ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади амалигардонии созишномаҳои грантӣ аз 17 майи соли 2021, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушди Бонки Ҷаҳонӣ ба имзо расидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Низомнома ва ҳайати Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи "Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ роҳбарии умумӣ ва назорати фаъолияти сохторҳои ҷалбгардида ва ҳамкории мутақобилаи онҳоро дар тамоми муҳлати татбиқи лоиҳаи болозикр ба роҳ монад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 29 июли соли 2022, № 357