Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 2022, № 247 "Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390 "Дар бораи табдил додани муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 54 ҷумлаи дуюм бо мазмунн зерин илова карда шавад:

"Бонк метавонад молу мулкеро, ки бар ивази қарз қабул намудааст, бо фармоиши Раиси Раёсати Бонк ва розигии Раёсати Бонк то ба фурӯш рафтан ба иҷора диҳад.";

- дар банди 61 рақам ва калимаҳои "380 000 000 (сесаду ҳаштод миллион)" ба рақам ва калимаҳои "438 696 114 (чорсаду сиву ҳашт миллиону шашсаду наваду шаш ҳазору яксаду чордаҳ)" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 21 майи соли 2022, № 247