ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ САРФАҶӯӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июни соли 2022, № 769
қабул гардидааст
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 15 июли соли 2022, № 307
ҷонибдорӣ гардидааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия" аз 19 сентябри соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №8-9, мод. 651) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- захираҳои энергетикии дуюмбора - ҳомили энергия, ки дар намуди партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ё маҳсулоти ғайриасосӣ дар натиҷаи амалигардонии раванди технологӣ ё истифодаи таҷҳизот ба даст омада, таъиноти функсионалии он ба истеҳсоли намуди дахлдори захираҳои энергетикӣ алоқаманд нест;".
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Моддаи 6(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 6(1). Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
- таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- дастгирии иттилоотии чораҳои сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти иҷрои тадбирҳо оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;
- мусоидат ба ҷорӣ намудани таҷҳизот, технологияҳо ва маводи каммасраф, аз ҷумла дар доираи татбиқи лоиҳаҳо, иҷрои нишондиҳандаҳои муқарраршуда дар соҳаи сарфаҷӯии энергия, риояи меъёрҳои истеъмоли захираҳои сӯзишворӣ ва энергетикӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".
4. Дар моддаи 8:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Муайян кардани дараҷаи самаранокии энергетикии мол аз ҷониби истеҳсолкунанда ва воридкунанда амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон, ворид намудани маълумот дар бораи дараҷаи самаранокии энергия ба ҳуҷҷатҳои техникии ба мол замимашуда, ба тамғагузории он, дарҷи ин маълумот дар тамғакоғази он бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ сурат мегиранд.";
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
5. Ба моддаи 11 қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"4. Хулосаи мусбати экспертизаи давлатии энергетикӣ шарти ҳатмии тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, объектҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла манбаъҳои гармӣ ва барқ, мебошад. Дар баробари ин, барои сохтан ва ба истифода додани иншоот, аз ҷумла пас аз азнавсозӣ, навкунӣ ва (ё) таъмири асосӣ, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва регламентҳои техникӣ оид ба сарфаҷӯии энергия ҷавобгӯ нестанд, набояд иҷозат дода шавад.".
6. Қисми 3 моддаи 12 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Барои гузаронидани таҳқиқоти энергетикӣ танҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд.".
7. Дар моддаи 16:
- дар номи модда калимаҳои "эҳтиёҷот тибқи супоришоти давлатӣ" ба калимаҳои "фармоиш барои эҳтиёҷоти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 1, 2 ва ҷумлаи якуми қисми 4 калимаи "супоришҳои" ба калимаҳои "фармоишҳо барои" иваз карда шавад;
- ба қисми 3 пас аз калимаи "хизматрасониҳои" калимаи "барои" илова карда шавад;
- дар қисми 4:
- дар сархати якум калимаҳои "супоришҳои эҳтиёҷоти давлатии молҳо, корҳо ва хизматрасонҳо" ба калимаҳои "фармоишҳо дар бораи молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм калимаҳои "супоришҳои молрасониҳо, корҳо ва хизматрасониҳои" ба калимаҳои "фармоишҳо дар бораи молрасониҳо, корҳо ва хизматрасониҳо барои" иваз карда шаванд.
8. Ба қисми 1 моддаи 17 сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- мусоидат ба афзоиши ҳолатҳои истифодаи захираҳои энергетикии дуюмбора ва (ё) манбаъҳои барқароршавандаи энергия, инчунин афзоиши шумораи объектҳои онҳоро истифодабаранда;".
9. Дар қисми 2 моддаи 19 калимаҳои "дар бораи бамеъёргирии техникӣ, талаботи техникии риояашон ҳатмии бо" ба калимаҳои "дар бораи бамеъёрдарории техникӣ, талаботи техникии риояашон ҳатмии бо сифат ва" иваз карда шаванд.
10. Дар қисмҳои 2 ва 4 моддаи 21 калимаҳои "метрология" ва "метрологияро" мувофиқан ба калимаҳои "метрологӣ" ва "метрологиро" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 1911