Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, № 377 "Дар бораи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Мутобиқи моддаи 22 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сирри давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии таҳкими ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ, инчунин дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.

3. Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор амалисозии самараноки Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро таъмин намоянд;

- дар асоси маълумоти манзуршудаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ҳар сол то 30 декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот манзур намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 июли соли 2022, № 377