Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Консепсияи ташаккули "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тибқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Консепсияи ташаккули "Равзанаи ягона" оид ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба татбиқи Консепсияи ташаккули "Равзанаи ягона" оид ба расмиётӣ содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг намояд.
3. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов
аз 31 декабри соли 2008 № 659
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Концепции формирования "Единого окна" по экспортно-импортным и транзитным процедурам в Республике Таджикистан
В соответствии со статей 14 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Концепцию формирования "Единого окна" по экспортно-импортным и транзитным процедурам в Республике Таджикистан (прилагается).
2. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан разработать и утвердить план мероприятий по реализации Концепции формирования "Единого окна" по экспортно-импортным и транзитным процедурам в Республике Таджикистан и осуществлять координацию деятельности министерств и ведомств в этом направлении.
3. Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами республики принять необходимые меры по обеспечению выполнения данной Концепции.
Председатель
Правительства
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
от 31 декабря 2008 года №659
ш. Душанбе