арзиш пас аз камшавӣ 80 000 сомонӣ, аз ҷумла ААИ-10 435 сомониро ташкил додааст. Дар моҳи ноябри соли 2022, ҶДММ "А" ба ҶДММ "Б" ҳисобнома-фактураи тасҳеҳии ААИ-ро медиҳад, ки дар он нишон дода шудааст:
- арзиши қаблӣ (100 000 сомонӣ ААИ-и он 15000 сомонӣ);
- арзиши нав пас аз гузаронидани тасҳеҳи амалиёт (69 565 сомонӣ ва ААИ-и он 10 435);
- фарқияти камшавии арзиш (- 30 435 сомонӣ ва ААИ-и он 4565 сомонӣ).
Дар ин ҳолат, дар эъломияҳои моҳи ноябри соли 2022, ҶДММ "А" ва ҶДММ "Б" дар асоси ҳисобнома-фактураи тасҳеҳӣ бояд маблағи 4565 сомонӣ ААИ-ро мутаносибан яке аз сатри таҳвил дуюмин аз сатри баҳисобгирӣ кам намояд.
Ҳангоми тасҳеҳи ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода шуда дар он маълумотҳое, ки дар боби 25 Дастурамал пешбинӣ карда шудаанд дарҷ мегарданд. Ҳисобнома-фактураи иловагии ААИ аз ҷониби таҳвилкунандаи мол (кор, хизматрасонӣ) тартиб дода шуда, аз тарафи қабулкунандаи чунин мол (кор, хизматрасонӣ) тасдиқ карда мешавад.
§3.Арзиши воридоти андозбандишаванда
36. Арзиши гумрукии молҳо, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, бо ҷамъи андозҳо, боҷи гумрукӣ, пардохти махсус ва хироҷ, ки пардохти онҳо ҳангоми воридоти мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, бе дар назар доштани ААИ, арзиши воридоти андозбандишаванда дониста мешавад. Дар ҳар сурат, арзиши гумрукии мол наметавонад аз арзиши яклухти мол, ки тибқи омори расмӣ тасдиқ шудааст, зиёд бошад.
37. Агар мол аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмир, барқарорсозӣ ё такмил содирот шуда бошад, ҳангоми воридоти дубораи он арзиши воридоти андозбандишаванда, маблағи афзоиши арзиши моли содиротшуда дониста мешавад, агар шакл ё хусусияти мол ва ҳуқуқи моликият ба мол аз лаҳзаи содирот, тағйир наёбад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶДММ "М" аз Ҷумҳурии Халқии Хитой шинаҳои автомобилӣ ворид менамояд, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши гумрукии он 200,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва моли мазкур боҷи гумрукии воридотӣ ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ, хироҷи гумрукӣ 500 сомонӣ, аксиз ба маблағи 15,0 ҳазор сомонӣ ситонида мешавад. Мақомоти гумрук тибқи талаботи банди 36 Дастурамал барои ҳисоб кардани ААИ бо тарзи зерин арзиши воридоти андозбандишаванда (АВА) муайян менамояд:
АВА = АГ+БГ+ХГ+АК
дар ин ҷо:
АГ- арзиши гумрукӣ;
БГ- боҷи гумрукӣ;
ХГ - хироҷи гумрукӣ:
АК- андози аксизӣ.
Ҳамин тавр, дар мисоли мазкур арзиши воридоти андозбандишаванда барои мақсадҳои ААИ 225 500 сомониро (200000+10000+500+15000) ташкил медиҳад.
Мисоли 2. ҶДММ "А" ба истеҳсоли мол машғул буда, таҷҳизоти истеҳсолии худро, ки арзиши содиротии он 500,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, барои таъмир ба Федератсияи Россия интиқол медиҳад. Баъд аз таъмир ва навоварӣ арзиши гумрукии моли қаблан барои таъмир содирот шуда 800,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва шакл ё хусусияти таҷҳизот ва ҳуқуқи моликият ба мол аз лаҳзаи содирот то воридот тағйир наёфтааст. Дар ин сурат арзиши воридоти андозбандишаванда маблағи афзоиши арзиши моли содиротшуда 300,0 ҳазор сомонӣ (800,0 ҳазор500,0 ҳазор ) мебошад.
6. ОЗОД КАРДАН АЗ ААИ
38. Агар таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон аз пардохти ААИ озод карда шуда бошад, он амалиёти андозбандишаванда дониста намешавад ва арзиши онҳо аз ҷониби андозсупоранда ба амалиёти андозбандишаванда дохил карда намешавад. Инчунин воридоти моле, ки аз ААИ озод карда мешаванд, ба истиснои фурӯш ва таҳвили минбаъдаи онҳо дар дохили кишвар, ба арзиши воридоти андозбандишаванда дохил карда намешавад.
39. Таҳвили мол (ба ғайр аз содироти мол), иҷрои кор ва хизматрасонии зерин, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудаанд, аз ААИ озод мебошанд:
1) фурӯш, супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ба истиснои ҳолатҳои зерин:
- фурӯш ё супоридани бинои меҳмонхонаҳо ё манзилгоҳ барои истироҳаткунандагон;
- фурӯш ё супоридани бинои истиқоматии нави сохташуда;
- фурӯш ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд, ба истиснои фурӯш ё гузашт намудани ҳуқуқ мутобиқи боби 4 Дастурамал.
2) хизматрасонии молиявӣ бар ивази подошпулӣ, ки номгӯйи онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷумла молу мулки моддии истеҳлокшаванда тибқи амалиёти иҷораи молиявӣ, ба истиснои таҳвили предмети иҷораи молиявӣ;
3) таҳвили пули миллӣ ва асъор (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматикӣ);
4) хизматрасонии муассисаҳои динӣ;
5) хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ, ба истиснои хизматрасонии косметологӣ, дандонпизишкӣ ва санаторию курортӣ;
6) хизматрасонии зерини муассисаҳои давлатии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда дар соҳаи маориф:
- таҳсилоти томактабӣ;
- таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ;
- таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ;
- таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
- таҳсилоти иловагӣ ва махсус;
7) ройгон супоридани (даст кашидан аз) мол ба манфиати давлат, таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ба сифати кумаки башардӯстона;
8) таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасоние), ки бевосита аз ҷониби муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаҳои давлатие, ки ба системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, истеҳсол намудаанд (иҷро кардаанд, хизмат расонидаанд);
9) таҳвили маҳсулоти махсуси истифодаи инфиродӣ барои маъюбон мувофиқи номгӯйе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
10) таҳвили (фурӯши) либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯйи онҳо бо пешниҳоди Вазорати маориф ва илм дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
11) таҳвили (фурӯши) маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, ки номгӯйи онҳо бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо Вазорати молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
40. Таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентратҳои захираҳои табиӣ, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳу ранга ва металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, сабикаҳои ченакӣ аз металлҳои қиматбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, аз ҷумла барои содирот, аз ААИ озод карда мешаванд.
41. Намудҳои зерини воридот аз ААИ озод карда мешаванд:
- воридоти пули миллӣ ва ё асъор (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин, коғазҳои қиматнок;
- воридоти металли қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
- воридоти молҳое, ки ройгон ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд, воридоти мол ба сифати кумаки башардӯстона, воридоти моле, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд;
- воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда, ба шарте ки ин молу мулк мустақиман барои истеҳсоли мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) мутобиқи ҳуҷҷатҳои таъсисии корхона истифода шуда, ба категорияи моли зераксизӣ мансуб набошад. Дар сурати барҳамдиҳии чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода нашудан ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, ААИ, ки мутобиқи ҳамин сархат пардохта нашудааст, ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи боби 26 Дастурамал ситонида мешавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг);
- воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ, технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти муосири ташхису табобат, дорувории тиббӣ ба истиснои дорувории тиббии дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки тартиб ва номгӯйи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- воридоти мол барои амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои шартномаҳои грантӣ ва қарзӣ;
- воридоти мол барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим, ба истиснои моли дар ҷумҳурӣ истеҳсолшавндае, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;
- воридоти таҷҳизоту техника, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи дигар барои таъмини эҳтиёҷоти иншооти сайёҳӣ (аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои табобатӣ, марказҳои сайёҳӣ ва иншооти дигари сайёҳӣ), ба истиснои моли дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда. Рӯйхати иншооти сайёҳӣ, номгӯй ва миқдори таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонии воридшаванда ва маводи дигар аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- воридоти молҳо (ба истиснои молҳои зераксизӣ) барои истеҳсоли алюминийи аввалия бевосита аз ҷониби истеҳсолкунандагон тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воридоти алюминийи аввалия;
- воридоти техникаи ҳарбӣ, агрегатҳои асосӣ, силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва дастгоҳҳои парвозкунандаи таъиноти мудофиавӣ, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ ба онҳо, арзиши хизматрасонӣ ва таъмир;
- воридоти моли махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мутобиқи номгӯйе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва (ё) воридоти мол бевосита барои эҳтиёҷоти худии субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво;
- воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ба истиснои ашёи хоми дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ва моли зераксизӣ, ки тартиб ва номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
42. Воридот ва таҳвили минбаъдаи техника ва таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи зерин аз пардохти ААИ озод карда мешаванд, ба истиснои воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад: - техникаҳои кишоварзӣ;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии техника ва мошинолоти кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсол, инчунин фӯруши моли (маҳсулоти) ниҳоии истеҳсолшуда;
- қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии автомобилҳои сабукрав, боркашу борбардор аз ҷониби корхонаҳои васлу насбкунанда (истеҳсолкунанда) барои истеҳсоли худӣ.
43. Воридот ва таҳвили минбаъдаи автомобилҳои нав бевосита аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда (аз санаи барориш 1 (як) сол нагузашта, масофаи тайнамудаи он то 10 (даҳ) ҳазор километр бошад) бо мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705 аз пардохти 50 фоизи маблағи ААИ дар зербанди 1) банди 100 боби 19 Дастурамал ва қисми 4 моддаи 397 Кодекси андоз муқарраршуда озод карда мешаванд.
Эзоҳ: Кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои воридоти мол ва таҳвили молро, (банди 6 моддаи 10 Кодекси гумрук, банди 34 моддаи 2 ва моддаи 246 Кодекси андоз) муқаррар намуда, воридоти озод маънои интиқоли мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ААИ озод шуданро дорад. Дар қисмҳои 2 ва 4 моддаи 251 Кодекси андоз амалиётҳои озод аз ААИ ҳангоми таҳвили молҳо (иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо) дар алоҳидагӣ пешбинӣ карда шудааст.
Мутобиқ ба муқаррароти қисми 1 моддаи 246 Кодекси андоз объекти андозбандии ААИ аз таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби ғайрирезидент дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воридоти мол ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Яъне, агар дар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор, аз ҷумла қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ аз ААИ озод будани таҳвили мол муқаррар нашуда бошад, чунин амалиёт объекти ААИ ба ҳисоб меравад.
Мисоли 1. ҶДММ "Д" супорандаи ААИ ба маблағи 290,0 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти муосири ташхису табобат ба Ҷумҳурӣ ворид менамояд ва аз пардохти ААИ озод мешавад. Баъд аз як моҳ Ҷамъият таҷҳизоти мазкурро бо арзиши 350,0 ҳазор сомонӣ мефурӯшад. Дар ин сурат новобаста аз он, ки ҳангоми воридот таҷҳизоти мазкур аз ААИ озод карда шуда буд, ҳангоми таҳвили таҷҳизот, арзиши амалиёти андозбандишавандаи он 350,0 ҳазор сомонӣ ба ҳисоб рафта бо меъёри 15 фоиз ба маблағи 52,5 ҳазор сомонӣ ААИ ҳисоб карда мешавад, зеро мутобиқ ба муқаррароти сархати панҷуми банди 41 Дастурамал таҳвили таҷҳизоти муосири ташхису табобат аз ААИ озод карда нашудааст.
Мисоли 2. Шахси воқеӣ хонаи истиқоматии худро ба ҶДММ "С"- супорандаи ААИ ба маблағи 800,0 ҳазор сомонӣ мефурӯшад ва тибқи талаботи банди 39 Дастурамал аз ААИ озод мебошад. ҶДММ "С" хонаи мазкурро ба шахси воқеии дигар ба маблағи 850,0 ҳазор сомонӣ меурӯшад, дар ин ҳолат Ҷамъияти мазкур уҳдадор аст, ки аз арзиши умумии амалиёт, яъне аз 850,0 ҳазор сомонӣ ААИ-ро ҳисоб ва пардохт намояд.
Мисоли 3. Ташкилоти қарзӣ аз шахси воқеӣ барои хизматрасониҳои суратҳисоби бонкӣ ҳар моҳ 100 сомонӣ подошпулӣ мегирад. Агар чунин хизматрасонӣ ба номгӯйи хизматрасонии молиявӣ, ки он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз муайян шудаанд, дохил шуда бошад, дар ин сурат хизмастрасонии мазкур аз ААИ озод карда мешавад.
Мисоли 4. ҶСК "Л" ба соҳибкори инфиродӣ автомобилро бо шарти аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ харидорӣ шудани автомобил дар асоси созишномаи амалиёти иҷораи молиявӣ пешниҳод мекунад. Соҳибкори инфиродӣ уҳдадор мешавад, ки ҳар моҳ 6,5 ҳазор сомонӣ иҷораи молиявӣ ба ҶСК "Л" пардохт намояд, аз ҷумла 5,0 ҳазор сомонӣ арзиши автомобил ва 1,5 ҳазор сомонӣ фоизи иҷрои молиявӣ мебошад. Дар чунин сурат 1,5 ҳазор сомонӣ, ки ҳаққи фоизии иҷораи молиявӣ (лизинг) мебошад аз ААИ озод буда, 5,0 ҳазор сомонӣ ҳаққи пардохт барои хариди автомобил бо ААИ андозбандӣ карда мешавад.
7. АНДОЗБАНДИИ ҲАМЛУ НАҚЛИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ТРАНЗИТӢ
44. Хизматрасонии нақлиётӣ ё хизматрасонии дигар, ё иҷрои кори марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон, инчунин таҳвили сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ ва маҳсулоти дигари ҳангоми парвозҳои байналмилалӣ дар киштиҳои ҳавоии ватанӣ ва (ё) хориҷӣ барои анҷоми ҳамлу нақли байналмилалӣ истифодашаванда аз ААИ озод мебошанд. Таҳти мафҳуми ҳамлу нақли байналмилалӣ кашондани бор ва мусофирон фаҳмида мешавад, ки яке аз маҳалҳои ҳаракат ё таъинот берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошад.
45. Барои мақсадҳои ҳамин боби Дастурамал иҷрои кор ва хизматрасонии зерин ҳамлу нақли байналмилалӣ дониста мешаванд:
- кор, хизматрасонии нақлиётӣ (боркашонӣ, ҳамлу нақл), борбардорӣ, борфарорӣ, азнавборкунӣ, ирсоли моле, ки аз (ба) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешавад, инчунин моле, ки тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун транзит интиқол дода мешавад;
- кор, хизматрасонии нақлиётӣ, техникӣ, аэронавигатсионӣ, фурудгоҳии хатсайрҳои байналмилалии ҳавоӣ, тиҷоратӣ, инчунин кору хизматрасонӣ вобаста ба интиқоли почта, мусофирон, бағоҷ аз (ба) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои даромад аз хизматрасонии вобаста ба фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссионӣ ё шартномаҳои дигари шабеҳ.
46. Дар ҳолати иҷрои кор ва хизматрасонии тибқи сархати якуми банди 45 Дастурамал пешбинишуда, озод намудан аз ААИ ҳангоми риояи шартҳои зерин амалӣ мегардад:
- мавҷудияти шартнома оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, ки бевосита бо таҳвилкунандаи мол ба имзо расонида шудааст;
- мутобиқ ба талаботҳои ягонаи байналмилалии ҳамлу нақл ба расмият даровардани ҳамлу нақли боркашонӣ ва мусофиркашонӣ;
- мавҷудияти эъломияи гумрукии бори молҳое, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, таҳти низоми гумрукии "Транзити гумрукии байналмилалӣ" ба расмият дароварда шудаанд.
47. Ҳангоми иҷро намудани кор ва хизматрасонии сархати дуюми банди 45 Дастурамал пешбинишуда, озод намудан аз ААИ дар ҳолати риоя гардидани шартҳои зерин амалӣ мегардад:
- мавҷуд будани шартнома оид ба иҷрои кор, хизматрасонӣ, ки бевосита бо қабулкунандаи (фармоишгари) кор, хизматрасонӣ ба имзо расонида шудааст;
- агар барасмиятдарории ҳамлу нақли бор ва мусофирон мутобиқи ҳуҷҷатҳои ягонаи боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ анҷом дода шуда бошад.
48. Ҳамлу нақл ва хизматрасонии марбут ба боркашонҳои транзитӣ, ки дар сархати сеюми банди 50 Дастурамал пешбинӣ шудаанд, аз ААИ озод карда мешаванд.
49. Муқаррароти ҳамин боби Дастурамал танҳо нисбат ба давлатҳое, ки низоми аз ААИ озодро нисбат ба хизматрасонии нақлиётӣ ё хизматрасонии дигар ё иҷрои кори мустақиман ба боркашонӣ ва мусофиркашонии байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд, истифода менамоянд, татбиқ мегарданд.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶС "А" резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии нақлиёти ҳавоиро марбут ба ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ва мусофирон анҷом медиҳад. Вобаста ба он ҶС "А" шартнома оид ба хизматрасонӣ бевосита бо қабулкунандаи хизматрасонӣ ба имзо расонида, барасмиятдарории ҳамлу нақли мусофиронро мутобиқи ҳуҷҷатҳои ягонаи мусофиркашонии байналмиллалӣ анҷом додааст. Дар моҳи апрел Ҷамъияти мазкур парвозҳои байналмилалиро дар киштиҳои ҳавоӣ ба маблағи 8,5 млн. сомонӣ анҷом додааст. Дар ин давра ҶДММ "М" ба киштиҳои ҳавоии ҶС "А" барои анҷом додани ҳамлу нақли байналмиллалӣ ба маблағи 550000 сомонӣ сӯзишвории авиасионӣ таҳвил намудааст, ки дар ин ҳолат сӯзишвории авиатсионии ба ҶДММ "А" таҳвилнамуда ба ҳамлу нақли байналмиллалӣ марбут буда, аз пардохти ААИ озод мешавад.
Мисоли 2. ҶДММ "Б" дорои нақлиёти боркашонӣ набуда, хизматрасониҳои нақлиётӣ (боркашонӣ, ҳамлу нақл)-ро анҷом надода, танҳо ба хизматрасонии экспедитсионӣ (миёнаравӣ) машғул мебошад. Чунин фаъолият мутобиқ ба талаботи банди 44 Дастурамал ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ дохил нашуда, аз ААИ озод карда намешавад.
Мисоли 3. ҶДММ "П" (комиссионер) дар доираи шартномаи басташудаи комиссионӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чиптаҳои ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоии Туркиро (комитент), ки хатсайрҳои ҳавоии байналмилалиро анҷом медиҳад, мефурӯшад. ҶДММ "П" барои хизматҳои худ подошпулии комиссионӣ дар шакли фоизҳо аз арзиши чиптаҳои ҳавопаймои фурӯхташуда мегирад. Дар мисоли мазкур фаъолияти ҶДММ "П" фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссионӣ буда, чунин фаъолият мутобиқ ба талаботи зербанди б) банди 45 Дастурамал ба хизматҳои боркашонии байналмилалӣ дохил намешаванд. Дар ин асос фаъолияти Ҷамъият аз пардохти ААИ озод набуда он уҳдадор мебошад аз подошпулӣ ААИ-ро ҳисоб ва пардохт намояд.
Мисоли 4. ҶСК "Т-Э" ба хизматрасонии ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонии байналмилалӣ машғул мебошад. Ҷамъият дар ихтиёри худ киштии ҳавоӣ ва дигар техникаву таҷҳизоте, ки бевосита барои ба амал баровардани ҳамлу нақли байналмилалӣ истифода мешаванд дорад, бинобар ин Ҷамъият метавонад дар хизматрасонии нақлиётии байналмилалӣ аз имтиёзи пешбининамудаи ҳамин боби Дастурамал истифода намоянд. Агар талаботҳои шартҳои дар ин боби Дастурамал пешбинишуда иҷро нагарданд, имтиёзҳо нисбати ҳамлу нақли байналмилалии бор ва мусофиркашонӣ, инчунин таҳвили масолеҳи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва дигар маводи истеъмолӣ, ки ба дохили киштии ҳавоии ватанӣ ва (ё) хориҷӣ барои истеъмол ҳангоми парвозҳои байналмилалӣ бор карда мешаванд, татбиқ карда намешаванд.
8. ХУСУСИЯТҲОИ АНДОЗБАНДӢ ҲАНГОМИ ИНТИҚОЛИ МОЛ ТАВАССУТИ САРҲАДИ ГУМРУКИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
50. Воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба интихоби низоми гумрукӣ ва риояи шартҳои он, бо тартиби зерин андозбандӣ карда мешавад:
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии "Иҷозат барои муомилоти озод" қарор додани мол - ААИ дар ҳаҷми пурра пардохт карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии "Реимпорт" қарор додани мол аз ҷониби андозсупоранда маблағи ААИ, ки мутобиқи Кодекси андоз аз пардохт озод карда шудааст ё вобаста ба содироти мол бояд аз тарафи ӯ баргардонида шавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низомҳои гумрукии "Транзити гумрукии байналмилалӣ", "Анбори гумрукӣ", "Реэкспорт", "Савдои бебоҷ", "Коркард дар ҳудуди гумрукӣ", "Минтақаи озоди гумрукӣ", "Анбори озод", "Нобудкунӣ", "Даст кашидан ба манфиати давлат", "Интиқоли захираҳо" ва таҳти низомҳои гумрукии махсус қарор додани мол, ААИ пардохт карда намешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии "Коркард дар ҳудуди гумрукӣ" қарор додани мол, андозсупоранда мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон шартан аз пардохти ААИ пурра озод карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии "Воридоти муваққатӣ" қарор додани мол, андозсупоранда мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти ААИ пурра ё қисман озод карда мешавад;
- ҳангоми ворид намудани маҳсулоти коркарди моле, ки таҳти низоми гумрукии "Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ" берун аз ҳудуди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, андозсупоранда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти ААИ пурра ё қисман озод карда мешавад;
- ҳангоми таҳти низоми гумрукии "Коркард барои муомилоти озод" қарор додани мол, ААИ аз арзиши гумрукии маҳсулоти коркард пардохт карда мешавад.
51. Ҳангоми содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ мутобиқи тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
- ҳангоми содироти мол таҳти низоми гумрукии "Содирот" берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ААИ пардохт карда намешавад ё маблағҳои пардохтшудаи ААИ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андоз баргардонида ё ба ҳисоб гирифта мешаванд. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба содироти мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми гумрукии "Содирот" нисбат ба он моле, ки дар лаҳзаи содирот таҳти низоми гумрукии "Анбори гумрукӣ", "Анбори озод" ё "Минтақаи озоди гумрукӣ" қарор доранд, амалӣ карда мешавад;
- ҳангоми содироти моли хориҷии таҳти низоми гумрукии "Реэкспорт" қарордошта, маблағи ААИ, ки ҳангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда шудааст, мутобиқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андоз ба андозсупоранда баргардонида мешавад;
- ҳангоми содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дигар низомҳои гумрукӣ, ки дар сархатҳои якум ва дуюми ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд, муқаррарот дар бораи аз пардохти ААИ озод намудан ва (ё) баргардонидани маблағҳои пардохтшудаи чунин андоз амалӣ карда намешавад, агар қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад.
52. Ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ дар доираи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сарҳади гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи шахсӣ интиқол додани мол, ААИ пардохт карда намешавад. Дар сурати аз меъёрҳои муқаррарнамуда зиёд будани моли барои истифодаи шахсӣ интиқолшаванда, арзиши барзиёдии чунин мол бо тартиби умумии муқарраршуда андозбандӣ гардида, барасмиятдарории он тибқи муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Тартиб ва меъёри воридоти мол барои истифодаи шахсӣ тавассути сарҳади гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
53. Дар ҳолати риоя накардани шартҳои низоми гумрукии интихобгардида, андозсупоранда уҳдадор аст, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи андоз ва фоизҳои ҳисобшударо пардохт намояд.
Эзоҳ: Мисол: ҶСК "В" бо мақсади фурӯш ба ҷумҳурӣ ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот ворид менамояд, яъне мақсад дорад, ки маҳсулотро бе мамоният ва маҳдудият фурӯшад ва даромад гирад. Дар чунин сурат мутобиқ ба талаботи моддаҳои 163-164 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мол таҳти низоми гумрукии "Иҷозат барои муомилоти озод" бо шартҳои зерин қарор дода мешавад:
1) пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо, аз ҷумла ААИ;
2) риояи маҳдудиятҳое, ки хусусияти иқтисоди надоранд ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд;
3) анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ.
Мутобиқ ба талаботи қонунгузории гумрук дар эъломияи гумрукӣ барои низоми гумрукии "Иҷозат барои муомилоти озод" коди "40" гузошта мешавад, ки маънои муомилоти озодро дорад. Барои ҳар як низомҳои гумрукӣ кодҳои махсус пешбинӣ карда шудааст, аз ҷумла барои содирот коди "10" воридоти муваққатӣ коди "53".
9. АНДОЗБАНДИИ СОДИРОТИ МОЛ
54. Содироти мол, ба истиснои содироти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, алюминийи аввалия, консентратҳои сарватҳои табиӣ, маъданҳои молӣ, оҳанпораи металлҳои сиёҳу ранга ва металлҳои дигари дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, сабикаҳои ченакӣ аз металлҳои қиматбаҳои Бонки миллии Тоҷикистон, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, молҳои дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ истеҳсолшуда бо меъёрии сифрии ААИ андозбандӣ карда мешаванд.
55. Дар сурати дар муҳлати 90 рӯзи тақвимӣ аз санаи дар мақомоти гумрук таҳти низоми гумрукии "Содирот" ба расмият даровардани мол ё ҳангоми содироти мол тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи даврӣ тасдиқ нагардидани содироти мол мутобиқи боби 10 Дастурамал, таҳвили чунин мол аз рӯйи меъёри мусбии дар зербандҳои 1) ва 2) банди 100 ва бандҳои 101-103 Дастурамал пешбинишуда бо ААИ андозбандӣ мегардад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶДММ "Б" дар моҳи майи соли 2022 аз ҷумҳурӣ 200 тонна семент, 60 тонна гач ва 100 тонна консентрати сарватҳои табииро содирот мекунад. Мутобиқ ба талаботи банди 54 Дастурамал нисбат ба семент ва гачи содиротшуда меъёри сифрии ААИ татбиқ карда мешавад, яъне ААИ дар раванди истеҳсоли молҳои мазкур дар дохили ҷумҳурӣ пардохт шуда ҳисобӣ ё баргардонида мешаванд. Ҳамзамон, нисбат ба содироти консентрати сарватҳои табиӣ озод шудан аз ААИ амалӣ шуда, дар ин сурат ҳисобӣ ва (ё) баргардонидани ААИ дар дохили кишвар пардохтшуда иҷозат дода намешавад.
Мисоли 2. ҶС "А" дар 25 майи соли 2022 ба хориҷӣ кишвар ба маблағи 2,5 млн. сомонӣ либосҳои мардонаро содирот намуда, дар эъломия ААИ барои моҳи май ААИ-ро бо меъёри сифрӣ ҳисоб намуда ба мақомоти андоз пешниҳод мекунад. Аммо тавассути барномаи иттилоотии андоз, аз ҷумла тавассути низоми мубодилаи мақомоти андозу гумрук содироти мол то 28 августи соли 2022 (90 рӯз) тасдиқи худро намеёбад. Дар чунин сурат фурӯши либосҳои мардона бо ААИ, яъне бо меъёри мусбии 15 фоиз андозбандӣ карда шуда, Ҷамъият уҳдадор мебошад, ки дар эъломияи ААИ тағйироти дахлдорро ворид намояд.
10. ТАСДИҚИ СОДИРОТИ МОЛ
56. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол инҳо мебошанд:
- эъломияи гумрукии бор, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмият дароварда шудааст;
- шартномаи таҳвили мол;
- нусхаи ҳисобнома-фактура, борхат, коносамент бо қайди мақомоти гумруки дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида. Дар ҳолати таҳти низоми гумрукии "Содирот" тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ, инчунин санади қабул ва супоридани мол низ пешниҳод карда мешавад;
- ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ва иқтибос аз ташкилоти қарзии молиявӣ (нусхаи иқтибос), ки воридоти воқеии даромади асъорро аз содироти мол ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.
57. Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ оид ба мубодилаи мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз рӯйи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд, инчунин ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
58. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 56 ва 57 Дастурамал, инчунин нусхаи эъломияи гумрукии бори дар кишвари воридоти мол барасмиятдаровардашуда мебошанд. Мутобиқи созишномаҳои байналмилалии андоз метавонад тартиби дигари тасдиқи содироти мол муқаррар карда шавад.
59. Дар ҳолати амалӣ намудани содироти минбаъдаи моли қаблан берун аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми гумрукии "Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ" баровардашуда ё маҳсулоти коркарди онҳо, тасдиқи содирот мутобиқи бандҳои 56, 57 ва 58 Дастурамал, инчунин дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии "Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ" барасмиятдаровардашудааст;
- эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми гумрукии "Коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ" ба низоми гумрукии "Содирот" тағйир дода шудааст;
- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки дар ҳудуди давлати ҳориҷӣ таҳти низоми гумрукии "Коркард дар ҳудуди гумрукӣ" барасмиятдаровардашудааст;
- нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми гумрукии "Содирот" ҳангоми баровардани мол ё маҳсулоти коркарди онҳо аз ҳудуди давлати коркарди мол барасмиятдаровардашудааст ва онро мақомоти гумруки барасмиятдароварда тасдиқ кардааст.
60. Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ дар давоми 120 рӯзи тақвимӣ аз санаи қайди мақомоти гумруки дар сархати якуми банди 56 Дастурамал зикргардида, андозсупоранда ҳуқуқ дорад андози мутобиқи банди 55 Дастурамал пардохтшударо баргашта гирад. Дар акси ҳол, андозсупоранда барои баргашта гирифтани андозе, ки мутобиқи банди 55 Дастурамал пардохт шудааст, ҳуқуқ надорад.
Эзоҳ: Мисол: ҶДММ "Г" 1 январи соли 2022 аз ҷумҳурӣ 500 тонна сементро содирот менамояд ва дар муҳлати 30 рузи тақвимӣ аз санаи барасмиятдарории гумрукӣ нусхаи эъломияи гумрукии бор, шартномаи таҳвили мол, нусхаи ҳисобнома-фактура, борхат, коносамент бо қайди мақомоти гумруки дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида, ки тасдиқкунандаи содирот мебошанд, ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирӣ пешниҳод менамояд. Маблағи дар санади муқоисавӣ изофапардохт, ки дар натиҷаи баҳисобгирии ААИ ҳангоми муомилот бо меъёри сифрӣ ба вуҷуд омадааст, дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки дар боби 29 Дастурамал пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мақомоти молия якҷоя бо мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ мешаванд, аз буҷети дахлдор баргардонида мешавад.
11. САНАИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА
61. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи пешниҳод гардидани ҳисобнома - фактура оид ба ААИ ва аксизҳо дониста мешавад, агар дар боби мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
62. Агар ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо то ё дар лаҳзаи (рӯзи) амалӣ шудани амалиёти андозбандишаванда пешниҳод карда нашавад, муқаррароти банди 61 ҳамин қисм амалӣ намегарданд ва рӯзҳои зерин вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда дониста мешаванд:
- рӯзи қабул, фурӯхтан ё супоридани мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ);
- рӯзи боркунии мол, агар таҳвили мол тибқи шартнома ҳамлу нақли молро дар бар гирад.
63. Агар маблағ барои таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) то фарорасии муҳлати дар банди 62 ҳамин қисм пешбинишуда, пешпардохт гардида бошад ва дар давоми 5 рӯзи баъд аз пешпардохт аз ҷониби таҳвилгар ба харидор ҳисобнома-фактура оид ба ААИ ва аксизҳо пешниҳод нагардад, муқаррароти бандҳои 61-62 ҳамин қисм нисбат ба ин амалиёт татбиқ карда намешаванд. Дар ин ҳолат санаи пешпардохт амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
64. Барои мақсадҳои банди 63 ҳамин қисм, агар барои амалиёти андозбандишаванда ду ва ё зиёда аз он пешпардохт анҷом дода шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи банди 65 ҳамин қисм, ҳар як пешпардохт ҳамчун амалиёти алоҳидаи андозбандишаванда дониста мешавад.
65. Агар хизматрасонӣ мунтазам амалӣ гарданд, пас санаи амалиёти андозбандишаванда барои ҳар давраи ҳисоботӣ яке аз санаҳои зерин, ки амалиёт пештар анҷом дода шудааст, дониста мешавад:
- санаи пешниҳоди ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо;
- санаи пешниҳоди ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо барои пардохти арзиши мол дар асоси шартҳои лизинги молиявӣ;
- санаи пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.
66. Дар ҳама ҳолатҳо барои мақсадҳои банди 65 ҳамин қисм, новобаста аз муқаррароти боби мазкур таҳвилгар уҳдадор аст, ки ҳисобнома-фактура оид ба ААИ ва аксизҳоро барои ҳар як моҳ на дертар аз рӯзи 10-уми моҳи баъд аз моҳи ҳисоботӣ, пешниҳод намояд. Агар ҳисобнома-фактура дар муҳлати муқаррарнамудаи ҳамин банд пешниҳод нагардад ва пардохт анҷом дода нашавад, пас санаи хизматрасонии анҷомдодашуда рӯзи охирини моҳи ҳисоботӣ дониста мешавад. Муқаррароти ҳамин банд нисбат ба таҳвили мол тибқи шартномаҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) низ амалӣ мегардад.
67. Дар ҳолати татбиқ гардидани муққарароти банди 14 Дастурамал санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи истифодабарии мол (кор ва хизматрасонӣ) дониста мешавад.
68. Дар ҳолати дар банди 15 Дастурамал зикргардида санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда лаҳзаи таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) ба кормандон ва шахсони дигар дониста мешавад.
69. Санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили алоқаи барқӣ, қувваи барқ, гармӣ, газ, об ва хизматрасонии дигари мунтазам анҷомёбанда санаҳои дар бандҳои 64 ва 65 Дастурамал зикргардида, дониста мешавад.
70. Барои мақсадҳои бандҳои 61-99 Дастурамал, новобаста ба муқаррароти банди 63 Дастурамал, санаи муайян намудани амалиёти андозбандишаванда ҳангоми иҷрои кори сохтмонию васлкунӣ яке аз санаҳои зерин, ки амалиёт пештар анҷом дода шудааст, дониста мешавад:
- санаи гирифтани (ба даст овардани ҳуқуқ барои гирифтани) пардохти ҷорӣ аз фармоишгар;
- санаи қисман (пурра) иҷро намудани кори сохтмонию васлкунӣ, ки дар баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои андозсупоранда сабт шудаанд.
71. Санаи таҳвили мол (кор ва хизматрасонӣ) тавассути ҳама гуна дастгоҳи худкори пардохтӣ ё таҷҳизоти дигаре, ки пардохти онҳо бо маблағҳои нақдӣ, кортҳои пластикӣ ва жетон анҷом дода мешавад, санаи гирифтани мол (кор ва хизматрасонӣ) дониста мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶС "А" ба харидор молро 18 марти соли 2022 таҳвил карда, нисбат ба ҳамин амалиёт ҳисобнома-фактура оид ба ААИ-ро 16 марти ҳамин сол пешниҳод намудааст. Дар ин маврид вақти анҷом ёфтани амалиёти андозбандишаванда барои Ҷамъият 16 марти соли 2022 ба ҳисоб меравад.
Мисоли 2. ҶДММ "Ф" 29 майи соли 2022 молро ба харидор фиристонид ва дар ҳамин сана мол аз ҷониби харидор қабул карда шудааст. Ҷамъият 12 июн ҳисобнома - фактура оид ба ААИ таҳия намуда ба харидор пешниҳод намуда амалиёти мазкурро дар эъломияи ААИ ҳамин моҳ нишон додааст. Санаи 15 август харидор ба ҶДММ "Ф" арзиши молро аз рӯйи ҳисобнома-фактураи ААИ пешниҳодшуда пардохт намуд. Новобаста ба он, ки Ҷамъият 12 июн ҳисобнома-фактура оид ба ААИ ба харидор пешниҳод намудааст, санаи амалиёти андозбандишаванда 29 май ба ҳисоб меравад.
Мисоли 3. Дар нимсолаи якуми соли ҳисоботӣ аз ҷониби ҶСК "П" (фурӯшанда) чунин амалҳо анҷом дода шудааст:
- 1 феврал шартнома оид ба таҳвили мол баста шуд;
- 28 феврал харидор маблағи молро пурра пешпардохт намуд;
- 2 март фурӯшандаи мол ҳисобнома-фактура оид ба ААИ-ро таҳия намуда ба харидор пешниҳод намуд;
- 29 апрел фурӯшанда ба харидор молро фиристонд ва дар ҳамин сана мол аз ҷониби харидор қабул шуд ва оид ба ин санади қабул ва супоридани мол ба имзо расид.
Дар ин мисол, бо дар назар доштани он, ки дар ҳолати пешпардохт Ҷамъият тибқи муқаррароти банди 63 Дастурамал дар давоми то 5 рӯзи баъд аз пешпардохт ба харидор ҳисобномафактура оид ба ААИ ва аксизҳо пешниҳод намудааст, амалиёти андозбандишаванда дар моҳи март ҷой дорад.
Мисоли 4. Аз ҷониби ҶСК "С" (фурӯшанда) чунин амалҳо анҷом дода шудааст:
- 10 январ шартномаи таҳвили мол баста шуд;
- 20 феврал харидор барои моли таҳвилшаванда 50% маблағро пешпардохт намуд;
- 20 март харидор боз 50%-и боқимондаи ҳаққи молро пардохт кард;
- 20 апрел фурӯшанда молро ба харидор интиқол дода, оид ба ин санади қабул ва супоридани мол ба имзо расидааст.
- дар чунин сурат, барои фурӯшанда ҳар як пешпардохт ҳамчун амалиёти алоҳидаи андозбандишаванда дониста мешавад. Аз ҷониби фурӯшанда дар давоми панҷ рӯзи баъд аз пешпардохт ба харидор бояд ҳисобнома-фактура оид ба ААИ ва аксизҳо пешниҳод гардад. Ҳангоми дар давоми панҷ рӯзи баъд аз пешпардохт ба харидор ҳисобнома-фактура оид ба ААИ ва аксизҳо пешниҳод нашудан, санаи пешпардохт (20 феврал ва 20 март) амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад.
Мисоли 5. ҶДММ "И" тибқи шартнома аз фармоишгар барои сохтмони иншоот санаи 20 март ба маблағи 600,0 ҳазор сомонӣ пешпардохт мегирад. Дар ин ҳолат, санаи пешпардохт, яъне 20 март амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб меравад, новобаста аз он, ки кори сохтмонӣ оғоз нашудаанд. Агар Ҷамъият тибқи муқаррароти банди 63 ҳамин қисм дар давоми то 5 рӯзи баъд аз пешпардохт ба фармоишгар ҳисобнома-фактура оид ба ААИ ва аксизҳо пешниҳод намояд, санаи навишти ҳисобнома-фактура оид ба ААИ санаи амалиёти андозбандишаванда дониста мешавад, дар акси ҳол 20 март санаи амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб меравад.
Мисоли 6. ҶДММ "Л" 15 сентябр қисми аввали корҳои сохтмониро ба маблағи 5,5 млн. сомонӣ иҷро намудааст. ҶДММ "Л" ҷиҳати аз фармоишгар гирифтани маблағи корҳои иҷрошуда онҳоро пурра дар ҳисоботҳояш сабт мекунад. Фармоишгар маблағи мазкурро 15 ноябр ба ҶДММ "Л" пардохт менамояд. Дар ин ҳолат, новобаста аз санаи пардохти маблағ барои корҳои иҷрошуда, бо мақсадҳои ААИ 15 сентябр санаи иҷрои кори сохтмонӣ, ки арзиши он 5,5 млн. сомонӣ мебошад, амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб меравад.
Мисоли 7. Шаҳрванд тавассути дастгоҳи худкори пардохтӣ, ки ба ҶС "О" тааллуқ дорад бо истифода аз корти пластикии бонкӣ 1 март нушокии ташнашикан харидорӣ намуд. Дар ин маврид вақти содир шудани амалиёти андозбандишаванда 1 март ба ҳисоб меравад.
12. МАҲАЛЛИ ТАҲВИЛИ МОЛ
72. Маҳалли таҳвили мол макони ҷойгиршавии мол дар лаҳзаи таҳвил (супоридан) ё лаҳзаи ба ихтиёри харидор гузаштани мол эътироф мешавад. Агар мол тавассути нақлиёти харидор ё ташкилоти нақлиётӣ расонида шуда бошад, пас маҳалли таҳвили мол макони ҷойгиршавии мол дар лаҳзаи оғози интиқол дониста мешавад.
73. Ҳангоми таҳвили қувваи барқ, гармӣ ва газ макони гирифтани чунин мол маҳалли таҳвил дониста мешавад. Дар ҳолати содироти чунин мол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳалли таҳвил Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. Ду ширкати ватанӣ барои хариду фурӯши бинои воқеъ дар шаҳри Москва шартнома бастаанд. Бо сабаби он, ки бино дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир нест, аз ин рӯ, ҳудуди Тоҷикистон ҳамчун маҳалли фурӯши бино эътироф карда нашуда, муомила оид ба фурӯши бино дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ААИ андозбандӣ карда намешавад.
Мисоли 2. ҶДММ "А" ширкати туркӣ аз ҶДММ "Т" ширкати тоҷикӣ молро харидорӣ намуда, онро тавассути воситаи нақлиёт аз ш.Душанбе ба шаҳри Турсунзода интиқол медиҳад. Дар ҳолати мазкур маҳалли таҳвили мол шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, зеро макони ҷойгиршавии мол дар лаҳзаи оғози интиқол шаҳри Душанбе буд.
Мисоли 3. Ширкати тоҷикии "А" як миқдор молро дар қаламрави Қазоқистон харидорӣ карда, бидуни содирот, онро дар Қазоқистон ба ширкати тоҷикии "Б" мефурӯшад. Бо сабаби он, ки таҳвили мол берун аз ҳудуди Тоҷикистон анҷом меёбад, ҳудуди Қазоқистон ҳамчун маҳалли таҳвили мол эътироф карда шуда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ААИ андозбандӣ карда намешавад. Дар дигар ҳолат, агар моли мазкур аз ҷониби ширкати тоҷикии "Б" ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот шавад, он ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ дар Тоҷикистон бо ААИ андозбандӣ карда мешавад.
13. ИҶРОИ КОР Ё ХИЗМАТРАСОНИӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
74. Кор ё хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад, агар маҳалли фаъолияте, ки иҷрои кор ё хизматрасонӣ анҷом дода мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар банди 75 Дастурамал муқаррар шудаанд.
75. Агар иҷрои кор ё хизматрасонӣ аз ҷониби шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта анҷом дода шавад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ надорад ва иҷрои кор ё хизматрасониро ба шахсе ки мутобиқи боби 15 Дастурамал агенти андоз намебошад, анҷом дода бошад, маҳалли иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад, агар яке аз муқаррароти зерин нисбат ба ин шахс амалӣ карда шавад:
1) иҷрои кор ё хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсе амалӣ карда шавад, ки ҳангоми иҷрои ин кор ё хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
2) иҷрои кор ё хизматрасонӣ тавассути хизматрасонии фосилавӣ ба резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти банди 76 Дастурамал, анҷом дода шуда бошад;
3) хизматрасонӣ хизматрасонии алоқаи барқиро дар бар гирад ва аз ҷониби шахси хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳузурдошта, ба номи худ ё ба номи шахси дигар оғоз намояд, ба истиснои хизматрасонии алоқаи барқие, ки тавассути яке аз таҳвилгарони зерин амалӣ шудаанд:
- таҳвилкунандаи дохилии хизматрасонии алоқаи барқӣ;
- шахсе, ки роуминги ҷаҳониро дар давоми муваққатан қарор доштан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода менамояд;
4) хизматрасонӣ бо молу мулки ғайриманқули Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд бошад;
5) харидори кор (хизматрасонӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд.
76. Барои мақсадҳои зербанди 2) банди 75 Дастурамал резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ дониста мешавад, агар на камтар аз ду талаботи зербандҳои зерин ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намоянд:
- суроғаи биллингии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ;
- суроғаи шабакавӣ ё протоколи интернетии (IP) таҷҳизоти қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ ё усули дигари муайянкундаи мавқеи ҷуғрофии (геолокатсионӣ) қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ;
- маълумоти (реквизитҳои) бонки қабулкунанда, аз ҷумла суратҳисоби бонкӣ ё биллингӣ барои пардохт;
- рамзи мобилии рақами мушаххаси байналмилалии муштарии мобилӣ, ки дар харитаи модули мушаххаскунандаи муштарии аз тарафи қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ истифодашаванда нигоҳ дошта мешавад;
- маҳалли ҷойгиршавии хатти статсионарии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ, ки тавассути он ба қаблукунанда хизматрасонӣ анҷом дода мешавад;
- ҳама гуна иттилооти дигари тиҷоратие, ки ба резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон будани қабулкунанда ишора менамояд.
77. Агар аз рӯйи ду талаботи банди 76 Дастурамал, қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ва ду талаботи дигар маҳалли ҷойгиршавии чунин резидентро дар давлати дигарро нишон диҳад, пас таҳвилкунанда бояд резидентии қабулкунандаи хизматрасонии фосилавиро дар асоси нишондиҳандаҳои нисбатан боэътимод муайян кунад.
78. Шахси ҳуқуқии хориҷӣ нисбат ба қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, набояд амалиётро мутобиқи муқаррароти боби 15 Дастурамал анҷом диҳад, агар аз ҷониби чунин резидент маълумотномаи тасдиқкунанда дар бораи эътироф гардидани ӯ ҳамчун агенти андоз пешниҳод нагардида бошад. Дар ҳолати ба ҳисоб рафтани агенти андоз ҳамчун қабулкунандаи хизматрасонии фосилавӣ, муқаррароти боби 14 Дастурамал нисбат ба анҷом додани хизматрасонии фосилавӣ амалӣ карда мешавад.
79. Барои мақсадҳои зербанди 2) банди 75 Дастурамал шахсе, ки таҳвили хизматрасонии алоқаи барқиро анҷом медиҳад, шахсе мебошад, ки ҳамчун шахси дастраскунандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ муайян карда шуда, назораткунандаи оғози таҳвили чунин хизматрасонӣ мебошад. Агар таҳвилкунандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ, шахси назораткунандаи оғози чунин хизматрасониро муайян карда натавонад, пас шахси таҳвилкунанда, шахсе дониста мешавад, ки аз ҷониби таҳвилкунандаи хизматрасонии алоқаи барқӣ барои иҷрои дилхоҳ амалҳои зерин муайян гардидааст:
- шахсе, ки хизматрасониро пардохт мекунад;
- шахсе, ки барои гирифтани хизматрасонӣ шартнома мебандад;
- шахсе, ки барои пардохти ҳаққи хизматрасонӣ ба ӯ ҳисобнома- фактура фиристода шудааст.
80. Агар таҳвилгар ҳамчун ташаббускори хизматрасонӣ дар зиёда аз яке аз сархатҳои банди 79 Дастурамал муайян шуда бошад, пас шахсе, ки хизматрасониро таҳвил медиҳад, шахсе дониста мешавад, ки аз рӯйи тартиби пайдарҳамии ин сархатҳо якум ҳисобида мешавад.
81. Дар ин боб ва боби 14 Дастурамал маҳфумҳои зерин чунин маъно доранд:
1) хизматрасонии фосилавӣ кор ё хизматрасоние мебошанд, ки дар маҳалҳои зерин иҷро ё расонида мешавад:
- маҳалли иҷрои воқеии хизматрасонӣ ё кор;
- маҳалли ҷойгиршавии қабулкунандаи хизматрасонӣ ё кор;
2) хизматрасонии алоқаи барқӣ ин интиқол, паҳн намудан ё қабули сигналҳо, сабтҳо, тасвирҳо, садоҳо ё ҳама гуна маълумотро тавассути сим, радио, оптика, ноқили нахи оптикӣ, дигар низомҳои электромагнитӣ ё тавассути низоми дигари техникии шабеҳ дар бар мегирад ва аз инҳо иборат аст:
- гузариши дахлдори ҳуқуқ барои чунин гузариш, паҳнкунӣ ва ё қабулкунии маълумот; ё
- пешниҳоди дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ё маҳаллӣ, ки таҳвил, таҳияи сабт, тасвирҳо, садоҳо ё иттилоотро дар бар намегирад.
Эзоҳ: Масъалаи муайян кардани анҷом ёфтани маҳалли иҷрои кору хизматрасонӣ бештар аз он андозсупорандагоне ба миён меояд, ки бо контрагентҳои хориҷӣ кор мекунанд. Агар маҳалли фаъолияте, ки иҷрои кор ё хизматрасонӣ анҷом дода мешавад Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ААИ дар Тоҷикистон пардохт мегардад. Дар ҳар сурат объекти ААИ танҳо арзиши он кор (хизматрасонӣ) мебошад, ки ҷои фурӯши онҳо ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Агар маҳалли фурӯши кор (хизматрасонӣ) мувофиқ ба ҳамин боби Дастурамал ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф нагардад, пас объекти андозбандии ААИ ба вуҷуд намеояд.
Мисоли 1. ҶСК "Т" ба ҶДММ "А" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои рекламавиро анҷом медиҳад. Дар ин сурат маҳалли хизматрасонии анҷомдодашудаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо ААИ дар Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад.
Мисоли 2. Ширкати хориҷии "Б" тавассути платформаи электронии "Плей-маркет"-и ширкати хориҷӣ ба шахсе, ки суроғаи биллингӣ ва шабакавии ӯ барои қабули хизматрасонии фосилавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, хизматрасонии худро анҷом медиҳад. Дар чунин сурат хизматрасонии мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта ба ҳисоб рафта, бо ААИ дар Тоҷикистон андозбандӣ карда мешавад. Зеро, ду талаботи сархатҳои банди 76 Дастурамал ба хизматрасониҳои фоиславӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора мекунанд.
14. ТАЪМИНИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ФОСИЛАВӢ ТАВАССУТИ МАЙДОНИ ЭЛЕКТРОНИИ САВДО
82. Дар ин қисм "майдони электронии савдо" маънои вебсомона, интернет-портал, шлюз, мағозаи интернетӣ, платформаи савдо ё платформаи дигари шабеҳро дорад, ки идоракунии он ба таври электронӣ амалӣ гардида, тавассути он таҳвилкунандаи ибтидоӣ хизматрасонии фосилавиро тавассути шахси дигар (оператори майдони савдо) ба шахси сеюм (қабулкунанда) анҷом медиҳад, вале фаъолияти коркарди пардохтҳоро дар бар намегирад.
83. Муқаррароти боби мазкур дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар ҳама шартҳои зерин риоя карда шаванд:
1) "таҳвилкунандаи ибтидоӣ" - хизматрасонии фосилавиро тавассути майдони электронии савдо ба роҳ мемонад;
2) майдони электронии савдо аз ҷониби шахсе идора карда мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ надорад ва амалиётҳои зеринро анҷом медиҳад:
- пардохти маблағро ба қабулкунанда иҷозат медиҳад;
- расонидани молро ба қабулкунандаи он иҷозат медиҳад; ё
- шартҳои анҷом додани таҳвилро муқаррар менамояд;
3) қабулкунандаи мол мутобиқи муқаррароти бандҳои 76 ва 77 Дастурамал шахси воқеӣрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
84. Мутобиқи шартҳои банди 83 ҳамин қисм, муқаррароти боби 13 Дастурамали мазкур дар ҳолате амалӣ карда мешаванд, ки агар оператори майдони электронии савдо дар раванди анҷом додани фаъолияти андозбандишаванда, таҳвилгари хизматрасонии фосилавӣ эътироф гардад.
85. Агар таҳвилгари ибтидоӣ ва оператори майдони электронии савдо ба мувофиқа омада бошанд, ки пардохти ААИ барои чунин амалиётҳо аз ҷониби таҳвилгари ибтидоӣ анҷом меёбад, муқаррароти банди 84 Дастурамал амалӣ карда намешавад.
15. АНДОЗБАНДИИ БОЗГАШТ
86. Андозбандии бозгашт - усули махсуси ҳисобкунии ААИ мебошад, ки тибқи он ҳисоб ва пардохти андоз аз ҷониби харидор анҷом дода мешавад.
87. Муқаррароти боби мазкур дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад, агар:
1) шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли доимии фаъолият надорад (таҳвилгари хориҷӣ), ба шахси ҳуқуқие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, хизматрасонӣ ва ё корро анҷом дода бошад;
2) хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор аз ҷониби таҳвилгари хориҷӣ аз маҳалли фаъолияти ӯ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад;
3) хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор аз ҷониби таҳвилгари хориҷӣ аз маҳалли фаъолияти ӯ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад ва амалиётҳои мазкур амалиётҳои андозбандишаванда бошанд.
88. Дар сурати татбиқи бандҳои 86 ва 87 Дастурамал, агенти андоз аз маблағе, ки бояд ба таҳвилгари хориҷӣ пардохт карда шавад, ААИ-ро дар манбаи пардохт нигоҳ медорад. Маблағи андоз бо истифодаи меъёрҳои муқаррарнамудаи зербандҳои 1) (ва) ё 2) банди 100 Дастурамал нисбат ба маблағе, ки бояд баъди нигоҳ доштани андоз ба таҳвилгари хориҷӣ пардохт шавад, муайян карда мешавад.
89. Агар агенти андоз барои мақсадҳои ААИ ба қайд гирифта шуда бошад, андози нигоҳдошташуда бояд ба буҷет пардохт карда шавад ва дар эъломияи ААИ барои моҳе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблағи пардохтшаванда (бе ҳуқуқи баҳисобгирии маблағи ААИ) дарҷ карда шавад.
90. Агар агенти андоз барои мақсадҳои ААИ ба қайд гирифта нашуда бошад, дар чунин ҳолат уҳдадор аст, ки дар давоми панҷ рӯз пас аз санаи пардохти маблағ ба таҳвилгари хориҷӣ андози нигоҳдошташударо ба буҷет пардохт кунад, инчунин эъломияи ААИ-ро то рӯзи 15-уми моҳи пас аз моҳи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз, пешниҳод намояд.
91. Муқаррароти бандҳои 88 ва 89 Дастурамал ҳангоми риоя шудани шартҳои банди 92 Дастурамал нисбати шахс дар он ҳолат амалӣ карда мешаванд, ки хизматрасонӣ ё кор амалиёти алоҳидае бошад, ки пардохти он бо арзиши баробар ба арзиши бозории хизматрасонӣ ва ё иҷрои кор анҷом дода шавад.
92. Муқаррароти банди 91 Дастурамал дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд, агар:
- шахс бо мақсадҳои ААИ ба қайд гирифта шуда бошад;
- шахс қисми фаъолияти соҳибкориро берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад (қисми хориҷии фаъолият);
- қисми хориҷии фаъолияти шахс барои хизматрасонӣ ё иҷрои кор дар доираи фаъолияти шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад;
- хизматрасонӣ ва кори қаблан байни шахсони алоҳидаи дорои маҳалли фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда, амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб равад.
Эзоҳ: Мисоли 1. Ширкати хориҷӣ дар доираи шартномаи басташуда ба ҶДММ "А", ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба маблағи 200,0 ҳазор сомонӣ хизматҳои маркетингиро мерасонад. Хизматҳо асосан дар кишвари ҷойгиршавии ширкати хориҷӣ анҷом дода шуда, инчунин кормандони ширкати хориҷӣ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши бозор сафарбар карда мешаванд. Дар чунин сурат, маҳалли хизматрасонии мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҶДММ "А" ҳамчун агенти андоз уҳдадор аст, ки аз маблағе, ки бояд ба таҳвилгари хориҷӣ пардохт карда шавад ААИ-ро ба буҷет пардохт намояд ва дар эъломияи ААИ барои моҳе, ки дар он амалиёт сурат гирифтааст, чун маблағи пардохтшаванда (бе ҳуқуқи баҳисобгирии маблағи ААИ) дарҷ намояд. Бахусус, бо дар назар доштани банди 88 Дастурамал ҶДММ "А", супорандаи ААИ, ҳамчун агенти андоз аз даромади ширкати хориҷӣ (200,0 ҳазор сомонӣ) ААИ-ро дар манбаи пардохт ба маблағи 26087 сомонӣ (200 000*15/115) нигоҳ дошта, онро ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамояд.
Мисоли 2. ҶДММ "М"-резиденти Тоҷикистон барои анҷоми хизматрасониҳои машваратӣ бо ширкати хориҷии фаронсавӣ шартнома мебандад. Ширкати машваратии хориҷӣ қисми хизматрасониҳои машваратиро дар Фаронса ва қисми дигарашро дар Тоҷикистон анҷом медиҳад. Бо дар назар доштани зербандҳои 1) ва 5) банди 75 Дастурамал маҳалли хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад ва ААИ ба буҷети давлатии Тоҷикистон пардохт мегардад.
Мисоли 3.ҶДММ "К"-резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкати хориҷӣ барномаи иттилоотиро харидорӣ менамояд. Бо дар назар доштани зербанди 5) банди 75 Дастурамал маҳалли хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта дониста мешавад ва ААИ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мегардад. Зеро, харидори мол (кор, хизматрасонӣ) фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҷом медиҳад.
16. САНАИ ВОРИДОТИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
93. Санаи воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
17. АМАЛИЁТҲОИ ОМЕХТА
94. Таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ), ки нисбат ба таҳвили асосии мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ ) хусусияти ёрирасон доранд, ҳамчун қисми таҳвили асосии мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) баррасӣ карда мешавад.
95. Агар амалиёт унсурҳои мустақил дошта, ду ва ё зиёда амалиёти зеринро дар бар гирад, амалиёти алоҳида ҳисобида мешавад:
- таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки бо меъёри стандартии ААИ андозбандӣ мешаванд;
- таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасоние, ки бо ААИ аз рӯйи меъёри аз меъёри стандартӣ фарқкунанда (аз ҷумла меъёри сифр ё пасткардашуда) андозбандӣ мешаванд;
- таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасониҳое, ки аз ААИ озод карда шудаанд.
96. Хизматрасоние, ки ба арзиши моли воридотӣ илова мегардад, ҷузъи воридот ҳисобида мешавад, аммо танҳо дар сурате, ки арзиши моли воридотӣ арзиши чунин хизматрасониро дар бар гирад.
Эзоҳ: Мисол: ҶДММ "Т"-ширкати тоҷикистонӣ бо ҶДММ "Р"-ширкати росиягӣ оид ба интиқоли мол аз Москва ба Душанбе ба маблағи 10,0 млн сомонӣ ва бо ҶДММ "К"-ширкати қазоқистонӣ оид ба таъмини бехатарии моли мазкур ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ шартнома мебанданд. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ бинобар дастрас нагардидани маълумот дар бораи хароҷоти таъмини бехатарии моли мазкур ААИ аз 10,0 млн. сомонӣ бо меъёри 15 фоиз ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Дар чунин ҳолат ҶДММ "Т" ҳангоми пардохти ҳаққи хизматрасониҳои таъмини бехатарии молҳои мазкур ба ҶДММ "К" уҳдадор аст ААИ-ро ба маблағи 195,7 (1500 000х15/115) ҳазор сомонӣ нигоҳ дошта ба буҷет пардохт намояд, чунки ҳангоми барасмиятдарории гумрукии моли мазкур арзиши моли воридотӣ хароҷоти таъмини бехатариро дар бар нагирифтааст.
18. АМАЛИЁТҲОЕ, КИ ТАВАССУТИ ШАХСИ БОВАРИНОК (АГЕНТ) АНҶОМ ДОДА МЕШАВАД
97. Таҳвили мол (иҷрои кор ё хизматрасоние), ки бо супориш ё аз номи шахси ваколатдиҳанда тавассути шахси бовариноки (агенти) чунин шахс, анҷом дода мешавад, амалиёти иҷронамудаи шахси ваколатдиҳанда дониста мешавад, агар дар бандҳои 98 ва 99 Дастурамал тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
98. Муқаррароти банди 97 ҳамин қисм нисбат ба подошпулиҳое, ки шахси боваринок (агент) аз хизматрасонӣ ба шахси ваколатдиҳанда мегирад, татбиқ карда намешаванд.
99. Муқаррароти банди 97 ҳамин қисм нисбат ба интиқоли мол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахси бовариноки (агенти) ғайрирезидент татбиқ карда намешаванд. Дар ин ҳолат барои мақсадҳои ААИ интиқоли мол амалиёти анҷомдодаи шахси боваринок (агент) дониста мешавад.
Эзоҳ: Мисол: Ширкати мобилӣ бо ширкати агентии фурӯши симкорт дар хусуси додани ваколатнома барои фурӯши симкортҳо ба муштариён шартнома мебанданд. Мувофиқи шартнома нархи 1 симкорт 100 сомониро бо дар назар доштани ААИ ташкил медиҳад. Мутобиқ ба талаботи банди 97 Дастурамал фурӯши симкортҳои мазкур аз ҷониби ширкати агентӣ амалиёти иҷронамудаи ширкати мобилӣ ба ҳисоб рафта, ААИ-ро ба маблағи 13 сомонӣ (100*15/1,15) барои 1 симкорти ширкати мобилӣ пардохт мекунад. Дар навбати худ, ширкати агентӣ аз хизматрасонӣ ба ширкати мобилӣ аз нархи ҳар як симкорти фурӯхташуда 2% подошпулӣ мегирад, ки дар ин ҳолат бо дар назар доштани ААИ аз нархи як симкорт 2 сомониро (100*2%) ташкил медиҳад. Дар ин сурат арзиши амалиёти андозбандишаванда (2/1,15) 1,7 сомонӣ барои як симкорт ташкил дода, мутобиқ ба муқаррароти банди 98 Дастурамал ширкати агентӣ уҳдадор аст ба маблағи 0,26 сомонӣ (1,7*15%) ААИ ҳисоб ва ба буҷети давлат пардохт намояд.
19. МЕЪЁРҲОИ ААИ ВА ТАРТИБИ ҲИСОБИ ОН
100. Барои амалиётҳои андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда меъёрҳои зерини ААИ муқаррар карда мешаванд:
1) меъёри стандартӣ - 15 фоиз;
2) меъёри пасткардашуда, ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, нисбат ба иҷрои кори сохтмонӣ, хизматрасонии меҳмонхонавӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ - 7 фоиз ва барои фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хизматрасонии таълимӣ ва фаъолияти оид ба хизматрасонии тиббӣ дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо бе ҳуқуқи баҳисобгирии ААИ - 5 фоиз;
3) меъёри сифрӣ.
101. Меъёри сифрӣ нисбат ба амалиётҳои андозбандишавандаи дар боби 9 Дастурамал (содироти мол) муқарраршуда татбиқ карда мешавад.
102. Дар ҳолати аз ҷониби супорандаи меъёри пасткардашудаи ААИ анҷом додани воридоти андозбандишаванда таҳвили минбаъдаи чунин моли воридшуда бо меъёри дар зербанди 1) банди 100 Дастурамал зикргардида андозбандӣ карда мешавад. Чунин андозсупоранда ҳуқуқ дорад маблағи ҳангоми воридот пардохтнамудаи ААИ-ро мутобиқи боби 21 Дастурамал ба ҳисоб гирад.
103. Ҳангоми аз ҷониби супорандаи меъёри пасткардашудаи ААИ ба моли дигар табдил додани моли воридотӣ, андозбандии таҳвили минбаъдаи ҳиссаи моли табдилёфта мутаносибан ба вазни қиёсии моли воридшуда дар ҳаҷми умумии харид бо меъёри стандартӣ ва ҳиссаи боқимондаи чунин мол (табдилёфта) бо меъёри пасткардашуда андозбандӣ карда мешавад.
104. Супорандаи меъёри пасткардашудаи ААИ уҳдадор аст, ки тибқи талаботи моддаи 91 Кодекси андоз баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандиро аз рӯйи муомилоти андозбандишаванда ва воридоти андозбандишаванда амалӣ намояд.
Эзоҳ: Мутобиқ ба муқаррароти қисми 4 моддаи 91 Кодекси андоз нисбат ба супорандагони ААИ ва аксизҳо даромаду хароҷот бе ААИ ва аксизҳо ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоте, ки нисбат ба он ба ҳисоб гирифтани ААИ иҷозат дода намешавад. Арзиши дороие, ки супорандаи ААИ ба даст овардааст, маблағи ААИ пардохтгардидаро дар бар намегирад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ҳисоб гирифтани ин маблағи ААИ иҷозат дода намешавад.
105. Муомилоти андозбандишаванда аз арзиши умумии амалиёти андозбандишаванда дар давраи ҳисоботӣ иборат мебошад.
106. Маблағи ААИ бо роҳи зарб кардани арзиши муомилоти андозбандишаванда ба меъёри дахлдор муайян карда мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶСК "Д" хизматрасонии дизайнерии хонаҳои истиқоматиро анҷом медиҳад, ки барои ҳар як м2 арзиши хизматрасонӣ 100 сомониро бе ААИ ташкил медиҳад. Ҷамъият дар моҳи ҳисоботӣ хизматрасониҳои дизйнериро ба арзиши 35,0 ҳазор сомонӣ анҷом медиҳад. Мутобиқ ба талаботи зербанди 1) банди 100 Дастурамал меъёри ААИ барои хизматрасонии мазкур 15%-ро ташкил медиҳад. Ҷамъият уҳдадор аст, маблағи ААИ-ро бо роҳи зарб кардани арзиши муомилоти андозбандишаванда ба меъёри мазкур муайян намуда ба буҷети давлатӣ пардохт намояд, яъне 5250 сомонӣ (35000*15%).
Мисоли 2. ҶДММ "Т", ки ба хизматрасонии хӯроки умумӣ машғул аст, дар моҳи ҳисоботӣ барои тайёр кардани хӯрок ба маблағи 260,0 ҳазор сомонӣ маҳсулоти зерин мехарад:
- гӯшт ба маблағи 25,0 ҳазор сомонӣ (бе ААИ);
- равған аз дохили ҷумҳурӣ ба маблағи 50,0 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла ААИ 15% - 6,5 ҳазор сомонӣ);
- сабзавот ба маблағи 10,0 ҳазор сомонӣ (бе ААИ, яъне харид аз супорандаи ААИ набуда амалӣ карда шудааст);
- биринҷ аз хориҷи кишвар ба маблағи 100,0 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла ААИ (15%) ба маблағӣ 13,0 ҳазор сомонӣ ҳангоми воридот ба буҷет пардохт шудааст);
- маҳсулоти кишоварзии коркардашудаи ватанӣ ба мабалғи 75,0 ҳазор сомонӣ (ААИ 5% - 3,6 ҳазор сомонӣ).
Дар моҳи ҳисоботӣ, Ҷамъият дар маҷмуъ ба маблағи 400,0 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрока мефурӯшад. Бо дар назар доштани ин, андозбандии бо ААИ Ҷамъият чунин сурат мегирад:
1) новобаста аз он, ки Ҷамъият барои маҳсулотҳои аз дохили кишвар харидоришуда ААИ пардохт намудааст ё не, мутобиқ ба талаботи зербанди 2) банди 100 Дастурамал Ҷамъият ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохтнамудаи ААИ-ро надорад. Нисбати воридоти мол, ӯ ҳуқуқ дорад маблаги ҳангоми воридот пардохтнамудаи ААИ-ро ба ҳисоб гирад;
2) дар қисми ҳисобкунии ААИ аз фурӯш бошад вобаста ба вазни қиёсии молҳои воридшуда дар ҳаҷми умумии харид бо меъёри 15 % ва дар қисмати боқимонда бо меъёри пасткардашуда 7% ҳисоб карда мешавад. Вобаста ба ҳиссаи биринҷи воридотии Ҷамъият ба мабалғи 100,0 ҳазор сомонӣ, ки ҳангоми воридот 13,0 ҳазор сомонӣ ААИ (86,7*15%) ба буҷет пардохт шудааст ва ҳамин биринҷ дар тайёр кардани хӯрок пурра истифода шудааст, ААИ бо меъёри стандарти 15% бо формулаи зер ҳисоб карда мешавад:
(АМВ/ҲУХ)*ҲУД*МСААИ, дар инҷо:
- АМВ -арзиши моли воридотӣ;
- ҲУХ- ҳаҷми умумии харид;
- ҲУД -ҳаҷми умумии даромад;
- МСААИ- меъёри стандартии ААИ.
Ҳамин тавр Ҷамъият дар қисмати биринҷи вориднамудаи ба моли дигар табдилшудааш ААИро бо меъёри стандарти 15% ба маблағи 20,0 ҳазор сомонӣ ҳисоб менамояд ((86,7/260,0)*400,0*15%). Вобаста ба ҳиссаи боқимондаи моли аз дохили кишвар харидашудаи ба моли дигар табдилёфта меъёри пасткардашудаи ААИ бо чунин тарз ҳисоб ва пардохт карда мешавад: ((ҲУХАМВ)/ҲУХ)*ҲУД*ААИП, дар инҷо: ААИП- меъёри ААИ пасткардашуда. Ҷамъият барои ҳиссаи боқимондаи хӯрок ААИ пасткардашуда ба маблағи 18,7 ҳазор сомонӣ (173,3/260,0)*400,0*7% ҳисоб менамояд.
3. Дар ҷамъ ҶДММ "Т" дар қисми таҳвили мол ААИ ба маблағи 38,7 ҳазор сомонӣ (20,0+18,7) ҳисоб намуда бо дар назар доштани баҳисобгирии маблағи ААИ дар нуқтаи гумрукӣ 13,0 ҳазор сомонӣ пардохт гардида Ҷамъият ба буҷети давлатӣ бояд 25,7 (38,7-13) ҳазор сомонӣ ҳисоб ва пардохт менамояд.
Мисоли 3. ҶДММ "Б" шабакаи марказҳои савдо дар ҷумҳурӣ дорад ва дар моҳи ҳисоботӣ тавассути марказҳои савдои худ ба маблағи 250,0 ҳазор сомонӣ молҳои хӯрока ва маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла гӯшт, сабзавот, меваҷот мефурӯшад, ки маблағи 100,0 ҳазор сомонии он молҳои хӯрока ва маҳсулоти кишоварзии аз хориҷи кишвар воридшударо ташкил додааст. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молҳои хӯрока ва маҳсулоти кишоварзии аз хориҷи кишвар воридшуда ба маблағи 15,0 (100,0ҳ.с*15%) ҳазор сомонӣ ААИ ҳисоб ва ба буҷет пардохт карда шудааст. Инчунин, ҳангоми хариди маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ба молтаъминкунанда - ҶДММ "С" ба маблағи 42,0 (40,0*5%) ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 2,0 ҳазор сомонӣ ААИ пардохт карда, аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба маблағи 30,0 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ харидааст. Дар чуни ҳолат ҶДММ "Б" ҳуқуқи баҳисобгирии ААИ ҳангоми хариди маҳсулоти кишоварзии дохилӣ пардохташударо надорад.
Мисоли 4. ҶСК "П" дар моҳи ҳисоботӣ 100 тонна помидор ва бодирингро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ харидорӣ намуда, онҳоро консерва намуда, ба маблағи 250,0 ҳазор сомонӣ ба фурӯш мебарорад. Инчунин дар ин давра, ҶСК "П" 70 тонна меваи ХД "А"-ро консерва менамояд ва ба ивази ин подошпулӣ ба маблағи 50,0 ҳазор сомонӣ даромад мегирад. Дар чунин сурат ҶСК "П" уҳдадор аст аз даромаде, ки пас аз фурӯши моли аз коркарди маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсолнамудаи худ 250,0 ҳазор сомонӣ ба даст овардааст ААИ -ро бо меъёри пасткардашуда 5% ба маблағи 12,5 ҳазор сомонӣ (250,0*5%) ҳисоб намояд ва аз подошпулии барои коркарди маҳсулоти кишоварзии ХД "А" ба маблағи 50,0 ҳазор сомонӣ гирифтааст ААИ-ро бо меъёри стандартӣ 15% ба маблағи 7,5 сомонӣ (50,0*15%) ҳисоб намояд.
Мисоли 5. ҶДММ "Н" корхонаи коркарди пахта буда, дар давраи ҳисоботӣ пахтаи хоми хоҷагиҳои деҳқониро бо подошпулии 150,0 ҳазор сомонӣ коркард менамояд. Бинобар сабаби он, ки ҶДММ "Н" ба ивази подошпулӣ пахтаи хоми хоҷагиҳои деҳқониро коркад мекунад, меъёри пасткардашудаи ААИ-5% барои ин намуди фаъолият нисбат ба Ҷамъият истифода нашуда, ҶДММ "Н" уҳдадор аст, ки ААИ-ро барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ бо меъёри стандартӣ -15% ба маблағи 22,5 ҳазор сомонӣ (150,0*15%) ҳисоб намояд. Инчунин, Ҷамъият пахтаро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ харидорӣ намуда, онро коркард намуда, дар натиҷа 100 тонна нахи пахтаро ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ ва 5 тонна чигити пахтаро барои истеҳсоли равған ба мабалғи 50,0 ҳазор сомонӣ мефурӯшад. Дар чунин сурат Ҷамъият тибқи банди 40 Дастурамал ҳангоми фурӯши нахи пахта аз ААИ озод буда, ҳамзамон барои 5 тонна чигити пахта барои истеҳсоли равған фурӯхташуда 2,5 ҳазор сомонӣ (50,0 ҳазор*5%) ААИ бо меъёри пасткардашуда ҳисоб ва пардохт менамояд.
Мисоли 6. ҶСП "В" ширкати истеҳсоли равған аз хориҷ ба ҷумҳурӣ ба маблағи 300,0 ҳазор сомонӣ офтобпараст ворид менамояд ва мутобиқ ба муқаррароти сархати 14 банди 41 Дастурамал ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ агар офтобпараст ҳамчун ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ААИ озод карда мешавад. Дар чунин сурат, ҶСП "В" аз офтобпараст равған истеҳсол намуда, онро ба маблағӣ 550,0 ҳазор сомонӣ мефурӯшад. Бо дар назар доштани банди 102 Дастурамал ҶСП "В" уҳдадор аст, ки аз даромади умумии 550,0 ҳазор сомонӣ ААИ-ро бо меъёри стандартии 15% ба маблағи 71,7 ҳазор сомонӣ (550,0*15/115) ҳисоб намуда, ба буҷет пардохт намояд.
Мисоли 7. ҶДММ "О" - супорандаи ААИ буда, ба хизматрасониҳо дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо машғул мебошад. Мутобиқ ба талаботи зербанди 2) банди 100 Дастурамал танҳо дар қисмати хизматрасониҳои тиббӣ дар осоишгоҳҳо ва истироҳатгоҳҳо ААИ-ро бо меъёри 5% бе ҳуқуқи баҳисобгирии ААИ ҳисоб ва пардохт менамояд. Барои ҳама гуна дигар кору хизматрасониҳо, аз ҷумла таҳвили мол уҳдадора аст ААИ-ро бо меъёри 15% ҳисоб ва ба буҷет пардохт намояд.
20. ААИ БА БУҶЕТ ПАРДОХТШАВАНДА
107. Маблағи ААИ-и дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пардохтшаванда фарқи мусбати байни маблағи андози тибқи зербанди 1) банди 100 Дастурамал аз муомилоти андозбандишаванда бо дар назар доштани маблағи андози тибқи боби 15 Дастурамал ҳисобшуда ва маблағи андози мутобиқи боби 21 Дастурамал барои ба ҳисоб гирифтан иҷозат додашуда мебошад.
108. Агар маблағи ААИ-и пардохтшавандаи бо дар назар доштани ҳолатҳои банди 33 Дастурамал тасҳеҳшаванда нисбат ба маблағи воқеан дар эъломия нишондодашудаи андозсупоранда зиёд бошад, маблағи барзиёдӣ ҳамчун ААИ-и пардохтшавандаи дар давраи ҳисоботӣ тасҳеҳшаванда дониста шуда, дар ҳамин давраи ҳисоботӣ ба маблағи андози тибқи банди 107 боби мазкур пардохтшаванда илова карда мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶДММ "А" дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 400,0 ҳазор сомонӣ мол бо дар назар доштани ААИ таҳвил карда, ба маблағи 52,2 ҳазор сомонӣ ААИ (400,0*15/115) ҳисоб мекунад. Инчунин Ҷамъият дар ин давра ба маблағи 175,0 ҳазор сомонӣ бо дар назар доштани ААИ маҳсулот харидорӣ менамояд, ки мутобиқ ба ҳисобнома-фактураи ААИ ба маблағи 22,8 ҳазор сомонӣ ААИ (175,0*15/115) ба буҷет пардохт намудааст. Бо дар назар доштани банди 107 Дастурамал маблағи ААИ-и дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пардохтшавандаи ҶДММ "А" 29,4 ҳазор сомониро (52,2-22,8) ташкил медиҳад. Формула барои маблағи ААИ-и дар давраи ҳисоботӣ ба буҷет пардохтшаванда: ААИ (буҷет) = ААИ (ҳисобшуда) - ААИ (барои ба ҳисоб гирифтан иҷозат додашуда).
Мисоли 2. ҶСК "З" дар моҳи май ба маблағи 80,0 ҳазор сомонӣ бо дар назар доштани ААИ ба ҶДММ "Р" мол таҳвил мекунад ва барои ин давраи ҳисоботӣ ба буҷет ба маблағи 10,4 ҳазор сомонӣ ААИ (80,0*15/115) пардохт мекунад. Дар моҳи август маълум мешавад, ки арзиши мол тағйир ёфта будааст ва арзиши мол дар моҳи май 100,0 ҳазор сомонӣ бо ААИ ташкил медод. Дар чунин сурат ҶСК "З" тибқи бандҳои 33-35 Дастурамал ҳисобнома-фактура оид ба ААИ иловагӣ (тасҳеҳӣ) тартиб дода ва эъломияи тасҳеҳӣ пешниҳод менамояд. Ҳамзамон, ААИ бо чунин тарз ҳисоб шуда, маблағи барзиёдатии он барои давраи август бо дар назар доштани банди 108 Дастурамал пардохт мегардад: 2,6 ҳазор сомонӣ (100,0*15/115-10,4).
21. ААИ, КИ ҲАНГОМИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ПАРДОХТҲО БА БУҶЕТ ДАР ҲОЛАТИ ИСТИФОДАИ МЕЪЁРИ СТАНДАРТӢ БА ҲИСОБ ГИРИФТА МЕШАВАД
109. Агар дар ҳамин қисм тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳангоми истифодаи меъёри стандартӣ маблағи ААИ пардохтшаванда ё пардохтшуда дар ҳолатҳои зерин баҳисобгирифташаванда дониста мешавад, агар:
- ба андозсупоранда ҳисобнома - фактураҳои оид ба ААИ ва аксизҳо пешниҳод шуда бошад;
- дар давраи ҳисоботӣ санаи амалиёти воридоти андозбандишавандаи мол мутобиқи муқаррароти боби 16 Дастурамал фаро расида, маблағи ААИ воқеан ба буҷет пардохт шуда бошад;
- амалиётҳои андозбандишаванда оид ба таҳвили мол, иҷрои кор ё хизматрасонӣ мутобиқи муқаррароти боби 11 Дастурамал дар давраи ҳисоботӣ анҷом дода шуда бошанд;
- моли (кор ё хизматрасонӣ) дар ҳамин банд пешбинишуда, барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда истифода шаванд.
110. Баҳисобгирии маблағи ААИ нисбат ба бақияи моли харидашудаи андозсупорандае, ки аз низоми содакардашуда ба низоми умумии андозбандӣ мегузарад, иҷозат дода мешавад, агар маблағи ААИ аз даромадҳои андозбандишаванда тарҳ карда нашуда бошад.
111. Барои мақсадҳои банди 109 Дастурамал маблағҳои ААИ дар ҳолатҳои зерин баҳисобгирифташаванда дониста мешаванд, агар:
- маблағи ААИ пардохтшаванда дар ҳисобнома-фактураҳои таҳвилкунанда дар алоҳидагӣ нишон дода шуда бошад;
- маблағи ААИ дар эъломияи гумрукии бор нишон дода шуда, ба буҷет пардохт гардида бошад ва мутобиқи шартҳои низоми гумрукӣ маблағи баргардониданашаванда бошад;
- маблағи ААИ дар ҳуҷҷатҳои пардохтии хариди билетҳои роҳкирои воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ нишон дода шуда бошад;
- маблағи ААИ дар ҳуҷҷатҳои пардохтии таҳвилгарони хизматрасонии коммуналӣ нишон дода шуда, ҳисоббаробаркунии он тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ анҷом дода шавад.
112. Баҳисобгирии маблағи ААИ мутобиқи муқаррароти банди 111 Дастурамал дар моҳи ҳисоботие, ки мол (кор, хизматрасонӣ) гирифта шудаанд, анҷом дода мешавад.
113. Ба ҳисоб гирифтани ААИ барои воридоти мол ва амалиёти андозбандишаванда, ки андозсупоранда қисман барои фаъолияти соҳибкорӣ ва қисман барои дигар мақсадҳо истифода менамояд, дар асоси вазни қиёсии истифодабарии онҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешавад.
114. Баҳисобгирии ААИ, ки пардохт шудааст (бояд пардохт шавад), дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода намешавад:
- ҳангоми хариди автомобилҳои сабукрав, ба истиснои фурӯхтан ва ба иҷора додани онҳо аз ҷониби шахсе, ки чунин амалиётҳо ҳамчун намуди асосии фаъолияти соҳибкории ӯ ба ҳисоб мераванд;
- агар хароҷот бо мақсади эҳсонкорӣ ва ё иҷтимоӣ, инчунин хароҷоти фароғатӣ ё намояндагӣ анҷом дода шуда бошанд;
- агар дар ҳисобнома-фактураҳо маблағи ААИ аз амалиётҳои андозбандишаванда алоҳида нишон дода нашуда бошад;
- агар ҳангоми барасмиятдарории гумрукии мол дар ҳуҷҷатҳои пардохтии маблағи ААИ реквизитҳои воридкунандаи молу маҳсулот (аз ҷумла ном, РМА, РЯМ) нишон дода нашуда бошанд;
- агар хароҷот барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ анҷом дода бошанд;
- агар хароҷот барои харид, истеҳсол, сохтмон, насб ва васлкунӣ, инчунин барои барқарор намудани (таъмири) воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ва дороиҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда, новобаста ба маблағи хароҷот анҷом, дода шуда бошанд;
- агар хароҷоти вобаста ба хариди мол (кор, хизматрасонӣ) ба шахсоне, ки воқеан чунин амалиётро анҷом надодаанд, ба расмият дароварда шуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти ААИ ба буҷетро пешниҳод намояд;
- агар хароҷот аз рӯйи меъёри пасткардашудаи ААИ анҷом дода шуда бошад, ба истиснои хароҷоти вобаста ба воридоти андозбандишаванда барои шахсони дар банди 100 Дастурамал зикргардида;
- агар аз ҷониби шахси хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии фосилавӣ бе таъсис додани муассисаи доимӣ анҷом дода шаванд.
115. Баҳисобгирии маблағи ААИ андозсупорандае, ки дар фаъолияти худ амалиётҳои андозбандишаванда ва амалиёти аз ААИ озод дорад, мутобиқи боби 23 Дастурамал анҷом дода мешавад. Баҳисобгирии маблағи ААИ-и андозсупорандае, ки танҳо амалиёти озод дошта бошад, иҷозат дода намешавад.
116. Агар маблағи ААИ пардохташавандаи харидор вобаста ба ҳолатҳои бандҳои 33-35 Дастурамал нисбат ба маблағи воқеан дар эъломия нишондодаи андозсупоранда зиёд бошад, барои давраи ҳисоботӣ баҳисобгирии маблағи барзиёдии ААИ пешниҳодгардида иҷозат дода мешавад.
117. Баҳисобгирии маблағи ААИ аз рӯйи ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳо, ки барои амалиётҳои қаллобӣ ё амалан иҷронашуда тартиб дода шудаанд, манъ аст ва маблағҳои қаблан баҳисобгирифташудаи ААИ беэътибор дониста мешаванд.
118. Дар ҳолатҳо ва бо тартибе, ки моддаи 341 Кодекси андоз муқаррар кардааст, баҳисобгирии маблағи андоз аз фурӯши алюминийи аввалия дар сурати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда иҷозат дода мешавад.
119. Сарфи назар аз муқаррароти боби мазкур, баҳисобгирии ААИ, ки барои воридоти мол аз ҷониби супорандагони ААИ-и бо фаъолияти савдои яклухт ва чакана, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш машғулбуда пардохт гардидааст, танҳо дар давраи ҳисоботии фаро расидани амалиётҳои андозбандишаванда, иҷозат дода мешавад.
Эзоҳ: Муқаррароти банди 119 Дастурамал, ки баҳисобгирии ААИ барои воридоти молро дар давраи ҳисоботии фаро расидани амалиётҳои андозбандишаванда иҷозат додааст, бо дар назар доштани бандҳои 94, 95 ва 96 Дастурамал нисбат ба хариди мол низ тааллуқ дорад. Тибқи муқаррароти боби 4 моддаи 90 Кодекси андоз баҳисобгирии ҷудогонаи объектҳои андозбандиро андозсупорандагоне пеш мебаранд, ки дар як вақт намудҳои гуногуни фаъолиятро амалӣ менамоянд ва барои онҳо дар Кодекси андоз шартҳо ва низомҳои гуногуни андозбандӣ муқаррар гардидааст. Кодекси андоз фаъолияти савдои яклухт ва чакана, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯшро ҳангоми воридот ва фурӯш ҷудо намекунад ва тибқи талаботи банди 119 Дастурамал фаъолиятҳои мазкур новобаста аз воридоти мол ва хариди мол як шакли фаъолият ба ҳисоб меравад, зеро мақсади ниҳоии онҳо таҳвили мол ба харидорон мебошад.
Мисоли 1. ҶДММ "В" ба ҷумҳурӣ 250 тонна шакар ба маблағи 2300,0 ҳазор сомонӣ ворид намуда, дар расмиёти гумрукӣ ААИ ба маблагӣ 345,0 (2300,00*15%) пардохт менамояд. Ҷамъият 200 тоннаи онро ба маблағи 2400,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ААИ 313,0 ҳазор сомонӣ (2400,0*15/115) мефурӯшад Дар чунин сурат Ҷамъият ҳуқуқ дорад ААИ-ро ба маблағи 276,0 ҳазор сомонӣ ((200 тонна/250 тонна)*2300,0*15%) ба ҳисоб гирад. Дар маҷмуъ Ҷамъият аз қисмате, ки шакарро бо мақсади соҳибкорӣ истифода намудааст 37,0 (313,0-276,0) ҳазор сомонӣ ААИ ҳисоб ва пардохт менамояд.
Мисоли 2. ҶДММ "А" ба фаъолияти савдо машғул буда, дар моҳи апрел аз ҶДММ "Б" молҳои гуногун ба арзиши 150,0 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ба маблағи 22,5 ҳазор сомонӣ (150,0*15%) ААИ пардохт менамояд. Ҷамъият дар ҳамин моҳ 50% молҳоро бо болонархии 20%, яъне ба маблағи 90,0 ҳазор сомонӣ (150,0*50%+20%) мефурӯшад, ки маблағи ҳисобшудаи ААИ он бо меъёри 15%, 13,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо дар назар доштани муқаррароти банди 119 Дастурамал Ҷамъият дар моҳи апрел ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтани ААИ-ро дар қисмати фаро расидани амалиётҳои андозбандишаванда ба маблағи 11,25 ҳазор сомонӣ (150,0*50%*15%) дорад. Яъне дар моҳи апрел Ҷамъият уҳдадор аст, ки аз қисмати молҳои фурӯхташуда ААИ-ро ба маблағи 2,25 ҳазор сомонӣ (75,0*15%-11,25) ҳисоб ва ба буҷет пардохт намояд.
Мисоли 3. ҶДММ "Д" ба фурӯши қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти гуногун машғул мебошад. Ҷамъият дар моҳи июл ба ҷумҳурӣ қисмҳои эҳтиётӣ ворид менамояд ва бо мақсадҳои ААИ арзиши гумрукии он 140,0 ҳазор сомонӣ ташкил медиҳад ва ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ аз ҷониби Ҷамъият ААИ ба маблағи 21,0 ҳазор сомонӣ (140,0*15%) пардохт мегардад. Ҷамъият дар ҳамин моҳ 40% қисмҳои эҳтиётии мазкурро бо болонархии 20%, яъне ба мабллағи 67,2 ҳазор сомонӣ (140,0*40%+20%) мефурӯшад, ки маблағи ҳисобшудаи ААИ он бо меъёри 15%, 10,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бо дар назар доштани муқаррароти банди 119 Дастурамал Ҷамъият дар моҳи июл ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтани ААИ-ро дар қисмати фаро расидани амалиётҳои андозбандишаванда ба маблағи 8,4 ҳазор сомонӣ (140,0*40%*15%) дорад. Яъне дар моҳи июл Ҷамъият уҳдадор аст, ки аз қисмати молҳои фурӯхташуда ААИ-ро ба маблағи 1,7 ҳазор сомонӣ (67,2*15%-8,4) ҳисоб ва ба буҷет пардохт намояд.
22. ТАСҲЕҲИ МАБЛАҒҲОИ БАҲИСОБ ГИРИФТАШАВАНДАИ ААИ
120. Маблағи ААИ-е, ки қаблан ба ҳисоб гирифта шудааст, дар ҳолатҳои зерин аз маблағҳои минбаъдаи ААИ-и баҳисобгирифташаванда хориҷ карда мешавад:
- ҳангоми на ба мақсадҳои муомилоти андозбандишаванда истифода гардидадани мол (кор, хизматрасонӣ);
- ҳангоми беэътибор донистани ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳо мутобиқи муқаррароти банди 117 Дастурамал;
- ҳангоми тағйир ёфтани арзиши моли (кор, хизматрасонии) қабулшуда дар ҳолатҳои дар банди 33 Дастурамал зикргардида;
- ҳангоми бекор гардидани бақайдгирии андозсупоранда ба сифати супорандаи ААИ нисбат ба маблағи қаблан баҳисобгирифташудаи ААИ-и бақияи моли (кор, хизматрасонии) андозсупоранда;
- ҳангоми вайрон шудан ё талаф ёфтани мол, аз ҷумла воситаҳои асосӣ, ба истиснои ҳолатҳои вайрон шудан ё талаф ёфтани мол дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулода ва ба мақомоти андоз пешниҳод гардидани хулосаи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода ё хулосаи (санади) экспертизаи мустақил ва санади муоинаи гумрукӣ мутобиқи муқаррароти моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳангоми риоя нагардидани муқаррароти пешбининамудаи боби 24 Дастурамал.
121. Барои мақсадҳои Дастурамал:
- вайрон шудани мол (молу мулк) - ин пурра ё қисман корношоям гардидани мол (молу мулк) ва ё сифати (хусусияти) ҷузъии он, ки дар натиҷа моли (молу мулки) барои муомилоти андозбандишаванда истифода шуда наметавонад;
- талаф ёфтани мол (молу мулк) - ин рӯйдодест, ки дар натиҷаи он коҳишёбӣ ва (ё) нобудшавии мол (молу мулк) ба амал омадааст. Коҳишёбӣ ва (ё) нобудшавии моли (молу мулки) андозсупоранда дар доираи меъёрҳои талафоти табиии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаф ёфтани мол (молу мулк) намебошад.
122.Тасҳеҳи маблағҳои ААИ баҳисобгирифташуда дар ҳамон давраи ҳисоботие гузаронида мешавад, ки дар он ҳолатҳои дар бандҳои 120 ва 121 ҳамин қисм пешбинигардида ба миён омадааст.
Эзоҳ: Мисол: Дар натиҷаи назорати камералии мақомоти андоз ошкор карда мешавад, ки шахси воқеӣ ба шахси масъули ҶДММ "А" (ширкати бемасъулят, ки амали худро танҳо бо барасмиятдарории ҳуҷҷати қалбакӣ анҷом дода, бо чунин амали ғайриқонунӣ андозҳо ва пардохтҳои ба буҷет воридшавардаро кам менамояд) ғайрирасмӣ 4,0 ҳазор сомонӣ подошпулӣ дода, барасмиятдарории гумрукии молҳои аз хориҷи кишвар ворид намудаи худро ба маблағи 1,0 млн. сомонӣ ба номи ширкати мазкур анҷом медиҳад. Барасмиятдарории гумрукии ин молҳо ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва ААИ аз номи Ҷамъият, вале амалан аз ҷониби соҳиби воқеии молҳо анҷом дода шуда, молҳо ба соҳиби аслиаш дода шудааст. Новобаста ба ин ҶДММ "А" минбаъд бо тартиб додани ҳуҷҷати қалбакӣ молҳои дар асл вуҷуд надоштаро ба расмият дароварда бо гирифтани 5,0 ҳазор сомонӣ ба ҶДММ "Б" мефурӯшад. ҶДММ "Б" бо анҷоми чунин амалиёти аҳамияти иқтисодӣ надошта, хароҷоти корхонаи худро ба маблағи 1 млн. сомонӣ зиёд намуда, инчунин ба маблағи 150,0 ҳазор сомонӣ ААИ-ро бе асос ба ҳисоб мегирад. Мақомоти андоз, бо натиҷаи корҳои назоратии худ тибқи талаботи сархати дуюми банди 120 Дастурамал баҳисобгирии маблағи ААИ аз рӯйи ҳисобнома-фактураҳои ААИ, ки дар асоси амалиётҳои қаллобӣ ва амалан иҷронашуда тартиб дода шудаанд, барои ҶДММ "А" ва ҶДММ "Б" беэътибор дониста, маблағҳои мазкури ААИ-и ба ҳисоб гирифташударо тасҳеҳ менамояд.
23. ТАРТИБИ БА ҲИСОБ ГИРИФТАНИ ААИ ҲАНГОМИ АМАЛИЁТҲОИ ОЗОДШУДА
123. Агар мол (кор, хизматрасонӣ) барои амалиётҳои аз андоз озодкардашуда истифода шаванд, маблағи ААИ ба таҳвилкунандагон пардохтшаванда ва ё ҳангоми воридот пардохткардашуда, ба ҳисоб гирифта намешавад.
124. Ҳангоми дар як давраи ҳисоботӣ анҷом додани амалиётҳои андозбандишаванда ва аз андоз озодкардашуда баҳисобгирии маблағи ААИ бо усули мутаносибӣ муайян карда мешавад.
125. Маблағи ААИ, ки бо усули мутаносибӣ ба ҳисоб гирифта мешавад, аз рӯйи ҳиссаи амалиётҳои андозбандишаванда дар ҳаҷми умумии амалиёт муайян карда мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. ҶДММ "Д", ки дар моҳи марти соли 2022 ба ҶДММ "А" амалиёти аз андозбандии ААИ озодро анҷом дода, барои хариди чунин хизматрасониҳо ба ҶДММ "В" 230,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 30,0 ҳазор сомонӣ ААИ пардохт намудааст, бинобар сабаби он, ки ҶДММ "Д" барои хизматрасониҳои ба ҶДММ "А" анҷомдода аз пардохти ААИ-и озод мебошад, ӯ ҳуқуқи ба ҳисоб гирифтани ААИ-и ба ҶДММ "В" пардохтнамударо ба мабалғи 30,0 ҳазор сомонӣ надорад.
Мисоли 2. ҶДММ "А" ба ҷумҳурӣ ба маблағи 400,0 ҳазор сомонӣ компютерҳо ворид намуда, ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ба маблағи 60,0 ҳазор сомонӣ ААИ пардохт менамояд. Дар моҳи ҳисоботӣ Ҷамъият ба маблағи 115,0 ҳазор сомонӣ (аз ҷумла ААИ 15,0 ҳазор сомонӣ) компютерҳоро ба шахсони воқеӣ бо ААИ ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ ва ба лоиҳаи қарзӣ (грантӣ), ки аз ААИ озод мебошад мефурӯшад. Дар чунин сурат бо усули мутаносибӣ маблағи ба ҳисоб гирифташавандаи ААИ Ҷамъият 10,0 ҳазор сомониро ((100,0/600,0)*60,0) ташкил дода, маблағи 50,0 ҳазор сомонии ААИ-и баҳисобгирии он иҷозат дода нашуда ба арзиши компютерҳои ба лоиҳаҳои қарзӣ (грантӣ) фурӯхташуда зам карда шуда Ҷамъият уҳдадор аст, ки ба буҷет 5,0 ҳазор сомонӣ (15,0-10,0) ААИ пардохт намояд.
24. ҲИСОБНОМА-ФАКТУРАҲО ОИД БА ААИ ВА АКСИЗҲО
126. Шахси ба сифати супорандаи ААИ бақайдгирифташуда ва ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият шомилнашуда, ки амалиёти андозбандишавандаро иҷро менамояд, дар санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда уҳдадор аст ба гирандаи (харидори) мол (кор ё хизматрасонӣ) ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳоро пешниҳод намояд, агар дар бандҳои 134, 136, 137, 138 ва 139 Дастурамал тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
127. Ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо ҳуҷҷатест, ки дар шакли муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади ба ҳисоб гирифтани ААИ таҳия гардида, маълумотҳои зеринро дар бар мегирад:
- номи ҳуқуқӣ ва ё фирмавӣ ва нишони андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
- рақами мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
- рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
- рақами шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ оид ба ААИ андозсупоранда (таҳвилкунанда) ва санаи бақайдгирии он;
- номгӯйи моли таҳвилшуда, ҳамлунақлшуда, интиқолшуда (иҷрои кор ва хизматрасонӣ);
- амалиёти пешпардохтшуда;
- маблағи амалиёти андозбандишаванда;
- маблағи андози аксиз аз мол ва хизматрасонии зераксизӣ;
- маблағи ААИ;
- санаи пешниҳоди (додани) ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо;
- рақами тартибии ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо.
128. Ҳисобнома-фактураи ААИ дар шакли электронӣ тартиб дода шуда, ба супорандаи ААИ танҳо дар шакли электронӣ ва ба шахсони дигар, ки супорандаи ААИ намебошанд, нусхаи чопии он ва ё дар шакли электронӣ ба ҳуҷраи шахсии чунин андозсупоранда ирсол карда мешавад.
129. Нусхаҳои чопии ҳисобнома-фактураҳо аз ҷониби шахсоне, ки ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирифта шудаанд, мутобиқи муқаррароти Дастурамал барои баҳисобгирии маблағи ААИ ба эъломияи андоз замима карда мешаванд.
130. Ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳо дар шакли электронӣ тартиб дода шуда, дар реҷаи мустақим (онлайн) ба харидор дастрас гардида, дар махзани электронии маълумоти мақомоти андоз то ба анҷом расидани муҳлати даъво нигоҳ дошта мешавад. Ҳисобномафактураҳои ААИ ва аксизҳо тавассути барномаи иттилоотӣ дар феҳрист дар шакли электронӣ ба қайд гирифта мешаванд.
131. Шакл ва тартиби пешбурди Феҳристи баҳисобгирии ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳо, ки дар банди 130 Даструамали мазкур зикр гардидаан аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
132. Ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳо дорои силсила ва рақами дахлдор буда, аз ҷониби андозсупоранда бо тартиби муайяншуда дар шакли электронӣ тартиб дода мешавад. Шакли ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо, аз ҷумла шакли иловагии он, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
133. Андозсупоранда уҳдадор аст на дертар аз санаи анҷом додани амалиёти андозбандишаванда (таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасонӣ) ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳоро ба харидори мол (фармоишгари кор, хизматрасонӣ) пешниҳод намояд. Ҳисобномафактураи ААИ ва аксизҳо бо имзои электронии шахси ваколатдори таҳвилдиҳанда тасдиқ карда мешавад.
134. Андозсупорандагоне, ки таҳвили қувваи барқ, об ва газ, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, хизматрасонии нақлиётӣэкспедиторӣ ва амалиётҳои бонкии бо ААИ андозбандишавандаро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз рӯйи ҷамъбасти давраи андоз дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 65 Дастурамал ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳоро тартиб диҳанд.
Эзоҳ: Андозсупорандагоне, ки хизматрасонии нақлиётӣ-экспедиториро мутобиқи банди 46 Дастурамал амалӣ менамоянд, бо мақсади ба ҳисоб гирифтани хароҷотҳои андоз аз даромад, уҳдадоранд ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳоро тартиб диҳанд.
135. Ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар ҳисобнома-фактура оид ба ҳар номгузории мол (кор, хизматрасонӣ) алоҳида нишон дода мешавад.
136. Ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳо танҳо ҳангоми иҷрои амалиётҳои андозбандишаванда пешниҳод карда мешаванд. Агар таҳвили мол, иҷрои кор ва (ё) хизматрасониҳо мутобиқи муқаррароти ҳамин дастурамал аз ААИ озод карда шуда бошанд, ҳисобнома-фактураҳои ААИ ва аксизҳо пешниҳод карда намешаванд. Дар чунин ҳолат, андозсупоранда ҳисобнома-фактураи шакли муҳосибии барои пардохт пешбинишударо тартиб медиҳад.
137. Ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо барои амалиётҳои содиротӣ бо дар назар доштани муқаррароти банди 127 Дастурамал маълумотҳои зеринро дар бар мегирад:
- сабти тасдиқкунандаи таъиноти амалиёти содиротӣ;
- мамлакат ва маҳалли таъиноти содирот;
- меъёри амалишавандаи ААИ аз рӯйи амалиёти содиротӣ.
138. Дар ҳолатҳои зерин тартиб додани ҳисобнома-фактураҳо талаб карда намешавад:
- ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонии коммуналӣ (аз ҷумла, таҳвили неруи барқ, неруи гармӣ, об, гази табиӣ), хизматрасонии алоқа, таълимӣ ва тиббӣ ба аҳолӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ, дастгоҳҳои назорати хазинавӣ, ва (ё) дастгоҳҳои худкори пардохтӣ, ки барои баҳисобгирии муҳосиботӣ асос мегардад;
- ҳангоми ба расмият даровардани ҳамлу нақли мусофирон тавассути билетҳои роҳкиро;
- ҳангоми таҳвили моле (иҷрои коре, хизматрасоние), ки аз пардохти ААИ озод мебошанд;
- ҳангоми мутобиқи муқаррароти боби 32 Дастурамал ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирифтани шахсони хориҷӣ.
139. Супорандаи ААИ ҳангоми фурӯши чаканаи мол ва иҷрои кору хизматрасонӣ ба харидори ниҳоие, ки супорандаи ААИ намебошад, бар ивази ҳисобнома-фактураи ААИ ва аксизҳо, расиди (квитансияи) ташкилоти қарзии молиявӣ ё чеки дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва худкори пардохтиро пешниҳод менамояд. Барои мақсадҳои банди мазкур фурӯши чакана ҳамчун таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) барои истифодаи шахсӣ, манзилӣ ё истеъмолӣ таъин гардида ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ бо нархи бозорӣ дониста мешавад.
Эзоҳ: Мисол: КВД "Б" дар ноҳияи Рӯдакӣ ба фаъолияти хизматрасониҳои коммуналӣ машғул буда, ҳуҷҷатгузории объекти молу мулки ғайриманқул ва қитъаи заминро ба аҳолӣ мунтазам анҷом медиҳад. Корхона аз ҳисоби хизматрасониҳои мазкур даромад мегирад ва аз рӯйи ҳар як намуди хизматрасонӣ дар алоҳидагӣ расиди пардохти бонкӣ мегирад, ки дар натиҷа ба ҳисоби миёна дар як моҳ 500-600 амалиёти бонкӣ гузаронида мешавад. Тибқи муқаррароти банди 139 ҳамин қисм ҳангоми таҳвили чаканаи молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо ба харидорони ниҳоие, ки супорандаи ААИ намебошанд, бар ивази ҳисобномафактураи ААИ ва аксизҳо расид (квитансия) (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ тавассути ташкилоти қарзӣ) ё чиптаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалӣ (ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ бо пули нақд) дода мешавад. Илова бар ин тибқи муқаррароти банди 138 ҳамин қисм ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасонии коммуналӣ ба аҳолӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ, дастгоҳҳои назорати хазинавӣ ва (ё) дастгоҳҳои худкори пардохтӣ, ки барои баҳисобгирии муҳосиботӣ асос мегардад, тартиб додани ҳисобномафактураҳои ААИ талаб карда намешавад. Бинобар ин, КВД "Б" ҳангоми хизматрасонӣ ба аҳолӣ метавонад ба ҷои ҳисобнома-фактураҳои ААИ расидҳои бонк ё чиптаи дастгоҳҳои назоратӣхазинавӣ пешниҳод намояд.
25. ТАРТИБ ДОДАНИ ҲИСОБНОМА-ФАКТУРАҲОИ ИЛОВАГӢ ҲАНГОМИ ТАСҲЕҲИ АМАЛИЁТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА
140. Ҳангоми тасҳеҳи ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода шуда, дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
- рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактураи иловагӣ;
- рақами тартибӣ ва санаи тартиб додани ҳисобнома-фактурае, ки ба он тасҳеҳ ворид карда мешавад;
- ном, нишонӣ, рақами ягонаи мушаххас ва рақами мушаххаси андозсупорандаи таҳвилкунанда ва қабулкунандаи мол (кор, хизматрасонӣ);
- номи мол (кор, хизматрасонӣ), воҳиди ченак, миқдор (ҳаҷм) ва арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) то ва баъди тасҳеҳ;
- маблағи фарқияти тасҳеҳшудаи амалиёти андозбандишаванда бе дар назар доштани ААИ;
- маблағи ААИ;
- андози аксизӣ барои молҳои зераксизӣ.
141. Ҳисобнома-фактураи иловагӣ аз ҷониби таҳвилкунандаи мол (кор, хизматрасонӣ) тартиб дода шуда, аз тарафи қабулкунандаи чунин мол (кор, хизматрасонӣ) тасдиқ карда мешавад.
26. ҚОИДАҲОИ МАХСУС
142. Манбаи андоз ААИ ва унсурҳои дигари андозбандии хизматрасонии бонкдории исломӣ, суғуртавӣ, фурӯши комиссионӣ, фурӯши моли нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда) ва намудҳои дигари фаъолият, ки мутобиқи фасли мазкур мустақиман (бевосита) муайян намудани онҳо мушкил мебошад, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
27. ПЕШНИҲОДИ ЭЪЛОМИЯҲО ВА ПАРДОХТИ ААИ
143. Андозсупоранда, ба истиснои банди 144 Дастурамал уҳдадор аст барои ҳар як давраи ҳисоботӣ на дертар аз рӯзи 15-уми моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз тибқи замима 2 эъломия дар бораи ААИ-ро ва маълумоти дахлдорро тибқи замимаҳои 1,2,3,4,5,6,7 ва 8 Дастурамал пешниҳод намояд ва дар ҳамин муҳлат пардохти онро ба буҷет анҷом диҳад.
144. Шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд уҳдадоранд, эъломияи андоз, ҳуҷҷатҳо (иттилоот) ва маълумоти дигарро на дертар аз санаи 20уми моҳе, ки баъд аз давраи ҳисоботӣ фаро мерасад, тибқи замимаи 9 Дастурамал ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.
145. Новобаста ба муқаррароти банди 143 Дастурамал, ҳангоми воридоти мол ААИ мутобиқи Кодекси андоз ва қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб ва ситонида мешавад.
28. ДАВРАИ АНДОЗ
146. Давраи андоз оид ба ААИ, ба истиснои банди 147 ҳамин қисм моҳи тақвимӣ мебошад.
147. Барои шахсони хориҷие, ки ба шахсони воқеӣ хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд, давраи андоз семоҳаи тақвимӣ мебошад.
29. ТАРТИБИ БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ БАРЗИЁД БАҲИСОБГИРИФТАШУДАИ ААИ
148. Барзиёдии маблағи ААИ баҳисобгирифташаванда нисбат ба маблағи ҳисобкардашудаи он дар давраи андозӣ, аз ҷониби мақомоти молия якҷоя бо мақомоти андоз дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи андозсупорандае, ки амалиётҳои он бо меъёри сифрӣ андозбандӣ мешаванд, аз буҷети дахлдор баргардонда мешавад.
149. Маблағи барзиёдии ААИ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин баргардонда мешавад:
- эъломияи ААИ барои давраи андозӣ;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи содироти мол, ки дар боби 10 Дастурмал пешбинӣ шудаанд;
- хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи тасдиқи саҳеҳияти маблағи ААИ баргардондашаванда.
150. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи ААИ ба суратҳисоби бонкии андозсупоранда пас аз иҷрои пайдарҳамии амалҳои зерин баргардонда мешавад:
- пӯшонидани қарзҳои андоз, аз ҷумла қарзи ААИ барои давраҳои пешинаи андоз;
- пӯшонидани маблағи ААИ-е, ки ҳангоми воридоти молҳо пардохт карда мешавад.
151. Маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи ААИ андозсупорандагоне, ки амалиётҳои бо меъёри сифрӣ андозбандишаванда надоранд, барои пушонидани (баҳисобгирии) уҳдадориҳои андозии шаш давраи минбаъдаи ААИ гузаронида мешавад. Ҳама гуна бақияи зиёдатӣ дар давоми 30 рӯзи баъд аз гузаштани шаш давраи андозӣ аз буҷет баргардонда мешавад.
152. Дар сурати аз ҷониби мақомоти андоз ошкор гардидани ҳолатҳое, ки маблағи ААИ ба андозсупоранда иштибоҳан барзиёд баргардонда шудааст, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, бо тартиби муқарраргардида чунин маблағҳоро бозпас ситонад.
153.Тартиби баргардондани маблағи барзиёд баҳисобгирифташудаи ААИ нисбат ба маблағи ҳисобшудаи андоз дар давраи андозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
30. ТАРТИБИ АНДОЗБАНДИИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ ДАВЛАТӢ
154. Моли (кори, хизматрасонии) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ (минбаъд дар ин қисм - созишномаҳо) харидашаванда дар асоси аризаи мақоми ваколатдори дахлдори соҳавии қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори он дар сурати иҷро гардидани шартҳои зерин аз ААИ озод карда мешаванд, агар:
- хариди мол (кор, хизматрасонӣ) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донисташуда ва (ё) аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда анҷом шавад;
- мол (кор, хизматрасонӣ) танҳо барои мақсадҳои дар созишномаҳои мазкур муқарраргардида харида шавад;
- таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) мутобиқи шартномае амалӣ гардад, ки бевосита бо мақоми ваколатдори дахлдори қарзгиранда (грантгиранда) ё шахси ваколатдори онҳо ва ё пудратчии (таҳвилгари) асосӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳа ба имзо расонида шудааст.
155. Тартиби аз ААИ озод намудани моли (кори, хизматрасонии) аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ харидашаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Эзоҳ: Мисоли 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ созишномаи қарзӣ оид ба маблағгузории таҷдиди роҳи автомобилгарди Роғун-Сангвор ба имзо мерасонад. Бо ин мақсад дар назди Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази татбиқи лоиҳа таъсис дода мешавад, ки он ба сифати шахси вакодатдори қарзгиранда ба ҳисоб меравад. Бо мақсади аз ААИ озод кардани таҳвили мол, иҷрои кору ҳизматрасонӣ маркази татбиқи лоиҳа бояд:
1) тибқи муқаррароти моддаи 19 Кодекси андоз лоиҳаи мазкурро ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад, дохил намояд.
2) тартиби аз ААИ озод намудани моли (кори, хизматрасонии) аз ҳисоби маблағҳои шартномаҳои қарзӣ (грантӣ) харидашавандаро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, риоя намояд.
Мисоли 2. Дар идомаи мисоли 74 Маркази татбиқи лоиҳа баъд аз дохил намудани лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Роғун-Сангвор ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҶДММ "А"- пудратчии (таҳвилгари) асосӣ шартнома оиди сохтмони роҳи мазкур мебандад. Дар навбати худ ҶДММ "А"- пудратчии (таҳвилгари) асосӣ барои дастрас намудани семент, битум, ноқилҳо ва қубур бо ҶДММ "Б" ва ҶДММ "В" қарордод мебандад. Дар чунин сурат бо дар назар доштани риояи банди 154 Дастурамал, аз ҷумла сархати сеюми он ҶДММ "Б" ва ҶДММ "В" ҳангоми таҳвили мол ба ҶДММ "А" аз ААИ озод шуда, ҶДММ "А" дар навбати худ ҳангоми иҷрои корҳо ба маркази татбиқи лоиҳа аз ААИ озод мешавад. Зимнан, ширкатҳое, ки бо ҶДММ "Б" ва ҶДММ "В" барои иҷрои қарордод бо ҶДММ "А" иҷрои кору хизматрасонӣ ва ё таҳвили мол мекунанд, аз ААИ озод нашуда уҳдадор мебошанд, ки аз чунин таҳвил ААИ-ро пурра ва саривақт ба буҷети давлатӣ пардохт намоянд.
31. БАРГАРДОНИДАНИ МАБЛАҒИ ААИ БА НАМОЯНДАГИҲОИ ДИПЛОМАТӢ, КОНСУЛӢ ВА НАМОЯНДАГИҲОИ БА ОНҲО БАРОБАРКАРДАШУДА, ИНЧУНИН АЪЗОИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ ОНҲО, КИ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АККРЕДИТАТСИЯ ШУДААНД
156. Маблағи ААИ ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгариҳо ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашудае, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, инчунин аъзои ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд- намояндагиҳо) ба шарте баргардонда мешавад, ки чунин баргардонӣ дар асоси мутақобила дар шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, пешбинӣ шуда бошад.
157. Маблағи ААИ, ки намояндагиҳо ба таҳвилкунандагони моли (кори, хизматрасонӣи) барои истифодаи расмии намояндагиҳо, инчунин истифодаи шахсии аъзои ҳайати кормандони дипломатӣ, маъмурию техникӣ ва хизматрасони онҳо, аз ҷумла аъзои оилаи онҳо пешбинигардидаро пардохтаанд, баргардонда мешавад, агар чунин баргардонӣ дар шартномаҳои байналмилалии андоз муқаррар шуда бошад.
158. Баргардонидани маблағи ААИ ба намояндагиҳо тибқи хулосаи раёсатҳои андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар асоси феҳристҳои ҷамъбастие, ки аз ҷониби ин намояндагиҳо тартиб дода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда (ҳисобнома-фактураҳо, чекҳо ва ғайра), ки супоридани ААИ-ро тасдиқ менамоянд, амалӣ карда мешавад.
159. Феҳристҳои ҷамъбастӣ дар шакли муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби намояндагиҳо ба Вазорати кори хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи мубодилаи ёддоштҳо оид ба риоя намудани принсипи мутақобила ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо оид ба андозҳои ғайримустақим (ААИ ва аксиз) мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалии андоз пешниҳод карда мешаванд. Баъд аз тасдиқ шудани феҳристҳои ҷамъбастӣ, он ба мақомоти андозе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои баргардондани маблағҳо муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.
160. Агар дар ҳуҷҷатҳои ба феҳристҳои ҷамъбастӣ замимашаванда маблағи ААИ дар сатри алоҳида дарҷ нашуда бошад, баргардондани маблағҳо ба намояндагӣ танҳо ҳангоми аз ҷониби таҳвилгари мол (кор, хизматрасонӣ) тасдиқ гардидани воридшавии маблағи ААИ ба буҷет имконпазир мегардад.
161. Маблағи ААИ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия бо тартиби муқаррарнамудаи банди 159 Дастурамал дар давоми 30 рӯзи тақвимии баъди аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ гирифани феҳристҳои ҷамъбастӣ аз Вазорати кори хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагиҳо баргардонда мешавад. Маблағи ААИ-и баргардондашаванда аз буҷети давлатӣ ба суратҳисобҳои дахлдори намояндагиҳо гузаронда мешавад.
162. Тартиби баргардондани ААИ ба намояндагиҳо бо дар назар доштани муқаррароти моддаи 276 Кодекси андоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
32. ХУСУСИЯТҲОИ АНДОЗБАНДИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ФОСИЛАВИИ ШАХСОНИ ХОРИҶӢ
§1.Андозсупорандагон
163. Андозсупорандагон шахсони хориҷии бе макони фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд, ки мустақиман ба шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд ва маҳалли чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 258 Кодекси андоз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
164. Агар чунин хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои доимии шахсони ҳуқуқии хориҷӣ амалӣ карда шаванд, харидорони чунин хизматрасонӣ мутобиқи моддаи 260 Кодекси андоз агентҳои андоз эътироф карда мешаванд.
Эзоҳ: Мисоли 1. Шахси хориҷӣ-"G" ба шахси воқеӣ хизматрасонии электрониро дар шакли бозии электронии пулакӣ бо арзиши 1150 сомонӣ мефурӯшад. Шахси воқеӣ ҳаққи хизматрасонии электрониро тавассути корти бонкие, ки ба ташкилоти карзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, пардохт менамояд. Шахси хориҷӣ-"G" уҳдадор аст, аз фурӯши хизматрасонии электронӣ ААИ-ро бо меъёри 15% ба маблағи 150 сомонӣ ҳисоб намуда, маблағи онро ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намояд. Дар ин холат, ташкилоти карзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳаққи хизматрасонии электрониро бо фармоиши шахси воқеӣ ба шахси хориҷӣ-"G" интиқол медиҳад, супорандаи ААИ ва ё агенти андоз ҷиҳати нигоҳ доштан ва ба буҷет пардохт намудани ААИ ба ҳисоб намеравад.
Мисоли 2. Шахси хориҷӣ-"F" дар шабакаи иҷтимоии худ рекламаи шахси ҳуқуқӣ-резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷойгир менамояд, ки арзиши химатрасонии электронии мазкур маблағи 11500 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин сурат, шахси ҳуқуқӣ-резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пардохт намудани арзиши чунин хизматрасонии электронӣ (11500 сомонӣ) ба шахси хориҷӣ-"F" ҳамчун агенти андоз дониста шуда, ухдадор аст ААИ-ро ба маблағи 1500 сомонӣ дар манбаи пардохт нигоҳ дошта, онро ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида, эъломияи андозро ба мақомоти андоз пешниҳод намояд. Ташкилотҳои карзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси супориши шахси ҳуқуқӣ-резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқоли маблағи хизматрасонии электрониро иҷро менамояд, агенти андоз ба ҳисоб намеравад. Ҳамзамон, агар шахси хориҷӣ-"F" хизматрасонии электрониро ба ташкилотҳои қарзӣ молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад, пас ташкилоти карзӣ молиявӣ-харидори чунин хизматрасониҳо ҳамчун агенти андоз эътироф карда мешавад. Дар чунин холат ташкилоти карзӣ молиявӣ уҳдадор аст, ААИ-ро дар манбаи пардохт нигоҳ дошта, онро ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуда, эъломияи андозро ба мақомоти андоз пешниҳод намояд.
Мисоли 3. Шахси хориҷӣ-ширкати "Я" (миёнарав) тавассути ҳамиёни электронӣ ба шахси воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасониҳои электронии шахсони хориҷӣ-"G", "A", "F"-ро пешниҳод менамояд. Шахси воқеӣ тавассути ҳамиёни электронии шахси хориҷӣ-"Я" бозии пулакии электронии "G"-po бо нархи 1150 сомонӣ харидорӣ менамояд. Дар чунин сурат шахси хориҷӣ-"Я" ҳамчун миёнарав агенти андоз ба ҳисоб рафта, уҳдадор аст, ААИ-ро ба маблағи 150 сомонӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон пардохт намуда, эъломияи онро ба мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Мисоли 4. Шахси хориҷӣ-ширкати "Qiwi" бо иштироки ташкилоти карзии молиявии ватании "А" ва ташкилоти карзии молиявии ватании "Б" ба шахси воқеӣ фурӯши китоби электронӣ аз ширкати "Amazon"-po пешниҳод менамояд. Шахси воқеӣ тавассути ҳамиёни электронии худ дар ташкилоти қарзии молиявии "Б" китоби пулакии электронии ширкати "Amazon"-po бо нархи 2300 сомонӣ харидорӣ менамояд. Дар ин сурат, шахси хориҷӣ-ширкати "Qiwi" ҳамчун агенти андоз ба ҳисоб рафта, уҳдадор мебошад, ки ААИро ба маблағи 300 сомонӣ ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намуда, эъломияи андозро ба мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ташкилотҳои қарзи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳисоббаробаркуниҳои силсилаи пайдарҳамӣ барои чунин хизматрасониҳои электронӣ хамчун интиқолдиҳандаи ҳаққи хизматрасониҳои электронӣ иштирок намудаанд, барои анҷоми чунин амалиёт ҳамчун агенти андоз ба ҳисоб намераванд.
§2 Тартиби баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд
165. Шахсони хориҷии анҷомдиҳандаи хизматрасонии фосилавӣ ба шахсони воқеӣ, ки нисбати онҳо бандҳои 163-164 Дастурамал татбиқ мегардад, дар асоси пешниҳоди ариза ва ҳуҷҷатҳои дигар аз рӯйи шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба таври электронӣ ба ҳисоб гузошта (аз ҳисоб бароварда) мешаванд. Ариза дар бораи баҳисобгирии (аз ҳисоб баровардани) шахсони хориҷӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи оғоз (қатъ) намудани хизматрасонии фосилавӣ пешниҳод карда мешавад.
§3. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба ААИ
166. Мақомоти андоз метавонад аз шахсе, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳад ва бояд ба қайди супорандаи ААИ гирифта шавад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли фаъолияти доимӣ надорад, иҷрои як ё ҳарду аз амалҳои зеринро талаб намояд:
- намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба ААИ-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намояд;
- пардохти ААИ-ро барои хизматрасонии фосилавӣ ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.
167. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба ААИ барои иҷрои ҳамаи корҳое, ки дар Дастурамал пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла дархост барои бақайдгирӣ, пешниҳоди эъломияҳои ААИ ва пардохти ААИ масъул аст.
168. Бақайдгирии намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба ААИ ба номи шахсе, ки онро намояндагӣ мекунад, анҷом дода мешавад.
169. Шахс метавонад барои зиёда аз як шахс намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба ААИ бошад, аммо барои ҳар шахсе, ки онро намояндагӣ мекунад, ба қайди алоҳида гирифта мешавад.
170. Намояндаи таҳвилгари хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба ААИ, ки онро намояндагӣ мекунанд, масъулият дорад.
171. Барои мақсадҳои боби 32 Дастурамал ба хизматрасонии электронӣ хизматрасониҳое дохил мешаванд, ки тавассути шабакаи иттилоотӣ - коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионии интернет (минбаъд - шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ), бо усули ба автоматӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ амалӣ карда мешавад.
172. Ба хизматрасонии электронӣ дохил мешаванд:
- додани ҳуқуқи истифодабарии таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани электронии маълумот тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо, инчунин таҷдиди онҳо ва имкониятҳои иловагии функсионалӣ;
- амалӣ намудани хизматрасонии рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, аз ҷумла аз ҳисоби истифодаи таъминоти барномавӣ барои мошинҳои электронии ҳисоббарор ё махзани электронии маълумоти дар шабакаи иттилоотӣ коммуникатсионӣ истифодашаванда, инчунин пешниҳоди майдонҳои рекламавӣ дар шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- анҷом додани хизматрасонӣ оид ба ҷойгиркунии пешниҳодҳо дар бораи хариди (фурӯши) мол (кор, хизматрасонӣ) ва ҳуқуқҳои молумулкӣ дар шабакаи иттилоотӣкоммуникатсионӣ;
- анҷом додани хизматрасонӣ тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ вобаста ба пешниҳодҳои техникӣ, ташкилӣ, иттилоотӣ ва имкониятҳои дигар, ки бо истифода аз система ва технологияҳои иттилоотӣ барои ташкил намудани алоқа ва бастани шартномаҳо (аҳдҳо) байни фурӯшандагон ва харидорон (тавассути майдонҳои савдои дар шабакаи интернет дар вақти воқеӣ амалкунанда, ки дар он ба харидорони воқеӣ арзиши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) тавассути расмиёти автоматикунонидашуда пешниҳод гардида, тарафҳо ҷиҳати ба савдо баровардани онҳо тариқи ташкили огоҳонии автоматӣ хабардор мешаванд);
- таъмин ва (ё) нигоҳдории фаъолияти иқтисодӣ, инчунин дастгирии захираҳои электронии истифодабарандагон, аз ҷумла сомонаҳо ва (ё) саҳифаҳои сомонаҳо дар шабакаи интернет, таъмини дастрасии истифодабарандагони дигар ба шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ;
- бурдҳои интерактивӣ барои қиморбозӣ дар идораҳои букмекерӣ;
- таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ҳамчунин ба истифодабарандагон фароҳам овардани имконияти тағйир додани онҳо;
- нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот ба шарте, ки шахси чунин иттилоотро пешниҳоднамуда имконияти дастрасӣ ба онро тавассути шабакаи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дошта бошад;
- дар низоми вақти воқеӣ пешниҳод намудани иқтидорҳои ҳисобкунӣ барои дар системаи иттилоотӣ ҷойгир намудани иттилоот;
- пешниҳоди номгузории доменҳо, хизматрасонии хостингӣ;
- пешниҳоди хизматрасониҳо оид ба маъмурикунонии низоми иттилоотӣ, сомонаҳо дар шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасоние, ки ҳангоми аз ҷониби харидори хизматрасонӣ ворид намудани маълумот ба воситаи шабакаи интернет тариқи худкор анҷом дода мешавад, хизматрасонии автоматикунонидашуда оид ба ҷустуҷӯи маълумот, интихоби маълумот аз рӯи дархостҳо, ба воситаи шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба истифодабарандагон пешниҳод намудани маълумоти мазкур (аз ҷумла маълумотномаи биржаи коғазҳои қиматнок дар реҷаи вақти воқеӣ, интиқоли худкор дар реҷаи вақти воқеӣ);
- додани ҳуқуқ барои истифодаи китобҳои электронӣ (нашрияҳо) ва нашрияҳои дигари электронӣ, маводи иттилоотию таълимӣ, тасвирҳои графикӣ, асарҳои мусиқӣ бо матн ё бе матн, асарҳои аудиовизуалӣ, аз ҷумла бо роҳи пешниҳоди дастрасии фосилавӣ ба онҳо ҷиҳати тамошо кардан ё шунидан тариқи шабакаи интернет;
- пешниҳоди хизматрасонӣ ба фармоишгар доир ба дарёфт ва (ё) пешниҳоди маълумот оид ба харидорони эҳтимолӣ;
- пешниҳоди дастрасӣ ба низоми ҷустуҷӯйӣ дар шабакаи интернет;
- пешбурди омор дар сомонаҳои шабакаи интернет.
173. Ба хизматрасонии электронӣ дохил намешаванд:
- фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ), агар ҳангоми фармоиши тавассути шабакаи интернет анҷомдодашуда таҳвили мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) бе истифода аз шабакаи интернет амали гардад;
- фурӯши (додани ҳуқуқи истифодабарии) барномаҳо барои мошинаҳои электронии ҳисоббарор (аз ҷумла бозиҳои компютерӣ), махзани иттилоотӣ дар ҳомилҳои моддӣ;
- пешниҳоди хизматрасонии машваратӣ тавассути почтаи электронӣ;
- пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба додани дастрасӣ ба шабакаи интернет
174. Мақомоти андоз усул, тартиб ва талаботро барои таъин намудани намояндаи таъминкунандаи хориҷии хизматрасонии фосилавӣ оид ба ААИ ва уҳдадориҳои намояндаро муқаррар менамояд.
Ниг. ба Замимаи 2 (№ 47)
Ниг. ба Замимаҳои 1-9

Ниг. ба Замимаҳо