ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи давлатии рушди соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2.Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии онро таъмин карда, оид ба ҷараёни иҷрои он ҳар сол то 20 январ ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3.Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии он маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 июли соли 2022, № 378