ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 478)
Мутобиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Шаҳодатномаи воридоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бидуни гирифтани иҷозатнома аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба муассисаҳои экспертизаи давлатии судии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи онҳо дар фаъолияти судӣ-экспертии марбут ба экспертизаи воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дода мешавад.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои воридоту содирот ва муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро таҳия ва қабул намояд.
4. Вазорату идораҳои дахлдор иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.
5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 29 августи соли 2003, №381 "Дар бораи тасдиқ намудани Квотаи давлатии воситаҳои нашъадор";
- аз 3 октябри соли 2006, №462 "Дар бораи тасдиқ намудани Квотаи давлатии ҳарсолаи моддаҳои психотропӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 21 майи соли 2022, № 241