×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, № 1894 "Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА ДУРНАМОСОЗИИ ДАВЛАТӢ

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 майи соли 2022, № 724

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2022, № 301

ҷонибдорӣ гардидааст

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатиро муайян намуда, ба мукаммалсозии раванди таҳия, тасдиқ ва амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ равона карда шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

1) бахши давлатӣ - мақомоти амаликунандаи фаъолияти иқтисодӣ ва ташкилотҳое, ки дорои ҳиссаи давлатӣ мебошанд;

2) банақшагирии стратегӣ - банақшагирии самтҳои асосии фаъолияти ҳамаи соҳаҳо бо мақсади муайяннамоӣ ва амалисозии ҳадафи афзалиятҳои рушд, таҳияи усулу воситаҳо барои ноилшавӣ ба мақсадҳои стратегӣ ва арзёбии натиҷаҳои бадастомада;

3) барнома - маҷмуи тадбирҳо, чорабиниҳо ва нақшаҳои мувофиқашудаи амалҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаҳои умумӣ дар доираи афзалиятҳои сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва маҳаллӣ бо назардошти истифодаи босамари захираҳои табиӣ, моддӣ ва молиявӣ дар давраи миёнамуҳлат;

4) арзёбӣ - таҳлили натиҷаҳои фаъолият ё самараи бадастомада вобаста ба амалишавии барномаҳо, стратегияҳо ва чорабиниҳои муайяни нақшавӣ бо мақсади тасҳеҳи нишондиҳандаҳо ва такмили фаъолият дар ин самт;

5) дурнамоҳои давлатӣ - пешбинӣ намудани нишондиҳандаҳои дахлдор оид ба вазъи ояндаи имконпазири иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи кишвар ва нишондиҳандаҳои инъикоскунандаи параметрҳои ҳолати мазкур дар асоси фарзияи илмию амалӣ асоснокшуда барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат;

6) дурнамосозии давлатӣ - фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидор оид ба таҳия ва такмили дурнамоҳо бо мақсади қабули қарорҳо зимни таҳияи нақшаву барномаҳо дар ҳамаи сатҳҳо;

7) консепсия - маҷмуи дурнамоҳои аз нуқтаи назари илмию амалӣ асосноккардашуда ва муҳим, ки низоми ягонаи пешгӯии ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо, самтҳои рушди иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои алоҳидаи онро дар ояндаи дарозмуҳлат дар бар мегирад;

8) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод ва савдо, ки масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозиро роҳбарӣ ва ҳамоҳанг месозад;

9) моделҳои дурнамосозии рушди иҷтимоию иқтисодӣ - таъминоти барномавии тавассути формулаҳои эконометрикӣ таҳияшуда, ки барои арзёбӣ ва дурнамосозии нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин муайян намудани дараҷаи алоқамандии байни нишондиҳандаҳо истифода мешаванд;

10) мониторинги ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ - раванди ҷамъоварӣ ва таҳлили мунтазами маълумот оид ба нишондиҳандаҳои мақсаднок (индикаторҳо) барои муайянкунии тағйирот ё пешрафт дар раванди амалисозии ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ;

11) нақшаи амал - маҷмуи амал ё чорабиниҳои муҳлаташ муайяни қаблан мувофиқашуда ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳо ва ҳалли вазифаҳои дар ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ гузошташуда;

12) стратегия - нақшаи дарозмуҳлати амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяншуда бо мақсади таъмини рушди устувор ва мутавозин дар заминаи истифодаи оқилонаи захираву иқтидорҳои мавҷуда;

13) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ - дурнамоҳои давлатӣ, стратегияҳои миллии рушд, барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаи амали соҳавии давлатӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва нақшаҳои амали онҳо, инчунин барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак ва деҳот;

14) чораҳои тасҳеҳкунанда - вобаста ба натиҷаи арзёбӣ тағйир додани ҳадафҳо, вазифаҳо, нишондиҳандаҳо ва амалҳо дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ бо роҳи таҷдиду такмили онҳо;

15) Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми машваратию ҳамоҳангсоз оид ба муҳокимаи амалисозии ҳадафҳо, чорабиниҳо ва нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои стратегии дахлдори кишвар, инчунин мукаммалсозандаи раванди банақшагирии стратегӣ, таҳия ва таҷдиди ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои асосии банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ

Банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

1) қонуният - мутобиқатии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатӣ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;

2) ягонагӣ - мувофиқаи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатӣ дар ҳама сатҳҳо барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат;

3) воқеият - таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатӣ дар асоси маълумоти расмӣ, иқтидорҳои мавҷуда ва ҳадафу афзалиятҳои муайянгардида;

4) асоснокии илмӣ - таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатии аз нуқтаи назари илмӣ асоснок, ки бо истифодаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва такмили доимии методология таҳия мешаванд;

5) шаффофият - дастрасии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатӣ, ба истиснои баъзе ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дорои сирри давлатӣ;

6) самаранокӣ - ба роҳ мондани иҷрои самараноки ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо;

7) пайдарпайӣ ва доимӣ - таъмини муттасилӣ ва давомнокии ҳадафу афзалиятҳо дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо;

8) масъулиятнокӣ - бо масъулияти баланд саривақт ва бо сифат таҳия намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамоҳои давлатӣ.

БОБИ 2. САЛОҲИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ

Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) консепсия, стратегия, барнома ва нақшаҳои амал оид ба амалисозии онҳоро тасдиқ менамояд;

2) ҳисоботҳоро оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ баррасӣ менамояд;

3) барои беҳтар намудани амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ чораҳои зарурӣ меандешад;

4) тартиб ва нақшаи таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро тасдиқ менамояд;

5) тартиби гузаронидани низоми мониторинг ва арзёбиро ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ муайян менамояд;

6) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатиро муайян мекунад;

7) тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатиро тасдиқ менамояд;

8) тартиби фаъолияти низоми иттилоотии идоракунии банақшагирии стратегиро тасдиқ менамояд;

9) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои дигар салоҳият мебошад.

Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

1) афзалиятҳои сиёсат, ҳадафҳо ва вазифаҳои соҳаҳоро якҷо бо мақомоти ваколатдори давлатии дахлдор мутобиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ муайян менамояд;

2) мутобиқатии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро ба ҳадафу афзалиятҳои миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг менамояд;

3) раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва назорати сифати онҳоро ҳамоҳанг менамояд;

4) дастгирии методии банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозиро таъмин менамояд;

5) дастгирии раванди банақшагирии стратегиро дар масъалаҳои илмӣтехникӣ, иттилоотӣ, захиравӣ ва кадрӣ таъмин менамояд;

6) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон механизми самаранокии гузаронидани мониторинг ва ҳисоботдиҳиро амалӣ менамояд;

7) раванди рақамикунонии банақшагирии стратегиро ба роҳ мемонад;

8) маълумотро оид ба амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои он аз вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор тибқи муҳлати муқарраргардида дастрас карда, арзёбӣ менамояд;

9) оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ ва нақшаҳои чорабиниҳои онҳо ҳамасола тибқи муҳлати муқарраргардида гузориши таҳлилиро бо дарҷи маълумот оид ба камбудиҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо омода карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

10) тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стретегиро омода ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

11) ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

1) дар доираи ваколатҳои худ самтҳои афзалиятноки сиёсат, ҳадафу вазифаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди воҳидҳои дахлдори маъмурию ҳудудиро, ки бо ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ ҳамоҳанг шудаанд, муайян менамоянд;

2) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро оид ба масъалаҳои мансуб ба ваколатҳои онҳо таҳия ва тасдиқ намуда, мувофиқат ва мутавозинии онҳоро бо ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ таъмин менамоянд;

3) аз мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ маълумот ҷамъоварӣ менамоянд;

4) оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ҳамасола тибқи тартиб ва муҳлати муқарраргардида ҳисобот омода менамоянд;

5) арзёбии амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегиро мегузаронанд ё гузаронидани арзёбиро мутобиқи муқаррарот дар бораи арзёбии пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд;

6) оид ба арзёбӣ вобаста ба иҷрои тавсияҳо ҳисобот ва пешниҳодҳо омода карда, онҳоро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ пешниҳод менамоянд;

7) дар ҳолати зарурӣ гузаронидани муҳокимаи масъалаҳои ҳалталабро оғоз менамоянд;

8) дар таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ иштирок менамоянд;

9) оид ба истифодаи усул ва воситаҳо барои гузаронидани таҳлил, мақсадгузорӣ, муқаррар намудани нишондиҳандаҳо барои муайянкунии мақсадҳо ва арзёбии хароҷот дастурҳои методиро таҳия ва тасдиқ менамоянд;

10) оид ба мониторинг ва таҳлили дурнамоҳои давлатӣ ҳамасола ҳисобот омода менамоянд.

Моддаи 7. Салоҳияти Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шарҳвандӣ масъалаҳои амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллиро баррасӣ менамояд.

2. Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳияти зерин мебошад:

1) ҳамгироии сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ барои муттаҳид намудани кӯшишҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар;

2) муҳокимаи раванди амалишавии ислоҳоти идораи давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили онҳо;

3) баррасӣ намудани ҳисоботи соҳаҳои алоҳида дар доираи амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии кишвар ва ноилшавӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор;

4) муҳокима ва омода намудани тавсияҳо оид ба тасҳеҳи ҳадафу вазифа ва нишондиҳандаҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ;

5) муҳокима ва таҳия намудани тавсияҳо оид ба тасдиқи лоиҳаҳои стратегии рушди кишвар;

6) баррасӣ намудани ҳисобот оид ба раванди амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ.

3. Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми машваратӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

4. Салоҳияти Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низомномаи он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешаванд.

БОБИ 3. ҲУҶҶАТҲОИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА КОНСЕПСИЯ

Моддаи 8. Дараҷабандии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ

1. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ се сатҳи зеринро дар бар мегиранд:

1) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ - стратегияҳои миллии рушд, барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи соҳавӣ - стратегия, барномаҳо ва нақшаи амали соҳавии давлатӣ;

3) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи маҳал - дурнамоҳои давлатӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва нақшаҳои амали онҳо, инчунин барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак ва деҳот.

2. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар алоқамандӣ бо якдигар ҳамоҳанг гардида, мутобиқи сохтори дараҷабандии пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур таҳия карда мешаванд.

3. Стратегияи миллии рушд ҳуҷҷати асосии банақшагирии стратегӣ мебошад, ки ҳамаи стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои амал бо он мутобиқ карда мешаванд.

Моддаи 9. Сохтор ва мазмуни ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ

1. Стратегияи миллии рушд ва стратегияҳо бояд инҳоро дар бар гирад:

1) шарҳи мухтасари ҳуҷҷати стратегӣ;

2) таҳлили ҳолати ҷории дорои натиҷаҳои сифатӣ ва миқдории тадқиқот, баҳрагирандагон (гурӯҳҳои мақсадноки стратегия), таҳлили заминаи дахлдори қонунгузорӣ;

3) мушкилоти асосӣ;

4) рисолат, ҳадаф ва вазифаҳои ҳуҷҷати стратегӣ;

5) нишондиҳандаҳои мақсаднок (натиҷаҳои фаврӣ, натиҷаҳои ниҳоӣ);

6) ҳисобҳои молиявии амалисозии ҳуҷҷати стратегӣ;

7) самтҳои асосӣ ва механизмҳои амалисозии ҳуҷҷати стратегӣ;

8) арзёбии хавфҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ), ки метавонанд ба амалисозии стратегия таъсир расонанд;

9) ҳисоботдиҳӣ, мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷати стратегӣ.

2. Дурнамои давлатӣ, барномаҳои миёнамуҳлати рушд, барномаҳо ва нақшаҳои амали соҳавии давлатӣ, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва нақшаи амали онҳо, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак ва деҳот инҳоро дар бар мегиранд:

1) истинод ба ҳуҷҷатҳои стратегии миллии банақшагирии стратегӣ, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии миёнамуҳлат ва кӯтоҳмуҳлат;

2) чорабиниҳои мушаххас барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда;

3) ҳадаф ва вазифаҳо;

4) мақомоти (ташкилоти) масъул;

5) шарикони рушд;

6) муҳлати амалисозии чорабиниҳои мушаххас;

7) буҷети пешбинишаванда;

8) манбаъҳои маблағгузорӣ (буҷети давлатӣ, маблағгузории донорҳо, маблағгузории муштарак) бо нишон додани ҳиссаи ҳар як манбаъ;

9) натиҷаҳои чашмдошт, нишондиҳандаҳои раванд, сатҳи таъсир барои ҳар як фаъолият.

3. Барнома, ба ғайр аз қисмҳои таркибии пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур, метавонад шарҳи мухтасар, таҳлили ҳолат ва натиҷаҳои чашмдоштро, ки дар асоси стратегияи бахши дахлдор таҳия гардидаанд, дар бар гирад.

Моддаи 10. Консепсия

1. Консепсия дар асоси дурнамоҳои давлатӣ барои ояндаи дарозмуҳлат таҳия карда мешавад.

2. Консепсия масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

1) маҷмуи нуқтаи назарҳои илман асосноккардашуда ва бо ҳам алоқаманд;

2) пешгӯии ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо ва самтҳои рушди иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои алоҳидаи он дар ояндаи дарозмуҳлат;

3) низоми усулҳои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳаҳои алоҳидаи он бо назардошти ҳадафҳои стратегии кишвар;

4) самтҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, аз ҷумла самтҳои сиёсати мазкур нисбат ба соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ва комплексҳои байнисоҳавӣ, инчунин самтҳои асосии сиёсати илмию техникӣ, навоварӣ, сармоягузорӣ, экологӣ, минтақавӣ ва иқтисодии хориҷӣ.

БОБИ 4. РАВАНДИ ТАҲИЯИ ҲУҶҶАТҲОИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА КОНСЕПСИЯ

Моддаи 11. Таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ ва консепсия

1. Дурнамоҳои давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

2. Дурнамоҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Дурнамоҳои давлатӣ барои самтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ, фаъолияти иқтисоди хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи кишвар барои соли навбатӣ ва параметрҳои он барои 2 соли оянда таҳия мешаванд.

4. Консепсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на камтар аз 20 сол тасдиқ ва онро дар 5 сол як маротиба дар ҳолати зарурӣ тасҳеҳ менамояд. Дар асоси консепсия стратегия муайян карда мешавад.

5. Тартиби таҳия ва тасҳеҳи консепсияро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

6. Стратегияи миллии рушд ва барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ барои баррасӣ ва маъқул донистан ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

7. Стратегияи миллии рушд ва барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимою иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

8. Давраи амали стратегияи миллии рушд на камтар аз 15 сол ва давраи амали барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз 5 солро дар бар мегиранд.

9. Нақшаи амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ вобаста ба самти фаъолияташон таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии дахлдор барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

10. Нақшаи амали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 1 сол ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои 3 сол бо имконияти бознигарии ҳарсола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 12. Таҳия ва тасдиқи стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои амал

1. Стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ ва нақшаҳои амал аз ҷониби вазорату идораҳо вобаста ба самти фаъолияташон таҳия гардида, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

2. Стратегияҳо, барномаҳои соҳавӣ, нақшаҳои амал аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияҳо, барномаҳои соҳавии бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

3. Давраи амали стратегияҳои соҳавӣ на камтар аз 15 сол ва давраи барномаҳои соҳавӣ на камтар аз 5 солро, ба истиснои стратегияҳо ва барномаҳои соҳавии бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ дар бар мегиранд.

4. Нақшаҳои амали соҳавӣ барои 1 сол ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои 3 сол бо имконияти бознигарии ҳарсола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

5. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои саривақтӣ, пурра ва самараноки стратегия, барномаҳо ва нақшаҳои амали соҳавӣ масъул мебошанд.

Моддаи 13. Таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар сатҳи маҳал

1. Барномаҳои рушди иҷтимою иқтисодии маҳалҳо барои давраи миёнамуҳлат дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавӣ таҳия мегарданд.

2. Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои давраи 5 сол таҳия мешаванд.

3. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешаванд.

4. Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби маҷлиси ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот барои давраи 5 сол таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

5. Нақшаҳои амал дар сатҳи маҳал оид ба ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва раисони ҷамоатҳо барои 1 сол ва дар ҳолатҳои зарурӣ барои 3 сол тасдиқ мегарданд.

Моддаи 14. Тартиби таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва сатҳи маҳал

Тартиби таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, соҳавӣ ва сатҳи маҳалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 15. Таъминоти молиявии чорабиниҳое, ки дар ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ ба нақша гирифта шудаанд

1. Арзиши хароҷот барои амалисозии чорабиниҳои пешбининамудаи ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ дар доираи имкониятҳои буҷети давлатӣ, инчунин захираҳое, ки ҷалб намуданашон аз манбаъҳои дохиливу берунӣ ба нақша гирифта шудааст, муайян карда мешавад.

2. Мақоми масъули таҳиякунандаи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ барои амалисозии чорабиниҳои пешбинишудаи ҳуҷҷати мазкур нақшаи буҷетиро тартиб медиҳад.

3. Хароҷот барои амалисозии ҳар як намуди чорабинӣ барои ҳар сол барои тамоми давраи нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда аз рӯи манбаъҳои буҷети давлатӣ ва ғайрибуҷетӣ алоҳида пешниҳод карда мешавад.

4. Ҳаҷм ва манбаъҳои буҷетии маблағгузории чорабиниҳои пешбинишудаи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии таҳияшаванда бояд то оғози соли молиявӣ мутобиқ ба ҷараёни таҳияи буҷети давлатӣ, аз ҷумла буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои ду соли минбаъда муайян карда шаванд.

5. Дар ҳолати маҳдудияти захираҳои буҷети давлатӣ тақсимоти маблағгузорӣ байни афзалиятҳои ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ вобаста ба мутобиқати вазифаҳо ба нишондиҳандаҳои мақсадноки ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии миллӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 16. Назорати сифат ва талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ

1. Назорати сифати ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ амалӣ карда мешавад.

2. Ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ бояд ба талаботи зерин мувофиқат кунанд:

1) мутобиқати ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ ва сатҳи маҳал ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии сатҳи миллӣ, афзалиятҳои сиёсат ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) мутобиқати ҳадаф, афзалият ва вазифаҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор;

3) мавҷуд будани таҳлили заминавӣ ва асосноккунии мушкилоти мавҷуда;

4) муайян намудани воситаҳои ноил шудан ва роҳҳои давра ба давра амалӣ гардидани мақсаду афзалиятҳо;

5) таъмини муносибати барномавии мақсаднок байни чорабиниҳои банақшагирӣ, барномасозӣ ва буҷетикунонӣ;

6) муайян намудани нишондиҳандаҳо барои мониторинг, натиҷаҳои пешбинигардида ва манбаъҳои маблағгузорӣ;

7) дастрасӣ ва воқеияти нишондиҳандаҳои самаранокӣ;

8) эътимоднокии манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои пешбинишуда;

9) шаффоф ва оммавӣ будани раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, ба истиснои масъалаҳои марбут ба сирри давлатӣ.

БОБИ 5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ ҲУҶҶАТҲОИ БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ

Моддаи 17. Мониторинги амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ

1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии банақшагирии стратегӣ ва беҳтар намудани фаъолият оид ба банақшагирии стратегӣ, сари вақт ошкор намудани инҳироф, тасҳеҳи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва ҳалли мушкилоти ҳангоми амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ошкоргардида мониторинги амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ гузаронида мешавад.

2. Мониторинги амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 18. Арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ ҳар сол шарҳи миёнамуҳлати (фосилавии) нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда ва арзёбии ниҳоии ҳуҷҷати банақшагирии стратегии сатҳи миллиро мегузаронад.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ интихобан арзёбии ҳарсолаи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии соҳавӣ ва сатҳи маҳалро мегузаронад.

3. Дар ҳолати зарурӣ, инчунин агар зимни амалисозии ҳуҷҷати банақшагирии стратегӣ якчанд вазорату идораҳо иштирок намоянд, метавонад гурӯҳи мақсаднок оид ба арзёбӣ таъсис дода шавад.

Моддаи 19. Низоми электронии идоракунии банақшагирии стратегӣ

1. Идоракунии банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла банақшагирӣ, таҳия, амалисозӣ, мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ бо истифода аз низомҳои иттилоотии идоракунии банақшагирии стратегӣ амалӣ карда мешавад.

2. Тартиби фаъолияти низоми иттилоотии идоракунии банақшагирии стратегӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 6. ДУРНАМОСОЗИИ ДАВЛАТӢ

Моддаи 20. Дурнамоҳои давлатӣ

1. Дурнамоҳои давлатӣ барои давраҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тавассути барномаҳо ва моделҳои дурнамосозӣ барои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиаи кишвар таҳия карда мешаванд.

2. Дурнамоҳои давлатӣ барои давраи кӯтоҳмуҳлат шарҳи ҳолати воқеии соҳаҳо дар солҳои гузашта, инчунин самтҳои асосии рушд барои соли навбатӣ ва нишондодҳои онро барои ду соли минбаъда дар бар мегиранд.

3. Дурнамоҳои давлатӣ барои давраи миёнамуҳлат ба муҳлати то 5 сол бо тақсимот аз рӯи солҳо таҳия гардида, ҳар сол тасҳеҳ меёбанд.

4. Дурнамоҳои давлатии рушд барои давраи дарозмуҳлат ба муҳлати на камтар аз 10 сол таҳия гардида, ҳар 5 сол тасҳеҳ меёбанд.

5. Дурнамоҳои давлатӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ ва нишондиҳандаҳои он барои ду соли минбаъда ба инобат гирифта мешаванд.

6. Дурнамоҳои давлатӣ:

1) ба дурнамоҳои демографӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, соҳавӣ, экологӣ, илмию техникӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиаи кишвар асос меёбанд;

2) аз рӯи сенарияҳои буҳронӣ, заминавӣ ва некбинона бо назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои дохилию берунӣ, афзалиятҳои сиёсати давлатии иҷтимоию иқтисодӣ, чораҳои танзими давлатии иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ ва марҳилаҳои амалисозии онҳо таҳия карда мешаванд;

3) нишондиҳандаҳои миқдориеро, ки суръату таносубҳои рушди иқтисодӣ, динамикаи истеҳсолот ва сохтори он, ҳаҷми истеҳсол ва истеъмоли молҳоро (кор ва хизматрасонӣ) аз рӯи гурӯҳҳои асосии молҳо, натиҷаҳои пешрафти илму техника, сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва шуғл, сохтори иҷтимоии ҷомеа ва рушди соҳаҳои дигар, арзёбии сатҳи бадастомадаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ нишон медиҳанд, дар бар мегиранд;

4) арзёбии самараи иқтисодӣ ва иҷтимоиро аз амалисозии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар бар мегиранд;

5) вариантҳои сенарияҳои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи дарозмуҳлат бо назардошти тағйирёбии шароити дохилию берунии рушд дар бар мегиранд.

7. Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 21. Дурнамоҳои давлатии рушди бахши давлатӣ

1. Дурнамоҳои давлатии рушди бахши давлатӣ дар доираи дурнамои давлатии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамоҳои давлатии рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз рӯи соҳаҳо барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат тартиб дода мешаванд.

2. Дурнамоҳои давлатии рушди бахши давлатӣ нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегиранд:

1) хароҷот барои амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ бо нишон додани номгӯи иншоот ва муҳлати сохтмони онҳо, барои навсозӣ ё таҷдиди иншооти моликияти давлатӣ, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструктории марбут ба хариди мол (кор ва хизматрасонӣ) ва эҳтиёҷоти онҳо;

2) маълумот дар бораи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори бахши давлатӣ, аз ҷумла ҳаҷми маҳсулоти истеҳолшуда ва фурӯхташуда, содироту воридоти мол (кор ва хизматрасонӣ), маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои худӣ ва қарзӣ;

3) маълумот дар бораи истеҳсоли маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ) аз ҷониби ташкилотҳои дорои ҳиссаи давлатӣ.

3. Дурнамоҳои давлатии рушди бахши давлатӣ, инчунин нишондиҳандаҳои истифодаи моликияти давлатиро бо назардошти чораҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии онҳо дар бар мегиранд.

Моддаи 22. Дурнамоҳои давлатии рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо

Дурнамоҳои давлатии рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ ва мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо тасдиқ карда мешаванд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 24. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 августи соли 2018 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2018, №7-8, мод.527) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 19 июли соли 2022, № 1894