Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 7 октябри соли 2025, №11602 ба қайди давлатӣ
гирифта шудааст
ВАЗОРАТИ МОЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2022, №58
070.030.020
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Ба замимаи 1 фармоиши вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2022, №58 «Дар бораи Дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда, инчунин шакли эъломия ва замимаҳои он», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 майи соли 2022, №1160 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар банди 6 калимаҳои «якчанд фаъолияти» ва «чунин шахсро ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирад» мувофиқан ба калимаҳои «фаъолияти якчанд» ва «маводро нисбати чунин шахс бо мақсади ба сифати супорандаи ААИ ба қайд гирифтан ба баррасии комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ пешниҳод намояд» иваз карда шаванд;
2) банди 30 дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
«30. Арзиши амалиёти андозбандишавандаи молҳои воридотӣ ва хариди дохилӣ, ба истиснои молҳое, ки нархҳои (тарифҳои) онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд ҳангоми таҳвили минбаъда наметавонад аз арзиши молҳои воридотӣ ва хариди дохилии андозбандишаванда кам бошад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда ва харидашуда чунин фарқият барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад.»;
3) банди 321 дар таҳрири зерин илова карда шавад:
«321. Арзиши амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили минбаъдаи гази табиӣ, ки мутобиқи сархати ҳаждаҳуми банди 41 Дастурамал ҳангоми воридот аз ААИ озод карда мешавад, фарқияти мусбати байни арзиши таҳвили гази табиӣ (бе дар назар доштани ААИ) ва арзиши гумрукии он (бе дар назар доштани ААИ) мебошад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда, чунин фарқият барои ҳисобкунии ААИ баробари сифр қабул карда мешавад.»;
...