ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ба ихтиёри Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" гузаронидани муассисаҳои давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант" ва "Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 52 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант" ва Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд"-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишуда ба ихтиёри Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" гузаронида шаванд.
2. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №146 "Дар бораи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои сиву чорум ва панҷоҳу ҳафтум хориҷ карда шаванд.
3. Муассисаи давлатии "Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаҳои зикргардидаро ҳал намояд.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 19 июли соли 2022, № 338