ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Дар банди 13 §9 боби 2 фасли II Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016, №737 "Дар бораи Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми муқаддимавии зербанди 13.2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"13.2) Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ";
- ба зербанди 13.2.1) дар мансабҳои категорияи якум пас аз калимаҳои "Муовини сардори Хадамот" калимаҳои "Сардори раёсат" илова гардида, дар мансабҳои категорияи дуюм аломати нимтире "-" ба калимаҳои "Муовини сардори раёсат" иваз карда шавад;
- қисми муқаддимавии зербанди 13.2.2) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"13.2.2) Раёсатҳои назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, минтақаҳои Бохтар, Кӯлоб, Суғд, Истаравшан, шаҳри Хуҷанд, шуъбаҳои назорати давлатии энергетикии минтақаи Зарафшон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 апрели соли 2022, №379