Низомномаи тартиб ва шартҳои адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо фармони Президенти ҶТ аз 06.03.2026 № 1146 аз эътибор соқит дониста шуд


Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 августи соли 2022, №419

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 16 августи соли 2022, №419

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиб ва шартҳои адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи тартиб ва шартҳои адои хизмат дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) тартиб ва шартҳои адои хизматро дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) танзим мекунад.

2. Асосҳои ҳуқуқии хизмат дар Агентӣ аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкур иборат мебошад.

3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматии корманд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ оид ба адои хизмат дар Агентӣ ва дастурамали мансабии тасдиқшуда муайян карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ ҚАБУЛ ШУДАН ВА ХИЗМАТ КАРДАН

4. Ба хизмат дар Агентӣ дар асоси озмун шахсе қабул карда мешавад, ки танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, синнаш то 35 сол бошад, дорои таҳсилоти олии касбӣ, сифатҳои зарурии касбӣ ва ахлоқӣ буда, забони давлатиро донад, хизмати ҳарбии муҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад ва вазъи саломатиаш барои адои хизмат дар мақомоти Агентӣ мувофиқ бошад. Нисбати шаҳрванде, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳарбӣ ба хизмат дар Агентӣ гузаштаанд, маҳдудияти синнусолӣ паҳн намегардад.

5. Тартиб ва шартҳои гузаронидани озмун, интихоб, омӯзиш ва қабул кардани номзадҳо барои хизмат дар Агентӣ аз ҷониби директори Агентӣ муайян карда мешаванд.

...


Утратил силу в редакции Указа Президента РТ от 06.03.2026 №1146

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от "16" августа 2022 года, №419

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от "16" августа 2022 года, №419

Положение о порядке и условиях прохождения службы в Агентстве по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ


1. Положение о порядке и условиях прохождения службы Агентстве по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан (далее - Положение) регулирует порядок и условия прохождения службы в Агентстве по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан (далее - Агентство).

2. Правовые основы службы в Агентстве составляют Конституция Республики Таджикистан, международные правовые акты, признанные Республикой Таджикистан, Закон Республики Таджикистан "О наркотических средствах, психотропных веществах и прекурсорах" и иные нормативные правовые акты Республики Таджикистан, а также настоящее Положение.

3. Права и обязанности сотрудника определяются законодательством Республики Таджикистан, трудовым договором о прохождении службы в Агентстве и утверждённой должностной инструкцией.

2. ПОРЯДОК ПРИЕМА И НЕСЕНИЯ СЛУЖБЫ

4. На службу в Агентство на конкурсной основе принимается лицо, являющимся исключительно гражданином Республики Таджикистан, в возрасте до 35 лет, имеющее высшее профессиональное образование, обладающее необходимыми профессиональными и моральными качествами, владеющее государственным языком, прошедшее обязательную срочную военную службу (за исключением женщин, а также мужчин, имеющих военные билеты, кроме лиц, проходивших военную службу в составе мобилизационного призывного резерва), состояние здоровья которого соответствует прохождению службы в органах Агентства. В отношении граждан, переведенных на службу в Агентство из других правоохранительных и военных органов, возрастные ограничения не распространяются.

...