ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ РЕКЛАМА"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 июни соли 2022, № 785
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 311
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама" аз 1 августи соли 2003 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, №8, мод. 457; с. 2007, №6, мод. 432; с. 2008, №10, мод. 824; с. 2011, №12, мод. 843; с. 2012, №4, мод. 262; с. 2014, №11, мод. 672; с. 2015, №3, мод. 224; с. 2017, №7-9, мод. 575, мод. 576; с. 2018, №1, мод. 26) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- қисми чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Амали Қонуни мазкур татбиқ намегардад, ба:
- эълонҳои шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд;
- иттилооте, ки тибқи қонун ифшо, паҳн кардан ё расонидани он ба маълумоти истеъмолкунанда ҳатмӣ аст;
- маводи маълумотномавӣ - иттилоотӣ ва таҳлилӣ (шарҳи бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва озмоишӣ), ки пешбурди мол дар бозорро ҳамчун мақсади асосӣ тақозо надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- хабарҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки маълумоти дорои хусусияти рекламавиро надоранд ва рекламаи иҷтимоӣ намебошанд;
- овеза ва аломатҳое, ки маълумоти хусусияти рекламавиро надоранд;
- ҳама гуна унсурҳои тафсири мол, аз ҷумла иттилоот дар бораи мол, истеҳсолкунанда, воридкунанда ё содиркунандаи он, ки бевосита дар мол ё бастаи мол ҷойгир карда шудаанд;
- ишора ба маҳсулот, воситаҳои фардикунонии он, истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи маҳсулот, ки дар асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат тавсиф ёфтаанд ва худ аз худ иттилооти хусусияти рекламавӣ надоранд.".
2. Ба моддаи 2:
- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- фаъолияти рекламавӣ - маҷмӯи амалҳои рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама барои ҷалби таваҷҷӯҳи истеъмолкунандагони реклама ба объекти рекламашаванда;";
- ба сархати ёздаҳум баъд аз калимаҳои "солим, ҳифзи" калимаҳои "ҳаёт ва" илова карда шаванд.
3. Ба моддаи 5 қисми ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ҷой додани реклама дар варақаи дорухат (ретсепт) манъ аст.".
4. Ба қисми панҷуми моддаи 13 баъд аз калимаи "сӯхторнишонӣ" калимаҳои "ва садамавию наҷотдиҳӣ" илова карда шаванд.
5. Моддаи 14(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 14(1). Хусусиятҳои рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ
Дар рекламаи молҳо бо усули фурӯши фосилавӣ бояд маълумоти зерин дарҷ карда шаванд:
- ном, маҳали ҷойгиршавӣ ва рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, рақами ягонаи мушаххаси соҳибкори инфиродӣ.".
6. Ба моддаи 16 баъд аз калима ва аломати "давлатӣ," калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои тандурустӣ ва" илова карда шаванд.
7. Дар қисми якуми моддаи 17 калимаҳои "тамоку ва маҳсулоти тамоку", "ва прекурсорҳо" мувофиқан ба калимаҳои "тамоку, маҳсулоти тамоку, сигори электронӣ ва дигар воситаҳои электронии таъмини никотин" ва ",прекурсорҳо ва ҳаммонанди онҳо" иваз карда шаванд.
8. Ба матни моддаи 22 баъд аз калимаҳои "воридшавандаро" ва "рекламаи охирин" мувофиқан аломат ва калимаҳои ", ба истиснои рекламаи дар интернет ҷойгиршуда (паҳншуда), инчунин шартномаҳо оид ба истеҳсол, ҷойгир ва паҳнкунии рекламаро" ва "ё аз рӯзи ба охир расидани мӯҳлати амали чунин шартномаҳо" илова карда шаванд.
9. Ба қисми дуюми моддаи 26 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Агар рекламадиҳанда мӯҳлати амали рекламаи офертаи оммавӣ эътирофшударо нишон надода бошад, чунин оферта дар муддати ду моҳ аз рӯзи паҳнкунии реклама эътибор дорад.".
10. Дар қисми дуюми моддаи 27:
- ба сархати якум баъд аз калимаҳои "истеъмолкунандагони реклама" аломат ва калимаҳои ", инчунин ҳамоҳангсозӣ дар соҳаи реклама" илова карда шаванд;
- сархати ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- дар доираи ваколатҳои худ тибқи асосҳо ва тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи рекламаро баррасӣ менамояд;".
11. Ба қисми якуми моддаи 28 баъд аз калимаҳои "шахсони ҳуқуқӣ" аломат ва калимаҳои ", инчунин рекламадиҳандагон, истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони реклама" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1914