ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №360
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №360 "Дар бораи Агентии обуҳавошиносӣ" рақами "38" ба рақами "41" иваз карда шавад.
2. Ба замимаи 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №360 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- ба банди 4 сархатҳои нуҳум, даҳум, ёздаҳум ва дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- додани иҷозатномаҳо барои ҳуқуқи пешбурди фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳо оид ба расонидани таъсири фаъолона ба раванду зуҳуроти обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санҷиш ва муайян намудани калибри асбобҳои ченкунии нишондодҳои метеорологӣ, гидрологӣ, агрометеорологии субъектҳое, ки ба сохтори Агентӣ дохил намешаванд;
- такмил ва рушди маркетинги хизматрасонии обуҳавошиносӣ;
- истифодабарӣ, ба иҷора додан ва ба иҷора гирифтани биноҳо, иншоот ва техникаю таҷҳизот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;";
- дар сархатҳои нуҳум ва ёздаҳуми банди 6 калимаҳои "қаламрави" ва "таъмини хадамоти" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди" ва "мусоидат дар таъмини хадамоти" иваз карда шаванд;
- банди 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"14. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказии Агентӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунӣ ва номгӯйи шабакаҳои давлатии системаи Агентӣ шомилбуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси Агентӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.";
- дар банди 16 калимаҳо ва рақами "кӯчаи Шевченко-47" ба калимаҳои "ноҳияи Сино, хиёбони Бобоҷон Ғафуров, 373" иваз карда шаванд.
3. Замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №360 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"СОХТОРИ дастгоҳи марказии Агентии обуҳавошиносӣ
Роҳбарият
Раёсати банақшагирӣ, муҳосибот ва молия
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати назорат ва коргузорӣ
Раёсати шабакаҳои давлатӣ
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
Шуъбаи таҳлилӣ-иттилоотии обуҳавошиносӣ".
4. Ба замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №360 тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар сархати якум калимаи "обуҳавошиносӣ" ба калимаҳои "пешгӯии обуҳавосанҷӣ" иваз карда шавад;
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- Маркази таъмини низоми обуҳавосанҷӣ;"
- дар сархати сеюм калимаҳои "автоматикии алоқа" ба калимаҳои "коммуникатсияи автоматикӣ ва технология" иваз карда шаванд;
- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- Маркази маркетинг ва рушд;".
- дар сархатҳои як саду шастум, як саду ҳафтоду дуюм ва як саду ҳафтоду чорум калимаҳои "Обанбори Қайроққум - шаҳри Қайроққум", "Чапаев" ва "Пролетар" мувофиқан ба калимаҳои "Баҳри Тоҷикшаҳри Гулистон", "Ҷалолиддини Балхӣ" ва "Ҷаббор Расулов" иваз карда шаванд;
- сархати як саду шасту нуҳум хориҷ карда шавад;
- сархатҳои як саду ҳаштоду якум - як саду ҳаштоду чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"- Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
- Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар вилояти Суғд
- Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар вилояти Хатлон
- Шабакаҳои мониторинги муҳити зист дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ";
- сархатҳои як саду ҳаштоду панҷум - дусаду якум хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 июли соли 2022, № 366