ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар муқаддимаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 "Дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад" рақами "156" ба рақами "241" иваз карда шавад.
2. Ба Тартиби пур кардан ва пешниҳод намудани эъломия оид ба андоз аз даромад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2020, №411 "Дар бораи эъломия оид ба андоз аз даромад" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Дар эъломия оид ба андоз аз даромад эъломиякунанда вобаста ба ҳар як манбаи даромади худ маълумотро оид ба маблағи андози пардохтшуда ворид менамояд.";
- банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Ишғолкунандагони мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомот ё ташкилотҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ё розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин (интихоб) карда мешаванд, эъломия оид ба андоз аз даромади худро якҷо бо эъломия оид ба вазъи молумулкӣ баъди хонапурӣ намудан дар шакли электронӣ ё коғазӣ ба мақомоти андози маҳалли истиқомат пешниҳод карда, шакли коғазии онҳоро бо тасдиқномаи мақомоти андоз дар бораи қабули эъломия оид ба андоз аз даромад ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони Раис, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломияҳои худро бо ҳамин тартиб ба Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Эъломияҳои роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба раиси шаҳр ё ноҳияи дахлдор ва дигар эъломиякунандагон ба мақомот ё ташкилотҳои давлатии ҷойи кор бо ҳамин тартиб пешниҳод карда мешаванд.";
- дар қисми муқаддимавӣ ва сархати сеюми банди 10 калимаҳои "уҳдадор аст" ва "барад" мувофиқан ба калимаҳои "уҳдадоранд" ва "баранд" иваз карда шавад;
- дар бобҳои 2, 3, 4, 5 бандҳои 2-13 мувофиқан бандҳои 3-14 ҳисобида шаванд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 21 майи соли 2022, № 248