ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи барҳамдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор"
Мутобиқи моддаҳои 62-64 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор"-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, дар муҳлати ду моҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба барҳам додани Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор"-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешад.
3. Комиссияи барҳамдиҳӣ тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои барҳамдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор"-и Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, тавозунҳои фосилавӣ ва ниҳоии барҳамдиҳиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- аз сархати чоруми банди 12 Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ шудааст, калимаҳои ", Корхонаи воҳиди давлатии суғуртавии "Тоҷиксармоягузор" хориҷ карда шаванд;
- аз номи Номгӯи муассисаю ва ташкилотҳои системаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №187 тасдиқ шудааст, калимаи "ва" ва сархати панҷуми номгӯи мазкур хориҷ карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 июни соли 2022, № 301