Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2022, № 1876 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2022, № 707

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2022, № 263

ҷонибдорӣ гардидааст

 

Моддаи 1.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 193; с. 2009, №5, мод. 323; с. 2010, №3, мод. 154; с. 2011, №6, мод. 459; с. 2013, №7, мод. 517; с. 2014, №11, мод. 645; с. 2016, №3, мод. 137; с. 2017, №1-2, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2020, №1, мод. 10, мод. 11, мод. 12, №5, қ. 1, мод. 298; с. 2021, №1-2, мод. 6) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаи "пешгирии" ба калимаҳои "муқовимат ба" иваз карда шавад.

2. Дар сархати сеюми моддаи 12 пас аз калимаи "масъулияти" калимаҳои "муовини якум ва" илова карда шуда, калимаи "сарраёсатҳо," хориҷ карда шавад.

3. Дар моддаи 13:

- дар сархати сеюм калимаҳои "мақомоти Агентӣ ва сохторҳои тобеи" ва "мақомоти он," мувофиқан ба калимаҳои "воҳидҳои сохтории Агентӣ ва воҳидҳои маҳаллии" ва "мақомот" иваз карда шаванд;

- аз сархати панҷум калимаҳои "сарраёсатҳо ва" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "кории мақомоти назорати давлатии" ба калимаҳои "умумии тафтишу санҷишҳои" иваз карда шаванд;

- дар сархати сездаҳум калимаҳои "рутбаҳо" ва "махсуси олӣ" ба калимаҳои "рутбаҳои олӣ" ва "махсус" иваз карда шаванд.

4. Аз ҷумлаҳои якум ва дуюми қисми 2 моддаи 15 калимаи "сарраёсатҳо," хориҷ карда шавад.

5. Дар моддаи 16 калимаҳои "сарраёсатҳо ва раёсатҳо" ба калимаҳои "раёсату шуъбаҳо" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 10 моддаи 26:

- калимаҳои "махсус, дараҷавӣ ва тахассусӣ", "ҳуқуқу қудратӣ ё ҳокимияти давлатӣ" ва "ва ҳокимияти давлатӣ" мувофиқан ба калимаҳои "махсус ва дараҷавӣ", "ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ" ва "ва сохторҳои низомӣ" иваз карда шаванд;

- ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Баробаркунии рутбаҳои дараҷавӣ ва тахассусии кормандони дигар мақомоти давлатӣ, ки дар Агентӣ ба вазифа таъин мегарданд, бо дарназардошти собиқаи хизмати давлатии онҳо тибқи Низомномаи адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.".

7. Дар моддаи 27:

- дар қисми 3 калимаҳои "Тартиби" ва "ҳайати роҳбарикунандаи хурд, миёна ва калонро" мувофиқан ба калимаҳои "Номгӯи мансабҳо ва тартиби" ва "кормандони мақомоти Агентиро" иваз карда шаванд;

- қисми 4 хориҷ карда шавад;

- қисми 5 қисми 4 ҳисобида шавад.

8. Дар қисми 4 моддаи 30 рақам ва калимаи "20 фоиз" ба рақам ва калимаи "25 фоиз" иваз карда шаванд.

9. Ба қисми 2 моддаи 32 сархати сенздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ба кори дигар гузаштани корманд;".

Моддаи 2.

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 8 июни соли 2022, № 1876

 

Закон РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ АГЕНТСТВЕ ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ КОНТРОЛЮ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят постановлением

Маджлиси намояндагон МОРТ

    от 27 апреля 2022 года №707 

Одобрен постановлением

Маджлиси милли МОРТ

от 30 мая 2022 года №263

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан" от 20 марта 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №3, ст. 193; 2009 г., №5, ст. 323; 2010 г., №3, ст. 154; 2011 г., №6, ст. 459; 2013 г., №7, ст. 517; 2014 г., №11, ст. 645; 2016 г., №3, ст. 137; 2017 г., №1-2, ст. 10, ст. 11, ст. 12, №5, ч. 1, ст. 298; 2020 г., №1, ст. 10, ст. 11, ст. 12, №5, ч. 1, ст. 298; 2021 г., №1-2, ст. 6) следующие изменения и дополнения:

1. В части 3 статьи 11 слово "профилактики" заменить словом "противодействия".

2. Абзац третий статьи 12 после слова "ответственность" дополнить словами "первого заместителя и" и слова "главных управлений," исключить.

3. В статье 13: в абзаце третьем слова "органов Агентства и его подведомственных структур" и "его органов" соответственно заменить словами "структурных подразделений Агентства и его подразделений на местах" и "органов";

- из абзаца пятого слова "главных управлений и" исключить;

- в абзаце седьмом слова "план работы органов государственного финансового контроля" заменить словами "общий план финансовых ревизий и проверок";

- в абзаце тринадцатом слова "высших специальных званий и чинов" заменить словами "высших званий и специальных чинов".

4. Из части 2 статьи 15 слова "главные управления," и "главных управлениях," исключить.

5. В статье 16 слова "главных управлений и управлений" заменить словами "управлений и отделов".

6. В части 10 статьи 26:

- слова "специальные звания, классные и квалификационные чины,", ", силовых структур или органов государственной власти" и "государственную власть" соответственно заменить словами "специальные звания и классные чины", "и военных структур" и "военные структуры";

- дополнить вторым предложением следующего содержания:

"Приравнивание классных и квалификационных чинов работников других государственных органов, назначаемых на должность в Агентстве, с учетом стажа их государственной службы осуществляется в соответствии с Положением о прохождении службы в правоохранительных подразделениях Агентства по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией Республики Таджикистан.".

7. В статье 27:

- в части 3 слова "Порядок" и "младшего, среднего и старшего начальствующего состава" соответственно заменить словами "Перечень должностей и порядок" и "сотрудникам органов Агентства";

- часть 4 исключить;

- часть 5 считать частью 4.

8. В части 4 статьи 30 цифры и слово "20 процентов" заменить цифрами и словом "25 процентов".

9. Часть 2 статьи 32 дополнить абзацем тринадцатым следующего содержания:

"- перевода сотрудника на другую работу;".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 8 июня 2022, №1876