Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2022, № 275 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Точикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Сархати чоруми зербанди "в" банди 5 Низомномаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдик шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ташкил ва таъмини рушди устувори сайёҳии экологии дохилӣ ва хориҷӣ дар ҷангалҳои истироҳатӣ ва парваришгоҳҳо;".

2. Сохтори дастгоҳи марказии Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №132 "Дар бораи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Роҳбарият

Раёсати хоҷагии ҷангал

Шуъбаи бунёду барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳо

Шуъбаи шикор ва шикоргоҳҳо

Шуъбаи молия, муҳосибот ва банақшагирӣ

Шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот

Шуъбаи кадастр ва мониторинги давлатии ҷангал".

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 майи соли 2022, № 275

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, №132

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Абзац четвёртый подпункта "в" пункта 5 Положения об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, №132 "Об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан", изложить в следующей редакции:

"- организация и обеспечение устойчивого развития внутреннего и иностранного экологического туризма в рекреационных лесах и заказниках;".

2. Структуру центрального аппарата Агентства лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденнуго постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 февраля 2014 года, №132 "Об Агентстве лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан", изложить в следующей редакции:

"Руководство

Управление лесного хозяйства

Отдел лесоразведения, лесовосстановления и лесных питомников

Отдел охоты и охотничьих угодий

Отдел финансов, бухгалтерии и планирования

Отдел кадров и правового обеспечения

Отдел международных связей и информации

Отдел кадастра и государственного мониторинга леса".

Председатель    

Правительства Республики Таджикистан                           Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 28 мая 2022 года, №275