×

Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2022, №203

Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд - Стратегия) бо мақсади амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳити мусоид барои зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва истеҳсолӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва мақсадҳои дарозмуддати соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ҳалли масъалаҳое, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардидаанд, бо дарназардошти дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҳия гардидааст.

2. Стратегия сиёсати давлатиро дар соҳаи танзими давлатии рушди шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Сиёсати давлат дар соҳаи сохтмон ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори соҳа бо роҳи самаранок истифода бурдани захираҳои меҳнатию моддӣ, инноватсия ва сармоягузориҳо бо мақсади таъмини амалишавии бомуваффақонаи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат, минтақаҳо ва соҳаҳо равона мегардад.

4. Стратегия мақсад ва афзалиятҳои рушд, самтҳои асосӣ, вазифаҳо ва механизмҳои ислоҳоти соҳаи сохтмонро барои давраи то соли 2030 дар асоси омӯзиши амалияҳои беҳтарини дигаргунсозиҳои сохтории соҳаи сохтмони кишварҳои хориҷӣ ва тамоюли ҷаҳонии рушди фаъолияти шаҳрсозӣ муайян менамояд.

5. Стратегия инҳоро дар бар мегирад:

- таҳлил ва арзёбии вазъи соҳаи сохтмон;

- нишондиҳандаҳои рушди соҳа;

- афзалиятҳо, мақсадҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои идоракунии давлат дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат дар бахши сохтмон ва соҳаҳои алоқаманд;

- усулҳои самарабахши ноил гаштан ва ҳалли мақсаду вазифаҳо дар соҳаи сохтмон ва соҳаи идоракунии давлатӣ.

6. Муҳлати амалишавии Стратегия солҳои 2022-2030-ро дар бар мегирад.

2. ТАҲЛИЛ ВА БАҲОДИҲИИ ВАЗЪИ ИМРУЗАИ СОҲАИ СОХТМОН

7. Соҳаи сохтмон ба шумори соҳаҳои калидӣ мансуб буда, дар бисёр маврид ҳалли вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва техникии тамоми иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд. Сохтмон бозистеҳсолии фондҳои асосиро дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ таъмин намуда, дорои шумораи зиёди робитаҳои байнисоҳавӣ ва самараи баланди фузунсозӣ дорад. Ба истифода додани фондҳои асосӣ аз соли 2015 то соли 2020 ба 75,9 фоиз афзоиш ёфта, сармоягузорӣ ба сармояи асосӣ дар ҳамин давра 20,8 фоиз зиёд гардидааст. Зиёда аз 41,1 фоиз ҷамъи сармоягузориҳо дар сармояи асосӣ ба сохтмони объектҳои ғайриистеҳсолӣ рост меояд. Нақши калидии соҳаи сохтмон дар ноил гаштан ба мақсадҳои стратегии рушди ҷомеаи мамлакат бо роҳи амалигардонии барномаҳои сармоягузорию сохтмонӣ муайян ва натиҷагирӣ карда мешавад.

8. Тибқи феҳристи Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ дар фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2016-2020, шумораи миёнаи дорандагони иҷозатномаи фаъолияти шаҳрсозӣ 2445 ададро ташкил дод, ки аз ин шумора ташкилотҳои пудратӣ 2073 адад ё ин, ки ба 84,8 фоиз баробар мебошад.

9. Дар аввали соли 2020 шумораи нафароне, ки дар дар соҳаи сохтмон фаъолият доштанд ба 101,9 ҳазор нафар ё ин ки, ба 4,1 фоиз аз шумораи умумии нафарони дар иқтисодиёти мамлакат бандбударо ташкил медод, дар соли 2010 бошад ин нишондод ба 72,3 ҳазор нафар ё ин, ки 3,2 фоизи шумораи нафарони дар соҳаи иқтисодиёти мамлакат фаъолиятдоштаро ташкил медод.

10. Музди ҳисобии маоши миёнаи кормандони сохтмон дар соли 2020-2403,84 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2010 - 2,9 маротиба зиёд мебошад.

11. Барои таҳлили ҳолати соҳаи сохтмон ҳамчун нишондиҳандаҳои хос метавонанд нишондодҳо оид ба ҳаҷми ба истифода супоридани манзил ва шумораи ҷой барои хонанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ба ҳисоб раванд: агар дар соли 2000 манзилҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 245,5 ҳазор метри мураббаъ ва 6228 ҷой барои хонанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ба истифода дода шуда бошад, пас ин нишондод дар соли 2020 мутаносибан ба 1463,4 ҳазор метри мураббаъ ва 13534 ҷой барои хонанда баробар гардид.

12. Масоҳати умумии ҳуҷраҳои истиқоматӣ ба ҳисоби миёна ба як шаҳрванди кишвар дар охири соли 2020 ба 11,1 метри мураббаъ баробар гардид, ки нисбат ба нишондоди соли 2010 -27,6 фоиз зиёд мебошад.

13. Дар сохтмони манзил аз соли 2000 то соли 2020 ҳаҷми солонаи ба истифода супоридани манзил аз 245 ҳазор метри мураббаъ то ба 1463,4 ҳазор метри мураббаъ баробар гардид.

14. Талабот ба сохтмони манзил аз афзоиши даромадҳои аҳолӣ, дастрасии қарзҳои ипотекӣ ва арзиши манзил вобаста мебошад. Ба сохтмони манзил инчунин амалишавии барномаҳои давлатӣ оид ба кучонидан аз манзилҳои садамавӣ, ҳавасмандгардонии сохтмони манзил дар минтақаҳо, ҷудо намудани қитъаҳои замин ба оилаҳои камбизоат ва ғайра таъсири иловагӣ мерасонад.

15. Арзиши манзил асосан аз нархи баланди масолеҳҳои сохтмонии воридотӣ, шабакаҳои муҳандисӣ - техникии суст рушдёфта ва шароити махсуси маҳал, ки чорабиниҳо ва хароҷоти иловагиро талаб менамояд, вобаста мебошад.

16. Рушди минбаъдаи сохтмони манзил дар мадди аввал рушди қарздиҳии ипотекӣ, танзими механизмҳои сохтмони ҳиссагӣ, саноатикунонии сохтмони манзил, таҷдид ва рушди системаҳои таъмини муҳандисию техникиро мегузорад.

17. Айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сохтмонӣ аз ҷониби шумораи зиёди ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ, лоиҳакашӣ, ки корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонии техникӣ ва таъмири асосии биноҳо, иншоот ва корхонаҳои тамоми соҳаҳои иқтисодиётро иҷро менамоянд, амалӣ мегардад. Афзоиши шумораи ташкилотҳои мазкур ба афзудани рақобатпазирӣ ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ оварда мерасонад (замимаи 2).

18. Сохтмони саноатӣ дар ташаккули талабот ба фаъолияти бахши сохтмон, нақши муҳим дорад. Хароҷоти он, зиёда аз ними хароҷоти ҷамъи сармоягузориҳо дар саноат, бахши тиҷоратии ғайриманқул, фаъолият дар соҳаи иттилоот ва алоқаро ташкил медиҳад, ки он вобастагии калони бозори сохтмони саноатиро аз фаъолнокии сармоягузориҳо дар соҳаҳои мазкур нишон медиҳад.

19. Сохтмони инфрасохторӣ бояд алоҳида қайд карда шавад. Аз як тараф, рушди инфрасохтор яке аз омилҳои калидии рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт мебошад, инчунин яке аз шартҳои асосии ноилшавии мақсадҳои Стратегияи мазкур дар соли 2030, бо расонидани таъсир пеш аз ҳама ба баландшавии қаноатмандии шаҳрвандон ва зиёдшавии саҳми сохтмон дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз тарафи дигар, сохтмони инфрасохторӣ (махсусан роҳ) талаботи муҳимро дар фаъолияти соҳаи сохтмон ташаккул медиҳад.

20. Дар солҳои ислоҳотҳои иқтисодӣ, дар ҷумҳурӣ тағйироти муҳим ба амал омад, механизмҳои куллан нави танзими давлатии фаъолияти сармоягузориҳо дар соҳаи сохтмон ташаккул ёфт, ки яке аз онҳо рушд ва васеъгардонии механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, муносибгардонии низоми расмиёти иҷозатдиҳӣ дар сохтмон, ҳамоҳангсозӣ ва азнавсозии меъёрҳои техникӣ дар шаҳрсозӣ бо дарназардошти равандҳои якҷояшавӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷараёндошта ба ҳисоб меравад.

21. Дар маҷмӯъ айни замон ҳалли мушкилоти зерин муҳим мебошад:

- заминаи меъёрии техникӣ дар соҳаи танзими техникии фаъолияти шаҳрсозӣ дар сатҳи зарурӣ талаботи рӯзафзуни ҳозиразамонро ба усулҳои лоиҳакашии бинову иншоот, имконияти истифодаи васеъи технологияву масолеҳҳои муосири инноватсионӣ, самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергияро ба ҳисоб намегирад;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида, ки муносибатҳои байниҳамдигарии субъектҳои фаъолияти шаҳрсозиро танзим менамоянд, ба тағйироти сохторӣ мутобиқат намекунанд, коркард, ворид намудани тағйироту иловаҳо ва ё дар таҳрири нав қабул гардиданро талаб менамояд. Аз ҷумла, ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон муҳим мебошад;

- бозори ташаккулёфтаи корҳои лоиҳакашию ҷустӯҷӯи ва раванди рушди он аксар вақт барои рушди бемайлони корҳои лоиҳакашӣ, таҳияи лоиҳаҳои дорои технологияи баланд, муосир ва нодир замина намегузорад;

- нақшаҳои генералии 65 марказҳои шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудаааст, аммо дар бисёр ҳолат риоя нагардидани онҳо ҳангоми сохтмони биноҳо ва иншоот ба иморатсозии маҷмӯии ҳудудҳо, ҷойгиронии объектҳои истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ, рушди фаъолнокии корӣ ва сармоягузориҳо таъсири манфӣ мерасонад;

- ҳолати ҳозираи маҳалҳои аҳолинишин, хусусан деҳотҷойҳо ба талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ ҷавобгӯ намебошанд. Дар робита бо бетартибона ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони хусусӣ, бидуни баинобатгирии талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ, дар ҳолатҳои алоҳида иморатсозӣ бо вайрон кардани нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишини ҷумҳурӣ ба амал омадааст;

- мушкилот дар азнавсозии маҷмӯии иморатҳои мавҷуда бо роҳи аз байн бурдан ва ивази иморатҳои фарсуда, таҷдиди биноҳои аз ҷиҳати маънавӣ куҳнашуда, зич ва баландтару серошёнатар гардонидани иморатсозӣ, навкунии объектҳои инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётӣ, объектҳои таъиноти иҷтимоӣ ва азхудкунии фазои зеризаминӣ ҷой дорад;

- номукаммалӣ ва мураккаб будани расмиётҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи амалишавии фаъолияти шаҳрсозӣ;

- сатҳи ҳозираи татбиқи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ имкон намедиҳад, ки шаффоф ва самаранокии расонидани хизматрасониҳои давлатӣ ба иштирокчиёни равандҳои сармоягузорӣ ва субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ таъмин карда шавад;

- барои рушди босифати низоми тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани тахассуси касбии кадрҳои сохтмонӣ масъалаи азнавсозии иқтидори моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти олӣ вуҷуд дорад;

- фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи сохтмон, бо рушди фаъолияти инноватсионӣ, рақобатпазирӣ аз рӯи сифат ва нарх дар объектҳои сохтмонӣ бо дарназардошти талаботи бехатарӣ таъмин карда нашудааст;

- сатҳи нокифояи татбиқи технологияҳои сарфаҷӯии энергия, ки онҳо метавонанд истеъмоли ками энергияро ҳангоми истеҳсоли масолеҳҳо, маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ ва корҳои сохтмонию васлгарӣ таъмин намоянд. Механизмҳои дастгирии ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаҷӯии энергия ва сертификатсияи энергетикии биноҳо вуҷуд надорад;

- мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба истифодабарии техникии биноҳо ва иншоот, ки он эътимоднокӣ, дарозумрӣ ва инчунин кори муътадили бино ва иншоотро дар давраи муҳлати меъёрии истифодабарии онҳо муайян менамояд;

- мушкилиҳо дар рушди унсурҳои асосии сохтории сохтмон, ба монанди сохтмони манзил, сохтмони инфрасохтори иҷтимоӣ, сохтмони объектҳо дар деҳотҷойҳо, сохтмони объектҳои наздироҳӣ, бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ва инфрасохтори муҳандисӣ ҷой доранд;

- зарурати такмили низоми нархгузорӣ, ки танзими ҳуқуқӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои бозории нархгузориро таъмин менамояд;

- сатҳи пасти татбиқ намудани технологияи инноватсионии пешрафта, ки рақобатпазирии соҳа, беҳтар намудани иқтидори кадрӣ ва илмӣ, баланд бардоштани фоиданокии корхонаҳо, сифат ва бароҳатии муҳит барои зиндагии шаҳрвандонро таъмин менамояд;

- сатҳи пасти масъалаҳои танзими таъмини соҳаи сохтмон бо масолеҳи сохтмонии баландсифат, риояи талаботҳои стандартии сохтмон ва дар ин замина таъмини устувории дарозмуддат ва бехатарии ҳаёту фаъолияти истифодабарандагон дар биноҳои баландошёнаи муосир;

- сатҳи нокифояи баҳисобгирии иқтидори объектҳои таъминоти муҳандисӣ (обу корез, барқтаъминкунӣ ва ғ);

- сатҳи нокифояи танзими масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ҳифзи муҳити зист, муҳофизати ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин аз таъсири ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ.

3. МАҚСАДҲО, АФЗАЛИЯТҲО ВА САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ

22. Мақсади амалишавии Стратегия ин гузаронидани дигаргуниҳо дар соҳаи сохтмон, ҷиҳати ташаккули усулҳои ҳозиразамони идоракунӣ, ташкили соҳаи самаранок, рақобатпазир ва озод, ки қобилияти таъмини тараққиёти устувори сатҳи бароҳатӣ ва бехатарии муҳит барои ҳаёт, баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории лоиҳаҳо ва татбиқи ҳалҳои инноватсиониро доро аст, мебошад.

23. Рушди мутавозуни шаҳрсозии ҳудудҳо бояд бо роҳи рушди устувори онҳо амалӣ карда шаванд, ки ҳамоҳангсозии заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии истифодабарӣ ва рушди ҳудудҳоро таъмин менамоянд, аз ҷумла:

1) дар сохтмони манзилҳо - барҳамдиҳии равандҳои кӯҳнашавӣ ва камшавии фонди манзил ва системаҳои муҳандисӣ, гузариш ба барқарорсозии босуръати онҳо ва бозсозӣ дар асоси коркард ва татбиқи барномаҳои самараноки иҷтимоӣ ва илмию техникӣ ва лоиҳаҳо дар сатҳҳои гуногун;

2) дар соҳаи иҷтимоӣ зарурати татбиқи барномаҳои давлатӣ ва минтақавӣ дар самти шаҳрсозӣ ва бозсозии маҳалҳои аҳолинишини деҳот, қонеъ гардонидани талабот ба манзили дастрас, баланд бардоштани сатҳи таъминнот бо иншооти ҳозиразамони инфрасохтори иҷтимоӣ ва ҳоҷагии коммуналӣ, пеш меояд;

3) дар соҳаи истеҳсолӣ бояд иқтидорҳои навшуда ва инфрасохтори моддию техникии соҳаи сохтмон дар асоси дастовардҳои муосири технологияҳои нави инноватсионӣ, низоми меъморию сохтмонӣ, сохтори ҳалҳои ҳаҷмию банақшагирӣ ва конструктивӣ ташкил карда шавад;

4) дар меъморӣ таъмини ягонагии муҳити меъморию фазоӣ, нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва меъморӣ, коркарди системаҳои меъморию сохтмонии, ки ҷавобгӯй ба талаботи муосир ва шароити табиию иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зарур аст;

5) дар шаҳрсозӣ ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатии шаҳрсозӣ, ки омилҳои низоми иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологиро ба инобат мегиранд ва онҳо рушди устувори минтақаҳои алоҳида ва дар умум ҷумҳуриро таъмин менамоянд, заруранд.

24. Стратегия афзалият ва самтҳои асосии фаъолияти шаҳрсозии зеринро муайян месозад:

1) пешбурди назорати давлатӣ аз болои амалишавии фаъолияти шаҳрсозӣ, истифодаи заминҳои шаҳрҳо ва маҳалҳо, инчунин захирасозӣ ва пешниҳоди қитъаҳои замин бо мақсади сохтмон дар ҳудудҳои шаҳрҳо ва маҳалҳо, мутобиқ ба ҳуҷҷатгузориҳои шаҳрсозии сатҳҳои дахлдор;

2) рушди мутавозуни воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар асоси нигоҳдорӣ ва таҳкими системаҳои устувори ҷойгиркунонӣ:

- рушди ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дар ҳамбастагӣ бо дурнамоиҳои рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо;

- такмили инфрасохтори иҷтимоии шаҳрҳои хурд, маҳалҳои аҳолинишини деҳот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолии дар ҳудудҳои ҳамшафат зиндагидошта;

- рушди соҳаи сайёҳӣ бо муҳайё кардани шароити муносиб барои амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва истироҳат;

3) рушди ҳамаҷонибаи муҳити зиндагии аҳолӣ ва таъмини бехатарии экологии маҳалҳои аҳолинишин:

- истифодаи усулҳои нав ҷиҳати ташаккули фазои ҷамъиятӣ бо дарназардошти манфиатҳои аҳолӣ барои баланд бардоштани бароҳатӣ ва гуногунсозии муҳити шаҳрӣ;

- азнавсозии маҷмӯии шаҳрсозии ҳудудҳои ғайрисамаранок истифодашаванда;

- татбиқи низоми зеҳнии идоракунии таъмини зиндагии шаҳр дар асоси технологияҳои муосири иттилоотӣ - коммуникатсионӣ;

- нигоҳдорӣ, ободонӣ ва рушди ҳудудҳои манзаравӣистироҳатӣ;

- татбиқи дизайни универсалӣ дар ташаккули муҳити бемамонеа барои зиндагӣ бо дарназардошти талаботи ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ;

4) рушди инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётии маҳалҳои аҳолинишин:

- сохтмон ва азнавсозии нуқтаҳои мавҷудаи нақлиётию мубодилавӣ дар маҷмӯъ бо иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ;

- ташаккули инфрасохтори муҳандисӣ ва нақлиётии минтақаҳои истиқоматӣ (маҳаллаҳо), ки сари вақт ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохтори иҷтимоиро таъмин менамоянд;

- истифодабарии манбаъҳои имконпазир ва барқароршавандаи энергия бо мақсади таъмини иқтисодӣ ва экологии фаъолияти ҳоҷагидорӣ;

- рушди низоми ҷамъоварии ҷудогона, безараргардонӣ ва ҷалби захираҳои дубораи моддӣ, аз ҷумла, сохтмони маҷмааҳои минтақавии коркарди партовҳо бо нуқтаҳои ба навъҳо ҷудокунанда ва боркунанда;

- рушди муносиби сохтори меъморию банақшагирии маҳалҳои аҳолинишин бо дарназардошти нигоҳдорӣ ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ;

5) таъминоти меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ:

- мутобиқсозии қонунгузорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, такмилдиҳӣ ва рушди заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии соҳаи сохтмон дар самти танзими техникии фаъолияти шаҳрсозӣ;

- мукаммалгардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти шаҳрсозӣ дар қисмати тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ ва мақомоти идоракунии маҳаллӣ;

- таъмини амалишавии ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии тасдиқшуда;

- муносибгардонии ваколатҳои зерсохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва фармоишдиҳанда, ки ваколатҳои давлатиро дар соҳаи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар ҳудудҳои воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ амалӣ менамоянд;

6) таъминоти илмию методӣ:

- рушди тамсилагардонии иттилоотӣ дар раванди таҳияи ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ;

- муносибгардонии усулҳои пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мониторинги он;

- дар амалияи сохтмони манзил ҷорӣ намудани унсурҳои замонавии банақшагирӣ, ки ба принсипҳои инноватсионии иморатсозии минтақаҳои истиқоматӣ (маҳаллаҳо) асос ёфтааст;

- ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии системаҳои ҳоҷагии манзилию коммуналӣ ва таъмини бехатарӣ;

- такмилдиҳии усулҳои асосноккунии иқтисодии азхудкунии ҳудудҳо ва шартҳои шаҳрсозӣ бо мақсади рушди минбаъдаи маҳалҳои аҳолинишин;

- муайян намудани тартиби лоиҳакашии таҷрибавӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ки татбиқи усулҳои нави банақшагирӣ ва иморатсозии ҳудудҳо, истифодаи воситаҳои ихтирокоронаи (навгонии) меъморӣ ва дизайни муҳити зиндагиро таъмин менамояд;

7) таъминоти лоиҳавӣ:

- таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, ки танзими баландии иморатсозӣ ва офаридани симои муассири меъмории шаҳри Душанбе, дигар шаҳрҳои бузург ва калонро пешбинӣ менамояд;

- табдили минтақаҳои истеҳсолӣ ба минтақаҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятию корӣ;

- истифодабарии афзалиятноки энергияи барқӣ;

- баланд бардоштани самаранокии энергияи минтақаҳои истиқоматӣ;

- рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ ва нақлиётӣ;

- истифодабарии самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини суботи экологӣ;

- рушди мутавозун ва оқилонаи ҳудудҳо;

- ҳифзи ҳудудҳо аз хатарҳои дорои хусусияти табиӣ, техногенӣ ва иҷтимоӣ ва ҳолатҳои фавқулода тавассути ҳалҳои дахлдори шаҳрсозӣ ва меъморию банақшагирӣ, муҳандисӣ ва чорабиниҳои ташкилию ҳоҷагӣ;

- татбиқи равандҳои технологии кампартов;

- таъмини шаҳрвандон бо иншооти таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ;

- таъмини ягонагӣ ва рушди ба худ хоси муҳити меъморию фазоӣ, нигоҳдорӣ, ташкил, рушди хусусиятҳои хоси фарҳангӣ ва миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва равандҳои замонавӣ дар меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- нигоҳдорӣ, барқарорсозӣ ва азнавсозии биноҳо ва иншооти мероси таърихӣ, фарҳангӣ, меъморӣ ва ҳудудҳои табиии махсусан ҳифзшаванда;

- рушд ва татбиқ намудани равияҳои инноватсионии илм, техника ва технологияҳо дар соҳаи сохтмон;

8) таъминоти иттилоотӣ:

- такмили таъминоти иттилоотии фаъолияти шаҳрсозӣ бо мақсади иттилоотонии аҳолӣ оид ба тағйироти банақшагирифташудаи муҳити зиндагӣ, баланд бардоштани асосноккунии ҳалҳои лоиҳавӣ, самарабахшии амалишавии онҳо ва баҳисобгирии фикру андешаҳои аҳолӣ;

- ба аҳолӣ расонидани иттилоот оид ба ҷойҳои истироҳатӣ ва иншооти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаи ҷаҳонии Интернет;

- ҳамасола амалӣ намудани мониторинг ҷиҳати баамалбарории самтҳои асосии сиёсати шаҳрсозӣ;

9) таъминоти молиявӣ:

- истифодабарии воситаҳои молиявии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ташкилотҳои байналмилалӣ барои коркард ва амалигардонии барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи шаҳрсозӣ;

- маблағгузории таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии умумӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии махсус ва лоиҳаҳои шаҳрсозии ҳудудҳои танзими давлатии махсус - аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;

- ҷорӣ намудани воситаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳангоми азхудкунӣ ва рушди ҳудудҳо, ташкили инфрасохтор, аз ҷумла амалишавии таҷдиди системаҳои таъминоти муҳандисии маҳалҳои аҳолинишини деҳот аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, маблағҳои фармоишгарон, иморатсозон;

10) самаранокии идоракунии фаъолияти шаҳрсозӣ:

- таъмини самаранокии низоми идоракунии давлатӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ оид ба идоракунӣ ва танзим дар соҳаи банақшагирии шаҳрсозии рушди ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин;

- такмили низоми идоракунии мақомоти ваколатдор дар соҳаи шаҳрсозӣ;

- баланд бардоштани мақом ва нақши мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба коркард ва амалисозии сиёсат дар соҳаи фаъолияти меъморию сохтмонӣ;

- муносибгардонии вазифаҳои зерсохторҳои минтақавии меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар самти амалисозии банақшагирӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин;

- такмилдиҳӣ ва муносибгардонии системаҳои назорати давлатӣ ҷиҳати амалишавии фаъолияти шаҳрсозӣ, истифодаи заминҳои шаҳрҳо ва маҳалҳо инчунин захирасозӣ ва пешниҳод кардани қитъаҳои замин бо мақсади сохтмон дар ҳудудҳои шаҳрҳо ва маҳаллаҳо аз рӯи ҳуҷҷатгузориҳои шаҳрсозии сатҳи дахлдор;

- ҳамоҳангсозӣ ва такмили кори байниидоравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар вазорату ташкилотҳои давлатии соҳаҳои ба ҳам наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти шаҳрсозӣ ва меъёрэҷодкунӣ;

- такмили низоми тайёркунӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, инкишофи иқтидорҳои илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ;

- ташкили дастури ягонаи маъмурӣ дар сохтмон, ки ҳамаи равандҳои сохтмонро, аз ҳуҷҷатгузории ибтидоии иҷозатномадиҳӣ, коркарди ҳуҷҷатгузории лоиҳавию харҷномавӣ ва экспертизаи он сар карда, то давраи баистифода супоридани объект пешбинӣ мекунад;

- омодасозии ҳуҷҷатгузории марбут ба марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани принсипҳои суғуртакунӣ дар фаъолияти лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ ва сохтмонӣ дар асоси омӯзиши амалияи пешрафтаи байналмилалӣ;

- муайянсозии принсипҳо ва усулҳои дизайни универсалии муҳит бо истифодаи минбаъдаи он зимни лоиҳакашӣ ва сохтмон;

- ташкили асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолият оид ба сохтмони объектҳои ғайриманқул бо ҳиссагузорӣ, ки ба ҷалб намудани маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ (иштирокчиёни сохтмони ҳиссагӣ) барои сохтмони объекти ғайриманқул бо ҳиссагузорӣ равона гардидааст;

- такмил ва рушди стандарти кории низоми "Равзанаи ягона";

- дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандгардонӣ барои кам кардани сарфаи энергия дар бахши сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, истифодаи технологияҳои сарфакунанда ва самараноки энергия, масолеҳҳо ва таҷҳизот, таҳия ва татбиқ намудани бино ва иншооти энергиясамаранок;

- тақвият ва рушди иқтидори истеҳсолӣ дар бахши сохтмон ва дар соҳаи саноати масолеҳҳо, маснуот, конструксияҳо ва техникаи сохтмонӣ;

- таҳияву коркарди барномаҳо ва ташкили сохтор оид ба муоинаи техникӣ, аудити энергетикӣ, экспертиза ва шиносномакунонии унсурҳои сохтории хоҷагидории шаҳр;

- таъмини истифодаи самараноки заминаи моддию техникии иқтисодиёт, такмили фаъолияти сохтор оид ба истифодабарии муносиби техникӣ ва баланд бардоштани самарабахшии идораи фонди молу мулки ғайриманқули кишвар;

- муносибгардонии низоми назорати давлатӣ дар шаҳрсозӣ;

- такмили механизмҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ, ки амалишавии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бо зерсохторҳои ҳудудии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҳангоми омодасозӣ ва қабули ҳалҳо оид ба татбиқи сиёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ, таъмин менамоянд;

- истифодаи барномаҳои таълимӣ барои ҷалб намудани шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ дар раванди банақшагирии ҳудудҳо;

- такмили низоми тайёркунӣ ва бозомӯзии кадрҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ мутобиқ ба рағбату истеъдод, қобилият, таҳсилот, омодагии касбӣ ва бо дарназардошти талаботи ҷамъиятӣ.

25. Самтҳои асосии амалишавии Стратегия аз инҳо иборат мебошанд:

- рушди шаҳрсозии ҳудудҳо;

- сохтмони манзил;

- сохтмони объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ;

- сохтмони объектҳо дар деҳотҷойҳо;

- сохтмон ва истифодабарии объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- сохтмони объектҳои инфрасохтори муҳандисӣ;

- сохтмони объектҳои ғайриманқул бо роҳи ҳиссагузорӣ;

- ҳифзи меҳнат дар сохтмон;

- такмили низоми лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва гузаронидани ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ;

- лоиҳакашии намунавӣ дар сохтмон;

- такмили низоми танзими меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ дар соҳаи сохтмон;

- мукаммалгардонии расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ;

- такмилдиҳии низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон;

- ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии пешрафта;

- такмили низоми иҷозатномадиҳӣ дар фаъолияти шаҳрсозӣ;

- такмил ва муносибгардонии системаҳои экспертизаи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ;

- рушди низоми таҳсилоти касбӣ;

- тақвияти иқтидори кадрӣ ва низоми тахассусҳо дар соҳаи сохтмон;

- такмил ва рушди фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи сохтмон;

- рақамикунонии соҳаи сохтмон;

- такмилдиҳӣ ва муносибкунонии низоми назорат ва санҷиш дар соҳаи сохтмон;

- ҳимояи ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин аз таъсири ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ;

- баланд бардоштани энергиясамаранокии биноҳо ва иншоот, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия ва захираҳо дар соҳаи сохтмон;

- ҳифзи муҳити зист;

- таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ва дигар гуруҳҳои камҳаракати аҳолӣ дар иншооти сохтмон;

- таъмини иттилоотӣ.

4. РУШДИ ШАҲРСОЗИИ ҲУДУДҲО

26. Низоми банақшагирии ҳудудҳо ва лоиҳакашии шаҳрсозӣ ба талаботи замони муосир ба пуррагӣ ҷавобгӯ набуда, мувофиқат ва сифати ҳуҷҷатгузории шаҳрсозиро таъмин намекунад, ки ин дар навбати худ барои рушди мутавозун, маҷмӯӣ ва устувори ҳудудҳо монеа гашта, ҷолибияти сармоягузорӣ ва сайёҳии онҳоро коҳиш медиҳад ва ба талаботи рушди бахшҳои илмии иқтисодиёти дорои технологияи баланди мамлакат ҷавоб намедиҳад.

27. Мавҷуд набудан ва / ё номукаммалии ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ ба иморатсозии бетартибонаи шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ва истифодабарии ғайрисамараноки масоҳати ҳудудҳо оварда мерасонад.

28. Мақсади Стратегия дар соҳаи рушди шаҳрсозии ҳудудҳо ин баланд бардоштани самаранокии лоиҳакашии шаҳрсозӣ бо дарназардошти вазифаҳои мубрами рушди устувори ҳудудҳо дар асоси банақшагирии онҳо ва минтақабандии шаҳрсозӣ ва баланд бардоштани сифати муҳит барои зиндагии шаҳрвандон мебошад.

§1. Мушкилоти асосӣ

29. Мушкилоти асосӣ дар низоми банақшагирии ҳудудҳо ва лоиҳакашии шаҳрсозӣ:

- мавҷуд набудани тарҳҳои банақшагирии ҳудудҳо ва минтақабандии шаҳрсозии ҳудудҳои истифодабарии табиат ва ташкили қувваҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мавҷуд набудани нақшаҳои генералии маҳалҳои алоҳидаи аҳолинишин ё риоя нагардидани онҳо ҳангоми сохтмони биноҳо ва иншоот ба иморатсозии маҷмӯии ҳудудҳо таъсири манфӣ мерасонад;

- мавҷуд набудани тарҳи генералии рушди таъмини шабакаҳои муҳандисию техникӣ ҳам дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ;

- мавҷуд набудани механизмҳои мутобиқгардонии ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудҳо ва ҳуҷҷатгузории банақшагирии стратегии ҳамаи сатҳҳо;

- номуайянии механизмҳои гузариш аз нақшаи генералӣ ба ҳуҷҷатгузории банақшагирии ҳудудҳо;

- номуайянии воситаҳои таъминоти мутобиқатии қоидаҳои иморатсозӣ ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудҳо;

- мавҷуд набудани низомнокӣ ва пайдарпайии таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатгузории шаҳрсозии ҳамаи сатҳҳо, шурӯъ аз тарҳҳои генералии банақшагирии ҳудудҳо то нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин;

- номукаммал будани пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ ва амалишавии мониторинги объектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ;

- нокифоя будани иттилоотонии мунтазами аҳолӣ оид ба фаъолияти шаҳрсозӣ.

§2. Афзалиятҳо

30. Самтҳои асосии афзалиятнок дар фаъолияти шаҳрсозӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:

- амалӣ намудани банақшагирии ҳудудҳо ва лоиҳакашии шаҳрсозӣ мутобиқ ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи шаҳрсозӣ дар ҳамаи ҳудуди мамлакат ва минтақаҳои он;

- таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди мамлакат, тарҳи банақшагирии рушди қисмҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарҳи банақшагирии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳудудҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- ҳуҷҷатҳогузорӣ доир ба иморатсозии ҳудудҳои минтақаҳои аҳолинишин, тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаҳои рушди инфрасохтори муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ бо мақсади оқилона ҷойгиронии маҳалҳои аҳолинишини нав ва рушди маҳалҳои аҳолинишини мавҷуда дар ҳамбастагӣ бо дурнамоиҳои дарозмуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини афзоиши дурнамоии маҳалҳои намуди шаҳрӣ, шаҳрҳои хурд ва миёна, бо маҳдудияти ҳамзамонии афзоиши шаҳрҳои калон;

- азнавсозии маҷмӯии иморатҳои мавҷуда;

- коркарди муносибатҳо ҷиҳати бо ҳам мутобиқгардонии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии ҳудудии воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- коркарди воситаҳои бо ҳам мутобиқгардонии банақшагирии ҳудудҳо, минтақабандии шаҳрсозӣ ва банақшагирии ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани самаранокии амалисозии нақшаҳои генералӣ, заминистифодабарӣ ва идоракунии рушди ҳудудҳо.

§3. Вазифаҳои асосӣ

31. Вазифаҳои асосие, ки барои баланд бардоштани самаранокии низоми рушди шаҳрсозии ҳудудҳо бояд ҳал карда шаванд, инҳо ба ҳисоб мераванд:

- такмили ҳайат, таркиб, тартиби таҳия, мувофиқасозӣ ва тасдиқи нақшаҳои генералӣ ва лоиҳаҳои банақшагирии ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмили таъминоти меъёрии ҳуқуқии фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳои воҳидҳои маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ноил гаштан ба фарогирии пурраи маҳалҳои аҳолинишин бо тарҳҳои рушди ҳудудҳо;

- пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ дар сатҳҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ;

- баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо дар самти лоиҳакашии шаҳрсозӣ ва меъморию сохтмонӣ бо мақсади ташаккули муҳити шаҳри бароҳат ва бехатар;

- ба нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин додани мақоми ҳуҷҷати оммавӣ, ки алоқамандии дуҷонибаро ҳам бо банақшагирии стратегии рушди маҷмӯии шаҳрсозӣ ва ҳам бо танзими пешакии иморатсозӣ ва заминистифодабарӣ таъмин менамояд;

- ба лоиҳаи банақшагирӣ додани мақоми ҳуҷҷати асосии ҳуқуқии шаҳрсозӣ, ки он талаботи ниҳоиро ба иморатсозӣ ва заминистифодабарӣ дар асоси ҳалҳои нақшаи генералӣ муқаррар менамояд;

- бозбинӣ намудани консепсияи ташаккули шаҳрҳои хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти дар онҳо ташкил намудани имконияти рушди минтақаҳои истеҳсолӣ (саноатӣ, кишоварзӣ, илмӣ, истироҳатию осоишгоҳӣ), манзилӣ, ҷамъиятӣ, санитарию муҳофизатӣ, коммуналию анборӣ ва дигар минтақаҳо, бо имконияти тағйироти чандиронаи таносуби фоизии онҳо;

- таҳияи барномаҳои ташаккули ҳудудҳои сайёҳию истироҳатӣ, рушди саноати сайёҳӣ бо фароҳам овардани шароити мусоид барои амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ, инчунин таъмини нигоҳдории мероси таърихию фарҳангӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;

- таҳияи барномаи азнавсозии маҷмӯавии шаҳрсозии ҳудудҳои истифодабариашон ғайрисамаранок бо мақсади рушди истеҳсолоти инноватсионӣ, ҷойгиркунонии объектҳои ҷамъиятии шаҳрии бисёрфунксионалӣ ва иморатсозии истиқоматӣ;

- истисно намудани паҳншавии иморатҳои ба функсияи истироҳатӣ дахлнадошта дар ҳудудҳои манзаравию истироҳатӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои ободонии ҳудудҳои манзаравию истироҳатии истифодаи умум ва беҳтар намудани вазъи экологии минтақаҳои ҷамъиятию кории маҳалҳои аҳолинишин;

- такмили низоми таъминоти муҳандисию техникӣ ва инфрасохторӣ бо роҳи таҳияи тарҳҳои ҳудудии рушди шабакаҳо ва иншооти таъминоти муҳандисию техникӣ ва тартиби амалисозии онҳо;

- барӯйхатгирии низоми таъминоти муҳандисию техникӣ бо таҳлили мувозӣ ва таъмини шаффофи истифодабарии воқеан мавҷудаи захираҳои гармию энергетикӣ, истеъмоли об ва рафъи обҳои партов;

- ҷорӣ намудани таъминоти барномавӣ бо истифодаи барномаҳои мавҷудбуда;

- ташкили низоми электронии бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва назорати ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ;

- татбиқи имконияти амалишавии экспертизаи ҷамъиятии нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин вобаста ба мутобиқатии онҳо ба ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, манфиатҳои ҷамъият ва давлат;

- фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сатҳи касбии хизматчиёни давлатӣ ва маҳаллӣ, инчунин мутахассисони соҳавӣ дар самти рушди ҳудудҳо, меъморӣ ва шаҳрсозӣ;

- ташкили низоми аттестатсияи касбии шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти касбӣ оид ба таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ аз ҷониби фармоишгарон машғул мебошанд.

5. СОХТМОНИ МАНЗИЛ

32. Талаботҳои демографӣ ва экологӣ, ки иқтисодиёти мамлакат ба онҳо бармехӯрад афзоиши талабот ба манзил ва шароити маишӣ, ифлосшавии муҳити зист, таназзули замин, коҳиш аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, дастрасӣ ба оби тоза ва санитария, истифодабарии партовҳои маишӣ ва як қатор мушкилоти дигарро дар бар мегирад.

33. Вазифаҳои дарозмуҳлати сиёсат оид ба беҳтар намудани шароити манзилию маишии аҳолӣ бо зиёдшавии таъминнокӣ ба масоҳати истиқоматӣ, васеъшавии имкониятҳо ба манзили мустақил, махсусан ба оилаҳои камбизоат ва ҷавон, беҳтар намудани сифати манзил, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби дастрасии хуб ба хизматрасониҳои коммуналӣ, махсусан дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот, беҳтар намудани устувории молиявии муассисаҳои ҳоҷагии манзилию коммуналӣ, ташкили минтақаҳои бехатар аз нуқтаи назари пешгирии хатари офатҳои табиӣ алоқаманд аст.

34. Дар солҳои охир ҳаҷми ба истифода додани хонаҳои истиқоматӣ асосан аз ҳисоби сармоягузориҳои ғайридавлатӣ зиёд гардиданд. Дар маҷмуъ фонди манзил айни замон 104,8 млн метри муррабаъро ташкил медиҳад (нишондодҳо барои соли 2020).

35. Ҳаҷмҳои асосии ба истифода додани манзил ба шаҳрҳои калон рост меояд. Дар онҳо марказҳои ҷалби аҳолӣ ташаккул ёфтанд ва талаботи асосии аҳолӣ ба манзил пайдо гардидааст.

36. Омили муҳимми рушди соҳаи манзил ин талаботи ҷамъшудаи аҳолӣ ба беҳтар намудани шароити манзилӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд, мушкилоти ҷиддӣ ин таъмини рушди мутавозуни бозори манзил дар шароити талабот ба манзили замонавӣ ва бароҳат ба ҳисоб меравад. Бояд шароит на танҳо барои афзоиши сохтмони манзили бисёрҳуҷрадор, балки амалишавии имконияти беҳтар намудани шароити зиндагӣ барои оилаҳо бо роҳи сохтмони манзилҳои инфиродӣ фароҳам оварда шавад.

37. Самти алоҳидаи рушди сохтмони манзил ин ҳавасмандгардонии беҳтар намудани шароити манзилӣ дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот мебошад.

38. Аз рӯи нишондодҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати охири соли 2020, таъминнокии аҳолӣ бо манзил 11,1м2/нафарро ташкил дод, ки ин ба 92,5 фоиз нишондоди меъёрии муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (12 м2/нафар) баробар аст.

39. Афзоиши ҳаҷми сохтмони манзил бояд бо баланд шудани сифати муҳити шаҳрӣ ҷудонопазир алоқаманд бошад. Рушди устувор ва афзоиши иқтисодӣ бо рушди муҳити муфиди шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва муҳандисии шаҳрҳо алоқамандии бевосита дорад.

40. Урбанизатсия-раванди калидии зиндагии муосир аст. Мушкилоти асосии шаҳрҳо ин ҷойгиронии нобаробари муҳити манзилӣ ва корӣ, муҳоҷирати баланд, зичии калони иморатсозӣ, зичии паст ва қобилияти гузарониши шабакаҳои кӯчаю роҳҳо, нокифоя рушд ёфтани нақлиёти ҷамъиятӣ, мушкилоти экологӣ, ба монанди ифлосшавии муҳити атроф, нарасидани равшаннокӣ (инсолятсия), аэратсия, ғалоғула ва ғ. ба ҳисоб мераванд. Иморатсозии нав бе дарназардошти имкониятҳои инфрасохтор амалӣ карда мешавад, нарасидани фазоҳои ҷамъиятии ободонишуда эҳсос мегардад.

§1. Мушкилоти асосӣ

41. Мушкилоти муҳим дар таъмини аҳолӣ бо манзили дастрас ин нокифоягии корҳо дар самти қарздиҳии имтиёзнок ва ипотекӣ, нокифоягии ҳудудҳои дахлдор барои сохтмони манзил ба ҳисоб меравад.

42. Қисми воқеии фонди манзил аз биноҳое, ки онҳо аз ҷиҳати маънавӣ ва физикӣ куҳна шудаанд, иборат мебошад. Нишондодҳои мушаххас, оид ба ҳолати техникии биноҳо ва системаҳои ҳоҷагии коммуналӣ, системаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ вуҷуд надоранд.

43. Қисми зиёди сохтмони инфиродӣ, махсусан дар маҳалҳои аҳолинишини деҳот, бе дарназардошти талаботи бехатарӣ, хусусан зилзилатобоварӣ, дар ҳудудҳои зери хатарҳои гуногуни табиию геотехникидошта, ки минбаъд метавонад хатари ҷиддӣ эҷод намояд, амалӣ карда мешаванд.

44. Раванди афзояндаи муҳоҷирати дохилӣ аз маҳалҳои аҳолинишини деҳот ба шаҳрҳои калон, ҳалли фаврии мушкилоти манзилро дар ҳудуди ҷумҳурӣ тақозо менамояд.

45. Ба мушкилоти асосӣ дар соҳаи сохтмони манзил метавон дохил намуд:

- нарасидани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил;

- самаранокии пасти истифодаи заминҳо бо иқтидори калони шаҳрсозӣ;

- нокифоягии мониторинги ҳолати фонди манзил ва қитъаҳои замин, сохтмони манзил, маблағгузории манзилӣ ва бозори манзил;

- қафомонии бахши коммуналӣ, ки ҳамчун бахши иқтисодиёти ҷолиб барои сармоягузорӣ аз тарафи тиҷорати хусусӣ ташаккул наёфтааст;

- фарсудашавии инфрасохтори ҳоҷагии манзилию коммуналӣ;

- мавҷуд набудани муносибати бонизом ҷиҳати истифодабарии биноҳои истиқоматӣ ва нигоҳдории фонди манзил. Ҳамчунин фаъолияти манзилию коммуналӣ танзим нагаштааст, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрии танзимдарорандаи фаъолияти ташкилотҳои истифодабаранда айни замон мавҷуд нестанд;

- ҳиссаи нокифояи хонасозии саноатии баставӣ ва қолабӣ;

- нобаробарӣ ба дастрасии системаҳои бехатари обтаъминкунии нушокӣ, санитария ва беҳдоштӣ, гармкунӣ ва барқтаъминкунии бахши манзил байни маҳалҳои аҳолинишини шаҳр ва деҳот;

- хатари баланди пайдошавии ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла дар натиҷаи тағйирёбии иқлим.

§2. Афзалиятҳо

46. Мақсади Стратегия дар соҳаи сохтмони манзил дастрасӣ ба манзил ва беҳтар намудани шароити манзилӣ мебошад, ки татбиқи самтҳои асосии афзалиятноки амалҳоро бо мақсади фароҳам овардани муҳити бароҳат барои зиндагӣ мутобиқ ба Стратегияи милии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмин менамояд.

47. Афзалиятҳои калидӣ дар соҳаи сохтмони манзил барои давраи то соли 2030 инҳо муайян гардидаанд:

- баланд бардоштани дастрасии манзил, таъмини афзоиши сохтмони манзил, паст кардани арзиши он, баланд бардоштани бароҳатии манзил ва сифати он, мутобиқ намудани фонди манзили мавҷуда ва инфрасохтори коммуналӣ ба стандартҳои бехатарӣ ва сифат;

- фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани ҳаҷми сохтмони манзил, ки барои ин такмилдиҳии механизмҳои маблағгузориҳои сохтмони манзил, навкунии пойгоҳҳои истеҳсолии корхонаҳои сохтмонӣ, рушди сохтмони манзили инфиродӣ, кам намудани таъсири фишори маъмурӣ ба иморатсозон, таъмини истифодабарии самараноки захираҳои замин ва истифодаи механизмҳои дигар зарур аст;

- ташаккули муҳити замонавии бароҳати шаҳрӣ ва зиёд намудани ҳаҷми сохтмони манзил дар доираи азхудкунии ҳудудҳои нав. Сохтмони нав ва таҷдиди ҳудудҳои иморатсозишуда бояд мутобиқ ба талаботи ҳуҷҷатҳои методии замонавӣ амалӣ гарданд, ки онҳо бояд истифодаи самараноки захираҳои заминро бо роҳи ташкили иморатсозӣ бо ҷойгиркунонии муфид ва гуногунсохт, рушди шабакаҳои кӯчаю роҳҳо ва баланд бардоштани сифати фазоҳои ҷамъиятӣ, инчунин бехатарии экологӣ, беҳтар намудани сифати муҳити атроф ва ободонии ҳудудҳои шаҳрӣ таъмин намоянд;

- таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо, ки барои ҳавасмандгардонии рушди мутавозунии сохтмони манзил (ноил гаштан ба мутавозуни иморатсозии бисёрошёна ва камошёна) вобаста аз талабот ва афзалиятҳои рушди ҳудудҳои мушаххас равона гардидаанд;

- таъмини дастрасии хариди манзил бо ёрии маблағҳои худӣ ва қарзӣ. Воситаи калидии бозоргонии таъмини талабот ба беҳтар намудани шароити манзил бояд ипотека бошад, ки тавассути он бештар шартномаҳо оид ба манзил дар сохтмонҳои нав баста мешаванд;

- баланд бардоштани дастрасии қарзҳои ипотекӣ барои гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон бо истифодаи механизмҳои амалкунандаи қарздиҳӣ;

- паҳн намудани муқаррароти қонунгузорӣ оид ба сохтмони ҳиссагӣ ба сохтмони манзили инфиродӣ;

- пешниҳоди субсидия барои сохтмони манзили инфиродӣ;

- таҳияи барномаи давлатӣ оид ба сохтмони манзили иҷтимоӣ ва дастрас бо дарназардошти ҳалли масъалаҳо оид ба ҷудо намудани қитъаҳои замин бо шартҳои имтиёзнок барои сохтмони он;

- таҳия ва татбиқи барномаи маҷмӯии азнавсозии биноҳои истиқоматӣ;

- рушд ва стандартикунонии сохтмони манзили инфиродӣ;

- рушди сохтмони камошёна дар ду самтҳои ояндадориморатсозии камошёна бо зиччии зиёд дар шаҳрҳо, асосан дар маҳалҳои ноҳамвор ва сохтмони хонаҳои камхарҷи якҳуҷрадор ва блоконидашудаи истиқоматӣ аз масолеҳҳои сохтмонии маҳаллии самаранок дар дигар маҳаллаҳо;

- рушди махсусиятнокии манзил вобаста ба талаботи навсозиҳои фонди манзили мавҷуда бо таъминоти зисти боэътимод ва бехатари аҳолӣ;

- баланд бардоштани ҳиссаи хонасозии саноатӣ;

- ташаккули фонди истифодабарии иҷоравии тиҷоратӣ, корпоративӣ ва иҷтимоӣ;

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои замин, дар сохтмони манзил ҷалб намудани қитъаҳои замини ғайрисамаранок истифодашаванда, ки дар моликияти давлатӣ ва маҳаллӣ қарор доранд;

- амалӣ намудани мониторинги нишондодҳои додани иҷозатномаҳо барои сохтмон ва оғози корҳои сохтмонӣ;

- баланд бардоштани дастрасии системаҳои обтаъминкунии нушокӣ, санитария ва беҳдоштӣ;

- тақвияти ҳавасмандгардониҳо оид ба ҳифзи муҳити зист барои аҳолӣ ва субъектҳои ҳоҷагидор;

- рушди низоми идоракунии хатарҳои ҳолатҳои фавқулода.

§3. Вазифаҳои асосӣ

48. Дар самти баланд бардоштани дастрасии манзил:

- рушди бозори аввалияи қарздиҳии ипотекӣ;

- мусоидат ба ташаккули мақсадноки ҷамъоварии маблағҳо аз тарафи аҳолӣ бо мақсади харидории манзил;

- рушди маҷмӯии бозори ғайриманқул, ки зарурати такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ба қитъаҳои замини зери сохтмони манзил вобаста намудани ҳуқуқи соҳибӣ, зиёд намудани пешниҳодҳо оид ба заминҳои шаҳрӣ барои манзил, таъмини дастрасии ҳиссаи кофии он барои ҳоҷагиҳои хонадор бо даромади сатҳи миёна, рушди стандартҳои миллӣ ва барномаҳои маблағгузорӣ барои банақшагирии шаҳрӣ, идоракунии замин ва минтақабандӣ барои таъмини кифояи пешниҳодҳо ба манзили арзон;

- ташаккули низоми дастгирӣ барои дастрасӣ ба манзил, аз ҷумла оилаҳои камбизоат ва оилаҳои ҷавон.

49. Дар самти таъмини рушди низоми хизматрасониҳои коммуналӣ:

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои истифодабаранда ва сохторҳои хоҷагии манзилию коммуналиро ба танзим медарорад;

- ташаккули механизмҳои ҳавасмандгардонии ҷалб намудани захираҳои молиявии дарозмуҳлат барои рушди инфрасохтори муҳандисию техникии шаҳрӣ ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот бо истифодаи манбаъҳои гуногун.

50. Дар самти баланд бардоштани дастрасии низоми обтаъминкунии нушокӣ, санитария ва беҳдоштӣ:

- ташаккули низоми коркардҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ оид ба идоракунии низоми обтаъминкунии нушокӣ, санитария ва беҳдоштӣ;

- таҳия намудани барномаҳои сармоягузорӣ барои маблағгузории сохтмон /эҳёи низоми обтаъминкунӣ ва рафъи партовҳои об, шабакаҳои дохилиҳоҷагии обрасонӣ ва чоҳҳо, васеъкунии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрӣ;

- васеъкунии ҳамкории байналмилалӣ ва дастгирӣ дар тақвияти иқтидори миллӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва санитария.

51. Дар самти тақвияти ҳавсмандкуниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист:

- ташаккули маҷмӯи ҳавасамандиҳо оид ба сарфаҷӯии об, газ, барқ;

- ташаккул ва паҳн намудани механизмҳои мутобиқгардонӣ ба тағйирёбии иқлим бо васеъкунии ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур;

- рушди низоми ҷамъоварии ҷудогона, безараргардонӣ ва коркарди захираҳои моддии муштарак ва партовҳои маишӣ барои аз нав истифодабарӣ аз ҷониби шаҳрвандон.

52. Дар самти рушди низоми идоракунӣ ба хатарҳои ҳолатҳои фавқулода:

- афзоиши иқтидорҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулода, омодагӣ ба онҳо ва сабукгардонии оқибатҳо;

- якҷоягии амалҳо оид ба камкунии хавфи ҳолатҳои фавқулода ва иқлимӣ дар низоми идоракунии бахшҳои иқтисодиёти мамлакат;

- таҳия ва татбиқи воситаҳои коҳишдиҳандаи осебпазирии иҷтимоӣ дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулода;

- омодасозии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки такмили механизми танзими ҳуқуқиро дар фазои сохтмони истиқоматии инфиродӣ пешбинӣ менамояд.

6. СОХТМОНИ ОБЪЕКТҲОИ ИНФРАСОХТОРИ ИҶТИМОӢ

53. Афзалиятҳои рушд дар соҳаи сохтмони объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, бо мақсадҳои рушди сохтмони манзили истиқоматӣ зич алоқаманд мебошад. Яке аз омилҳои асосӣ, ки ба самти афзалиятноки такмили механизмҳои сохтмони инфрасохтори иҷтимоӣ таъсир мерасонад, ин нақшаҳо оид ба зиёд намудани ҳаҷми сохтмони манзилӣ, усулҳои нави банақшагирии ҳудудҳо, инчунин талабот ба баланд бардоштани самаранокии иқтисодии сохтмони чунин объектҳо ба ҳисоб мераванд.

54. Ғайр аз ин, яке аз вазифаҳои асосии рушди инфрасохтори иҷтимоӣ - ин таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ва муҳити муфиди зист, қатъиян баланд бардоштани сифати зиндагӣ, аз ҷумла, бо роҳи татбиқи лоиҳаҳои рушди маҷмӯавии ҳудудҳо бо мақсади ташкили муҳити босифати ҳозиразамони шаҳрӣ.

55. Талаботи ташаккулёфта ба сохтмони зиёд ва навсозии инфрасохтори иҷтимоӣ, ҷорӣ намудани намунасозии васеъро тақозо менамояд.

§1. Мушкилоти асосӣ

56. Мавҷуд набудани баҳисобгирии ташаккули низоми ягонаи инфрасохтори иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, муҳандисию нақлиётӣ ва инфрасохтори дигар, инчунин дар дурнамо рушдкунандаи робитаҳои меҳнатӣ, фарҳангию маишӣ ва истироҳатӣ дар доираи минтақаҳои таъсири маҳалҳои аҳолинишин.

§2. Афзалиятҳо

57. Ба афзалиятҳои асосӣ ва принсипҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои нави инфрасохтори иҷтимоӣ инҳо медароянд:

- ташкили боғҳои нав, гулгаштҳо, кӯчабоғҳо, марказҳои савдо, таъмини "минтақаҳои истиқоматӣ" бо ҳама нуқтаҳои иҷтимоию маишӣ, савдо, фарҳанг ва муассисаҳои дигар дар раванди таъмини шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нақшаҳои генералии тасҳеҳшуда бо дарназардошти банақшагирии рушди шаҳрӣ, сиёсати самараноки манзилӣ ва замин, ба тартиб даровардани ҳуқуқи моликият ба замин ва ғайриманқул ва бақайдгирии онҳо;

- таъмини махсусиятнокии хоси фарҳангӣ ва миллӣ дар меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- таъмини низоми умумии бехатарии биноҳо ва ҳудудҳои ҳамшафат бо дарназардошти хатарҳои табиӣ, техногенӣ ва инсонӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

58. Вазифаҳои асосӣ дар самти сохтмони объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- баҳисобгирии ташаккули низоми ягонаи ҷойгиронии инфрасохтори иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, муҳандисию нақлиётӣ ва инфрасохтори дигар, инчунин дар дурнамо рушдкунандаи робитаҳои меҳнатӣ, фарҳангию маишӣ ва истироҳатӣ дар доираи минтақаи таъсири маҳалли аҳолинишин;

- рушди маҷмӯии ҳудудҳо бо мақсади ташкили муҳити босифати замонавии шаҳрӣ, ки бо объектҳои зарурии инфрасохторӣ таъмин мебошад;

- васеъ ҷорӣ намудани намунасозӣ, ки самти ояндадори рушди сохтмони объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад;

- ташкили муҳити бемонеа барои нафароне саломатиашон маҳдуд (бардорандаҳо, лифтҳо, холиҷоҳои васеи дарҳо, пандусҳо ва ғайра);

- ташаккули муҳити бароҳати дохилӣ барои зиндагӣ;

- ташкил, рушд ва дастгирии шабакаҳои объектҳои муттавозии инфрасохтори иҷтимоӣ (объектҳои наздироҳӣ) қад қади роҳҳои автомобилгард.

7. СОХТМОНИ ОБЪЕКТҲО ДАР ДЕҲОТҶОЙҲО

59. Объектҳои дар деҳотҷойҳо бунёдшаванда ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:

1) биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ (объектҳои таъиноти иҷтимоӣ);

2) бино ва иншооти корхонаҳои саноатӣ оид ба коркарди маводи кишоварзӣ;

3) бино ва иншооти ҳоҷагии кишоварзӣ.

60. Биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ дар деҳотҷойҳо, объектҳои таъиноти иҷтимоӣ, бино ва иншооти корхонаҳои саноатӣ оид ба коркарди маводҳои кишоварзӣ ба намудҳои дахлдори биноҳо (аз рӯи намуди объектҳои сохтмон ва ҳоҷагии шаҳрӣ) мансуб буда, лоиҳакашӣ ва сохтмони онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии амалкунанда амалӣ карда мешаванд.

61. Биноҳои ҳоҷагии кишоварзӣ - ин биноҳое, ки равандҳои истеҳсолӣ вобаста ба ҳоҷагии кишоварзӣ дар онҳо анҷом дода мешаванд (биноҳо барои парвариши ҳайвонот ва парранда, нигоҳдорӣ ва таъмири техникии ҳоҷагии кишоварзӣ).

§1. Мушкилоти асосӣ

62. Ба мушкилоти асосӣ дар самти сохтмони иншоот дар деҳотҷойҳо инҳо мансуб мебошанд:

- мубрамият будани масъалаи такмил ва рушди заминаи меъёрии маълумотӣ ва методӣ оид ба лоиҳакашии биноҳо ва иншоот, инчунин таъиноти кишоварзӣ дар деҳотҷойҳо, аз ҷумла инфрасохтори муҳандисӣ. Дар солҳои охир раванди таҳия ва дар амал татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз воқеияти имрӯза хеле қафо мондааст, ки он яке аз сабабҳои ҷиддӣ ҷиҳати рафъи зуҳуроти манфӣ дар раванди лоиҳакашии объектҳо дар деҳотҷойҳо ба ҳисоб меравад;

- шароити куҳӣ, шароити мураккаби геологӣ, релефи мураккаб, ки ҳалли масъалаҳо оид ба лоиҳакашии меъморию сохтмонии биноҳо ва иншоотро дар деҳотҷойҳо мушкил мегардонад;

- парокандагии назарраси ҳудудӣ ва сохтмони номунтазами бетартибонаи иморатсозӣ дар деҳотҷойҳо, ки хароҷоти зиёдро барои ҳалли масъалаҳои инфрасохторӣ талаб менамояд;

- миқдори асосии объектҳо дар деҳотҷойҳо бе дарназардошти талабот оид ба бехатарӣ, махсусан зилзилатобоварӣ дар ҳудудҳои дорои таъсири ҳодисаҳои табиию геотехникидошта сохта мешаванд, ки минбаъд метавонад ба хатарҳои беасос оварда расонад;

- қисми зиёди биноҳо ва иншооти дар деҳотҷой мавҷудбуда аз ҷиҳати маънавӣ ва физикӣ куҳна шудаанд. Нишондодҳои мушаххас оид ба ҳолати техникии биноҳо ва иншооти мазкур, системаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ вуҷуд надоранд;

- мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ба сохтмони бетартиб дар деҳотҷойҳо оварда расонидааст.

§2. Афзалиятҳо

63. Афзалиятҳои асосӣ дар соҳаи сохтмони объектҳо дар деҳотҷойҳо аз инҳо иборат аст:

- рушди заминаи меъёрӣ дар соҳаи танзими техникӣ дар самти лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо ва иншоот дар деҳотҷойҳо;

- васеъгардонии ҷуғрофияи сохтмони объектҳои ҳоҷагии кишоварзӣ, инчунин навкунӣ ва зиёд намудани иқтидорҳо оид ба нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин васеъгардонии имкониятҳои содиротии зироатҳои гуногун;

- рушди сохтори бисёрмарказаи (бо марказҳои зиёди фаъолнокии корӣ) маҳалҳои аҳолинишин, беҳтар намудани робитаи байни шаҳру деҳот бо ёрии воситаҳои шаҳришавӣ;

- нисбат ба азхудкунии ҳудудҳои нави бесукунат пешниҳод намудани бартариҳо ба навкунӣ ва ҷараённокии истифодаи ҳудудҳои мавҷудаи маҳалҳои аҳолинишин, заминистифодабарии сарфакорона, инчунин нигоҳдории имкониятҳои гуногуни истифодабарии фазоҳо дар оянда;

- нигоҳдорӣ ва рушди устувори мавзеъҳои манзаравии табиӣ ва фарҳангӣ, махсусан - бо роҳи мусоидат ба рушди ҳудудҳои кишоварзӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бо ҷойгиркунии зичу муфиди бисёрвазифавӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

64. Вазифаҳои асосӣ дар соҳаи сохтмони объектҳо дар деҳотҷойҳо аз инҳо иборат аст:

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи танзими техникӣ оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо ва иншоот дар деҳотҷойҳо, аз ҷумла, таъиноти кишоварзӣ, ба монанди: меъёру қоидаҳои сохтмонии "Нақшаҳои генералии корхонаҳои кишоварзӣ", "Биноҳо ва ҳуҷраҳо барои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ", "Банақшагирӣ ва иморатсозии маҳалҳои аҳолинишини деҳот", "Хонаҳои истиқоматии якманзила" (ё "Манзилҳои истиқоматии намуди ҳавлидор") ва ғайра;

- таҳияи чораҳо оид ба пасткунии арзиши сохтмони объектҳои таъиноти кишоварзӣ, аз ҷумла бо роҳи истифодаи намунасозӣ;

- таҳияи ҳалҳои лоиҳавии намунавӣ оид ба сохтмони ҳуҷраҳои замонавӣ барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, зеро маҳсулоти кишоварзӣ яке аз молҳои асосии содиротӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳа низ ба васеъгардонии фаврии иқтидорҳо оид ба нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ талабот мавҷуд мебошад.

8. СОХТМОН ВА ИСТИФОДАБАРИИ ОБЪЕКТҲОИ ҲОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ

65. Яке аз самтҳои муҳимми ташаккули соҳаи сохтмони замонавӣ - ин гузариш ба идоракунии давраи ҳаётии объекти сохтмони асосӣ, ки ҳамаи давраҳои ҳаётии объекти сохтмониро дар бар мегирад: лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид, таъмир, аз байн бурдан ва ғайра ба ҳисоб меравад.

66. Давраи ҳаётии объектҳои ҳоҷагии манзилию коммуналӣ тибқи намуди фаъолияташ ба иҷрои корҳои гуногуни сохтмонӣ, сохтмонию васлгарӣ, таъмирӣ, корҳо ва равандҳои дигар вобаста мебошад. Ба ғайр аз ин, раванди истифодабарии объект аз ҳалли масъалаҳои техникии гуногун вобаста буда, барои ҳаллу фасли онҳо иштироки мутахассисони марҳилаи аввали бунёди объектҳои сохтмонӣ зарурат дорад. Ва баръакс, таҷрибаи андухташуда дар давраи истифодабарӣ, маълумот оид ба ҳолати объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, минбаъд метавонанд ҳамчун нишондодҳои ибтидоӣ барои ҳаллу фасли масъалаҳои шаҳрсозӣ гарданд.

67. Дар маҷмӯъ, эътимоднокии кори объектҳои сохтмони асосӣ аз рӯи равандҳои бефосила ва бо ҳамдигар пайвастаи ташкил ва идоракунии сохтмон ва истифодабарии объектҳо муайян карда мешавад. Аз ин лиҳоз, соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бояд низоми ягонаи бо якдигар пайвастро ташкил диҳад.

68. Мақсад, вазифа ва роҳҳои ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 - ро "Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2025", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2010, №321 тасдиқ карда шудааст, муайян менамояд.

69. Стратегияи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъмини дастрасии пурраи ҳамаи шаҳрвандонро аз нуқтаи назари устувор ва қобили қабули нархҳо ва хизматрасониҳои дар асоси принсипҳои иқтисоди бозоргонӣ, ки ҷавобгӯи талаботи замонавии санитарӣ ва экологӣ мебошанд, пешбинӣ менамояд.

70. Инфрасохтори коммуналии муҳандисӣ (коммуникатсияҳои муҳандисӣ) қисми таркибии соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ҳисоб меравад. Таъминнокӣ ва ҳолати коммуникатсияҳои муҳандисӣ ба сифати зиндагии аҳолӣ таъсири назаррас расонида инчунин ҷолибияти шаҳрро барои аҳолӣ муайян менамояд. Вазъият дар хоҷагии манзилию коммуналӣ беҳбудиро талаб намуда, тезонидани раванди ислоҳоти ин соҳаи муҳим зарур мебошад.

71. Истифодабарии фонди манзили дорои хароҷоти зиёди энергия ва объектҳои соҳаи иҷтимоӣ бо коммуникатсияҳои муҳандисии фарсудашуда хеле гарон мебошад.

72. Коммуникатсияҳои муҳандисии амалкунандаи (шабакаҳо ва иншоот) шаҳрҳо иқтидори даркории таъмини кори муътадили хоҷагии манзилию коммуналиро надоранд.

73. Дар натиҷаи хусусигардонии оммавии манзилҳо масъулият оид ба истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил аз давлат ба соҳибмулкон, ки дар маҷмӯъ ба ин ҳолат омода набуданд, вогузор мебошад.

74. Аксарияти хонаҳои бисёрҳуҷрадор дар ҷумҳурӣ бо вайронкунии талаботи муқарраргардида истифода бурда мешаванд. Таъмири асосӣ сари вақт дар онҳо гузаронида намешавад.

75. Ҳолати техникии инфрасохтори муҳандисии коммуналӣ дар деҳотҷойҳо бо сатҳи баланди фарсудашавӣ, садаманокии баланд, бо коэффитсиенти кори фоиданокии пасти иқтидорҳо тавсиф карда мешавад. Дар натиҷаи он, мушкилоти таъмини маҳалҳои аҳолинишини алоҳидаи деҳот бо барқ, оби нушокӣ шадид гашта, нарасидани иқтидорҳои обпартовҳо ва тозакунии обҳои равон ҷой дорад.

76. Фондҳои асосии низоми инфрасохтори коммуналӣ (обтаъминкунӣ, корез, гармитаъминкунӣ ва санитария) зиёда аз 70 фоиз фарсуда гашта, онҳо таҷдидро талаб менамояд.

77. Бо мақсади таъмини тартиби ягонаи баҳисобгирии давлатии қитъаҳо, иморатҳо, иншоот, шабакаҳои муҳандисӣ ва объектҳои ободонии беруна дар шаҳрҳо, марказҳои ноҳия, шаҳракҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тааллуқ доранд (новобаста аз шакли моликияташон), низомномаи барӯйхатгирии техникии онҳо тасдиқ карда шудааст. Вале, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки система ва объектҳои мазкур дар моликияти онҳо қарор доранд, иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, №513 -ро пурра таъмин намекунанд.

78. Ҳолати объектҳои ободоноии беруна дар шаҳрҳо, марказҳои ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот ба талаботи муосир ҷавобгӯ намебошанд. Маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳо, марказҳои ноҳия ва шаҳракҳо бо чорабиниҳои тозакунии мунтазами нақшавии санитарӣ ба пуррагӣ фаро гирифта нашудаанд.

79. Зиёда аз нисфи майдонҳо барои ҷойгиронии партовҳои коммуналӣ дорои муҳлати маҳдуди истифодабарӣ буда, ба талаботи муосири ҳифзи табиат мутобиқат намекунанд. Таъминнокии муассисаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ бо техникаи махсус аз заминаи меъёрӣ пасттар буда ва зиёда аз се ду ҳисса аз шумораи умумии онҳо навкуниро талаб менамоянд.

80. Равандҳои ҷамъоварӣ, баровардан, коркард ва истифодабарии партовҳо ба талаботи муосири рушд ҷавобгӯ намебошанд, аз ин лиҳоз бояд таҷриба ва усулҳои пешрафтаи ҷамъоварӣ, коркард ва истифодабарии партовҳо ҷорӣ карда шаванд.

81. Таъминнокии маҳалҳои аҳолинишин бо нуқтаҳои муваққатии ҷамъоварии партовҳои сахти коммуналӣ ва майдончаҳои хурд барои ҷойгиронии онҳо нокифоя мебошад.

§1. Мушкилоти асосӣ

82. Омилҳои асосие, ки ба бад шудани ҳолати бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ оварда расонидаанд, инҳо мебошанд:

- мавҷуд набудани ҳуҷҷати меъёрӣ оид ба истифодабарии биноҳо ва иншоот;

- мавҷуд набудани механизми самараноки татбиқи "Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 - 2025";

- механизми возеҳи супоридани объекти сохтмонаш анҷомёфта ҷиҳати истифодабарӣ ба идоракунандаи инфрасохтори муҳандисию коммуналӣ муқаррар карда нашудааст;

- мавҷуд набудани мақомоти ягона, ки масъалаҳои истифодабарии объектҳои хоҷагии манзилию коммуналиро ҳамоҳанг ва танзим менамояд;

- фарсудашавии зиёди физикӣ ва маънавии объектҳои инфрасохтори муҳандисии хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- иқтидори нокифояи коммуникатсияҳои муҳандисии амалкунанда (шабакаҳо ва иншоот) кори муътадили объектҳои хоҷагии манзилию коммуналиро таъмин намекунад;

- самаранокии пасти истифодаи захираҳои гуногун, аз ҷумла энергетикӣ;

- нокифоягии таъмини молиявӣ;

- дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ набудани иттилооти ягонаи фаврӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои шаҳрсозӣ;

- иҷрои нопурраи барнома оид ба ҷиҳозонии фонди манзил бо воситаҳои баҳисобгирӣ ва танзими истеъмоли об ва энергияи гармӣ.

§2. Афзалиятҳо

83. Афзалиятҳои асосии ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар марҳилаи ҳозира аз инҳо иборат аст:

- ташкили шароити зиндагии ҷавобгӯ ба стандартҳои иҷтимоии соҳаи манзилию коммуналӣ;

- ташкили механизми ягона ва самараноки идоракунӣ дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- ташкили заминаи моддию техникии замонавӣ, барқароркунӣ ва навкунии инфрасохтори муҳандисии коммуналӣ бо роҳи азнавҷиҳозонии техникии корхонаҳои коммуналӣ, навкунӣ, азнавсозӣ, таъмири асосии объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- такмил ва рушди инфрасохтори муҳандисии коммуналӣ, барқароркунӣ ва таъмини эътимоднокӣ ва устувории кори онҳо бо роҳи ҷамъ овардани манбаъҳои худӣ ва барои ин мақсадҳо ҷалб намудани сармоягузориҳои дохилӣ ва берунӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

84. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузошташуда андешидани чораҳои зерин зарур аст:

- такмилдиҳии низоми идоракунии бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ бо роҳи муқаррар намудани мақомоти ваколатдори давлатии ягона дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки салоҳияти он ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, маҳалҳои аҳолинишини деҳотро фаро мегирад;

- таҳияи Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизмҳои амалишавии "Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2025";

- ташкили механизми ҳамоҳангсозӣ, идоракунӣ ва танзими фаъолияти ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла хориҷӣ, ки бо масъалаҳои сохтмон ва истифодабарии объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ машғул мебошанд;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ташкилотҳои истифодабаранда ва хадамотҳои хоҷагию коммуналиро ба танзим медароранд;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар самти истифодабарии техникии биноҳо ва иншоот;

- сохтмони объектҳо ва иқтидорҳои кофӣ набудаи инфрасохтори муҳандисии хоҷагии манзилию коммуналӣ, барқароркунӣ ва таъмири асосии иншоот ва шабакаҳои амалкунандаи об, корез, барқтаъминкунӣ, роҳҳо, майдонҳо ва нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои коммуналӣ;

- такмили низоми банақшагирии ҳудудӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои заминистифодабарӣ ва иморатсозӣ, ташаккул ва рушди инфрасохтори муҳандисии коммуналии қитъаҳо барои сохтмони манзил ва объектҳои дигар, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони сабзазоркунӣ дар назди корхонаҳои хоҷагиҳои коммуналӣ;

- баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- амалишавии ҳаматарафаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил";

- ташкили тайёркунӣ ва бозтайёркунии кадрҳо барои кор дар ташкилотҳои идоракунанда ва хизматрасон;

- такмили низоми танзими тарофавӣ дар низоми хоҷагии манзилию коммуналӣ бо мақсади баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории он ва татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

- кам намудани хароҷотҳои ғайримаҳсулнок барои истифодабарӣ ва таъмири фонди манзил, ба хизматрасониҳои коммуналӣ ва ноил гаштан ба беҳтар намудани сифати онҳо бо роҳи татбиқ ва истифодаи дастовардҳои навтарини техника ва технологияҳо тавассути коркард ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ оид ба сарфаҷӯии энергия ва гармкунии биноҳо, ки дар барномаҳои дахлдори соҳавии вазоратҳо ва идораҳо пешбинӣ карда мешаванд;

- гузаронидани корҳои лоиҳавию ҷустуҷӯӣ ва сохтмонӣ оид ба рушди объектҳои таъиноти коммуналӣ;

- ташкили корхонаҳои шабакаҳои истифодабарии техникӣ, аз ҷумла, бо дарназардошти сохтмони биноҳои бисёрошёна;

- пешбинӣ намудани татбиқи низоми автоматикунонии идоракунии диспетчерӣ дар самти таъмини техникии хоҷагии манзилию коммуналӣ, ба ғайр аз истифодаи таҷҳизоти баҳисобгирии инфиродӣ ва танзимкунандаи истеъмоли об, газ ва захираҳои энергетикии дигар, ки имконияти баҳисобгирии натанҳо захираҳои дахлдор, балки раванди тақсимот ва истеъмоли онҳоро дар хоҷагии манзилию коммуналӣ ба танзим медароранд;

- маблағгузории сохтмони асосӣ ва азнавсозии объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ аз ҳисоби сармоягузориҳо, маблағҳои худӣ ва мақсадноки буҷетӣ;

- таҳияи тарҳҳои гармитаъминкунии маҳалҳои аҳолинишин, ташкили роҳу усулҳои имконпазири гармкунӣ ва таъминот бо оби гарм дар объектҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва соҳаи иҷтимоӣ;

- беҳтар намудани таҷҳизонии инфрасохтори муҳандисии хоҷагии манзилию коммуналӣ;

- гузаронидани барӯйхатгирии объектҳо, иморатҳо ва коммуникатсияҳо дар шаҳрҳо, маркази ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин;

- татбиқи ҳамаҷонибаи таҷҳизоти инфиродии танзимкунанда, баҳисобгирии об ва захираҳои энергетикии дигар дар манзилҳои истиқоматӣ ва объектҳои дигар;

- муайян намудани усулҳо ва воситаҳои навсозии манзилҳои истиқоматии сохтмони иморатҳои аввалини оммавӣ бо дарназардошти сохтмони ошёнаҳои иловагӣ, азнавбанақшагирии ҳуҷраҳо, васеъкунии ҳуҷраҳо аз ҳисоби биноҳои иловагӣ ва ҳамзамон амалӣ намудани навсозии биноҳо.

9. СОХТМОНИ ОБЪЕКТҲОИ ИНФРАСОХТОРИ МУҲАНДИСӢ

85. Интихоби тарҳҳо, технологияҳо ва ҳалҳои техникӣ оид ба рушд ва азнавтабдилдиҳии инфрасохтори муҳандисӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин бояд бо дарназардошти хусусиятҳои хоси азхудкунии шаҳрсозӣ (сохтмони нав, азнавсозӣ)-и талаботи истеъмолӣ ба объектҳои ҷойгиршаванда, ҳаҷмҳо ва манбаъҳои маблағгузорӣ амалӣ карда шаванд.

86. Намудҳои низоми инфрасохтори муҳандисӣ ва маҳдудиятҳо барои ба истифода додан ва истифодабарии онҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ва тарҳҳои махсуси инфрасохтори муҳандисии дар асоси он таҳияшаванда муайян карда мешаванд.

87. Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ, сохтмон ва истифодаи шабакаҳои шоҳроҳӣ ва иншооти асосии инфрасохтори муҳандисӣ, инчунин гузаронидани корҳо оид ба омодакунии муҳандисии ҳудудҳо, бояд манфиатҳои маҳалҳои аҳолинишини дар ҳудудҳои ҳамшафати он ҷойгирбуда бо мақсади истисно намудани ифлосшавии манбаъҳои обтаъминкунӣ, замини ҳосилхез, ҳавои тоза, ифлосшавӣ ва нобудкунии объектҳои фонди сабз, аз ҷумла, таъсири зараровари иншоот ва коммуникатсияҳои таҷҳизоти муҳандисӣ ба инобат гирифта шаванд.

88. Рушди системаҳои инфрасохтори муҳандисии маҳалҳои аҳолинишин бояд бо рушди системаҳои давлатии инфрасохтори муҳандисӣ мутобиқ гардонида шуда, рушди устувори маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои байни маҳалҳоро таъмин намоянд.

89. Инфрасохтори муҳандисӣ дар худ инфрасохтори истеҳсолӣ, иҷимоию маишӣ, экологиро дар бар гирифта, он ҷузъи таркибии инфрасохтори истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад, инчунин қисми таркибии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва бо иншооти алоҳида ба инфрасохтори экологӣ мебошад.

90. Барои деҳоти ҳозира сатҳи нокифояи таъминот бо обрасони мутамарказ, истифодабарии ғайриқаноатбахши иншоот ва шабакаҳои обрасон, кам гардидани манбаъҳои обтаъминкунӣ, ифлосшавии манбаъҳои об, амалан набудани низоми партовобҳо хос мебошад.

91. Зарур аст, ки лоиҳаҳои обтаъминкунии объектҳо мутобиқ ба меъёру қоидаҳои сохтмонии амалкунанда, ҳамзамон бо лоиҳаҳои корез ва таҳлили ҳатмии мувозинати истеъмоли об ва партовобҳо таҳия карда шаванд.

92. Парокандагии будубоши аҳолии деҳот хароҷот ба сохтмони объектҳои инфрасохтори муҳандисии деҳотҷойҳоро хеле зиёд мегардонанд ва он ба боздории раванди мазкур дар шароити буҷети маҳдуд сабабгор мешавад.

93. Мушкилии асосии рушди инфрасохтори муҳандисии деҳот бо дарназардошти нигоҳдории аҳолии деҳот, ин таъмини маҳалҳои аҳолинишини деҳот бо инфрасохтори муҳандисӣ ба ҳисоб меравад, ки он ба хароҷоти зиёди моддӣ вобаста буда, хароҷотро ба зудӣ намепӯшонад.

§1. Мушкилоти асосӣ

94. Ба мушкилоти асосӣ дар самти сохтмони объектҳои инфрасохтори муҳандисӣ инҳо дохиланд:

- зарурати такмил ва рушди заминаи меъёрии техникӣ оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои инфрасохтори муҳандисӣ;

- садаманокии баланд ва фарсудашавии назарраси объектҳои инфрасохтори муҳандисӣ, таъминноти нокифояи шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шабакаҳои коммуналӣ;

- набудани тарҳи генералии рушди шабакаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ;

- шароити мураккаби ҳудудҳои маҳалҳои аҳолинишин (геологӣ, табиию иқлимӣ, релефи мураккаб, ҳудудҳои талу тепа, шароити куҳӣ), ки ҳалли масъалаҳои ташаккули системаҳои хизматрасонии аҳолиро вобаста ба ташкили шароити муфиди санитарию беҳдоштии зиндагӣ мушкил мегардонанд;

- парокандагии зиёди ҳудудӣ ва иморатсозии номунтазами бетартибонаи маҳалҳои аҳолинишин, хусусан дар деҳотҷойҳо, ки хароҷоти зиёдро барои ҳалли масъалаҳои инфрасохторӣ тақозо менамояд;

- набудани тарҳҳои шабакаҳои инфрасохтори муҳандисӣ, аз ҷумла, обтаъминкунӣ, ки дар асоси нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин иҷро карда шудаанд;

- лоиҳакашии системаҳои инфрасохтори муҳандисӣ на ҳама вақт бо дарназардошти хусусиятҳои хоси нақшаҳои генералӣ, махсусан дар деҳотҷойҳо амалӣ карда мешаванд. Низоми инфрасохтори муҳандисӣ бояд қисми таркибии нақшаи генералии маҳалҳои аҳолинишин бошад;

- бо дарназардошти сатҳи шаҳришавии аҳолии мамлакат, масъалаи таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби нушокии босифат, махсусан деҳотҷойҳо, ки қисми зиёди аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад (тақрибан 74 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳотҷойҳо зиндагӣ дошта, ба оби нушокӣ дастрас нестанд) хеле муҳим ба ҳисоб меравад.

§2. Афзалиятҳо

95. Афзалиятҳои асосӣ дар самти сохтмони объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- такмили системаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ ва инфрасохторҳо бо роҳи таҳияи тарҳҳои ҳудудии рушди шабака ва иншооти таъминоти муҳандисию техникӣ ва тартиби амалишавии онҳо;

- гузаронидани тадқиқотҳо оид ба такмил ва баланд бардоштани самаранокии кори шабакаҳо ва иншооти муҳандисии маҳалҳои аҳолинишин ва корхонаҳо бо дарназардошти ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои гармию энергетикӣ ва табиӣ, аз ҷумла тадқиқотҳо оид ба истифодаи самараноки манбаҳои ғайрианъанавии энергия дар биноҳо ва системаҳои тозакунии об;

- таъмини мутобиқати самараноки хизматрасониҳо ва инфрасохтори муҳандисӣ дар низоми ҳудудҳои аҳолинишин ва ғайриаҳолинишин;

- таъмини истифодабарии самараноки захираҳои молиявӣ, аз ҷумла аз манбаъҳои хориҷии ҷалбшуда барои сохтмони объектҳои муҳандисии нав, азнавсозишаванда ва амалкунанда;

- таъмини рушди инфрасохтори муҳандисӣ мутобиқ ба талаботи замонавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ ва системаҳои хизматрасонии онҳо;

- ташкили инфрасохтори муҳандисии минтақаҳои истиқоматӣ, ки ба сари вақт ба истифода супоридани хонаҳои истиқоматӣ ва объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ замина мегузоранд;

- кам намудани таъсири ҳадди ниҳоии инфрасохтори муҳандисӣ ба муҳити зист.

§3. Вазифаҳои асосӣ

96. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузошташуда зарурати андешидани чораҳои зерин ба миён меояд:

- такмил ва рушди заминаи меъёрии техникӣ оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои инфрасохтори муҳандисӣ;

- таҳия намудани тарҳи дурнамои рушди инфрасохтори муҳандисии ҷумҳурӣ дар асоси тарҳи генералии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муҳлати ба истифода супоридани инфрасохтори муҳандисӣ аз муҳлати оғози азхудкунии ҳудудҳои нав, азнавсозии маҳалҳои аҳолинишин бояд дар пеш истад;

- лоиҳакашии таъминот бо оби нушокӣ ва партовобҳо дар деҳотҷойҳо бояд дар асос ва таркиби нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишини деҳот бо дарназардошти рушд, ҷойгиронии соҳаҳои иқтисодиёт, инчунин тарҳҳои ҳудудии истифодабарии маҷмӯи ва муҳофизати об амалӣ карда шавад;

- ҳангоми набудани нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишини деҳот ва тарҳҳои тасдиқшудаи низоми обтаъминкунии маҳалҳои аҳолинишини деҳот, лоиҳакашӣ бояд дар асоси тарҳҳои аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқшуда, амалӣ карда шавад;

- обтаъминкунии объектҳо дар асоси тарҳҳои рушди тасдиқшуда, ҷойгиронии соҳаҳои иқтисодиёт, соҳаҳои саноат ва тарҳҳои рушд ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолӣ, инчунин тарҳҳои генералии истифодабарии маҷмӯии ҳавзавӣ, ҳудудӣ ва муҳофизати об, нақшаҳои генералии шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, нақшаҳои генералии минтақаҳои саноатӣ бояд лоиҳакашӣ карда шаванд;

- лоиҳаҳои обтаъминкунии объектҳо, чун қоида, бояд ҳамзамон бо лоиҳаҳои партовобҳо таҳия карда шаванд;

- ҳангоми баҳодиҳии маҷмӯии ҳудудҳо барои ташкили маҳали аҳолинишини деҳот бо низоми обтаъминкунӣ, бояд омилҳои бартаридоштаи манзараҳо бо муқаррар намудани ҳамбастагии онҳо, муайян намудани композитсияи фазоии иморатсозӣ дар умум ба инобат гирифта шаванд: релеф, ҳавзаҳои об, дарёҳо, майдонҳои сабзазори табиӣ ва ғайра;

- ташкили низоми самараноки мусоидат ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузориҳо ва таъмини шароити ҷолибияти андозбандӣ, танзимкунанда ва ҳуқуқӣ;

- ташкили низоми самараноки бозтайёркунии кадрҳо, ки дорои қобилияти идоракунии самаранок, ташкил ва азхудкунии технологияҳои рақобатпазири инноватсионӣ бошанд;

- мунтазам баланд бардоштани сифати корҳо бо роҳи татбиқи технологияҳои сохтмонии нав ва беҳтар намудани ташкили меҳнат бо мақсади баланд бардоштани дарозумрии объектҳои сохташаванда ва азнавсозишаванда ва дар ин замина сарфа намудани маблағҳо барои нигоҳдорӣ ва таъмири онҳо;

- нигоҳдории захираи иқтидорҳои ташкилотҳои сохтмонӣ, ки барои иҷрои корҳо аз рӯи фармоишҳои шахсони хусусӣ кифоя мебошад ва дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ворид нагаштаанд;

- васеъгардонии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла, имконияти истифодаи созишномаҳои навъи байналмилалӣ.

10. СОХТМОНИ ОБЪЕКТҲОИ ҒАЙРИМАНҚУЛ БО РОҲИ ҲИССАГУЗОРӢ

97. Ба ҳолати имрӯза асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолият оид ба сохтмони объектҳои ғайриманқул бо роҳи ҳиссагузорӣ, ки барои ҷалб намудани маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ (иштирокчиёни сохтмони ҳиссагузорӣ) барои сохтмони объектҳои ғайриманқул бо роҳи ҳиссагузорӣ равона гардидааст, ташкил нашудааст, яъне санади меъёрии ҳуқуқии миллӣ, ки муносибати иштирокчиёни сохтмони ҳиссагузориро барои сохтмони объекти ғайриманқул танзим менамояд, вуҷуд надорад.

98. Ба сифати асос барои таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии болозикр истифода намудани қонуни намунавӣ "Дар бораи сохтмони объектҳои ғайриманқул бо роҳи ҳиссагузорӣ" аз 27 ноябри соли 2020, ки он аз ҷониби комиссияи доимии Ассамблеияи Байнипарлумонии давлатҳо - иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба иқтисодиёт ва молия барои истифода дар қонунгузории миллӣ тавсия дода шудааст, қабул намудан мумкин аст.

99. Қонуни мазкур кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ ва молу мулки иштирокчиёни сохтмони ҳиссагузорӣ, инчунин шахсони дигари иштирокчиёни муносибатҳоро оид ба сохтмони ҳиссагузорӣ ҳимоя намояд.

§1. Мушкилоти асосӣ

100. Мушкилоти асосӣ дар бахши сохтмони объектҳои ғайриманқул дар асоси ҳиссагузорӣ инҳо мебошанд:

- набудани санади заминагузори меъёрию ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии дахлдор, ки мақсад ва вазифаҳои фаъолиятро оид ба сохтмони объектҳои ғайриманқул бо роҳи ҳиссагузорӣ ба танзим медарорад;

- бо сабаби набудани санади заминагузори меъёрию ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои ҳиссадорон таъмин нагардидааст ва сари вақт ба истифода супоридани объектҳо низ таъмин намегарданд;

- воситаҳои мавҷудбуда имконият намедиҳад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни сохтмони ҳиссагузорӣ возеҳ муайян карда шаванд.

§2. Афзалиятҳо

101. Сиёсат дар бахши сохтмони объектҳои ғайриманқул бо роҳи ҳиссагузорӣ аз ноил гаштан ба мақсадҳои зерин иборат аст:

- таъмини шаҳрвандон бо манзили дастрас ва бароҳат;

- рушди устувор ва баробари шаҳрҳо ва ҳудудҳо;

- осон кардани дастрасии манзил аз ҳисоби рушди бозори қарздиҳии ипотекӣ;

- ташкили механизми самараноки кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандон - иштирокчиёни сохтмони ҳиссагузорӣ;

- ташкили механизмҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва марҳила ба марҳила манъ намудани усулҳои куҳнашудаи сохтмон;

- ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии муҳити бароҳати истиқомат;

- таъмини ҳамроҳии меъёрию ҳуқуқии расмиётҳои маъмурии кафолатдиҳандаи рушди соҳаи иштироки ҳиссагузорӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

102. Барои ноил гаштан ба мақсадҳо андешидани чораҳои зерин зарур аст:

- таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сохтмони объектҳои ғайриманқул дар асоси ҳиссагузорӣ", ки барои ҷалби маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ (иштирокчиёни сохтмони ҳиссагузорӣ) барои сохтмони объектҳои ғайриманқул бо усули ҳиссагузорӣ равона мегардад;

- муайян намудани мақомоти ваколатдор барои татбиқи муқаррароти асосии қонуни мазкур ҷиҳати танзими масъалаҳои сохтмони ҳиссагузорӣ;

- ташкили низоми мониторинг ва назорати равандҳои сохтмони объектҳои ғайриманқул бо роҳи ҳиссагузорӣ;

- паҳн намудани муқаррароти қонунгузорӣ оид ба сохтмони ҳиссагузорӣ барои сохтмони манзили инфиродӣ;

- рушди таҷрибаи фаъолона ҷалб намудани маблағҳои ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ барои қарздиҳии имтиёзнок ба манзил дар асоси иштироки ҳиссагузорӣ.

11. ҲИФЗИ МЕҲНАТ ДАР СОХТМОН

103. Лоиҳаҳои сохтмон ва азнавсозии объектҳои истеҳсолӣ, инчунин мошин, механизмҳо ва таҷҳизоти истеҳсолии дигар, равандҳои технологӣ бояд ба талаботи ҳифзи меҳнат, ки қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҷавобгӯ бошад.

104. Дар баробари ин, сохтмон, таҷдид, азнавҷиҳозонии техникии иншооти истеҳсолӣ, истеҳсол ва татбиқи техника ва технологияи нав бе хулосаи ташхиси давлатии шароити меҳнат дар бораи мутобиқати лоиҳаҳо ба талаботи ҳифзи меҳнати дар қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, инчунин бе иҷозати мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат манъ аст.

§1. Мушкилоти асосӣ

105. Мушкилоти асосӣ дар самти ҳифзи меҳнат дар сохтмон:

- номукаммалии танзими меъёрии ҳуқуқии (қоидаҳои ҳифзи меҳнат) талабот оид ба ҳифзи меҳнат, ки иҷрои онҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объектҳо, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад;

- мавҷуд набудани механизми гузаронидани экспертизаи давлатии шароити меҳнат оид ба мутобиқати лоиҳаҳо ба талаботи ҳифзи меҳнат, инчунин иҷрои талабот оид ба манъ будани сохтмони объектҳо бе иҷозати мақомоти назорати давлатии дахлдор ҷиҳати риояи талабот оид ба ҳифзи меҳнат;

- мавҷуд набудани механизми самараноки таъмини шароити бехатари меҳнат ва ҳифзи меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ.

§2. Афзалиятҳо

106. Афзалиятҳои асосӣ дар самти ҳифзи меҳнат дар сохтмон аз инҳо иборат мебошанд:

- ташкили шароит барои татбиқи амалии муқаррароти асосӣ ва талаботи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмон ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объектҳо, ташкили истеҳсолот ва меҳнат;

- ташаккули механизми таъмини бехатарии меҳнат дар соҳаи сохтмон.

§3. Вазифаҳои асосӣ

107. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои афзалиятҳо чунин чораҳо заруранд:

- мутобиқгардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ (қоидаҳои ҳифзи меҳнат) ба талабот оид ба ҳифзи меҳнат, ки иҷрои онҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объектҳо, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад;

- ташкили комиссияи сетарафа таҳти роҳбарии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳа барои коркарди сиёсати ягона оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар соҳаи сохтмон;

- ҷорӣ намудани низоми баланд бардоштани тахассуси мутахассисон дар соҳаи ҳифзи меҳнати ташкилотҳои сохтмонии пудратӣ ва гирифтани сертификати тахассусӣ оид ба ҳифзи меҳнат бо мақсади рушди минбаъдаи маҳорати касбӣ оид ба масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

- таҳияи Барномаи "Осебёбии сифрӣ дар майдончаҳои сохтмонӣ", ки ба татбиқи Консепсияи байналмилалии Ассотсиатсияи таъминоти иҷтимоӣ (IҒҒA) асос ёфтааст.

12. ТАКМИЛИ НИЗОМИ ЛОИҲАКАШИИ МЕЪМОРИЮ СОХТМОНӢ ВА ГУЗАРОНИДАНИ ҶУСТУҶӯҲОИ МУҲАНДИСӢ

108. Лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ марҳилаи асосӣ ва ибтидоии давраи ҳаётии объекти сохтмони асосӣ ба ҳисоб рафта, сифати муҳит барои зиндагии одамон аз сифати лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ, вобаста мебошад.

109. Низоми танзими лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва гузаронидани ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ бо сабаби мавҷуд будани теъдоди зиёди мушкилоти ҳалнашуда ва талаботи куҳнашуда ба такмил эҳтиёҷ дорад.

110. Рақамикунонии соҳаи сохтмон, гузариш ба тамсилагардонии иттилоотӣ дар ҳамаи марҳилаҳои ҳаётии объекти сохтмони асосӣ, зиёд гаштани ҳаҷмҳои мақсадноки сохтмон, зарурати воқеии навсозии танзими меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ дар самти лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ ва инчунин тағйирдиҳии худи принсипҳо ва усулҳои танзимро тақозо менамояд.

111. Дар рушди воситаҳои техникӣ ва технологияҳо барои корҳои ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ аз сатҳи ноилгаштаи давлатҳои хориҷӣ қафомонӣ ба назар мерасад.

112. Мақсади Стратегия дар бахши лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ аз таъмини сифати баланди иҷрои марҳилаи ибтидоии давраи ҳаётии объектҳо, ки ба талаботи муосири бехатарӣ, самаранокӣ, рушди техникӣ ҷавобгӯ мебошад, иборат аст.

§1. Мушкилоти асосӣ

113. Айни замон, сатҳ ва самаранокии лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ ба талаботи замонавии рушди соҳаи сохтмон мутобиқат намекунад:

- раванди дар бозори корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯиҳо баамаломада, барои рушди ботадриҷи корҳои лоиҳавӣ, таҳияи лоиҳаҳои меъморӣ бо технологияҳои баланд, муосир ва нодир замина фароҳам намеоварад;

- сатҳи пасти тайёркунии кадрҳо, мавҷуд набудани сиёсати дахлдори нархгузорӣ нисбат ба корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, аз тарафи фармоишгарон паст кардани арзиши корҳои мазкур ва дар натиҷа - сифати пасти ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ ва барасмиётдарории натиҷаи онҳо;

- номукаммалии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии лоиҳакашӣ, методология ва технологияи лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҳангоми лоиҳакашии намунавӣ;

- номукаммалии низоми раванди ташхиси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ бо сабаби набудани заминаи исботкунандаи муқарраргашта ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои ташхис ва мувофиқасозии стандартҳои лоиҳакашӣ ва регламентҳои экспертиза;

- таъмин набудани барномаҳои босифати ватанӣ ҷиҳати иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, истифодаи маҷмӯаҳои барномавии куҳнашуда дар амалӣ намудани корҳои лоиҳакашӣ ва таҳияи харҷномаҳо;

- мавҷуд набудани стандартҳои ягона, ки қоидаҳои асосии лоиҳакаширо бо истифодаи технологияи тамсилагардонии иттилоотии иншоот муайян менамояд;

- номукаммалии механизмҳое, ки воридшавии саривақтии инноватсияҳоро ба ҳуҷҷатҳои танзими техникии соҳаи сохтмонро таъмин менамоянд.

§2. Афзалиятҳо

114. Афзалиятҳои асосӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- тарғиб намудани хизматрасониҳои муосир оид ба идоракунии лоиҳа (хизматрасониҳои фармоишгар, хизматрасониҳои муҳандисӣ) барои ташаббускорони лоиҳа (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ);

- рушди сохтори меъморию банақшагирии маҳалҳои аҳолинишин бо дарназардошти нигоҳдорӣ ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ;

- такмили симои иморатсозии маҳалҳои аҳолинишин бо роҳи татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар сохтмон бо истифодаи масолеҳҳои анъанавӣ ва муосир;

- ба муҳити шаҳрӣ ҷорӣ намудани шаклҳои хурди меъморӣ, унсурҳои санъати ороишию монументалӣ ва манзаравӣ, ки дар асоси инноватсия ва анъана бо дарназардошти дизайни универсалии муҳит сохта шудаанд;

- баланд бардоштани ҷолибияти функсионалии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ бо дарназардошти нигоҳдорӣ ва барқарорсозии хусусиятҳои хоси фарқкунандаи онҳо дар заминаи ташаккули муҳити шаҳрии муосир;

- ташкили манзараҳои муосир бо роҳи ҳамоҳангсозии мероси таърихию фарҳангӣ, фарҳанги анъанавӣ ва муосир.

§3. Вазифаҳои асосӣ

115. Барои ноил гаштан ба мақсадҳои Стратегия ҳалли масъалаҳои зерин зарурат дорад:

1) дар самти лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ:

- гузариш ба лоиҳакашии бисёрмарҳилавӣ ва ҷустуҷӯҳои муҳандисӣ бо сатҳҳои гуногуни ҷузъбандии лоиҳа вобаста аз намуди объекти сохтмони асосӣ, марҳилаҳои давраи ҳаётӣ ва дараҷаи ҷузъбандии он;

- таъмини бефосилаи нишондодҳо дар ҳамаи марҳилаҳои фаъолияти шаҳрсозӣ - аз банақшагирии ҳудудӣ то марҳилаи истифодабарӣ, минбаъд аз байн бурдан ва истифодаи объекти сохтмони асосӣ - бо татбиқи технологияҳои тамсилагардонии иттилоотӣ дар асоси принсипҳои умумии рақамикунонии соҳаи сохтмон;

- такмили низоми таҳсилоти касбии лоиҳакашон ва тадқиқотчиён бо дарназардошти зарурати омӯзиши технологияҳои нав, аз ҷумла тамсилагардонии иттилоотӣ дар сохтмон. Низоми баланд бардоштани тахассуси лоиҳакашон ва тадқиқотчиён бо низоми баланд бардоштани тахассуси шахсоне, ки ташхиси ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои муҳандисиро амалӣ менамоянд, бояд иртибот дошта бошад;

- баланд бардоштани сатҳи касбии тадқиқотчиён ва шахсоне, ки лоиҳакашии меъморию сохтмониро амалӣ менамоянд, бо роҳи даст кашидан аз баҳодиҳии салоҳият, махсусан аз рӯи асосҳои расмӣ (мавҷудияти таҳсилот ва собиқаи корӣ) ва ҷорӣ намудани баҳодиҳии тахассуси тадқиқотчиён, сармуҳандиси лоиҳа, сармеъмори лоиҳа, технологҳо дар асоси стандартҳои касбӣ ва обрӯ;

- ҳангоми гузаронидани расмиётҳои хариду фурӯш ба тахассуси лоиҳакаш, меъмор, тадқиқотчӣ, ба нархи иҷрои корҳо бо истифодаи критерияҳои баҳодиҳии тахассус дар асоси маълумот ва хулосаҳои экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, ки ба феҳристи ягонаи давлатӣ ворид гардидаанд афзалият дода шавад;

2) дар самти ҷустуҷӯиҳои муҳандисӣ:

- таъмини имконияти истифодаи нишондодҳои системаҳои иттилоотии амалкунанда ва системаҳои иттилоотии вазорату идораҳои дахлдор ҳангоми гузаронидани ҷустуҷӯиҳои муҳандисӣ;

- пурзӯр намудани назорати сифати корҳои саҳроӣ бо роҳи муқаррар намудани талаботи махсус ба мутахассисоне, ки назорати ҷустуҷӯиҳоро амалӣ менамоянд, ворид кардани намудҳои алоҳидаи объектҳои корҳои саҳроӣ ҳангоми гузаронидани корҳои ҷустуҷӯи ба феҳристи назорати давлатии сохтмон, васеъгардонии масъулияти тадқиқотчӣ-шахси воқеӣ барои натиҷаи ҷустуҷӯиҳо ҳангоми баланд бардоштани сатҳи техникаи бехатарӣ зимни иҷрои ҷустуҷӯиҳои муҳандисӣ;

- рушди доимии низоми муоинаҳои геофизикӣ;

3) дар самти лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ таъмини шароит барои баланд бардоштани нақши меъмор дар ҳамаи марҳилаҳои фаъолияти шаҳрсозӣ аз ҳисоби:

- таъмини иштироки меъморон - шаҳрсозон дар марҳилаҳои банақшагирии ҳудудӣ, омодакунии ҳуҷҷатҳо ҳангоми банақшагирии ҳудуд ва назорати сохтмонӣ;

- пешбурди назорати муаллифӣ ҳамчун шакли амалигардонии назорати сохтмонӣ;

- ҷорӣ намудани низоми иҷозатдиҳии меъмор ба фаъолияти меъморӣ тавассути унсурҳои худтанзимкунии фаъолияти касбӣ.

13. ЛОИҲАКАШИИ НАМУНАВӢ ДАР СОХТМОН

116. Афзоиши ҳаҷми сохтмон зарурати нигоҳдории суръати баланди лоиҳакашии босифат, инчунин баланд бардоштани самаранокии иқтисодии раванди лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳоро тақозо менамояд. Рушди низоми лоиҳакашии намунавӣ яке аз механизмҳои самараноки ҳалли вазифаҳои мазкур ба ҳисоб меравад. Ҳалҳои лоиҳавии намунавӣ имконияти ташаккули ҳам лоиҳаҳои намунавии биноҳо ва иншоот ва қисмҳои онҳо, аз ҷумла феҳристҳои (китобхонаҳои) ҳалҳои лоиҳавии намунавӣ барои намудҳои гуногуни биноҳо ҷиҳати истифодаи такрорӣ, ки метавонад ҳангоми лоиҳакашӣ бо татбиқи технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ самаранок истифода карда шавад медиҳад.

117. Ҳадафи рушди лоиҳакашии намунавӣ ин баланд бардоштани самаранокии сармоягузориҳои давлатӣ ва хусусӣ ба объектҳои сохтмони асосӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани муҳити пажуҳишии лоиҳакашии намунавӣ ва ташкили феҳристи объектҳои сохтмони асосии таъиноти гуногун, конструксия, маснуот ва таҷҳизоти технологӣ, аз ҷумла, бо татбиқи технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ, ба ҳисоб меравад.

§1. Мушкилоти асосӣ

118. Айни замон низоми такроран лоиҳакашӣ дар шакли феҳристи ҳуҷҷатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок ташкил карда нашудааст. Дар ҳолати ташкили сохтори мазкур, ҳуқуқи истисноӣ ба лоиҳаҳои номбурда ба давлат мегузарад, ки он имконияти гирифтани ҳуқуқи бемуздро ҷиҳати истифодаи ин лоиҳаҳо дар бахши давлатӣ медиҳад.

119. Маҳдудиятҳои асосии амали мазкур, ин мушкилоти амалия вобаста ба мутобиқсозии лоиҳаҳо ва зарурати тасҳеҳи онҳо ба ҳисоб мераванд.

§2. Афзалиятҳо

120. Афзалиятҳои асосӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- ташкили заминаи меъёрию ҳуқуқӣ, меъёрию техникӣ ва методологӣ барои ташаккули феҳристи лоиҳаҳои намунавӣ;

- таҳияи лоиҳаҳои намунавӣ барои минтақаҳои гуногуни иқлимӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳудудҳо бо мақсади зарурати ба ҳадди ақал расонидани бозкоркарди лоиҳа ҳангоми мутобиқсозии он ба қитъаи замин.

§3. Вазифаҳои асосӣ

121. Самтҳо ва принсипҳои асосии ҷорӣ намудани лоиҳакашии намунавӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:

- ташаккули механизми супоридани ҳатмии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ё махсус иҷрошуда ба фонди ҳуҷҷатҳои лоиҳавии намунавӣ, ки дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад;

- ташкили китобхонаи ҳалҳои лоиҳавӣ, аз ҷумла дар шакли тамсилагардонии иттилоотӣ барои истифодаи такрорӣ ҳангоми лоиҳакашии объектҳои сохтмони асосӣ;

- ташаккули феҳристи лоиҳаҳои намунавӣ, аз ҷумла дар шакли тамсилагардонии иттилоотӣ барои истифодаи такрорӣ ҳангоми лоиҳакашии объектҳои сохтмони асосӣ;

- таъмини асосноккунии арзёбии дурнамо аз рӯи ҳамаи марҳилаҳои давраи ҳаётии объектҳои сохтмони асосӣ;

- таъмини имконияти ҷорӣ намудани технологияҳои муназзам барои баҳисобгирии тағйиротҳо дар нархгузории соҳаи сохтмон;

- тағйирёбандагии интихоби ҳалҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ва самараноки энергия бо дарназардошти хусусиятҳои хоси сохтмони нақшавӣ;

- истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва маводи лоиҳакашии автоматонидашуда ва назорати экспертии сифати лоиҳаҳои таҳияшуда.

122. Барои амалишавии ҳадафҳои гузошташуда иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:

1) ташаккули инфрасохтори ташкилию маъмурӣ ва барномавию техникӣ барои рушди лоиҳакашии намунавӣ (аз ҷумла, таҳияи талаботи намунавӣ барои пешбурди китобхонаҳо BIM- унсурҳо (ҷойҳои нигоҳдории мутамаркази тамсилагардонии иттилоотӣ ва нишондодҳои ба онҳо ҳамбастагидошта, ки аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории ғайрибуҷетӣ ташкил карда мешаванд);

2) азнавсозии заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ бо мақсади рушд ва кори самараноки лоиҳакашии намунавӣ;

3) ташкили заминаҳои меъёрию техникӣ ва харҷномавӣ барои лоиҳакашии намунавӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои тамсилагардонии иттилоотӣ;

4) такмил ва содагардонии механизми гузаронидани ташхиси лоиҳаҳои намунавӣ, ташкили механизми ташхиси ҳалҳои лоиҳавии техникӣ ва намунавӣ;

5) пуррагардонии китобхонаи ҳалҳои лоиҳавии намунавӣ, аз ҷумла аз манбаъҳои зерин:

- ҳалҳои лоиҳавии намунавии махсус таҳиякардашуда барои биноҳо ва иншоот, ки аз рӯи аломатҳои худ дар ҳудудҳои муайяни лоиҳакашӣ барои истифодаи такрорӣ ба ҳам наздиканд;

- ҳалҳои лоиҳавии намунавӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои гуногун, аз ҷумла истеҳсолкунандагони масолеҳҳои сохтмонӣ пешниҳод гардидаанд;

6) пуррагардонии феҳристи лоиҳаҳои намунавӣ, аз ҷумла аз манбаъҳои зерин:

- лоиҳаҳои намунавии махсус таҳиякардашуда барои биноҳо ва иншоот, ки аз рӯи аломатҳои худ дар ҳудудҳои муайяни лоиҳакашӣ барои истифодаи такрорӣ ба ҳам наздиканд;

- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз шумораи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноки истифодаи такрорӣ бо нишондиҳандаҳои бештари қобили қабул дар қисми ҳалҳои техникӣ ва технологӣ, самаранокии энергия ва ғайра.

14. ТАКМИЛИ НИЗОМИ ТАНЗИМИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА МЕЪЁРИЮ ТЕХНИКӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН

123. Танзими техникӣ - ин танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар самти муқаррар, истифода ва иҷро намудани талаботи ҳатмӣ ба маҳсулот ё талаботи вобаста ба маҳсулот дар раванди лоиҳакашӣ (аз ҷумла, ҷустуҷӯиҳо), истеҳсол, сохтмон, васл, бакорандозӣ, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, амалишавӣ, нобудкунӣ ва ғайра мебошад.

124. Агар дар солҳои гузашта мушкилоти асосӣ нарасидани воситаҳо барои такмили ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ бошад, ҳоло мушкилоти асосӣ ин набудани муносибати бонизом, ки бояд амалҳои идораҳои гуногун ва ҷамъиятҳои соҳибкориро муттаҳид созад, мебошад.

125. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои соҳаи мазкур, зиддиятҳо ва такроршавиҳо дар онҳо, амалияи ташаккулёфтаи ташкил ва мувофиқасозии онҳо барои лоиҳакашон ва сохтмончиён душвориҳо меоранд ва ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии соҳаи сохтмон монеа мешаванд.

126. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани регламентҳои техникӣ оид ба бехатарии биноҳо ва иншоот, инчунин регламентҳои техникии иловагӣ ба як қатор иншоот-роҳҳои автомобилгард, системаҳои тақсимоти газ ва ғайра, монеаи ҷиддӣ ба такмил ва рушди заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии соҳаи сохтмон мегардад.

127. Новобаста аз мавҷудияти заминаи меъёрии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо талабот ба ҳамаи намудҳои биноҳо, иншоот ва конструксияҳо ва заминаи стандартҳои сохтмонии миллӣ ва байналмилалӣ оварда шудаанд, аз тарафи идораҳои дигар меъёрҳои такроршаванда ва баъзан ба якдигар мухолифаткунанда таҳия мегарданд, ки ин гузаронидани расмиётҳои мувофиқасозӣ ва ҳамоҳангсозии дахлдорро байни мақомоти ваколатдори давлатӣ талаб менамояд.

128. Ҳадафи Стратегия дар самти ислоҳоти низоми меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии соҳаи сохтмон (танзими техникӣ) ин муносибгардонии системаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмон, ки барои кам намудани монеаҳои меъёрӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат, тезонидани татбиқи навовариҳо, баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ равона гардидаанд, ба ҳисоб меравад.

§1. Мушкилоти асосӣ

129. Ба мушкилоти асосии низоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ дар соҳаи сохтмон (танзими техникӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавон инҳоро дохил намуд:

- монеаҳои аз ҳад зиёди маъмурӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, сохтмон ва ба истифода супоридан;

- дар ҳолатҳои алоҳида беасос истифода намудани шартҳои техникии махсус;

- мавҷуд набудани заминаи меъёрӣ аз рӯи як қатор самтҳои ояндадор;

- такроршавиҳо, зиддиятҳо дар заминаи меъёрӣ;

- мавҷуд набудани механизми содаву фаҳмои истифодаи талаботи ҳатмӣ ва ихтиёрӣ барои лоиҳакашон ва мақомоти назоратӣ;

- муҳлати дарози татбиқи навовариҳо;

- муҳлати дарози таҳия ва қабули тағйирот дар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ;

- нарасидани кадрҳои илмӣ.

§2. Афзалиятҳо

130. Афзалиятҳои рушди заминаи меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии соҳаи сохтмон (танзими техникӣ) ба ҳисоб мераванд:

- таъмини байниҳам мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои дар соҳаҳои ба ҳам наздик таҳияшаванда ва бо роҳи ташкили механизми таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар сохтмон, ки ҳолатҳои қабули ҳуҷҷатҳоро бе мувофиқасозӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истисно менамояд;

- кам намудани монеаҳои маъмурӣ бо роҳи муносибгардонии шумораи талаботи ҳатмӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмон;

- кам намудани талабот ва амалияи талаботи мақомоти экспертиза оид ба шартҳои техникии махсуси таҳияшаванда;

- такмили феҳристи ҷумҳуриявии ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар сохтмон, ки ба иштирокчиёни раванди сохтмон иттилооти дақиқ ва саҳеҳ оид ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар сохтмон истифодашавандаро медиҳад;

- гузаронидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои техникӣ ба шакли хониши мошинӣ ва васеъгардонии имконияти лоиҳакашӣ ва тафтиши автоматонидашуда;

- кам намудани муҳлати татбиқи технологияҳои нав ва масолеҳҳо (бехатар ва самаранок), ҳамоҳанг намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ бо дарназардошти таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, мутобиқсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии барои татбиқи технологияҳои пешқадам;

- рушди якҷоякунии иқтисодии бозори хизматрасониҳои сохтмонӣ, ташаккули низоми ҳуҷҷатҳои меъёрии бо ҳам мувофиқашуда дар сохтмон, ки бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамоҳанг карда шудаанд.

§3. Вазифаҳои асосӣ

131. Ба вазифаҳои асосӣ инҳо мансуб мебошанд:

- таҳияи барномаи такмили заминаи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии соҳаи сохтмон;

- такмили низоми бамеъёрдарории техникӣ дар соҳаи сохтмон бо роҳи таҳияи регламентҳои техникии миллӣ, азнавсозӣ ва ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии амалкунанда;

- таҳияи регламенти техникии умумӣ оид ба бехатарии биноҳо ва иншоот, ки дар он талабот ба бехатарӣ аз сӯхтор ва бехатарии механикии конструксияҳо, асосҳои биноҳо ва иншоот, аз ҷумла ҳангоми шароити мураккаби табиӣ ва табиию техногенӣ дохил карда мешаванд;

- такмили санадҳои қонунгузории амалкунанда ва таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузории нав, ки таъмини бехатарии биноҳо ва ишоотро танзим менамоянд (зилзилатобоварӣ, экологӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ғайра);

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар самти танзими техникӣ ва назорати давлатӣ оид ба иҷрои талаботи ҳатмӣ, ки ба баланд бардоштани бехатарӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ равона гардидаанд;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар самти танзими техникӣ дар қисми лоиҳакашӣ ва сохтмони биноҳо ва иншоот бо дарназардошти таҷрибаҳои беҳтарини давлатҳои хориҷӣ;

- ноил шудан ба мутобиқсозии меъёру қоидаҳои шаҳрсозии миллӣ бо меъёрҳо ва стандартҳои давлатӣ бо дарназардошти хусусиятҳои хоси табиию иқлимӣ, зилзиланокӣ ва хусусиятҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муқаррар намудани механизми мураттаби мувофиқасозии ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар сохтмон истифодашаванда, чи дар сатҳи вазоратҳо ва чи дар сатҳи мақомоти стандартизатсия, ки стандартҳоро таҳия мекунанд ва ба ҳамон як объект вобаста мебошад;

- навкунӣ ва иловакунии мунтазами феҳристи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки ба иштирокчиёни раванди сохтмон ҷиҳати гирифтани иттилооти дақиқ ва саҳеҳ оид ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар сохтмон истифодашаванда имконият медиҳад;

- гузариш ба идоракунии силсилаи ҳаётии объект;

- рушди заминаи меъёрӣ, ки усули баҳодиҳии маҷмӯии техникии биноҳо ва иншооти гуногунро дар ҳамаи марҳилаҳои силсилаи ҳаётии объектҳо аз нуқтаи назари асоснокии сармоягузориҳо, дурнамои хусусиятҳои хоси истифодабарӣ (аз ҷумла асосноккунии хароҷотҳои истифодабарӣ), назорати ҷорӣ ва баҳодиҳии воқеии муҳлатҳои нобудсозӣ танзим менамояд;

- рушди заминаи меъёрӣ, ки тартиби баҳодиҳии имконияти истифодабарии минбаъдаи биноҳо ва иншоотро пас аз ҳодисаҳои фавқулода (сӯхторҳо, обхезӣ, таркишҳои гази маишӣ ва ғайра) муайян менамояд;

- азнавсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии амалкунанда ва таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии нав дар самти ҷорӣ намудани масолеҳҳои нав ва технологияҳои муосир ва самти афзалиятноки сиёсати давлатие, ки Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад, ба ҳисоб меравад.

15. МУКАММАЛГАРДОНИИ РАСМИЁТИ МАЪМУРӢ ВОБАСТА БА АМАЛӢ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ

132. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ "Пешбурди соҳибкорӣ - 2020" дар байни 190 кишварҳои ҷаҳон яке аз 20 кишвари ислоҳотгар эътироф гардидааст.

133. Гузориши "пешбурди соҳибкорӣ" ин таҳқиқоти ҳарсолаи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ буда, дар 190 кишвари ҷаҳон дараҷаи содагии фаъолияти соҳибкориро дар асоси 10 нишондиҳандаи зерин арзёбӣ менамояд: таъсиси корхонаҳо, гирифтани иҷозат барои сохтмон, пайвастшавӣ ба низоми таъмини барқ, бақайдгирии моликият, гирифтани қарз, ҳифзи сармоягузорон, андозбандӣ, тиҷорати байналмилалӣ, иҷрои шартномаҳо, ҳалли масоили муфлисшавӣ. Гузориш арзёбии санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна ва тартиби татбиқи амалии онҳоро барои тамоми давраи фаъолият дар бар мегирад.

134. Дар доираи таҳқиқоти "Пешбурди соҳибкорӣ" барои нишондиҳандаи "Гирифтани иҷозат барои сохтмон" ҳама расмиёт, ба шумули вақт ва арзиши иҷрои расмиёт, ки ширкати сохтмонӣ онро бояд анҷом диҳад, ба инобат гирифта мешавад. Илова бар ин гузориши "Пешбурди соҳибкорӣ" индекси сифати назорати сохтмониро ҳисоб мекунад, ки сифати танзими меъёрии сохтмон, назорати сифат ва механизмҳои бехатарӣ, низомҳои танзими масъулияти ҳуқуқӣ ва суғурта, инчунин талаботи савияи тахассуси касбиро арзёбӣ менамояд. Бо пешниҳоди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи "Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳисоботи "Пешбурди соҳибкорӣ"-и Бонки Умумиҷаҳонӣ" ба "Нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани нишондиҳандаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ" тағйир дода шуд.

135. Зимни ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар расмиёти гирифтани иҷозат барои сохтмон хеле кашол меёфт. Бо мақсади такмил ва сода намудани расмиёти маъмурӣ дар соҳаи сохтмон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2009, №638 "Оид ба такмил додани расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул гардид. Мутобиқи фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2009, №282 ба тасвиб расид, ки тартиби нави расмиёти маъмурии вобаста ба амалигардонии фаъолияти шаҳрсозиро тасдиқ намуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №192 тартиби нави расмиёти маъмурӣ вобаста ба амалигардонии фаъолияти шаҳрсозӣ бо дарназардошти татбиқи принсипҳои "Идоракунии хавфҳо", "Равзанаи ягона" ва "Розигӣ бе зикр кардан" муайян карда шуд.

136. Принсипҳои "Идоракунии хавфҳо" "Равзанаи ягона" ва "Розигӣ бе зикр кардан" ҳалли масъалаҳои ҳамоҳангӣ ва ҳамкории мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозиро бо дигар мақомоти ваколатдор бо мақсади ба даст овардани шартҳо, мувофиқаҳо ва хулосаҳои зарурӣ барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ, ба истиснои ҷудо кардани қитъаҳои замин ва экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, пешбинӣ мекунанд.

137. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон рӯйхати ҳуҷҷатҳои зарурии гирифтани иҷозат барои сохтмонро бознигарӣ намуда, дар моҳи январи соли 2016 шаклҳои навшудаи ҳуҷҷатҳоеро тасдиқ кард, ки дар доираи дархост барои гирифтани иҷозат барои сохтмон пешниҳод карда мешаванд.

§1. Мушкилоти асосӣ

138. Раванди такмили қонунгузорӣ ва содагардонии расмиёти маъмурӣ вобаста ба фаъолияти сохтмонӣ идома дорад, аммо мушкилоти назорати фаъолияти корҳои сохтмонӣ, махсусан сохтмони инфиродӣ вуҷуд дорад.

139. Яке аз омилҳои маҳдудкунанда дар ҷараёни гирифтани иҷозат барои сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди расмиёти мувофиқакунӣ ва тасдиқкунӣ мебошад, ки бояд соҳибкор пеш аз сохтмон ва баъд аз он бигирад. Бинобар ин, барои баланд бардоштани самаранокӣ баъзе аз ин расмиёти маъмуриро якҷоя кардан мумкин аст.

140. Номукаммалӣ ва ноҳинҷории расмиёти иҷозатдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ, набудани малака ва тахассуси касбии зарурии кормандони ташкилотҳои сохтмонӣ ба ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон таъсири манфӣ мерасонад ва боиси риоя нашудани талаботи бехатарӣ ҳангоми амалисозии корҳои сохтмонию васлкунӣ ва истифодаи минбаъдаи бино ва иншооти сохташуда мегардад.

141. Бо қонунгузорӣ ва санадҳои зерқонунӣ барои амалисозии расмиёти дахлдори гирифтани иҷозат барои сохтмон ҳудудҳои вақтӣ муқаррар карда шудааст. Аз сабаби набудани механизмҳои муассири ҳамоҳангсозӣ байни мақомоте, ки дар раванди гирифтани иҷозат барои сохтмон иштирок мекунанд, дар аксар ҳолатҳо талаботи қонунҳо ва санадҳои зерқонунӣ оид ба танзими вақти баррасии масъала риоя намешаванд.

142. Инчунин маълум гардид, ки сабабҳои асосии риоя нашудани принсипҳо мазкур, норасоии кадрҳо, набудани механизми ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ва ташкилотҳои муҳандисӣ-техникӣ, набудани табодули электронии ҳуҷҷатҳо байни иштироккунандагони раванди соҳа мебошад.

143. Принсипи "Равзанаи ягона" дар ҳамоҳангсозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ бинобар набудани механизмҳои татбиқи он ва ҳамоҳангсозии сохторҳои дахлдор ба таври бояду шояд амалӣ карда намешавад.

144. Низоми мониторинги сифати хизматрасониҳо ва баррасии шикоятҳо мавҷуд нест.

§2. Афзалиятҳо

145. Афзалиятҳои такмили расмиётҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти шаҳрсозӣ иборат мебошанд:

- баланд бардоштани самаранокӣ тавассути расмиёти маъмурӣ вобаста ба мувофиқакунӣ ва тасдиқкунӣ;

- ҳамгироии платформаҳои электронӣ ва беҳтар намудани ҳамкорӣ байни мақомотҳои дар раванди додани иҷозат барои сохтмон иштироккунанда;

- пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии техникӣ дар соҳаи "гирифтани иҷозат барои сохтмон";

- беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ дар самти "гирифтани иҷозат барои сохтмон";

- такмили расмиёти иҷозатдиҳӣ барои субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

146. Вазифаҳои асосии такмили расмиёти маъмурӣ вобаста ба фаъолияти шаҳрсозӣ иборатанд аз:

- таҳияи барномаи амалигардонии принсипи "Равзанаи ягона" дар самти "гирифтани иҷозат барои сохтмон";

- баргузор намудани чорабиниҳои таълимӣ-иттилоотӣ бо субъектҳои соҳаи шаҳрсозӣ барои фаҳмонидани талаботи қонунгузорӣ ба онҳо, инчунин нақши сохторҳои ваколатдор дар раванди татбиқи принсипи "Равзанаи ягона";

- ҷорӣ намудани маҷмӯи барномаҳои махсусгардонидашуда барои фаъолияти самараноки принсипи "Равзанаи ягона";

- аз ҷиҳати техникӣ таҷҳизонидани сохторҳои ба раванди гирифтани иҷозат барои сохтмон ҷалбгардида;

- таъсиси шабакаи ягонаи "Равзанаи ягона" дар самти "гирифтани иҷозат барои сохтмон";

- ташкили мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ ҳамчун пойгоҳи маълумот барои бақайдгирӣ, пуррагардонӣ ва такмили ҳуҷҷатҳои зарурии соҳа, ки ба татбиқи "Равзанаи ягона" вобастагӣ доранд;

- пурзӯр намудани корҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳо бо бахши хусусӣ ҷиҳати таъмини истифодабарии васеъи низоми "Равзанаи ягона" ва дастрасӣ ба дастурҳо, тарофаҳо ба хизматрасониҳо ва феҳристи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мутахассисон ва соҳибкорон, ки аз ҷониби мақомот ва сохторҳои дар раванди додани иҷозат иштироккунанда, равона гардидаанд;

- муқаррар намудани чораҳои зарурӣ барои вайронкориҳое, ки дар объект ҳангоми истифодабарӣ ошкор карда шудаанд ва талабот барои пешгирии вайронкориҳои эҳтимолӣ дар объектҳои бунёдшаванда дар марҳилаи лоиҳакашӣ ва сохтмон, қонунан танзимкунандаи соҳаи меъморӣ ва сохтмон ва назорати минбаъда ҷиҳати бартарафсозии чунин вайронкориҳо;

- такмили қонунгузорӣ ва сода гардонидани расмиёти маъмурӣ бо мақсади беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии байналмилалӣ дар самти "гирифтани иҷозат барои сохтмон";

- ташкили низоми мониторинги сифати хизматрасониҳо ва баррасии шикоятҳо.

16. ТАКМИЛДИҲИИ НИЗОМИ НАРХГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН

147. Бо дарназардошти он, ки яке аз омилҳои заруртарин ин танзими ҳуқуқии якхела ва механизми бозоргонии нархгузорӣ мебошад, ба сатҳи муосири қонунгузорӣ ва сохтмон расонидани соҳаи нархгузорӣ дар сохтмон, ки инъикоси захираҳои барои сохтмон сарфшаванда мебошад, хеле муҳим аст.

148. Ҳадафи такмилдиҳии нархгузорӣ дар сохтмон ин ташаккул ва рушди заминаи меъёрии харҷномавии давлатӣ, мониторинги давлатии арзиши захираҳои сохтмонӣ мебошад, ки имконияти фавран муайян намудани арзиши аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноки сохтмонро дар марҳилаҳои гуногуни раванди сармоягузорӣ таъмин менамояд.

149. Вазъияти кунунӣ зарурати объективии танзими давлатии масъалаҳои меъёргузории харҷномавӣ ва нархгузорӣ дар соҳаи сохтмонро пешбинӣ менамояд, то арзиши сохтмон дар ҳар марҳилаи раванди сармоягузорӣ ҳарчи зудтар дақиқ ва зуд муайян карда шавад. Ҳалли ин мушкилӣ хароҷоти зиёди меҳнатиро талаб мекард, ки ба эҷод, таъмини фаъолияти боэътимод ва навсозии низоми нархгузорӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, усулҳо, меъёрҳои харҷномавӣ, нархҳои харҷномавии захираҳои сохтмон нигаронида шудаанд.

150. Асоснокии иқтисодии нархҳои маҳсулоти сохтмонӣ, мувофиқатии онҳо ба хароҷоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ аз самаранокии усулҳои муайян кардани арзиши харҷномавии сохтмон ва эътимоднокии заминаи меъёрии харҷномавӣ вобаста аст, аз ин рӯ такмилдиҳии корҳои харҷномавӣ ва нархгузорӣ дар самти такмил додани усулҳои муайян кардани арзиши харҷномавии сохтмон ва нархгузории меъёр ва нархҳои харҷномавӣ амалӣ карда мешавад.

151. Бо дарназардошти рушди инфрасохтор, саноати сохтмон, пайдоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, технологияҳои нави инноватсионӣ ва усулҳои иҷрои кор, зарурати такмил додани тамоми низоми мавҷудаи нархгузорӣ ва меъёргузории харҷномавӣ тақозо карда мешавад.

§1. Мушкилоти асосӣ

152. Мушкилоти асосии низоми нархгузорӣ дар сохтмон:

- заминаи меъёрию ҳуқуқӣ оид ба нархгузорӣ дар сохтмон такмилдиҳӣ ва таҷдидро талаб менамояд;

- норасоии захираҳои илмии кадрӣ дар соҳаи нархгузорӣ;

- норасоии воситаҳои муосири автоматикунонӣ барои аз нав оғоз кардани низоми ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот ва муайян кардани нишондиҳандаҳои арзишии захираҳо;

- нокифоягии корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба нархгузорӣ ва бамеъёрдарории харҷномавӣ дар соҳаи сохтмон, оид ба таҳлили иқтисодӣ ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии сохтмон.

§2. Афзалиятҳо

153. Афзалиятҳои калидӣ:

- такмилдиҳии низоми нархгузорӣ дар асосӣ механизмҳо ва усулҳои замонавии пешқадам;

- ташаккули принсипҳои ягона дар соҳаи нархгузорӣ дар сохтмон;

- таъсиси шароити мусоид ва фазои ягонаи озод барои ҷорӣ намудани низоми шаффоф ва рақобатнок дар соҳаи сохтмон.

§3. Вазифаҳои асосӣ

154. Вазифаҳои асосӣ оид ба такмили низоми нархгузорӣ дар сохтмон иборат мебошанд:

- таҳлили назария ва амалияи хориҷӣ ва ватанӣ оид ба низоми нархгузорӣ дар соҳаи сохтмон;

- такмили низоми нархгузорӣ ва бамеъёрдарории харҷномавӣ бо дарназардошти амалияҳои пешрафтаи замонавӣ;

- рушди иқтидори кадрӣ дар соҳаи нархгузорӣ;

- ҷорӣ намудани маводҳои барномавӣ, ки ҳисобҳои харҷномавиро бо истифодаи технологияи замонавӣ иҷро менамоянд;

- таҷдид ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрии амалкунанда оид ба нархгузорӣ дар сохтмон;

- таҳияи меъёрҳо вобаста ба танзими давлатии ташаккулёбии нархҳо дар соҳаи сохтмон;

- таҳияи механизми мониторинг ва баҳогузории вазъи рақобати бозори сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

17. ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНИИ ПЕШРАФТА

155. Васеъ ҷорӣ намудани инноватсияҳо омили муҳими рушди соҳаи сохтмон, баланд бардоштани рақобатпазирии он, иқтидори кадрӣ ва илмӣ, фоиданокии корхонаҳо ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани сифат ва бароҳатии муҳити зиндагии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.

156. Асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар сохтмон тадқиқотҳои илмӣ ва такмили талаботи меъёрӣ ба ҳисоб меравад.

157. Вобаста ба он, ки барои таҳияи меъёрҳо ба маводи нав, ки дар бисёр мавридҳо нишондодҳо нокифоя мебошанд, бо қонунгузории мамлакатҳои аз ҷиҳати техникӣ рушдёфта ин гуна мавод барои истифода дар сохтмон бо додани ҳуҷҷати дахлдор, ки имконпазирии истифодабарии онро шаҳодат медиҳад, пешбинӣ гардидааст.

158. Тасдиқи коршоямӣ, имкон медиҳад, ки ворид гардидани маводҳо, маснуот, конструксияҳо ва технологияҳои пешрафта ба бозори сохтмонӣ осон гардад ва ҳамзамон дар ин маврид дар бозори сохтмонии ватанӣ истифодаи маҳсулоти беасос ва тафтишнашударо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз намояд.

§1. Мушкилоти асосӣ

159. Мушкилоти асосӣ:

- набудани муназзамӣ дар танзими техникӣ ва набудани ҳавасмандии тиҷоратӣ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонӣ (хароҷотҳои пулӣ ва муваққатии назаррас, хатарҳо) ба омилҳои бештар ҷиддӣ, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани навовариҳо дар соҳа монеа мешаванд, метавон дохил намуд;

- дар бисёр мавридҳо нокифоягии нишондодҳо барои таҳияи меъёрҳо ба маводи сохтмонии нав, инчунин дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набудани расмиёт оид ба тасдиқи коршоямии (маъқул донистан) чунин мавод барои истифода дар сохтмон;

- кифоя набудани воситаҳои гардишӣ, омили боздоранда ҷиҳати татбиқи технологияҳои пешқадам мебошад.

§2. Афзалиятҳо

160. Афзалияти асосии самти мазкури Стратегия ин баланд бардоштани иқтидори инноватсионии соҳаи сохтмон мебошад.

§3. Вазифаҳои асосӣ

161. Таъмини меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникӣ:

- азнавсозии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии дахлдор оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи инноватсионӣ ва гузоштани маҳдудиятҳо оид ба истифодаи технологияҳои кӯҳна дар лоиҳакашӣ ва сохтмон, ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои нави меъёрӣ ва техникӣ барои марҳила ба марҳила даст кашидан аз истифода бурдани технологияҳои кӯҳна дар лоиҳакашӣ ва сохтмон;

- таҳияи расмиёти тасдиқи мутобиқат (тасдиқ) -и маҳсулоти нав барои истифода дар сохтмон бо додани ҳуҷҷати мувофиқ, ки имконияти истифодабариро нишон медиҳад;

- таҳия ва ҷорӣ намудани шаҳодатномаи техникии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқат (тасдиқ)-и маҳсулоти навро тасдиқ менамояд ва имкони истифодабариро дар сохтмон нишон медиҳад;

- дигаргунсозии минбаъдаи шаҳодатномаи техникии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он таъсис додани шаҳодатномаи техникии рақамӣ, ки баҳодиҳии коршоямии воқеии мутобиқат ва соҳаи истифодабарии маҳсулоти мушаххаси инфиродӣ мебошад;

- табдил додани шаҳодатномаи техникии рақамӣ ба заминаи маълумотии маводи сохтмонӣ ва технологияҳои истифодабарии онҳо бо номгуйи нишондодҳои тасдиқшуда, тавсифи соҳаҳои истифодабарӣ, ҳалҳои мушаххаси техникӣ, конструксияҳо. Феҳристи мавҷудаи шаҳодатномаҳои техникиро дар робита ба пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба маводҳо, технологияҳо ва ҳалҳои техникие, ки тасдиқи мувофиқатро гирифтаанд, дастраси умум кардан лозим аст;

- то соли 2030 ба даст овардани низоми мукаммали санадҳои меъёрии ҳамоҳангшудаи мувофиқ бо стандартҳои байналмилалӣ.

162. Баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ:

- дастгирии давлатӣ, ки ба баланд бардоштан ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, самаранокии истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулоти сохтмон нигаронида шудааст;

- ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонӣ оид ба сифати маҳсулот ва ҳифзи муҳити зист;

- фароҳам овардани шароити институтсионалӣ ва қонунгузорӣ барои рушди васеи технологияҳои инноватсионӣ ва ташкили истеҳсоли намудҳои маҳсулоти илман асосноккардашуда;

- таъмини афзалияти дастгирии давлатии технологияҳои инноватсионии илмӣ ва ҳавасмандгардонии истеҳсолот ва дигаргуниҳои технологӣ;

- муайян ва дастгирӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, ки рушди онҳо дар истеҳсолот ба корхонаҳо бартариҳои рақобатпазирро дар бозори ҷаҳонӣ фароҳам меорад, инчунин ҳавасмандгардонии корхонаҳо оид ба азхудкунии дастовардҳои илмию техникии худӣ;

- навсозии техникаи сохтмонӣ;

- ҷалби объектҳои моликияти зеҳнӣ ба муомилоти хоҷагидорӣ ва таъмини ҳифзи боэътимоди бе иҷозат истифодабарии онҳо;

- ҳамгироии талошҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо дар таҳия ва азхудкунии техникаҳои давраи нав ва технологияҳои инноватсионии рақобатпазир;

- гузаштан ба усулҳои нави идоракунӣ ва усулҳои ташкили кор, ки бо навовариҳо дар идоракунӣ алоқаманданд. Дар низоми мавҷудбуда низоми анъанавии муносибатҳо дар сохтмон бартарӣ дорад: фармоишгар, лоиҳакаш, пудратчии генералӣ ва зерпудратчиён;

- азнавсозии фондҳои асосӣ ва васеъмиқёси таҷдиди корхонаҳои саноатии масолеҳи сохтмонӣ ва саноати сохтмон бо истифода аз технологияҳо ва истеҳсоли нав, бо роҳи гузаштан ба сатҳи баландтари таҷҳизоти техникии онҳо;

- ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар идоракунии системаҳои таъминоти нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва таъмини бехатарӣ;

- дастгирии рушди "сохтмони сабз" бо мақсади беҳтар намудани бехатарӣ ва сифати муҳити зист, инчунин қаноатмандии шаҳрвандон аз шароит ва фаъолият дар қисме, ки тавассути рушди соҳаи сохтмон, истифодаи технологияҳои навтарин ва маҳсулотҳое, ки истеъмоли энергияро ҳангоми истифодабарии манзил ва таъсири манфиро ба муҳити зист кам менамоянд.

163. Таъминоти илмӣ ва методӣ:

- ташкили технологияҳои илман асоснок, ки истифодаи самараноки ашёи хомро дар заминаи таҳқиқоти илмии фундаменталӣ ва амалӣ бо истифода аз ҳалҳои афзалиятноки техникӣ, дастовардҳои соҳаҳои гуногуни илм, технологияҳои иттилоотӣ таъмин мекунанд;

- таҳияи самтҳои рушди фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионии заминаи истеҳсолии дигар соҳаҳо барои корхонаҳо ва ташкилотҳои маҷмуи сохтмонӣ;

- баланд бардоштани самаранокии (аз ҷиҳати банақшагирӣ ва таркиби кадрҳо) бахши тадқиқотӣ ва коркардҳо барои таъмини гузаронидани тадқиқоти фундаменталӣ, ҷустуҷӯӣ ва амалӣ дар самтҳои афзалиятнок барои соҳаи сохтмон;

- коркарди технологияҳои муосир, ташкил ва иқтисод дар сохтмон, лоиҳакашии автоматӣ;

- ҷорӣ намудани системаҳои зеҳнии идоракунии истифодабарии энергия ва технологияҳои сарфаҷуии энергия бо мақсади баланд бардоштани самаранокии энергия ва паст кардани талафоти энергия.

18. ТАКМИЛИ НИЗОМИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ

164. Яке аз самтҳои сиёсати давлатӣ ва танзими фаъолияти шаҳрсозӣ ин додани иҷозатнома барои намудҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрсозӣ мебошад.

165. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти шаҳрсозӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" амалӣ карда мешавад.

166. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти шаҳрсозиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ мебошад.

§1. Мушкилоти асосӣ

167. Мушкилоти асосӣ:

- ҳангоми додани иҷозатнома талаботи тахассусии кормандони довталаб пурра ба назар гирифта намешаванд. Ин ҳолат сатҳи тахассусии иҷозатномадорро паст мекунад ва мутаносибан ба он оварда мерасонад, ки иҷозатномадор кушиш намекунад, ки барои омӯзиш ва бозомӯзии кормандони худ хароҷот намояд;

- байни аризадиҳанда ва мақомоте, ки иҷозатномаи шаҳрсозиро медиҳанд, алоқаи электронӣ вуҷуд надорад;

- маҷмӯи маълумот дар бораи додани иҷозатнома, азнавдиҳии иҷозатнома, тасдиқи иҷозатнома, боздоштан ва тамдиди иҷозатномаҳо, бозхондан ва қатъ кардани иҷозатнома бояд мувофиқи тартиби амалкунанда дар феҳристи иҷозатномаҳо дарҷ гардад. Азбаски шакли ягонаи феҳристи иҷозатномаҳо дар шакли электронӣ тасдиқ нашудааст, пайгирии маълумоти тағйирёбӣ дар бораи иҷозатномадорон ғайриимкон аст;

- пас аз гирифтани иҷозатнома, баъд аз як давраи муайян, номувофиқии маълумоти иҷозатномадор ба талаботи муқарраршуда нисбати иҷозатномагиранда ба вуҷуд меояд, яъне маълумоте, ки иҷозатномадор барои гирифтани иҷозатнома пешниҳод кардааст, ба маълумоти дар рӯзи гирифтани иҷозатнома мувофиқ аст. Дар ин самт механизми назорат барои таъмини мутобиқати сатҳи иҷозатномадор ба иҷозатномаи додашуда вуҷуд надорад.

§2. Афзалиятҳо

168. Афзалиятҳои асосии самти мазкури Стратегия аз инҳо иборат аст:

- ҷорӣ намудани механизмҳои пешрафтаи электронии гирифтани иҷозатнома дар фаъолияти шаҳрсозӣ;

- такмили механизмҳои гирифтани иҷозатнома дар фаъолияти шаҳрсозӣ;

- баланд бардоштани талабот ба тахассуси кормандони иҷозатномадор;

- баланд бардоштани сатҳи масъулиянокии мақомоти иҷозатномадиҳанда;

- такмили низоми назорат ва мониторинги фаъолияти иҷозатномадорон.

§3. Вазифаҳои асосӣ

169. Вазифаҳои асосии такмили низоми иҷозатномадиҳӣ дар фаъолияти шаҳрсозӣ инҳоянд:

- таҳия ё дастрас намудани маҷмӯи барномаҳои электронӣ барои гирифтани иҷозатнома дар фаъолияти шаҳрсозӣ;

- гузариш ба шакли ҳатмии электронӣ барои гирифтани иҷозатнома;

- омода намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият".

19. ТАКМИЛ ВА МУНОСИБГАРДОНИИ СИСТЕМАҲОИ ЭКСПЕРТИЗАИ ҲУҶҶАТҲОИ ШАҲРСОЗӢ

170. Низоми экспертизаи давлатиро айни замон раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" ва филиали он дар вилояти Суғд ташкил медиҳанд.

171. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои гузаронидани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ҷалб карда мешаванд, инчунин мақомоти ваколатдори анҷомдиҳандаи экспертизаи давлатӣ вазифадоранд махфияти экспертизаи гузаронидашударо риоя намуда, сирри тиҷоратии лоиҳаи баррасишавандаро таъмин намоянд.

172. Муҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии объектҳо набояд аз як моҳи тақвимӣ зиёд бошад.

173. Муҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии объектҳои мураккаб ва калонҳаҷм тавассути шартномаи тарафайн муқаррар карда мешавад.

174. Асосҳо барои рад кардани қабули ҳуҷҷатҳои лоиҳавии барои экспертизаи давлатӣ пешниҳодшуда инҳо мебошанд:

- нопурра будани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;

- тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки иҷозатномаи фаъолияти таҳияи лоиҳаҳоро надоранд.

175. Натиҷаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, хулосаи мувофиқ будан (хулосаи мусбӣ) ё мувофиқ набудани (хулосаи манфии) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

§1. Мушкилоти асосӣ

176. Таҷрибаи гузаронидани экспертизаи давлатӣ нишон медиҳад, ки дар аксари мавридҳо ҳуҷҷатҳои лоиҳавии барои экспертиза пешниҳодшуда ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва баъдан ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз ҷониби дархосткунанда дар раванди гузаронидани экспертиза такмил дода мешаванд.

177. Барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ аз рӯи талаботи стандартҳои давлатии амалкунанда иҷро карда намешаванд, ки бо он раванди истифодаи онҳо дар кор мураккаб мегардад.

178. Омилҳои асосии сифати пасти омодасозии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ инҳоянд:

- номувофиқии ҳалҳои қабулшудаи лоиҳакаши байни фармоишгар ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дар асоси натиҷаҳои нопурра ва / ё аз руйи ҳаҷми нокифояи ҷустуҷӯйиҳои муҳандисӣ;

- норасоии мутахассисони баландихтисос дар ҳайати ташкилоти лоиҳакашӣ. Сатҳи нокифояи тахассуснокии лоиҳакашҳо аз он иборат аст, ки қонунгузорӣ нисбати кормандони ташкилотҳои лоиҳакашӣ чун кормандони экспертиза талаботи ҳаммонанд муқаррар накардааст.

179. Одатан, ҳамкории экспертон ва лоиҳакашон (иморатсозон, пудратчиёни генералӣ, фармоишгарон) тавассути фиристодани эродҳо дар асоси натиҷаҳои баррасии лоиҳаҳои мушаххас сурат мегирад.

180. Дар шароити кунунӣ баҳодиҳии экспертон оид ба маълумоти ибтидоӣ амали карда намешавад, супориши лоиҳакашӣ баҳои эксперти намегирад, яъне дар марҳилае, ки лоиҳа бо камтарин сарфи вақт, саъю кӯшиш ва захираҳои моддӣ ислоҳ карда мешуд, аз раванд хориҷ карда шудааст.

§2. Афзалиятҳо

181. Дар айни замон масъалаи тақсимоти масъулият байни гурӯҳҳои мухталифи иштирокчиёни раванди шаҳрсозӣ вуҷуд дорад: аз лоиҳакашон, меъморон, муҳандисон, экспертҳо, сохтмончиён ва кормандони мақомоти танзимкунандаю назоратӣ.

182. Ҳадафи калидии рушди низоми экспертизаи давлатӣ ин табдил додани он ба низоми идоракунии самаранокии лоиҳаҳои сохтмон мебошад.

§3. Вазифаҳои асосӣ

183. Вазифаҳои асосии расидан ба ҳадафи Стратегия инҳоянд:

1) гузариш ба муҳандисии сохтмон;

2) ташкили муҳити рақамии низоми экспертизаи давлатӣ:

- таъмини гузариш ба гузаронидани экспертиза дар шакли электронӣ;

- таъсиси низоми электронӣ (бойгонӣ) барои баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва назорати ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ (рақамисозии рамзҳо) -и лоиҳаҳое, ки аз экспертизаи давлатӣ гузаштаанд, яъне "Феҳристи ягонаи хулосаҳои экспертӣ". Ҳамзамон, бояд муқаррар карда шавад, ки хулосаи мусбии коршинос оид ба ҳуҷҷатҳои лоиҳа дуруст эътироф карда мешавад, ба шарте ки агар он аз ҷониби ташкилоти экспертӣ ба "Феҳристи ягонаи хулосаҳои экспертӣ" ворид карда шавад;

- таъсиси заминаи ягонаи электронии коршиносон оид ба экспертизаи лоиҳаҳо;

3) ташаккули заминаи донишҳо (аз ҷумла феҳрист дар соҳаи ҷустуҷуйиҳои муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва вайрон кардан) тавассути ҷамъоварии доимии маълумот ва идоракунии онҳо;

4) таъсиси низоми самараноки идоракунии арзиши объекти сохтмони асосӣ дар доираи муҳандисии сохтмон;

5) ташаккули минбаъдаи ҳайати коршиносон дар заминаи аттестатсияи давлатии коршиносон, фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани сифати лоиҳакашӣ, аз ҷумла таълими касбӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо. Бо мақсади такмил додани таҷрибаи коршиносони ватанӣ ва барои мубодилаи таҷриба ва шиносоӣ бо таҷрибаи хориҷии коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмон шароит фароҳам овардан лозим аст.

184. Муҳандисӣ дар сохтмон - ин таъминоти машваратӣ дар сохтмон аст, ки тамоми марҳилаҳои ҳаётии объекти сохтмони асосиро, аз ҷумла асосноккунии сармоягузорӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, ба истифодадиҳӣ ва вайрон кардан (истифодаи такрорӣ)-ро дар бар мегирад.

185. Яке аз самтҳои дурнамои рушди низоми экспертизаи сохтмон ин ба роҳ мондани кор бо мизоҷон аз рӯи принсипҳои хизматрасонии маҷмуӣ дар ҳама марҳилаҳои татбиқи лоиҳа, оғоз аз "пешазлоиҳавӣ" ва анҷом додан "пасазлоиҳавӣ" бо ҳамроҳи намудан то ба истифода додани объекти сохтмони асосӣ ба ҳисоб меравад.

186. Рушди муҳити рақамӣ - гузариш ба баррасии ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ ва натиҷаҳои ҷустуҷуиву муҳандисӣ бо истифода аз барномаҳои таҳияшуда мувофиқ ба талаботи ягонаи барномавӣ ва воситаҳои техникӣ, инчунин алгоритмҳо. Ин, дар навбати худ, таваҷҷӯҳи муштариён ва сифати хизматрасониҳоро, инчунин сатҳи назорат аз болои иҷрои онҳоро баланд мебардорад.

187. Ҳалли самаранокӣ мувофиқи ин вазифа, фароҳам овардани муҳити рақамии низоми экспертизаи соҳаи сохтмон мебошад.

188. Вазифаҳое, ки дар назди низоми экспертизаи сохтмон истодаанд (аз ҷумла зарурати кам кардани вақти гузаронидани экспертиза ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи лоиҳаҳои сохтмон) ташаккул додани маҷмӯи нави салоҳиятҳои касбии мутахассисони экспертизаи сохтмониро талаб мекунанд, инчунин ташкилотҳое, ки лоиҳакашӣ ва меъморию сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷуҳои муҳандисиро анҷом медиҳанд, тамсилаҳои иттилоотии объектҳои сохтмони асосиро месозанд.

189. Баланд бардоштани сифати лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва иҷрои ҷустуҷӯӣ муҳандисӣ, инчунин метавонад тавассути стандартизатсияи корҳои ташкилотҳои лоиҳакашӣ, таъмини омодасозии мутахассисон дар заминаи донишҳои коршиносон, ҷорӣ намудани назоратчии меъёрии дохилӣ, муқаррар намудани талаботи ягона ба сатҳи салоҳияти касбии лоиҳакашҳо, инчунин мавҷуд будани ӯҳдадориҳо дар такмил додани ихтисос, амалӣ гардад.

20. РУШДИ НИЗОМИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ

190. Яке аз мушкилоти асосӣ дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фосилаи (набудани алоқамандӣ) байни талабот ба натиҷаҳои таълим мебошад, ки ҳангоми роҳандозии барномаҳои асосии таълимии касбӣ ва талаботи воқеии соҳа ба миён меояд.

191. Самаранокии амалисозии барномаҳои таълимӣ ҳамчун омили асосии муваффақият ҳангоми ташаккули захираи кадрии тахассусӣ дар соҳаи сохтмон бештар аз имкони ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб намудани мутахассисоне вобаста аст, ки дар соҳа бевосита таҷрибаомӯзии касбиро амалӣ мекунанд. Имрӯз дар ҷалб намудани чунин мутахассисони таҷрибаомӯз маҳдудиятҳое мавҷуданд, ки ба ҳатман доштани дараҷаи илмии омӯзгор барои ишғол кардани вазифаи роҳбари самт алоқамандӣ доранд (дотсент, роҳбари кори тахассусии хатмкунӣ ва ғайра).

192. Нобаробарии тақсимот ва ноустувории сифати омодасозии кадрҳои соҳа, аз ҷумла алоқаманд ба ғайри самаранокии сохтори ташкилии низоми таҳсилоти олии соҳавӣ, дар маҷмӯъ боз як мушкилии мебошад, ки дар роҳи рушди тамоми соҳаи сохтмон қарор дорад.

§1. Мушкилоти асосӣ

193. Ба мушкилоти низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ дар соҳаи сохтмон инҳо мансубанд:

- ҷой доштани фосила байни талабот ва натиҷаҳои таълим, ки ҳангоми амалӣ намудани барномаҳои асосии таълимии касбӣ ва талаботи воқеии соҳа пайдо мешавад;

- набудани робитаҳои устувор байни соҳаи сохтмон ва низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ, набудани низоми самараноки фаъолияткунандаи алоқаи байни танзимдарорандагон дар соҳаҳои сохтмон ва таълим;

- номукаммалии барномаҳои таълим, ки тамоюли муосири рушди соҳаи сохтмонро ба инобат намегиранд;

- кам гаштани ҳавасмандӣ дар хатмкунандагон барои идома додани кор мувофиқи ихтисос, дар кормандони соҳа бошад барои гирифтани таҳсилоти иловагии сифатнок;

- инкишофи нокифояи илми касбии сохтмон, иқтидори пасти илмӣ ва моддиву техникии муассисаҳои олии таълимӣ;

- нарасидани мутахассисони баландихтисоси коргарон.

§2. Афзалиятҳо

194. Ҳадафи стратегии рушди низоми тайёр кардани кадрҳо ин таъмини соҳаи сохтмон бо кадрҳои соҳибихтисос, рушди босамари иқтидори кадрӣ дар асоси ташаккули малака ва салоҳиятҳо мебошад.

195. Баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо ва рушди иқтидори илмӣ заминаи муҳими шаҳрсозии "доно" мебошад. Истифодаи самарабахши усулҳои муосир ва инноватсионӣ дар рушди таълим ва илм имкон медиҳад, ки сатҳи эътирофи байналмилалӣ, самаранокии тавлиди истеъдодҳои нав боло равад ва ҷаҳонбинии меъморию сохтмонии мутахассисон васеъ гардад.

§3. Вазифаҳои асосӣ

196. Барои ноил шудан ба ҳадафи ишорашуда ҳалли вазифаҳои асосии зерин лозим аст:

1) ташкили низоми таҳсилоти бетанаффус, ки талаботи стандартҳои касбӣ ва талаботи тахассусӣ, инчунин талаботи муҳими бозори меҳнатро дар соҳаи сохтмон дар бар мегирад ва дар доираи он бояд мунтазам амалӣ карда шавад:

- азнавбаррасии стандартҳои давлатии таълими таҳсилоти касбӣ ва барномаҳои асосии таълимоти касбӣ бо мақсади мувофиқкунонии онҳо ба стандартҳои касбӣ ва сатҳи рушди илмию технологӣ;

- навсозии таҳсилоти касбӣ аз рӯи ихтисосҳо ва самтҳои омодасозии таҳсилоти миёнаи касбию таҳсилоти олии "Меъморӣ" ва "Техника ва технологияи сохтмон";

- васеъ намудани доираи хизматрасониҳои таълимӣ, ки ташкили низоми омодасозии бетанаффус, мақсаднок, воридсозӣ ва рушди шаклҳои шабакавии ба роҳ мондани барномаҳои таълимии ҳамаи сатҳҳои таҳсилоти олӣ (бакалавр, магистратура, омода кардани кадрҳои ихтисоси олӣ), таълими мақсаднок, истифодаи технологияҳои таълими фосилавиро тақозо менамояд;

- истифодаи усулҳои муосир ва нави таълим, васеъ намудани фарогирии коллеҷҳо ва муассисаҳои олии таълимии меъморию сохтмонӣ бо технологияҳои муосири педагогӣ ва иттилоотӣ барои омодасозии кадрҳои ихтисосманд ва мавриди ниёз дар бозори меҳнат;

- рушди низоми таҳсилоти касбии иловагӣ, ки ба такмили салоҳият дар самти танзими техникӣ барои категорияҳои алоҳидаи мутахассисон дар соҳаи бехатарӣ (коршиносони мақомоти экспертиза, сармуҳандисон ва сармеъморони лоиҳаҳо, сарконструкторҳо ва технологҳо) нигаронда шудааст;

- ба мутахассисон омӯхтани қоидаҳои кор дар бозори мутамаддин (идора кардани лоиҳаҳо, идора кардани сифат, баҳогузорӣ ва идора кардани амволи ғайриманқул ва сармояҳо), инчунин технологияҳои нави лоиҳакашӣ ва сохтмон, малакаи ҳалли вазифаҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, экологӣ ва ғайра;

- татбиқи барномаҳои такмили ихтисоси устоҳои истеҳсолӣ ва омӯзгорони мактабҳои олӣ;

- барои амалишавии барномаҳои таълимӣ гирифтани монеаҳо аз роҳи ҷалб намудан мутахассисон аз истеҳсолот ва таҷрибаомӯзии касбӣ;

- зиёд намудани ҳаҷми таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ бо мақсади ташаккули малакаҳои касбӣ;

- дар коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии меъморию сохтмонӣ оид ба аз худ намудани малакаҳои гуногуни тахассусӣ дар таҷрибаомӯзӣ ворид намудани тренингҳо.

2) ташкили низоми самараноки масъулияти коллективии касбии муассисаҳои таълимии соҳавии таҳсилоти олӣ ва корфармоённамояндаҳои бахши ҳақиқии иқтисодиёт оид ба тайёр кардани кадрҳо мувофиқи пешгӯии илмии самтҳои рушди технологии соҳа;

3) барои низоми таҳсилоти касбии миёна:

- васеъ истифода намудани механизмҳои амалкунанда ва ҷорӣ намудани механизмҳои нави ҳамкории муассисаи таълимӣ бо корфармоён, аз ҷумла дар қисми аккредитатсияи барномаҳои таълимӣ, дастур ва китобҳои таълимӣ;

- татбиқи барномаҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии устоҳои таълими истеҳсолӣ;

- ташкил намудани низоми озмунҳои касбии соҳавӣ бо мақсади пешниҳоди имконот барои рушди касбӣ ва вазифавӣ.

4) ташкили низоми такмили бетанаффуси ихтисоси омӯзгорони коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимии олии меъморию сохтмонӣ, ба роҳ мондани усули маҷмӯӣ ва самараноки интихоби омӯзгорон аз шумораи кормандони бештар таҷрибадор бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию алоқавӣ;

5) ташаккули низоми ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла молиявӣ барои кормандони соҳа ва корфармоён бо мақсади аз барномаҳои такмили ихтисос фаро гирифтани кормандон;

6) васеъ намудани хизматрасониҳо оид ба таълими мутахассисон дар доираи курсҳои кӯтоҳмуддат бо ҷалби устоҳои ихтисосманди таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва кормандони муҳандисию техникӣ, бо супоридани сертификатҳои махсуси мувофиқат ба касб, ки ихтисоси таълимгирандаро мувофиқи касби интихобнамудааш нишон медиҳад.

7) ташкили низоми назорати сифати хизматрасониҳои таълимӣ бо ҷалби иттиҳодияҳои соҳавии пешрафти ҷомеа;

8) зиёд намудани иштироки иттиҳодияҳои касбию ҷамъиятӣ дар кори мақомоти иҷроияи ҳокимият оид ба мониторинги бозори меҳнат, банақшагирии дурнамо ва рушди иқтидори кадрии соҳаи сохтмон аз ҷиҳатҳои миқдор, сифат, тахассус ва ҳудудӣ;

9) омода намудани силсилаи китобҳои дарсии соҳавӣ ва дастурҳои таълимии нав бо дарназардошти тамоюли рушд ва бозсозиҳои амалишаванда дар соҳаи сохтмон, ҳамчунин ба забони давлатӣ тарҷума намудани адабиётҳои пешрафтаи хориҷӣ барои муассисаҳои таълимии касбӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон.

21. ИҚТИДОРИ КАДРӢ ВА НИЗОМИ ТАХАССУСҲО ДАР СОҲАИ СОХТМОН

197. Бинобар сабаби бештар зиёд гаштани ҳаҷмҳои сохтмони асосӣ дар соҳаи сохтмон, дар солҳои охир талабот ба захираҳои меҳнати кормандони соҳибтахассуси дараҷаҳои гуногун, аз ҷумла коргарон, кормандони муҳандисию техникӣ, ташкилкунандагони истеҳсолоти сохтмон ҳамасола зиёд мегардад.

198. Вобаста ба ин, аз рӯи баҳогузориҳои гуногун, дар соҳаи сохтмон мушкилоти нарасидани меъморон, кадрҳои муҳандисӣ, иқтисодчиҳои баландихтисос ва роҳбарон ба назар мерасад.

199. Дар солҳои наздик талабот ба тахассусҳо дар соҳаи бунёдкорӣ, татбиқ ва дастгирии ҳалҳо, ки ба технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳнии замонавӣ асос ёфтаанд, бештар мегарданд.

§1. Мушкилоти асосӣ

200. Мушкилоти асосии бозори меҳнат дар соҳаи сохтмон инҳоянд:

- набудани низоми самараноки пешгӯии ба кор таъмин будан дар соҳаи сохтмон дар самтҳои муҳим ва дурнамои фаъолияти касбӣ;

- набудани таҳлили талаботи воқеӣ ба мутахассисони тамоми сатҳҳои соҳаи сохтмон;

- дар як қатор ҳолатҳо номувофиқатии малакаи касбии мутахассисон ба талаботи ташкилоти сохтмонӣ дар шароити тез воридшавии технологияҳои нав;

- набудани таҷрибаи қаблан мавҷудбуда оид ба нигоҳдории кадрҳо. Айни замон имтиёзҳо барои мутахассисони ҷавон вуҷуд надоранд, алоқаи байни муассисаҳои таълимии олию миёнаи касбӣ ва ташкилотҳои сохтмонӣ вуҷуд надорад.

§2. Афзалиятҳо

201. Ҳадафи стратегия ин ташкили низоми муосири соҳавии тахассусҳо мебошад, ки ба ташаккули салоҳиятҳои зарурии мутахассисон равона шудааст.

202. Яке аз бартариҳои асосӣ дар соҳаи сохтмон ин рушд дар асоси салоҳиятҳо, такмили бетанаффуси ихтисоси ҳамаи иштирокчиёни он, инчунин мукаммалсозии низоми тасдиқи салоҳиятҳо мебошад.

§3. Вазифаҳои асосӣ

203. Вазифаҳои стратегӣ барои расидан ба ҳадафҳо инҳо мебошанд:

- татбиқи чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи касбҳои сохтмонӣ ва ҷалб намудани ҷавонон ба ин соҳа равона шудаанд;

- гузарондани таҳқиқоте, ки дар ҳудуди минтақаҳо ташаккули маълумотро оид ба малака ва тахассусҳои дурнамои нав дар соҳаи сохтмон таъмин менамояд;

- рушди низоми ягонаи тахассусҳои касбӣ дар соҳаи сохтмон бо мақсади ташкили инфрасохтори муосири низоми соҳавии тахассусҳо, ки марҳилаи ҳаётии ихтисоси барои рушди соҳаи сохтмон зарурии кормандонро таъмин мекунад;

- рушди низоми соҳавии феҳристҳои миллӣ, минтақавӣ ва дигари захираи кадрҳои ихтисосманд бо мақсади ташаккули инфрасохтори иттилоотӣ, ки нигоҳдорӣ ва гардиши маълумотро дар бораи тахассуси кормандон таъмин мекунад;

- ташкили низоми озмунҳои касбии соҳавӣ бо мақсади пешниҳод кардани имконот барои рушди касбӣ ва вазифавӣ;

- инкишофи минбаъдаи захираҳои иттилоотии соҳавии кадрҳои касбӣ, ки дар бораи салоҳияти асосии касбӣ маълумоти дуруст медиҳанд;

- ташкили низоми рушди касбии бетанаффуси меъморон ва шаҳрсозон дар асоси намунаи тасдиқшудаи мақсадноки бозори хизматрасониҳои касбӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- ташкили механизми тасдиқ намудани тахассуси шаҳрвандони дигар давлатҳо, ки дар соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ ё муваққатӣ фаъолият менамоянд бо шаҳодатнома дар бораи баҳодиҳии мустақили тахассус.

204. Дар доираи такмил ва рушди иқтидори кадрии соҳаи сохтмон:

- ташкил ва фаъол гардондани низоми ягонаи бетанаффус ва бисёрсатҳаи омодасозӣ, бозомодасозӣ, аттестатсия ва такмили ихтисоси кадрҳо, мутахассисони соҳаи сохтмон;

- пурзӯр намудани бозсозиҳо дар омода намудани кадрҳои замонавие, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд;

- аз нав дида баромадани барномаҳои таълимии мутахассисони тамоми сатҳ бо дарназардошти таҷрибаи мусбии давраи гузашта;

- ҷорӣ намудани низоми аттестатсияи давравии кормандони мақомот ва ташкилотҳои ваколатдор, ки хизматрасониҳои давлатӣ мерасонанд ва расмиётҳои иҷозатдиҳӣ, экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, инчунин назоратро дар соҳаи сохтмон иҷро мекунанд;

- ҷорӣ кардани низоми сертификаткунонии касбии мутахассисони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар самти лоиҳакашӣ ва сохтмон, инчунин аккредитатсияи ташкилотҳои ғайритиҷоратии мазкур аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- такмили низоми баҳодиҳӣ ва ҳавасмандгардонии кормандон (низоми раддабандии самаранокии фаъолияти кормандон, барномаҳои идоравии мукофотонӣ);

- ташкили курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мутахассисони ҳамаи сатҳҳо оид ба ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии нав, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои харҷномавӣ;

- ташкил намудани маркази консалтингӣ оид ба мониторинг ва ҳалли мушкилиҳо дар соҳаи лоиҳакашӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- баланд бардоштани нақши ташкилотҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ дар ташкили тренингҳо, семинарҳо, мастер-классҳо, курсҳои таълимӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон бо ҷалби меъморон, муҳандис-конструкторҳо ва сохтмончиёни маъруф аз хориҷа.

22. ТАКМИЛ ВА РУШДИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН

205. Такмил ва рушди фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи сохтмон бояд баланд бардоштани сифати маҳсулоти сохтмонӣ - тавсифоти баланди истифодабарии бино ва иншоот, мустаҳкамӣ, бехатарӣ, боҳузуриву зебоӣ ва дар истифода камхарҷӣ, беҳгардонии муҳити меъморию сохтмониро барои зиндагонии инсон таъмин кунад ва онро то ба сатҳи дастовардҳои мамлакатҳои тараққикарда расонад.

§1. Мушкилоти асосӣ

206. Навкунонии корхонаҳои соҳаи сохтмон, бештар дар асоси азхуд кардани технологияҳои хориҷӣ амалӣ мегардад, ки ин аз афзудани фосилаи байни талаботи иқтисодиёт дар навкунонии технологӣ ва қобилияти ин талаботро қонеъ кардани маҷмӯи илмию таҳқиқотӣ гувоҳӣ медиҳад.

207. Рушди технологияҳои ватанӣ, саривақт ва босамар ҷорӣ кардани онҳо, инчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ - яке аз шартҳои ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии соҳаи сохтмон то соли 2030 маҳсуб мешаванд.

208. Айни замон татбиқи сиёсати мувозии илмию техникӣ ва инноватсионӣ дар соҳаи сохтмон бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои нави энергия ва захираҳои камхарҷ, истифодаи конструксияҳо аз масолеҳи замонавии самаранок, технологияҳои сохтмон дар асоси системаҳои технологияи баланд, системаҳои гуногуни конструктивии биноҳои бисёрошёна бо хосиятҳои баланди гармию садоногузари конструксияҳои иҳотагир, истифодаи масолеҳи пардоздиҳии муосир ва таҷҳизоти муҳандисӣ амалӣ карда мешавад.

§2. Афзалиятҳо

209. Ҳадафи фаъолияти илмию техникӣ дар соҳаи сохтмон ин таҳияи низоми самараноки рушд ва ба пуррагӣ истифода намудани иқтидори зеҳнии олимону мутахассисони соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад.

§3. Вазифаҳои асосӣ

210. Барои расидан ба ҳадафи зикргардида вазифаҳои асосии зеринро ҳал намудан лозим аст:

- баланд бардоштани самаранокии тадқиқоти заминавӣ, ҷустуҷӯӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- ташкили низоми мониторинги доимии тадқиқоти гузарондашавандаи заминавӣ, ҷустуҷӯӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- барои тадқиқотчиёни ватанӣ дастрас гардондани инфрасохтори ташкилшудаи илмию тадқиқотии кишвар, аз ҷумла таҷҳизоти технологии баланди озмоишӣ ва санҷишӣ;

- ба низоми муайян даровардани захираҳои мавҷудбудаи илмӣ ва илмию технологӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, баҳогузорӣ аз нуқтаи назари мувофиқат ба сатҳи ҷаҳонии рушди илмӣ ва технологӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, ташаккулӣ низоми самараноки ҳамоҳангӣ ва идора кардани корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ;

- такмили механизми иқтисодии баланд бардоштани самаранокии кори соҳаи сохтмон бо роҳи дар сатҳи корхонаҳо, ташкилотҳои сохтмонӣ ва ширкатҳо таҳия ва ҷорӣ намудани системаҳои банақшагирии стратегӣ, маркетинг ва менеҷменти молиявӣ;

- рушди ҳамкориҳои судманди байналмилалии илмӣ ва илмию техникӣ, таъмини иштироки олимон ва ташкилотҳои ватанӣ дар иттифоқҳои байналхалқӣ ва лоиҳаҳои илмӣ, ташкилотҳо, иттифоқҳои касбӣ ва эҷодии байналмилалӣ, ки истифодаи салоҳият ва (ё) захираҳои навро таъмин мекунанд;

- барқарор намудани низоми лоиҳакашии таҷрибавӣ ва сохтмон;

- ташкили низоми ҳавасмандгардонӣ ва ҷалб намудани ҷавонони боистеъдод ба фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- қабули чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштанию нуфузи маҷаллаҳои илмӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- ташкили низоми банақшагирии тадқиқоти илмӣ ва дурнамои тамоюли рушди илмию техникии соҳаи сохтмон;

- ташаккули механизмҳои самараноки ҳамкориҳои илмӣ ва бахши ҳақиқии иқтисодиёт тавассути ташкил додани марказҳои мутобиқсозии интиқолдиҳии технологияҳо ва навгониҳо, гузарондани мониторинги доимии талаботи иштирокчиёни соҳаи сохтмон ба дониш, малака ва ҳаллҳои технологӣ;

- оммавигардонии натиҷаҳои назарраси соҳаи илм, технология ва инноватсия, муваффақиятҳо дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон;

- баланд бардоштани иқтидори илмию техникӣ дар соҳаи сохтмон бо роҳи барқарор кардан ва рушди заминаи илмии соҳа, ҳавасмандгардонӣ ва таъмини дастгирии давлатии тадқиқоти илмӣ, рушди лоиҳакашии намунавӣ барои объектҳои сохтмони оммавӣ;

- ташкили системаҳои нави конструктивию технологии биноҳои истиқоматӣ барои деҳотҷойҳо;

- таъмини бехатарии сейсмикии биноҳо ва иншооти мавҷудбуда бо роҳи амалигардонии барномаҳои давлатӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикии биноҳо ва иншооти мавҷудбуда;

- барӯйхатгирӣ, муоина ва таҳлили ҳолати техникии фонди манзили мавҷудбуда ва дар асоси он баҳо додан ба хатарҳои эҳтимолӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва чорабиниҳо оид ба пешгирии онҳо.

23. РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ СОХТМОН

211. Ҳиссаи ками иштирокчиёни бозори сохтмон дар фаъолияти худ технологияҳои иттилоотии рақамиро ворид мекунанд. Маъруфияти васеъро технологияҳои иловашудаи воқеият, маводҳои интернетӣ, 3D-чопкунӣ, ороиши генеративӣ, таълим бо мошин, технологияҳо дар асоси тасаввури сеченакаи биноҳо ва иншоот ва бисёр технологияҳои дигар пайдо мекунанд.

212. Мутобиқи "Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2019, №642 тасдиқ шудааст, дар сатҳи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, Тоҷикистон ба давлатҳое мансуб аст, ки дар зинаи тавлидии иқтисодиёти рақамӣ қарор дорад. Ин чунин маъно дорад, ки иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон дар оғози ташаккул қарор дорад.

213. Дар раванди таҳлили вазъияти мавҷудбуда ва маълумоти раддабандии байналмилалӣ имконоти бартараф намудани қафомонии мавҷудбуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби самаранок истифода бурдани технологияҳои нав, аз ҷумла инноватсионӣ, инчунин таҷрибаҳои беҳтарини байналхалқиро қайд намудан муҳим аст.

214. Рақамикунонии истеҳсолот дар бахшҳои асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла дар соҳаи сохтмон бо суръати хеле суст роҳандозӣ мешавад.

215. Рушди технологияҳои иттилоотию алоқавии соҳа тартибдиҳандаи калидии рақамикунонии тамоми бахшҳои иқтисодиёт мебошад.

216. Дар низоми маорифи ҷумҳурӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ густариш меёбад. Муассисаҳои таълимӣ ба шабакаҳои интернетӣ пайваст мебошанд. Фанни информатика ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ворид карда шудааст ва омодасозии кадрҳо барои соҳаҳои технологияи иттилоотию алоқавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо, сифати барномаҳои таълимӣ ва мутахассисони дорои таҳсилоти касбӣ ба талаботи иқтисодиёти рақамӣ ҷавобгӯ нест.

217. Зарурияти омӯзиши таҷрибаҳои байналхалқии беҳтарини аз рӯи сатҳи рақамикунонии давлатҳо монанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

218. Татбиқи вазифаҳое, ки Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ муайян намудааст, истифодаи васеи ҳуҷҷатҳои электрониро тақозо менамояд.

219. Диққати асосӣ дар доираи рақамикунонии фаъолияти шаҳрсозӣ бояд ба самтҳои зерин равона шавад:

- амалӣ намудани расмиётҳои шаҳрсозӣ дар намуди рақамӣ (дар шакли электронӣ, дар намуди электронӣ);

- таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои фаъолияти шаҳрсозӣ дар шакли электронӣ;

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ, ки дар фаъолияти шаҳрсозӣ ба таври автоматӣ ҷамъоварӣ мешавад;

- ҷорӣ кардани технологияҳои тамсилагардонии иттилоотии объектҳои сохтмон, инчунин тамсилаҳои иттилоотии ҳудудҳо барои таъмини фаъолияти шаҳрсозӣ ва банақшагирии ҳудудҳо.

220. Ҷорӣ намудани рақамикунонӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, кадастри шаҳрсозӣ ва низоми электронии (бойгонӣ) бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ ва назорати ҳуҷҷатҳои шаҳрсозиро таъмин менамояд.

221. Дар бисёр кишварҳо васеъ ҷорӣ намудани тамсилагардонии иттилоотӣ дар сохтмон, аз ворид намудани истифодаи ҳатмии технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони лоиҳаҳои мураккаби технологӣ ё инфрасохторӣ, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷет амалӣ мегардад, оғоз гардидааст.

222. Истифодабарии технологияи иттилоотии тамсиласозӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмон имконияти расидан ба мақсадҳои стратегӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии сохтмонро фароҳам меоварад.

§1. Мушкилоти асосӣ

223. Монеаҳои асосӣ барои истифодаи технологияҳои тамсилагардонии иттилоотӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳо инҳо мебошанд:

- заминаи рушднаёфтаи меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ барои дар низоми харидҳои давлатӣ ҷорӣ намудани шартномаҳо оид ба таҳияи асосноккунии сармоягузориҳо, шартномаҳои доираи ҳаётӣ ва шартномаҳо оид ба иҷро кардани корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани объектҳои сохтмон;

- мавҷуд будани маҳдудияти қонунӣ барои дар амал ҷорӣ намудани шартномаҳое, ки якчанд зинаи доираи ҳаётии объекти сохтмонро дар қисми муқаррар намудани муҳлати ниҳои оид ба пардохти шартномаҳои давлатӣ дар бар мегиранд;

- набудани бастаи пурраи шартномаҳои намунавӣ дар соҳаи сохтмон, ки ба иҷрокунанда имкони муқаррар намудани талаботро оид ба истифодаи технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ пешбинӣ мекунад;

- хавфи афзудани хароҷоти ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ барои ҷиҳозонидани ҷойҳои корӣ, харидани таъминоти барномавӣ ва зиёд кардани салоҳият;

- низоми нархгузорӣ дар ҳолати истифодаи технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ иловапулиҳоро ба арзиши корҳои лоиҳакашӣ пешбинӣ намекунад;

- арзиши баланди таъминоти барномавӣ;

- нарасидани кадрҳои ихтисосманд.

224. Дар баъзе ҳолатҳо кори ташкилотҳо бе истифодаи технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ низ самаранок мебошад.

225. Мушкилоти асосӣ дар самти гузарондани расмиётҳо ба намуди электронӣ инҳо мебошанд:

- ба шакли электронӣ гузарондани ҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои шаҳрсозӣ дар доираи нақшаҳои алоҳидаи идоравӣ, нақшаҳои субъектҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок намебошад;

- бештари ҳуҷҷатҳои дар шакли электронӣ қабулшаванда намуди мошинхониро надоранд.

§2. Афзалиятҳо

226. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи тамсилагардонии иттилоотӣ дар соҳаи сохтмонро дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ намудан лозим аст.

227. Ҷорӣ кардани низоми идоракунии доираи ҳаётии объектҳои сохтмонро дар асоси технологияҳои тамсилагардонии иттилоотӣ пешбинӣ намудан зарур аст.

228. Ҳамчунин тамсилагардонии иттилоотиро дар Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан лозим аст.

229. Ҳадафи стратегӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ин баланд бардоштани сифати идоракунии объектҳои сохтмон дар ҳамаи марҳилаҳои доираи ҳаётӣ бо ёрии ҷорӣ намудани технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ мебошад.

§3. Вазифаҳои асосӣ

230. Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бояд вазифаҳои зерин ҳал карда шаванд:

- содагардонии таркиби асосноккунии сармоягузориҳо ҳангоми бастани шартнома дар як вақт ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода додани объекти сохтмон, инчунин муайян намудани ҳолатҳое, ки омода кардани асосноккунии сармоягузориҳо талаб карда намешавад;

- васеъ намудани доираи истифодабарии шартномаи давраи ҳаётӣ дар марҳилаи истифодабарӣ;

- муқаррар намудани имконияти бастани шартномаҳои алоҳида барои коркарди асосноккунии сармоягузорӣ, васеъ намудани шаклҳои шартномаҳои намунавӣ;

- дар доираи шартҳои намунавии шартномаҳои давлатӣ, тасдиқ намудани шартномаҳои намунавии талабот ба натиҷаи тамсилагардонии иттилоотӣ, қоидаҳои пешбурди тамсилагардонии иттилоотӣ, талабот ба пешниҳод намудани намунаҳои иттилоотӣ ба мақомоти экспетризаи давлатии ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ё қоидаҳои пешниҳод намудани дастрасӣ ба тамсилаҳои иттилоотӣ;

- муқаррар намудани имконоти ҳисоб кардани хароҷот барои истифодаи тамсилаи иттилоотӣ ҳангоми муайян намудани арзиши харҷномавии объектҳои сохтмони асосӣ дар марҳилаҳои коркарди ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ, гузарондани тафтиш барои дуруст муайянкунии арзиши харҷномавӣ;

- воридсозии марҳилавии зарурияти коркарди асосноккунии сармоягузорӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон бо истифода аз технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ;

- ташкил, навкунонии доимӣ ва ба ҳуқуқи (иҷозати) озод пешниҳод намудани таснифкунандаи иттилооти сохтмонӣ;

- ҷорӣ намудани ҳуқуқи дар таркиби ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ба экспертиза пешниҳод намудани иттилоотӣ тамсилавӣ дар шакли стандартикунонишуда бо имкони кам кардани арзиш ва муҳлати экспертиза;

- ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии тавзеҳоти сеченакаи биноҳо ва иншоот, муайян намудани имконот ва тартиби ташаккули нақшаи техникӣ дар доираи тамсилагардонии иттилоотии объекти сохтмон ва бо роҳи истифодаи технологияҳои муосир гирифтани селаи маълумоти ибтидоӣ;

- дохил намудани маълумот дар бораи технологияи тамсилагардонии иттилоотӣ дар барномаҳои таълимӣ дар соҳаи лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии объекти сохтмон;

- коркард, азнавсозӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои касбие, ки ба ташаккули дониш ва тавоноӣ дар соҳаи технологияҳои тамсилагардонии иттилоотии мутахассисони дар соҳаи лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва сохтмон машғулбуда равона гардидааст;

- ташкили заминаи оммавии маълумот "Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи сохтмон" дар соҳаи танзими техникӣ, барои дастрасии озоди ҷомеа ва сармоягузорон ба ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи сохтмон;

- мустаҳкам намудани заминаи моддиву техникии зерсохторҳои ҳудудӣ ва ташкилотҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи фарогирии пурраи дастрасӣ ба захираҳои интернетӣ, таъмин бо IT-технологияҳои муосир, таҷҳизонидан бо компютерҳои муосир ва техникаи нусхабардорӣ;

- ташкил ва ҷорӣ намудани геофонди электронии тадқиқоти муҳандисию техникӣ бо ворид кардан ба заминаи маълумотии геофонд нақшабардориҳои иҷроишии объектҳои сохтмони анҷомёфта;

- рақамикунонӣ ва автоматикунонии минбаъдаи хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи сохтмон;

- таъмини бехатарии иттилоотии системаҳои иттилоотӣ ва заминаи маълумотии электронӣ.

231. То соли 2030 бояд ҳамаи расмиётҳо дар соҳаи сохтмон ба шакли электронӣ гузаронда шаванд.

232. Ғайр аз ин, то соли 2030 дар соҳаи сохтмон фазои ягонаи рақамӣ ташкил додан лозим аст, ки якҷояшавии системаҳои иттилоотиро дар соҳаи шаҳрсозӣ дар бар мегирад ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро дар намуди рақамӣ дар тамоми доираи равандҳои муносибатҳои соҳаи шаҳрсозӣ таъмин менамояд.

24. ТАКМИЛДИҲӢ ВА МУНОСИБКУНОНИИ НИЗОМИ НАЗОРАТ ВА САНҶИШ ДАР СОҲАИ СОХТМОН

233. Айни замон дар ҳудуди мамалакат мушкилиҳо вобаста ба назорати самаранок ва санҷиш аз болои фаъолияти ташкилотҳои сохтмонӣ вуҷуд доранд. Амалӣ намудани назорати сохтмонӣ ва санҷиш барои пешгирӣ ва хотима додан ба иҷро накардани талаботи қонунгузории шаҳрсозӣ равона гардидаанд, вале чорабиниҳои мазкур такмилро талаб менамоянд. Дар умум, бо коркарди муносибати бонизом, ҳамзамон ба баландшавии сифат ва бехатарии сохтмони объекти сохтмони асосӣ, инчунин нишондиҳандаҳои самараноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва хадамотҳои фармоишгар ноил гаштан имконият дорад.

234. Фаъолияти назорати давлатӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ бо системаҳои дигар, ки бехатариро дар сохтмон таъмин менамоянд, алоқаманд мебошанд:

- иҷозатномадиҳӣ дар фаъолияти шаҳрсозӣ;

- экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ;

- иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ;

- қабули объектҳо ба истифодабарӣ;

- назорати давлатӣ;

- назорати муаллифӣ;

- назорати техникӣ;

- сертификаткунонӣ ва баҳодиҳии ҳатмии дахлдор оид ба мутобиқати масолеҳҳои сохтмонӣ;

- намудҳои дигари назорат, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

235. Мутобиқ ба моддаи 67 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат дар соҳаи шаҳрсозӣ бо мақсади таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти шаҳрсозӣ ҳангоми омодагӣ ба сохтмон, таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ, қабули объекти сохтмонаш ба итмомрасида, инчунин дар раванди истифодаи он дар давраи мӯҳлати кафолатдодашуда амалӣ карда мешавад.

§1. Мушкилоти асосӣ

236. Мушкилоти асосӣ дар фаъолияти назоратию санҷишии сохтмон инҳо мебошанд:

1) дар сатҳи давлатӣ вазифаҳои зерин пешбинӣ нагардиданд:

- тартиби шикояти то судӣ аз болои ҳаллҳои мақомоти назорати давлатии сохтмони минтақавӣ бо ҳуқуқи бекор кардани онҳо;

- тартиби самараноки шикояти то судӣ аз болои хулосаи экспертизаи ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ (аз ҷумла хулосаҳои мусбӣ);

- бефосила баланд бардоштани тахассуси ҳайати кадрии мақомоти назорати давлатии сохтмон;

2) низоми ягонаи тафтиш, ҳисоб ва таҳлили техникии садамаи биноҳо ва иншоот барои самаранок ошкор намудани сабабҳои садама вуҷуд надорад;

3) қонунгузориҳо дар бораи танзими техникӣ, шаҳрсозӣ, дар бораи назорати тартиби баҳо додани мувофиқат (муайян кардани дараҷаи хавфи расонидани зарар, тартиби гузарондани санҷишҳо дар объектҳои сохтмони асосӣ) байни ҳам ҳамоҳанг (мутобиқ) карда нашудаанд;

4) механизми бақайдгирии хатоҳои дағал (доимӣ) ҳангоми лоиҳакашӣ бо қонунгузорӣ муқаррар нашудааст;

5) боздоштани маъмурии фаъолияти сохтмон аз рӯи ҳалли суд дар муҳлати муайян маҳдуд карда шуда дар амал новобаста аз далели бартараф намудани вайронкориҳое, ки ба боздоштани фаъолият оварда мерасонад, қатъ карда мешавад;

6) танзими назорати сохтмон дар қисматҳои зерин мавҷуд нест:

- талабот ба баҳогузории назарӣ ва инструменталии мутобиқатии масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулот ба талаботи муқарраршуда;

- қоидаҳои ҳуҷҷатгузории натиҷаҳои назорати воридотӣ;

- тартиби расмӣ намудани ҳуҷҷатҳо, аз ҷониби мутахассисони ташкили сохтмон;

7) низоми назорати сифати экспертизаи ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ вуҷуд надорад;

8) назорати зарурии сифати гузарондани тадқиқоти муҳандисӣ вуҷуд надорад;

9) механизми ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб намудани шахсони масъули лоиҳакаш мавҷуд нест;

10) набудани тартиби самараноки гузаронидани назорати давлатӣ оид ба лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳо;

11) зарурияти истинои сершуморӣ ва такрор кардани намудҳои гуногуни назорати давлатӣ ҳангоми сохтмон бо роҳи таъмини ҳамкории бештар зичи мақомоти назоратӣ дар шакли "Равзанаи ягона" (назорати ягона) ҷой дорад.

§2. Афзалиятҳо

237. Ҳадафи асосии такмили фаъолияти назоратию санҷишӣ дар сохтмон ин баланд бардоштани бехатарии корҳои сохтмонию объектҳои сохтмон бо фишори камтарин ба соҳибкорон мебошад.

238. То соли 2030 низоми самарабахши фаъолияти назоратию санҷишӣ бояд дар бар гирад:

1) механизмҳои амалкунандаи пешгирӣ аз расонидани зарар:

- назорати самараноки сифати масолеҳи сохтмонӣ, натиҷаҳои тадқиқоти муҳандисӣ, ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ, корҳои иҷрошуда ҳангоми сохтмон, таҷдид, таъмири асосӣ ва вайрон кардан;

- баҳодиҳии дақиқи хавфи бадшавии сифати муҳити атроф ва пастшавии бехатарии экологӣ дар марҳилаи интихоби қитъаи замин барои сохтани объектҳои сохтмони асосӣ;

- таъмини назорати самараноки экологӣ барои риоя намудани талаботи ҳифзи муҳит ҳангоми сохтмон;

- таъмини ногузир будани ҷалбкунӣ ба ҷавобгарӣ барои вайрон кардани талабот дар сохтмон, аз ҷумла ба ҷавобгарии маъмурӣ, интизомӣ ва амвол;

2) низоми самараноки тафтиши сабабҳои садама, баҳисобгирӣ ва таҳлили натиҷаҳои тафтиш;

3) ҷудо кардани самтҳои назорату санҷиши экспертизаи давлатӣ ва назорати давлатии сохтмон дар самтҳои сохтмон, лоиҳакашӣ ва фаъолияти тадқиқотӣ;

4) низоми самараноки доимии баланд бардоштани сатҳи салоҳиятҳо ва тахассуси кадрҳои мақомоти назорати давлатии сохтмон.

§3. Вазифаҳои асосӣ

239. Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда амалӣ намудани чорабиниҳо ва вазифаҳои зерин лозим аст:

- ташаккули заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои ташкилотҳо дар сатҳи давлатии ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба таъмини бехатарӣ дар сохтмон;

- таъмини гузарондани чорабиниҳои назоратию санҷишӣ нисбати объекти сохтмони асосӣ, на барои ашхоси алоҳидае, ки дар раванди сохтани он ҷалб шудаанд;

- ба меъёрҳои Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйирот ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар сохтмон, ки ҷалб намудан ба ҷавобгарии маъмуриро барои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи сохтмон таъмин менамояд;

- коркарди нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини истифодабарии масолеҳи сохтмонии босифат, аз ҷумла ташкили низоми ҳамкориҳои байниидоравӣ ва паҳн намудани низоми ягонаи миллии тамғагузории рақамӣ ва муоинаи молҳо дар асосии масолеҳҳои сохтмонӣ ва дигар, ки ба бехатарии объектҳои сохтмони асосӣ таъсир мерасонанд, пешбинӣ мекунад;

- таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди суғуртаи сохтмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба истифодабарии масолеҳи сохтмонии босифат;

- ҷорӣ намудани технологияи рақамикунонӣ дар раванди гузаронидани назорати давлатӣ;

- ташкили механизми самараноки пешбурди назорати давлатӣ дар фаъолияти шаҳрсозӣ.

25. ҲИМОЯИ ҲУДУДҲО ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН АЗ ТАЪСИРИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДАИ ТАБИӢ ВА ТЕХНОГЕНӢ

240. Меъёрҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ", Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 муайян карда мешаванд.

241. Санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таъмини бехатарии сейсмикиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии сейсмологӣ" мебошад.

242. Мутобиқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишине, ки таҳти таъсири ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ қарор доранд, махсус ба танзим дароварда мешаванд.

243. Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳо ва дар маҳалҳои аҳолинишин бо роҳи ҷорӣ намудани қоидаҳои махсуси истифодабарии ҳудудҳо амалӣ мегардад, ки аз инҳо иборатанд:

- меъёрҳо ва қоидаҳои махсуси шаҳрсозӣ;

- тартиби махсуси коркард ва тасдиқ намудани ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ;

- додани иҷозатномаҳои махсус барои сохтмони объектҳо.

244. Танзими махсуси фаъолияти шаҳрсозӣ дар ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишине, ки таҳти таъсири ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ қарор доранд, бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

- коркарди нақшаҳо ва лоиҳаҳои махсуси ҳифзи ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин аз таъсири қайдгардида;

- манъ намудани коркард, тасдиқ намудан ва роҳандозии ҳуҷҷатгузории шаҳрсозӣ бе дарназардошти натиҷаҳои тадқиқоти муҳандисӣ.

245. Тибқи нақшаи генералии ҷойгиркунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳое муайян карда мешаванд, ки зери таъсири ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ қарор доранд.

246. Мутобиқи тарҳҳои банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе чораҳо ҷиҳати ҳифзи ҳудудҳо аз таъсири ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ андешида мешаванд.

§1. Мушкилоти асосӣ

247. Татбиқи вазифаҳои паст кардани хатарнокии ҳудудҳо ва иншоот бо роҳи паст кардани хавфи сейсмикӣ (зилзила) ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ намебошад.

§2. Афзалиятҳо

248. Афзалиятҳои асосӣ инҳоянд:

- паст намудан ва пешгирии хатарҳои навӣ мавҷудбудаи офатҳои табиӣ дар асосӣ афзоиши иқтидор оид ба идоракунии хатарҳои офатҳои табиӣ;

- ҳимояи ҳудудҳо, мавзеъҳои иморатсозӣ, биноҳо ва иншоот аз хавфҳои табиӣ, техногенӣ, иҷтимоӣ ва ҳолатҳои фавқулодда тавассути ҳаллҳои нақшавии мувофиқ, чорабиниҳои муҳандисӣ ва ташкилию хоҷагидорӣ;

- ба роҳ мондани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда;

- коркарди барномаҳои илмию техникӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла дар соҳаи сохтмони зилзилатобовар ва истифодабарии бехатари биноҳо ва иншоот;

- ҷалб намудан мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ҷомеа барои баамалбарории барномаҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ;

- ҷалб намудани ташкилотҳои байналмилалӣ барои баамалбарории барномаи давлатӣ оид ба паст кардани хавфи сейсмикӣ;

- такмил ва коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла дар соҳаи сохтмони зилзилатобовар, ки бехатарии биноҳо ва иншоотро ба танзим медарорад;

- таъмини дастрасии ҳамаи тарафҳои ҳавасманд ба иттилоот оид ба хатари офатҳои табиӣ;

- баҳисобгирии шароити сейсмологии маҳал дар раванди банақшагирии фазоӣ ва шаҳрсозӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

249. Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои қайдгардида вазифаҳои зеринро ҳал намудан лозим аст:

- баланд бардоштани самаранокӣ ва натиҷанокии тадқиқоти заминавӣ ва амалии илмӣ дар соҳаи бехатарии биноҳо ва иншооте, ки дар шароити мураккаби табиӣ ва табиию техногенӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон бунёд карда мешаванд;

- коркарди низоми умумии техникӣ оид ба бехатарии биноҳо ва иншоот, ки талаботро оид ба бехатарии сейсмикии конструксияҳо ва асоси бинову иншоот дар бар мегирад, аз ҷумла ҳангоми шароити мураккаби табиӣ ва табиию техногенӣ;

- ҳамоҳанг намудани иҷрои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулодда, аз ҷумла дар соҳаи сохтмони зилзилатобовар, барқарор кардани низоми лоиҳакашӣ ва сохтмони таҷрибавӣ;

- таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ дар доираи сохтмони зилзилатобовар ва хавфи сейсмикӣ;

- гузаронидани муоина ва баҳогузории биноҳо ва иншооти зилзилатобовар, ташкили махзани маълумот оид ба таъсирнокии биноҳо ва иншоот ҳангоми таъсири сейсмикӣ;

- татбиқи мониторинги сейсмикии бетанаффус, мушоҳидаҳои геофизикӣ, гидродинамикӣ дар пойгоҳҳои доимӣ ва сайёр;

- иштирок дар баҳогузории фаврии таъсирнокии биноҳо ва иншоот бо мақсади паст кардани хавфи сейсмикӣ;

- таъмини гузаронидани баҳогузории экспертӣ оид ба сохтмони зилзилатобовар ва хавфи сейсмикӣ;

- гузарондани чорабиниҳо оид ба таъмини устуворӣ ва зилзилатобоварии биноҳои мавҷудбуда ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмон;

- тартиб додани харитаҳои хатари сейсмикӣ, ки хосиятҳои ҷузъии хокҳоро (харитаҳои сейсмикии микроноҳиявӣ) ҳангоми бунёди шаҳрҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишин, лоиҳакашии объектҳо ба инобат мегиранд;

- коркарди системаҳои ҳифзи зиддизилзилавии биноҳо ва иншоот барои таъмини зилзилатобоварии онҳо;

- гузаронидани корҳо оид ба баҳодиҳии ҳолати техникии инфрасохтор, аз ҷумла биноҳо ва иншооти муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва иҷтимоии дигар, устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва дастрасӣ барои гурӯҳи аҳолии ба хатарҳо бештар осебпазир;

- шиносномакунонии биноҳои сохташуда бо мақсади муайян намудани зилзилатобоварии онҳо, таъсирнокии биноҳо ва иншоот ба таъсири сейсмикӣ ва муқаррар кардани реҷаи истифодабарӣ;

- ташкили кор оид ба ташаккули барномаҳои мақсадноки таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таълимӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ, омузиш ва рафтори аҳолӣ ҳангоми заминларзаи эҳтимолӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба масъалаҳои омодасозии мутахассисон тибқи барномаи таълимии касбие, ки ба таъмини бехатарии сейсмикӣ нигаронда шудааст;

- муайян кардани номгӯи адабиёти дарсӣ ва таълимиву методӣ барои муассисаҳои таълимӣ оид ба таъмини бехатарии сейсмикӣ;

- таъмини муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳо бо маълумоти илмию техникӣ дар бораи бехатарии сейсмикӣ;

- ташкили низоми ягонаи таълимӣ оид ба бехатарии сейсмикӣ дар муассисаҳои таълимӣ;

- омодасозӣ ва бозомузии мутахассисони сейсмологияи муҳандисӣ ва сохтмони зилзилатобовар;

- ба аҳолӣ омӯхтани қоидаҳои сохтмони зилзилатобовар.

26. БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЭНЕРГИЯСАМАРАНОКИИ БИНОҲО ВА ИНШООТ, ҶОРӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ САРФАКУНАНДАИ ЭНЕРГИЯ ВА ЗАХИРАҲО ДАР СОҲАИ СОХТМОН

250. Яке аз мушкилоти муҳим дар соҳаи электроэнергетика сарфаи захираҳои энергетикӣ дар сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ба ҳисоб меравад.

251. Баланд бардоштани энергиясамаранокӣ дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бештар ба ҳалли мушкилоти сарфаи энергия ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии биноҳову иншоот алоқаманд аст.

252. Муддати дароз боқӣ мондани фосила дар сатҳи энергиясамаранокӣ нисбат ба давлатҳои пешрафта номумкин аст. Нигоҳ доштани талабот ба энергияи баланди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба паст шудани бехатарии энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз доштани инкишофи иқтисодӣ оварда мерасонад.

253. Баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба стандартҳои некуаҳволии мамлакатҳои тараққикарда дар заминаи пурзӯр шудани рақобати глобалӣ, такмили ҷиддии баландбардории истифодаи самараноки ҳама намудҳои захираҳои энергетикиро тақозо мекунад.

254. Ташаккули ҷомеи энергиясамаранок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - ин қисми ҷудонашавандаи рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи инноватсионӣ мебошад. Гузаштан ба варианти рушди энергиясамаранок бояд дар солҳои наздик амалӣ гардад, вагарна болоравии иқтисодӣ бинобар нархҳои баланд ва пастшавии дастрасӣ ба захираҳои энергетикӣ боқӣ хоҳад монд.

255. Иқтисодиёти муосир, аз ҷумла сохтмон, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулот ва конструксияҳо дорои хусусияти истеъмолии зиёди захираҳои энергетикӣ мебошад, ки ин ҳолат ҷорӣ кардани технологияҳои каммасрафи энергетикиро тақозо мекунад. Ҳангоми мавҷуд будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки сарфаи энергияро танзим мекунанд, механизмҳои татбиқи амалӣ намудани ин ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоранд.

256. Яке аз сабабҳои зиёд сарфшавии сӯзишворӣ ин сатҳи нокифояи гармимуҳофизии биноҳои сохташаванда ва мавҷудбуда мебошад.

257. Таҳлили намудҳои конструктивии сохтҳои таворавии биноҳое, ки дар шароити мураккаби табиию иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешаванд, нишон медиҳад, ки ҳаллҳои анъанавии дар сохтмон истифодашаванда ба талаботи имрӯзаи гармимуҳофизӣ бо пуррагӣ ҷавобгӯ нестанд.

258. Бинобар ин, яке аз самтҳои бартаридоштаи ҳалли мушкилии баланд бардоштани самаранокии энергия дар биноҳо, ин такмили ҳифзи гармии иҳотаҳои берунии биноҳо, бо роҳи ҷорӣ кардан ва истифода бурдани ҳаллҳои нави меъморию банақшагирӣ, конструктивии биноҳо ва иҳотаҳо, истифодаи масолеҳи муосири энергиясамаранокӣ гармимуҳофиз мебошад.

259. Ҳалли мушкилии сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ хусусияти давомнок дорад, ки сабаби он зарурияти ҳам тағйир додани низоми муносибатҳо дар бозорҳои шомили энергия, ҳам иваз намудан ва навкунонии қисмати зиёди истеҳсолот, инфрасохтори иҷтимоӣ ва муҳандисӣ ва рушди он дар заминаи нави технологӣ мебошад.

260. Санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сарфаи энергия ва энергиясамаранокӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия" мебошад.

§1. Мушкилоти асосӣ

261. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия" ин як тарафи масъала буда, тарафи дигари он - ин таҳияи зерсанадҳои қонунии мебошад, ки имкон медиҳанд муқаррароти асосии қонунгузорӣ ҷорӣ карда шаванд.

262. Иқтисодиёти имрӯза, аз ҷумла сохтмон, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, маснуот ва конструксияҳо бо хосияти зиёди харҷи захираҳои энергетикӣ тавсиф карда мешаванд, ки ин ҳолат ҷорӣ намудани технологияҳои камхарҷи энергетикиро талаб менамояд.

263. Дар мавриди мавҷуд будани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз он ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия", ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия танзим менамояд, механизмҳои татбиқи ин ҳуҷҷатҳо вуҷуд надоранд.

264. Амалишавии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия" бояд дар самти таҳияи санадҳои зерқонунӣ, қоидаҳо, маводи методӣ, дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия ба роҳ монда шавад.

265. Дар баробари ин, мушкилоти асосии зеринро ҷудо намудан мумкин аст:

- набудани дастгирии ҷорӣ намудани технологияи сарфаҷӯии энергия ва сертификаткунонии энергетикии биноҳо;

- таҳлили бозори харҷи энергия ва гармӣ дар миқёси минтақаҳо ва умуман дар ҷумҳурӣ, инчунин набудани иттилооти пурра дар бораи сифати захираҳои харҷшаванда, пешгӯи намудани харҷи энергияро имкон намедиҳад;

- ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи танзими техникии фаъолияти шаҳрсозӣ ба таври назаррас кӯҳна шудаанд ва онҳо имконияти истифодаи васеи технологияҳои каммасрафи энергия ва масолеҳҳои камхарҷи энергияро ба инобат намегиранд;

- бо дарназардошти аҳамияти сарфаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ, зарурати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои гармимуҳофизии биноҳои навбунёд ва мавриди истифода қарордошта, ба ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки ба сарфаҷӯии маҷмӯии энергия дар сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ нигаронида шудаанд, тағйироти ҷиддӣ ворид карда нашудааст.

§2. Афзалиятҳо

266. Ҳадафи асосии сиёсати давлатӣ ин паст намудани талабот ба энергия дар бахши сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ мебошад, ки иборат аст аз:

- баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои энергетикӣ дар сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки шароити зарурӣ барои иҷрои вазифаҳои баланд бардоштани самаранокии энергияро фароҳам оварда, таъмини гузариши устувор ба сарфи ками энергияро таъмин менамояд;

- кам намудани таъсири манфии бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба муҳити зист;

- табдил додани бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба бахши пешрафтаи иқтисодиёт, ки дорои имкониятҳои хуб ҳам барои ҳалли мушкилоти экологии ҷаҳонӣ ва ҳам эҳтиёҷоти ҳамарӯзаи маҳаллӣ, инчунин татбиқи пурраи иқтидори худ дар иқтисодиёт мебошад.

267. Самтҳои афзалиятноки ҳалли маҷмӯии мушкилоти сарфа ва самаранокии энергия дар бахши шаҳрсозӣ инҳоянд:

1) баланд бардоштани самаранокии энергетикии соҳа тавассути:

- таҳия ва тасдиқи маҷмӯи барномаҳои соҳавӣ дар бахши сарфаи энергия ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмон;

- коркарди механизми амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия";

- таҳияи барномаи давлатӣ оид ба барқарорсозии гармии биноҳои мавҷудбуда ва ҳавасмандгардонии сарфаи харҷи гармӣ;

2) дастгирии ҳуқуқӣ барои татбиқи ҳалҳои самараноки конструктивӣ оид ба гармимуҳофизии биноҳо, технологияҳои сарфаи энергия ва захираҳо ва таҷҳизоти муҳандисӣ бо роҳи:

- истеҳсоли конструксияҳо, масолеҳ ва маснуоти сохтмонии баландсифат ва рақобатпазир;

- бо ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ таъмин намудани масолеҳҳо, конструксияҳо, технологияҳо ва таҷҳизоти сарфакунандаи энергия, ҷорӣ намудани конструксияҳо ва технологияҳои замонавӣ;

- таҳия ва қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самаранокии энергетикии биноҳо".

268. Самтҳои асосии сиёсати сарфаи энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергетикии саноати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бояд ҳалли вазифаҳои зеринро таъмин намоянд:

- сарфа намудани ҳамаи намудҳои захираҳои энергетикӣ ҳангоми истеҳсол, тақсим ва харҷи энергия;

- татбиқи васеи навовариҳо дар бахши самаранокии энергия ва сарфаи энергия;

- тасҳеҳ ва қабули принсипҳои асосии бамеъёрдарории гармимуҳофизии биноҳо. Дар ҳуҷҷатҳои нави меъёрӣ бояд принсипи марҳила ба марҳила паст намудани ниёз ба энергияи гармӣ барои гарм кардани биноҳо ба асос гирифта шавад;

- такмили бамеъёрдарории синфҳои самаранокии энергетикии биноҳо;

- таҳия ва татбиқи биноҳои самаранок ва конструксияҳои иҳотагири онҳо бо истифода аз масолеҳҳои баландсифати самараноки гармимуҳофиз, ки талаботи баланди гармимуҳофизии биноҳоро таъмин менамояд;

- таъмини имкони истифодаи маводҳои маҳаллӣ барои сохтмони биноҳои зилзилатобовари энергиясамаранок, бо дарназардошти анъана ва урфу одатҳои миллӣ, усулҳои халқии иҷрои корҳои сохтмонӣ, махсусан дар деҳотҷойҳо;

- рушди истифодабарии энергияи барқароршаванда дар биноҳо ва иншоот;

- васеъгардонии истеҳсол ва истифодаи таҷҳизотҳо ва системаҳои автоматӣ барои баҳисобгирӣ, назорат ва танзими кори системаҳои гармидиҳӣ, масрафи сӯзишворӣ ва энергия;

- баланд бардоштани энергиясамаранокии биноҳои истифодашаванда, иловатан гарм кардани деворҳои иҳотагири берунӣ бо масолеҳҳои самараноки гармимуҳофиз, инчунин баҳодиҳии пешакии аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқи мақсад будани ин чорабинӣ;

- энергоаудит ва шиносномакунонии минбаъдаи фонди манзил новобаста аз шаклҳои моликият;

- навсозии фонди манзили мавҷудбуда мутобиқ ба стандартҳои пешрафтаи энергетикӣ;

- такмил, қабул ва ҷорӣ намудани стандартҳои энергетикии пешрафта барои ҳамаи биноҳои навсохт;

- ташаккули сохтори идоракунии самараноки сарфаи энергия дар фонди манзил;

- таъмини дастрасии манзил ба энергия;

- ба ҳадди камтарин расонидаи партовҳои моддаҳои зараровар ба атмосфера дар бахши манзилию коммуналӣ;

- ба раванди сарфаи энергия ҷалб намудани ҳамаи инфрасохтори шаҳр аз ҳисоби фаъол намудани тарғибу ташвиқ ва ташаккули механизми воқеии ҳавасмандгардонии сарфаи энергия;

- тайёр намудани мутахасисон;

- такмили асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи маҷмӯи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ, ки муносибатҳоро дар бахши сарфаи энергия ва захираҳо танзим менамояд;

- ташаккули механизмҳои молиявию иқтисодии ҳавасмандгардонӣ барои сарфаҷуйии энергия;

- ба роҳ мондани ташвиқу тарғиб оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;

- омӯзиши асосҳои сарфаҷуйии энергия: коркарди барномаҳои омӯзишии аттестатсионӣ ва баланд бардоштани омодагии касбӣ дар бахши сарфаҷуйии энергия барои кормандони корхонаҳои хоҷагии шаҳр ва бахши буҷетӣ;

- коркарди барномаҳои омӯзишии асосҳои сарфаҷуйии энергия дар муассисаҳои таълимӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

269. Чорабиниҳои асосии расидан ба ҳадафи асосӣ инҳоянд:

- қабули "Қоидаҳои таъмини энергиясамаранокӣ";

- қабули "Қоидаҳои гузаронидани экспертизаи сарфаҷӯии энергия ва баланд бардоштани энергиясамаранокӣ";

- бо мақсади гузаронидани тадқиқотҳои энергетикӣ қабули чораҳо оид ба тартиб додани феҳристи чорабиниҳои намунавии дастраси умумӣ оид ба сарфаҷӯии энергия ва энергиясамаранокӣ;

- коркарди тавсияҳо оид ба тартиб додани шиносномаи энергетикӣ;

- муқаррар намудани талабот оид ба энергиясамаранокии молҳо, корҳо, хизматрасониҳо, ки барои эҳтиёҷоти давлатӣ амалӣ карда мешаванд;

- коркарди ҳуҷҷатҳои меъёрӣ бо ворид намудани нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикӣ дар регламентҳои техникӣ, стандартҳо, инчунин дар дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои таҷҳизотҳои истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи энергия, дастгоҳҳо, асбобҳои бақайдгирӣ ва назорат, воситаҳои нақлиёт, конструксияҳои сохтмонӣ, масолеҳҳои гармимуҳофизӣ;

- қабули қоидаҳои гузарондани энергоаудит ва паспортизатсияи минбаъдаи фонди манзил;

- ташкили низоми давлатии иттилоотӣ оид ба сарфа ва самаранокии энергетикӣ;

- коркарди барномаи давлатӣ оид ба тайёркунии мутахассисон дар бахши сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия;

- васеъ истифода намудани масолеҳҳо, таҷҳизот ва асбобҳои сарфаҷӯӣ ва самараноки энергия дар сохтмон;

- васеъ ба роҳ мондани низоми аудити энергетикӣ барои биноҳо ва иншоот бо ташаккули заминаи таҳлили нишондодҳо аз руйи синфи самаранокии энергетикии онҳо;

- истифодаи манбаъҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи энергия;

- коркард ва дар амал ҷорӣ намудани лоиҳаҳои таҷрибавии биноҳои энергиясамаранок ва конструксияҳои иҳотагирии онҳо бо истифодаи масолеҳҳои баландсифати самараноки гармимуҳофиз;

- коркард ва дар амал ҷорӣ намудани усулҳои паст намудани сарфаи энергия ҳангоми истеҳсоли масолеҳ, маҳсулот ва конструксияҳои сохтмонӣ, инчунин иҷрои корҳои сохтмониву васлгарӣ;

- ҷустуҷӯ ва коркарди ҳаллҳои нави конструктивии сохтҳои иҳотагирии биноҳо бо истифодаи технологияҳои нав, аз ҷумла низоми энергиясамараноки гармимуҳофизи берунӣ бо тартиб додани албоми ҳалҳои тавсияшаванда;

- коркарди усулҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикии биноҳои истифодашаванда, иловатан гарм намудани деворҳои беруна бо маводи гармимуҳофизи замонавӣ бо арзёбии пешакии асоснокии иқтисодии ин чорабинӣ.

27. ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

270. Фаъолият дар соҳаи сохтмон ба ҳолати муҳити зист аз рӯи се самти асосӣ таъсир мерасонад:

- ҳангоми истифодаи захираҳои табиӣ дар раванди истеҳсол (захираҳои конҳо, об, ҷангал);

- ҳангоми истифодаи ҳудудҳо ва фазоҳо (қитъаҳои замин, ҳавзаҳои об, муҳити геологӣ);

- ҳангоми ба муҳити атроф партофтани партовҳои истеҳсолии сохтмон ва саноати масолеҳи сохтмонӣ.

271. Дар соҳаи сохтмон бо мақсади таъмини бехатарӣ ва паст кардани таъсири манфӣ ба муҳити атроф зарур аст:

- ҳалли мушкилиҳо оид ба нобуд кардани партовҳои сахти саноатӣ, коркард ва истифода намудани онҳо дар истеҳсолоти сохтмонӣ;

- барқароркунии заминҳое, ки дар натиҷаи сохтмон вайрон шудаанд;

- гузарондани чорабиниҳо оид ба кам кардани меъёрҳои ҷудокунии заминҳо аз ҳисоби истифодаи фазоҳои заминӣ;

- ҷорӣ намудани равандҳои технологии кампартов, ки манъ ё кам кардани партовҳои зарарнокро таъмин менамоянд.

272. Санадҳои ҳуқуқии амалкунанда оид ба бехатарии экологӣ, экспертизаи экологӣ аз рӯи намудҳои сохтмон ва таъиноти объектҳо, масолеҳҳои сохтмонӣ ва рӯйбастӣ ба таври кофӣ мушаххас нашудаанд.

§1. Мушкилоти асосӣ

273. Фаъолияти соҳаи сохтмон, дар раванди истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ, маснуот ва конструксияҳо, инчунин дар давраи сохтмони объектҳои гуногун ба ҳолати муҳити атроф таъсир мерасонад.

274. Бинобар набудани саноати рушдкардаи масолеҳи сохтмонӣ, таъсири равандҳои истеҳсолӣ, ба монанди истеҳсоли семент, хишт, оҳак, бетон ва ғайраҳо ба муҳити атроф хусусияти ҷузъӣ дорад.

275. Банақшагирии шаҳрсозӣ миқдори рӯзафзуни ҷараён ва шумораи воситаҳои нақлиётро ба инобат намегирад, дар натиҷа мушкилии ҷойгиронии таваққуфгоҳҳои автомобилӣ ва ифлосшавии ҳавои фазо вуҷуд дорад.

276. Набудани ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ё риоя нагардидани талаботи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ ба сохтмони бетартибонаи иморатсозии шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, ба кам шудани майдонҳои сабзазоркунии онҳо, ба зиёд шудани масоҳати таваққуфгоҳҳои автомобилҳо, ба пастшавии сифати муҳити ҳудудҳои иморатсозӣ, аз ҷумла, ба ниҳоят зичшавии иморатсозӣ, харобшавии реҷаҳои ҳаворасонӣ, равшанитаъминкунӣ ва ғалоғула оварда мерасонад.

§2. Афзалиятҳо

277. Ҳадафҳои калидӣ ва афзалияҳои рушд дар самти ҳифзи муҳит зист инҳо мебошанд:

- пастшавии минбаъдаи сатҳи ифлосшавии муҳити табиӣ ва беҳтаршавии кулли вазъият аз ҳисоби идома додани корҳои азнавсозии истеҳсолот, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадаму бехатари экологӣ;

- сохтмон ва азнавсозии иншооти тозакунии газҳои партовӣ ва обҳои равон дар саноат, хоҷагии кишоварзӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмон ва азхудкунии дастгоҳҳои таҷрибавию саноатӣ оид ба коркард ва безараргардонии намудҳои гуногуни партовҳои саноатӣ, партовҳои хоҷагиии манзилию коммуналӣ ва хоҷагии кишоварзӣ;

- коркарди обҳои табиӣ ва тоза кардани обҳои равон, безараргардонӣ ва нобудсозии таҳшинҳои онҳо бо роҳи истифода бурдани технологияҳои замонавӣ бо самаранокии баланд;

- бунёд ва истифодабарии низоми мониторинги равандҳое, ки ба оқибатҳои ногувори экологӣ меоранд;

- барқароркунии ҳудудҳои ифлосшудаи иморатсозии шаҳрӣ ва саноатӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

278. Барои расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок бояд масъалаҳои зерин ҳал карда шавад:

1) ба низоми самараноки фаъолияти назоратию санҷишӣ ворид намудани баҳодиҳии хавфҳои харобшавии сифати муҳити атроф ва пастшавии бехатарии экологӣ дар марҳилаи интихоби қитъаи замин барои сохтмони объектҳои сохтмони асосӣ;

2) таъмини назорати экологии самаранок оид ба риоя намудани талабот дар бахши ҳифзи муҳити атроф ҳангоми сохтмон;

3) таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ, ки ҳолати муҳити зистро дар шаҳрҳо ва маҳалҳои аҳолинишин оид ба масъалаҳои реҷаи ҳавотаъминкунӣ, равшанитаъминкунӣ ва ғалоғула ба танзим медарорад;

4) гузаронидани тадқиқотҳои илмии реҷаҳои ҳавотаъминкунӣ, равшанитаъминкунӣ ва ғалоғула ва аз рӯи натиҷаҳои онҳо тартиб додан харитаҳои дахлдор;

5) кам кардани таъсири равандҳо ҳангоми истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ, маснуот ва конструксияҳо, инчунин ҳангоми сохтмони объектҳои гуногуни сохтмонӣ бо роҳи:

- кам кардани партови моддаҳои зарарнок ба атмосфера ҳангоми истеҳсоли масолеҳҳои сохтмонӣ;

- ҷорӣ намудани равандҳои технологии кампартов бо истифодаи усулҳои замонавии истеҳсолот;

- зиёд кардани масоҳати сабзазорҳо;

- дар банақшагирии шаҳрсозӣ ба инобат гирифтани шумораи нақлиёти автомобилии рӯз аз рӯз зиёдшаванда;

- коркарди механизми пардохт намудани ҷубронҳо, ҷарима барои ифлос кардани муҳити атроф;

- рушди низоми чамъоварии алоҳида, безараргардонӣ ва дар гардиши шаҳрвандӣ истифода намудани захираҳои масолеҳии дубора, аз ҷумла сохтмони маҷмӯаи минтақавии коркарди партовҳо бо пойгоҳҳои ба навъҳо ҷудокунӣ ва боркунӣ;

- ба ҳадди ниҳоӣ кам кардани таъсири манфии инфрасохтори нақлиётӣ/муҳандисӣ ба муҳити атроф, бартараф кардани дигар таъсирҳои эҳтимолӣ;

- нигоҳдорӣ ва рушди ҳудудҳои муҳофизатшаванда ва ҳудудҳои истироҳатӣ;

- нигоҳдорӣ, ҳифз ва барқароркунии хок, об, наботот, ҳайвонот ва иқлим;

- нигоҳдории ҷойҳои дурнамои барои рушди энергияи барқароршаванда, ташкили ҳаллҳои фазогию ҳудудӣ, ки ба фурӯ бурдани газҳои гулхонагӣ аз атмосфера мусоидат менамоянд.

28. МУҲИТИ ДАСТРАС БАРОИ МАЪЮБОН ВА ДИГАР ГУРУҲҲОИ КАМҲАРАКАТИ АҲОЛӢ ДАР ИНШООТИ СОХТМОН

279. Барои рушди тадбирҳои дасгирии иҷтимоии маъюбон, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати иштирок дар ҳаёти ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии "Муҳити дастрас" барои солҳои 2021-2025 қабул карда шудааст.

280. Фароҳам овардани муҳити ҳаётии барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ қисми таркибии сиёсати давлат маҳсуб меёбад, ки натиҷаҳои амалии он бояд барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ имкониятҳои ба шаҳрвандони дигар баробарро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таъмин намояд.

281. Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 149709 маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 28627 нафарро кӯдакони маъюб ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии маъюбони ҷумҳурӣ 33000 маъюб истифодабарандаи аробача, зиёда аз 9000 маъюби бо мушкилоти шунавоӣ ва суханронӣ, 8000 маъюби бо мушкилоти биноӣ ба қайд гирифта шудааст.

282. Новобаста ба он, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои ташаккули муҳити дастрас барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ бо қонунгузории кишвар (қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии зерқонунӣ) ба танзим дароварда мешавад, вале татбиқи амалии он ҳоло нокифоя мебошад.

§1. Мушкилоти асосӣ

283. Мушкилоти мавҷудбуда дар таъмини муҳити дастрас барои фаъолияти ҳаётии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, аз рӯи:

- набудани муносибати маҷмӯӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ - таъсиси имконияти баробар барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи таъмини дастрасии муҳити ҷисмонӣ, иқтисодӣ ва фазои фарҳангӣ;

- номукаммалии қонунгузорӣ ва танзими меъёрии масъалаҳои таъмини муҳити дастрас барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ - нопуррагӣ ва ҳамоҳангии номукаммали санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин меъёр, қоида ва стандартҳои барои иҷро хусусияти тавсиявидошта, ки он ташаккули муҳити дастраси фаъолияти ҳаётии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолиро муайян менамоянд;

- мавҷуд набудан ва ё бесамарагии ҳамоҳангии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон оид ба фароҳам овардани муҳити дастрас, аз ҷумла ҳангоми татбиқи барномаҳои мақсаднок ва чорабиниҳои ҷудогона;

- муносибати рӯякӣ ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмон барои ҳалли масъалаи дастрасӣ. Дар натиҷаи он талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии амалкунанда оид ба масъалаҳои дастрасӣ дар ҳаҷми пурра иҷро намегарданд;

- унсурҳои амалинамудаи дастрасии сохтмон ба маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ имконият намедиҳанд, ки аз онҳо тибқи вазифа, ба пуррагӣ ва самаранок истифода баранд;

- норасоиҳо ҳангоми ташхиси лоиҳаҳо, мавҷуд набудани низоми ташхис ва назорати мустақил дар соҳаи лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди иншоот аз нуқтаи назари дастрасӣ барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ.

§2. Афзалиятҳо

284. Бо дарназардошти вазъи кунунии дастрасии объектҳо ва хизматрасониҳо ба маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ ҳадафҳои стратегии зерин муайян карда шуданд:

- ташаккули шароит барои дастрасии бемонеаи маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ ба объектҳо ва хизматрасониҳо, ки ба якҷояшавии маъюбон бо ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии онҳо мусоидат хоҳад кард;

- пешбурди меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникии ташаккули инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисии барои дастрасии маъюбон ва гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ, ташаккули низоми назоратию санҷишӣ барои дастрас намудани инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиётӣ ба маъюбон ва гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ;

- ноилшавӣ ба ҳолате, ки дар он дар сатҳи марҳилаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ фармоишгарон, сармоягузорон, ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият, инчунин мақомоти минтақавии меъморӣ ва шаҳрсозӣ, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти давлатии экспертизаи ғайриидоравӣ ва назорати давлатии меъморию сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, меъёрию техникӣ ва методии мақомоти иҷроияи ҳокимияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботро ба фароҳам овардани муҳити фаъолияти ҳаётии дастрас барои маъюбон ва гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ муайян мекунад, ба роҳбарӣ мегиранд;

- мутобиқсозии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, нақлиётӣ ва муҳандисӣ барои дастрасии бемонеа ва дастрасии хизматрасонӣ ба маъюбон ва гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ, бо дарназардошти талаботи махсуси онҳо вобаста аз маҳдудияти асосии фаъолияти ҳаётӣ.

§3. Вазифаҳои асосӣ

285. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегия бояд масъалаҳои зерин ҳал карда шаванд:

1) баҳодиҳии ҳолати дастрасии объектҳои бартаридошта ва хизматрасониҳо дар бахши афзалиятноки фаъолияти ҳаётии маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ;

2) таъмини иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки барои ҳамаи вазоратҳо, идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва татбиқунандаи лоиҳаҳои банақшагирӣ ва иморатсозии маҳалаҳои аҳолинишин, инчунин ҳаллҳои лоиҳавии биноҳо ва иншооти алоҳида ва маҷмааҳои таъиноташон манзилию шаҳрвандӣ ва истеҳсолидошта ҳатмӣ мебошанд;

3) такмилдиҳӣ ва рушди заминаи меъёрию техникии лоиҳакашӣ, азнавсозӣ ва истифодабарии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ;

4) коркарди лоиҳаҳо барои сохтмони биноҳо ва иншооти нав ва азнавсозии биноҳои мавриди истифода қарордошта бо мақсади фароҳам овардани муҳити пурраи фаъолияти ҳаётӣ бо дарназардошти талаботи маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ, ки ба талаботи ҳуҷҷатҳои амалкунандаи меъёрию ҳуқуқӣ ва меъёрию техникӣ дар ҳаҷми пурра ҷавобгӯ бошанд;

5) таъмини ҳамоҳангӣ, ки дар иштироки мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баҳисобгирии фикру андешаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятии маъюбон дар тамоми марҳилаҳои раванди сармоягузорӣ дар соҳаи сохтмон, аз ҷумла ташаккул ва тасдиқ кардани супориш ба лоиҳакашии сохтмон, супориши меъморию банақшагирӣ, супоришҳо барои лоиҳакашии объектҳои инфрасохтори иҷтимоӣ, пешбурди техникӣ дар раванди лоиҳакашӣ ва сохтмон асос ёфтааст;

6) ба раванди таъмини дастрасии тамоми инфрасохтори шаҳр ҷалб намудан аз ҳисоби фаъол гардонидани ташвиқу тарғиб ва ташаккули механизми амалии ҳавасмандгардонии дастрасӣ, ки барои ин зарур аст:

- гузарондани курсҳои омӯзишӣ ва семинарҳо барои аҳолӣ;

- гузарондани курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо барои ташкилотҳо ва мутахассисоне, ки дар амалигардонии масъалаҳои дастрасии биноҳо, иншоот ва сохтмон иштирок мекунанд;

- тартиб додани лоиҳаҳои намоишӣ ва таҷрибавӣ;

- ташкил ва гузарондани ҷамъомадҳои ҷамъиятиву равшаннамоӣ оид ба паҳн намудани ғояҳо, қоидаҳо ва воситаҳои ташаккули муҳити дастрас барои маъюбон ва дигар гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ, таҳия ва нашр намудани китобҳои таълимӣ, иттилоотӣ, маълумотӣ, методӣ ва дастурҳо оид ба ташаккули муҳити дастрас;

7) татбиқи назорату мониторинг аз натиҷаҳои амалисозии чорабиниҳо дар асоси низоми нишондиҳандаҳо ва индикаторҳои мақсадноки мувофиқ, ки ҳадафҳои дар пеш гузошташударо таъмин менамоянд.

29. ТАЪМИНИ ИТТИЛООТӢ

286. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иттилоотӣ (низоми чамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳод намудани маълумоти оморӣ) дар доираи шаҳрсозӣ дар се самт рушд менамояд:

- баҳисобгирии оморӣ расмӣ;

- мониторинги бахши манзилӣ;

- ҷамъоварӣ ва хулосабарории намудҳои алоҳидаи маълумот дар доираи шаҳрсозӣ тавассути системаҳои иттилоотӣ, ки бо мақсади баамалбарории ваколатҳои мақомот ва ташкилотҳои бахши давлатӣ таҳия шудаанд.

287. Мониторинги бахши манзилӣ бояд аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду самт амалӣ гардад:

- мониторинги истифодаи фонди манзил ва таъмини амнияти он;

- мониторинги ҳолати бахши манзил.

288. Маълумот дар соҳаи шаҳрсозӣ дар системаҳои иттилоотии сатҳи давлатӣ ва маҳаллӣ низ гирдоварӣ ва ҷамъбаст карда мешаванд.

§1. Мушкилоти асосӣ

289. Мушкилоти мавҷудбудаи асосии низоми таъмини иттилоотӣ инҳо мебошанд:

- тартибнокӣ дар муайян намудани нишондиҳандаҳои баҳисобгирии омории расмӣ вуҷуд надорад. Номгӯи нишондиҳандаҳо дар асоси тадқиқоти пешакии талаботи тиҷоратӣ ва мақомоти ҳокимиятӣ дар иттилоот асос наёфтааст;

- байни санаи маълумоти муҳими ҷамъбастшуда ва интишори онҳо фосилаи назаррас мавҷуд аст;

- ҳамаи марҳилаҳои фаъолияти сармоягузории сохтмон (аз интихоби қитъаи замин то баистифодадиҳии объект) баҳисобгирии омории расмиро фаро нагирифтаанд;

- дар соҳаи сохтмон ҷамъоварии маълумот оид ба таҷрибаи амалишавии расмиётҳо барои ҷамъбаст вуҷуд надорад: оид ба муҳлатҳои воқеии татбиқи расмиёт, оид ба асосҳои истифодашаванда барои рад кардани татбиқи расмиёт, боз доштани татбиқи онҳо;

- маълумот аз манбаъҳои гуногун такрор мешаванд, ки ин ба носаҳеҳии нишондиҳандаҳо дар асоси чунин маълумот оварда мерасонад;

- муайянкунандаи объекти сохтмони асосӣ то гузоштани он ба ҳисоби кадастрӣ вуҷуд надорад, ки бо ёрии он мумкин аст автоматикунонии ҷамъоварии иттилоот оид ба объекти мушаххас аз манбаъҳои мухталиф ба роҳ монда шавад.

§2. Афзалиятҳо ва вазифаҳо

290. Ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии рушди низоми иттилоотии соҳаи сохтмон инҳоянд:

- таъмини тиҷорат бо иттилооти дақиқ ва муҳиму ҷамъбастшуда дар доираи шаҳрсозӣ, ки барои баҳо додани хавфҳои соҳибкорӣ лозим аст ва ин имкон медиҳад, ки пешгӯии талабот ва пешниҳодҳо дар қисматҳои гуногуни фаъолияти шаҳрсозӣ ва тиҷорати мавҷудбуда дақиқтар карда шавад;

- таъмини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бо иттилооти дақиқ ва муҳиму ҷамъбастшуда дар доираи шаҳрсозӣ, ки барои баамалбарории босамари вазифаҳои идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ лозим аст;

- мунтазам баҳогузории талаботи тиҷоратӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, аз ҷумла бо роҳи гузарондани пурсишҳои дахлдор;

- баланд бардоштани нақши омори рақамӣ, ки ба таври автоматӣ бо роҳи коркарди маълумот дар системаҳои иттилоотӣ ҷамъоварӣ мегарданд, ки амалишавии расмиёти шаҳрсозӣ, қабули ҳисоботи электронӣ, татбиқи талаботҳо оид ба шаффофи иттилоотро таъмин менамоянд;

- ба ҳадди ақал расондани ҷамъоварии иттилоот бо роҳи пур кардани шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва идоравӣ;

- ташаккули феҳристи намудҳои маълумоти ҷамъбастшуда дар доираи фаъолияти шаҳрсозӣ, аз ҷумла маълумоти баҳисобгирии оморӣ, ки нисбати онҳо дар сатҳи давлатӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳод намудан татбиқ карда мешавад.

291. Хусусияти асосии низоми ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва пешниҳод намудани маълумоти оморӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ мутобиқсозии ҳаҷми зиёди намудҳои иттилоот ба объекти сохтмони асосӣ ё ба объекти амволи ғайриманқул мебошад. Ин хусусият боиси зарурияти ташкили низоми алоҳидаи иттилоотӣ бо сохтори махсуси заминаи маълумот мегардад, ки он дар соҳаи шаҳрсозӣ ҷамъоварии омори рақамиро таъмин менамояд.

292. Маълумоти оморӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ки дорои мутобиқсозӣ ба ташкилотҳо мебошанд, дар заминаи рақамию таҳлилии пешниҳод намудани маълумоти оморӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва нашр мешаванд, ки ҷузъи низоми миллии идоракунии маълумот мебошанд.

30. ХАВФҲОИ ЭҲТИМОЛӢ ВА ТАҲДИДҲОИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ

293. Ба хавфҳо ва таҳдидҳои татбиқи стратегия мансубанд:

- такрорнашавии объектҳои сохтмон;

- хусусияти доимӣ, дурии объектҳои сохтмонӣ;

- шумораи зиёди иштирокчиёни раванди сохтмонӣ;

- номгӯи калони масолеҳ ва таҷҳизоти сохтмонӣ;

- давомнокии муҳлати баргардонии маблағ ва ғайра, ки он аз дигар соҳаҳо фарқ мекунанд ва ин зарурияти ба ҳисоб гирифтани шакли хоси ташкил ва идоракунии истеҳсолоти сохтмон ва дар ин ҳолат хавфҳои ногузирро тақозо мекунад;

- маҳдудияти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ.

294. Дар ин раванд хавфҳои қонунгузорӣ, маъмурӣ эҳтимол доранд, ки яке аз монеаҳои ҷиддӣ барои татбиқи ин Стратегия мебошанд, бахусус:

- макроиқтисодӣ;

- хавфҳои дорои хусусияти меъёрии маъмурӣ;

- хавфҳои кадрӣ ва идоракунанда;

- хавфҳои бозсозии технологӣ;

- хавфҳои нарасидани захираҳо;

- хавфҳои шаҳрсозӣ ва хавфҳои алоқаманд ба банақшагирии ҳудудӣ.

295. Хавфҳои макроиқтисодӣ ба харобшавии шароити берунии фаъолияти соҳаи сохтмон оварда мерасонад, ки ба тағйирёбии талаботи аҳолӣ ба манзил ва сармоягузориҳо, инчунин ба арзиши аслии корҳои сохтмонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

296. Хавфҳои дорои хусусияти меъёрӣ ва маъмурӣ дар ҳолати татбиқи онҳо имкон намедҳанд, ки ба ҳадафҳо оид ба кам кардани муҳлатҳои гузаштани расмиёти маъмурӣ ва таъмини раванди "бедарз" гузаштани онҳо замина гузоранд.

297. Хавфҳои кадрӣ ва идоракунӣ дар зиёдшавии нарасидани кадрҳои ихтисосманд дар соҳаи сохтмон мебошанд, ки барои расидан ба тамоми самтҳои ҳадафҳои Стратегия имкон намедиҳанд, аз ҷумла ба рақамикунонии соҳа, ҷорӣ намудани инноватсия ва баланд бардоштани иқтидори илмӣ, такмилдиҳӣ ва танзим.

298. Хавфҳои бозсозии технологӣ дар ҳолати баамалбарории онҳо дар навбати аввал ҷиҳати расидан ба мақсадҳо оид ба рақамикунонии соҳаи сохтмон ва дигар самтҳои калидии Стратегия монеа хоҳанд шуд.

299. Хавфҳои нарасидани таъминнокии захираҳо:

- ҳаҷмҳои нокифояи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва норасоии иқтидори эҳтиётӣ;

- нокифоя будани қобилияти интиқолдиҳии инфрасохтори нақлиётӣ барои таъмини саривақтии майдончаҳои сохтмонӣ бо захираҳои моддиву техникӣ;

- нокифоя таъмин будан бо техникаи сохтмониву роҳсозӣ.

300. Хавфҳои шаҳрсозӣ ва хавфҳои марбут ба банақшагирии ҳудудҳо, дар нигоҳ доштани мушкилоти ҷории низоми мавҷудбудаи банақшагирии ҳудудӣ ва омодасозии шаҳрсозии ҳудудҳо мебошанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори ҳудудҳо ва баланд бардоштани сифати муҳити фаъолияти ҳаётии шаҳрвандон монеа мешаванд.

31. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ

301. Татбиқи ҳадафҳо ва афзалиятҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои солҳои дахлдор пешбинишуда, инчунин аз дигар манбаъҳои маблағгузорӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, таъмин карда мешаванд.

302. Яке аз манбаъҳои асосии молиявӣ ин маблағҳои буҷети давлатӣ мебошанд, ки дар доираи коркарди буҷетҳои миёнамуҳлат дар давраи татбиқи Стратегия, самтҳои амал дар доираи ҳадафҳо ва афзалиятҳо мунтазам мушаххас гардонида мешаванд.

303. Дар маблағгузории Стратегияи мазкур сармоягузориҳои шахсӣ, хориҷӣ ва ҳам дохилӣ нақши калонро мебозанд. Барои ин самтҳои амал, ки дар Стратегия қайд шудаанд, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷа ва ватанӣ пешбинӣ мешавад, ки ин ба имконоти иловагии буҷет таъсири мусбат мерасонад.

304. Манбаи муҳими рушди соҳаи сохтмони мамлакат ин дастгирии сармоягузории шарикон оид ба рушд, воситаҳои ташкилотҳои ҳавасманд ва мусоидати техникӣ аз ҷониби онҳо оид ба масъалаҳои таҳия ва татбиқи вазифаҳои дар Стратегия ишорашуда мебошад.

305. Мониторинги, ки ҷиҳати таҳлили натиҷаҳои татбиқи нақшаи чорабиниҳо ҳангоми амалӣ кардани самтҳои стратегӣ пеш бурда мешавад, ҷузъи ҷудонопазири иҷрои Стратегия мебошад.

32. МЕХАНИЗМИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ

306. Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии рушди соҳаи сохтмон ва амалишавии афзалиятҳои стратегӣ механизмҳои самаранок оид ба дохил намудани Стратегия ба низоми ягонаи ҳуҷҷатҳои стратегии банақшагирӣ ва идоракунӣ зарурият дорад.

307. Танзими давлатии фаъолияти соҳаи сохтмон ва назорати амалишавии Стратегия аз ҷониби мақомоти ҳудудии қонунгузорӣ ва ҳокимияти иҷроия, ки дар доираи ваколатҳои худ ташкили шароити зарурӣ барои амалишавии самараноки иқтидори соҳаи сохтмон, ташкили шароит барои амалишавии имкониятҳои сармоягузории тиҷорат ва аҳолӣ, ҳалли маҷмуии мушкилиҳо ва бардоштани маҳдудиятҳо, дар навбвати аввал мушкилоти захиравӣ, ки ба фаъолияти самараноки ташкилотҳои соҳаи сохтмон монеа эҷод менамоянд, амалӣ карда мешавад.

308. Татбиқи амалии Стратегия аз ҷониби ташкилотҳои соҳаи сохтмон, ки бо фаъолияти меъморию сохтмонӣ, истеҳсолӣ ва илмию татбиқӣ дар самти ҷустуҷӯӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон машғул мебошанд, ба роҳ монда мешавад.

309. Механизми амалишавии Стратегияи соҳаи сохтмон аз низоми чораҳои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилидошта ва чорабиниҳои мушаххас оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ иборат мебошад.

310. Бо мақсади амалисозии Стратегия нақшаи амалишавии он таҳия карда мешавад, ки он номгӯи самтҳоро бо ҷузъҳо то чорабинӣ ва лоиҳаҳо, ки аз рӯи мақсад ва вазифаҳои Стратегия, бо дарназардошти ҷудокунии манфиатҳо ва масъулиятҳо байни мақомоти ҳокимияти давлатии сатҳҳои гуногун, инчунин ташкилотҳои сохтмонӣ, гурӯҳбандӣ шудаанд, дар бар мегирад.

311. Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ба инобат гирифтани пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва бо мақсади татбиқи пурраи ҳадафҳои дар Стратегия пешбинишуда ба ду марҳила тақсимбандӣ карда шуда, дар он вазифа, натиҷаҳои маъмулӣ, муҳлати иҷро ва иҷрокунандагони чорабиниҳо пешбинӣ карда шудааст.

312. Барои амалисозии самараноки мақсад ва вазифаҳои дар Стратегия пешбинигардида, аз ҷониби ҳамаи иҷрокунандагон бояд дар заминаи нақшаи чорабиниҳои Стратегия барномаи идоравӣ таҳия карда шавад, ки он тамоми давраи амалисозии Стратегияро дар бар гирад.

313. Барои давра ба давра амалисозии Стратегия бояд дар сохтор ва дар асоси он дар зерсохторҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар нақшаҳои амалисозӣ ва иҷрои барномаи идоравӣ таҳия ва тасдиқ карда шавад.

314. Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ бояд ба нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия мутобиқ бошад ва чорабиниҳоеро дарбар гирад, ки вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар дар таъмини иҷрои он аз рӯи самти фаъолият ба ҳайси иҷрокунандаи асосӣ ва ё ҳамиҷрокунанда масъул бошанд.

315. Барнома ва нақшаҳои дохилиидоравӣ бояд аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар тасдиқ карда шуда, назорати таъмини иҷрои саривақтии бандҳои он ба зиммаи роҳбарони аввал вогузор карда шавад.

316. Дар сурати иҷро нашудани бандҳои дар нақшаи қаблӣ пешбинишуда, иҷрои онҳо бояд аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар дар солҳои минбаъда таъмин карда шавад.

317. Иҷрокунандагон уҳдадоранд дар заминаи нақшаи мукаммали таҳиягардида аз тамоми имкониятҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, истифода намуда, бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории иловагӣ таъмини воқеии чорабиниҳои пешбинигардидаро амалӣ намоянд.

318. Тартиби амалишавии Стратегия дар фароҳам овардани муносибати маҷмӯӣ ба ташаккули низоми чорабиниҳои банақшагирифташуда ва дар ҳамбастагӣ баррасӣ намудани онҳо, пайдарпай амалӣ намудани чорабиниҳо, ошкорбаёнӣ ва ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ифода меёбад.

33. НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРИИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ

319. Натиҷаҳои асосии интизории амалишавии Стратегия аз ташкили муҳити бароҳат ва бехатар барои зиндагии аҳолӣ ва тезонидани рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

320. Амалишавии афзалиятҳои стратегии, ки бо Стратегия пешбинӣ гардидааст, афзоиши маводи маҷмӯи, имконияти ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ, кори баландихтисос ва бо музди баланд ба мутахассисони ҷавон, беҳтаршавии шароити манзил ва таъминнокии аҳолӣ бо хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва комунналиро таъмин менамояд.

321. Нақшаи маҷмааи сохтмонӣ бояд афзоиш ёбад, ки дар натиҷаи он зиёдшавии ҳиссаи соҳаи сохтмон дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва истеҳсоли молҳо ва хизматрасониҳо зиёд мегарданд. Индикатори интегралии натиҷаҳои рушди соҳаи сохтмон - индекси сифати муҳити шаҳрсозӣ - низ бояд афзоиш ёбад.

322. Стратегия дар дурнамо метавонад, барои ташаккули самтҳои асосӣ ва барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳаи сохтмони мамлакат, тарҳи банақшагирии ҳудудӣ, инчунин ҳуҷҷати нақшавӣ ва барномавию мақсадноки ширкатҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо иштироки давлат асос бошад.

323. Амалисозии мақсадҳои банақшагирифташудаи Стратегия барои ноил гаштан ба натиҷаҳои зерин имконият медиҳад:

- ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон дастрасӣ ба хизматрасониҳои манзилию коммуналии қобили қабул аз рӯи нарх ва сифат, мутобиқ ба талаботи санитарӣ ва экологии замонавӣ ва дар асоси принсипҳои иқтисоди бозоргонӣ доранд;

- дастрасии аҳолӣ ба об ва хизматрасонии санитарӣ, хусусан дар маҳалли аҳолинишин беҳтар карда мешавад;

- талаботи аҳолӣ ба манзили дастрас қонеъ гардонида мешавад;

- сатҳи миёнаи таъминнокӣ бо манзил то соли 2030 на кам аз 17 метри мураббаъ ба як нафар ташкил медиҳад;

- механизмҳои қарзию молиявӣ дар сохтмони манзил ва рушди инфрасохтори коммуналӣ татбиқ карда мешавад;

- муҳити рақобатпазир дар самти идоракунии фонди манзил ва объектҳои инфрасохтори коммуналӣ ташкил карда мешавад;

- шароити экологии зиндагӣ, аз ҷумла барои одамони камбизоат дар маҳаллҳои деҳот ва кӯҳӣ беҳтар мегарданд;

- коҳиш додани оқибатҳои хатарҳои шадиди экологӣ, баланд бардоштани муқобилиятпазирӣ ва қобилияти пешгирии офатҳои табиӣ;

- "Равзанаи ягона"-и низоми бақайдгирӣ ва пешбурди хизматрасониҳо, ки ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд, ташкил мегардад;

- муҳити бемамониат барои таъмини муошират ва иштироки фаъоли гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ дар зиндагии иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият, ташкил мегардад;

- сатҳи таъминнокӣ бо объектҳои замонавии инфрасохтори иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани инфрасохтори системаҳо таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва санъат баланд мегардад;

- сатҳи таъминнокӣ бо объектҳои хоҷагии комуналлии замонавӣ баланд мешавад;

- ягонагии муҳити меъморию фазоӣ, имконияти нигоҳдорӣ, ғанӣ гардонидани мероси фарҳангӣ ва меъморӣ рушд ва васеъ мегардад;

- ҳиссаи соҳаи сохтмон дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат зиёд мегардад;

- шумораи солонаи миёнаи шуғлдоштагон дар соҳаи сохтмон зиёд мешавад;

- мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ беҳтар карда мешавад;

- шаҳрҳо, шаҳракҳо ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот бо ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ бо роҳи коркарди нақшаҳои генералии онҳо таъмин карда мешаванд;

- имконияти шарикии давлат ва бахши хусусӣ васеъ карда мешаванд;

- таҷрибаи ҷалби фаъоли воситаҳои пулии шаҳрвандон вобаста ба пайдошавии ҳуқуқи шаҳрвандон ба моликияти манзилҳои истиқоматӣ дар хонаҳои бисёрманзила, маблағҳои ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ барои қарздиҳии имтиёзнок ҷиҳати сохтмони манзил дар асоси ҳиссагузорӣ рушд меёбад;

- имконияти татбиқи технологияҳои рақамии иттилоотӣ дар соҳаи сохтмон васеъ гардонида мешавад;

- ҳиссаи ташкилотҳое, ки технологияҳои тамсилагардонии иттилотиро дар низоми лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ истифода менамоянд, зиёд мегарданд;

- самаранокии энергетикӣ дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ бо роҳи ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия ва баланд бардоштани энергиясамаранокии биноҳо ва иншооти лоиҳашаванда, бунёдшаванда ва истифодашаванда баланд бардошта мешаванд;

- иқтидори зарурии кадрӣ барои менеҷменти замонавӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, идоракунии самараноки соҳаи сохтмон ташаккул меёбад;

- шароит ва инфрасохтори дахлдор барои рушди саноати сайёҳӣ бо ташкили шароити муфид барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва истироҳат ташкил карда мешаванд;

- таъсири манфии соҳаи сохтмон ба муҳити зист кам карда мешавад;

- қонунгузорӣ дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мутобиқ гардонида шуда, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрии техникии соҳаи сохтмон дар самти танзими техникии фаъолияти шаҳрсозӣ такмил ва рушд меёбад;

- заминаи меъёрии техникии соҳаи сохтмон ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешаванд.

324. Ноил гаштан ба натиҷаҳои интизорӣ дар соҳаи сохтмони Тоҷикистон метавонад, аз ҷиҳати технологияи баланди замонавӣ, самаранок рушдёбанда, қобилият ба навовариҳои самаранок, навсозӣ ва азнавҷиҳозонии техникӣ, ташкили бозори сохтмонии талабшавандаи насли нав бо таъсири камтарин ба муҳити зист мусоидат намояд.

325. Кори маҷмааи сохтмонӣ дар шароити номуайяни вазъияти иҷтимою иқтисодӣ, ки он вобаста ба хусусияти эҳтимолии тағйирёбии ҷамъи параметрҳои дохилӣ ва берунии фаъолияти низоми иҷтимоию иқтисодии минтақа ва дар натиҷаи он имконияти татбиқи вариантҳои гуногуни рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаро муайян менамояд.

326. Вобаста ба ин дар Стратегияи рушди соҳаи сохтмон барои коркарди дурнамоҳои нишондодҳои индикаторҳои мақсаднок муносибати сенариявӣ истифода карда шудааст.

327. Рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи се сенарияи имконпазир мебошад: воқеъбинона, инертсионӣ ва эҳтимолӣ.

328. Сенарияи воқеъбинона аз пешгӯиҳои воқеъбинонаи рушди мамлакат, нигоҳдории суръати баланди рушди соҳаи сохтмон, имконияти бартараф кардани қафомонии суръати афзоиши даромадҳои аҳолӣ аз суръати афзоиши нарх дар сохтмони манзил, татбиқи лоиҳаҳои маблағгузориҳои афзалиятнок ва амалишавии лоиҳаҳои сохтмони манзили маҷмаавӣ бармеояд. Бо сенарияи воқеъбинона, ноил гаштан ба нишондодҳои индикаторҳои мақсадноки маҷмӯи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии давлатӣ, минтақавӣ, соҳавӣ ва хеле зиёд намудани маблағгузории буҷетӣ ба қисмати маблағгузориҳои манзилӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ дар назар аст. Сенарияи воқеъбинона таҳияи механизмҳои гуногуни ҳавасмандгардонии давлатиро ҷиҳати фаъолнокии иқтисодӣ ва ташкили институтҳои нави инкишоф, ки ноилшавӣ ба афзалиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат мекунад, пешбинӣ менамояд.

329. Сенарияи инертсионӣ ба дастгирии равияиҳои мавҷудаи рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва соҳаи сохтмон, ба нигоҳдории механизмҳои мавҷудбудаи ҳавасмандгардонии давлатии иқтисодиёт ва дараҷаи иштироки давлат дар раванди маблағгузорӣ асос ёфтааст. Сенарияи инертсионӣ аксуламали сусти низоми иҷтимоию иқтисодиро ба таъсири чораҳои барномавии давлатӣ ва ба ташкили институтҳои нави ҳамкории иқтисодиро дар назар дорад. Сенарияи инертсионӣ фаъолнокии бештари маблағгузорӣ ва навовариҳо, пешравиҳои назаррасро дар низоми бавуҷудомадаи истеҳсолот пешбинӣ намекунанд.

330. Сенарияи эҳтимолӣ ба истифодаи пешгӯиҳои эҳтимолии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, имконияти бадшавии вазъияти иҷтимоию иқтисодӣ ва инкишофи манфии рушди соҳаи сохтмон, пастшавии суръати афзоиши иқтисодӣ, коҳиши фаъолнокии маблағгузориҳо ва навовариҳоро пешбинӣ менамояд. Сенарияи эҳтимолӣ ғайрисамаранокии механизмҳои танзими давлатӣ ва дастгирии рушди равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, паст намудани нақши давлатро дар раванди маблағгузориҳо дар назар дорад.

331. Дар Стратегияи мазкур, ҳангоми таҳияи пешгӯиҳо, ба сифати стратегӣ ду сенария: воқеъбинона ва инертсионӣ интихоб карда шудааст. Сенарияи эҳтимолӣ ҳамчун стратегӣ баррасӣ намегардад ва дар пешгӯиҳо ба инобат гирифта намешавад.

34. МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ РАФТИ АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯ

332. Мақсади асосии мониторинг ва баҳодиҳӣ - ин таъмини нишондиҳандаҳои самаранок, оқилона ва шаффоф, ки ба ноил шудан ба натиҷаҳои ниҳоии равандҳои амалишавии чорабиниҳо оид ба ноил гаштан ба мақсадҳо ва вазифаҳои Стратегия равона карда шудааст.

333. Мониторинг ва баҳодиҳӣ бояд дар асоси мушоҳидаҳои мунтазами равандҳои амалишавии чорабиниҳо оид ба ноил гаштан ба мақсадҳо ва вазифаҳои Стратегия, индикаторҳои тасдиқшудаи қонеъкунандаи критерияҳои ченшаванда, комилан мувофиқ, арзиши начандон баланди ҷамъоварии иттилоот, инъикоси мустақими натиҷаҳои мобайнӣ оид ба иҷрои амалҳои ба нақша гирифташуда, ноил гаштан ба параметрҳои мақсадноки дурнамо, натиҷаҳои мобайнии чораҳои сиёсат, ки дар Стратегия пешбинӣ гардидаанд гузаронида мешаванд.

334. Мониторинг ва баҳодиҳӣ аз ҷониби Кумитаи меморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангсозӣ бо мақомоти ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии системаҳои мониторинг ва баҳодиҳӣ дар Ҷумҳурии ТоҷикистонВазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

335. Кумитаи меморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани назорати иҷрои вазифаҳои дар Стратегия пешбинишуда, дар доираи салоҳиятҳои худ, мониторинги бонизом, баҳодиҳии рафти амалишавии Стратегия, ҳамоҳангсозии умумӣ, баррасии фаврӣ ва ҳалли мушкилиҳое, ки ба рушди соҳаи сохтмон монеа мешаванд, ташкил менамояд.

336. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсозии умумӣ, баррасии фаврӣ ва ҳалли мушкилиҳое, ки ба рушди соҳаи сохтмон монеа мешаванд таъмин менамояд ва ҳар сол бо дарназардошти маълумоти аз иҷрокунандагон гирифташуда, махлумоти таҳлилиро омода намуда ҳисоботи солона оид ба амалишавии Стратегияро ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

337. Вазифаҳои мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия иборат мебошанд:

- нишон дода шавад, ки мамлакат барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузошташуда то кадом андоза пеш рафтааст;

- то кадом андоза натиҷаҳои ба даст омада нисбат ба хароҷотҳо самаранок мебошанд;

- муайян намудани тарафҳои муваффақшавӣ (барои пурзӯркунӣ) ва камбудиҳои (барои бартарафкунӣ) натиҷаҳои амалишавии Стратегия;

- муайян намудани дараҷаи иштироки ҳамаи тарафҳои ҳавасманд дар амалишавии Стратегия;

- баҳо додани иқтидори ташкилшуда барои рушди мамлакат пас аз соли 2030.

338. Ҳисоботҳо оид ба мониторинг ба баҳодиҳии Стратегия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешавад.

339. Ҳисоботҳо оид ба мониторинг ба баҳодиҳии Стратегия дар асоси таҳлили тағйирёбии низоми индикаторҳо ташаккул меёбад.

340. Индикаторҳои мушоҳидашавандаи Стратегия аз индикаторҳои натиҷаҳои амалишавии барномаҳои рушди миёнамӯҳлати Тоҷикистон асос меёбанд.

341. Низоми мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия, ноилшавии мақсадҳои Стратегия, сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва берунӣ ва истифодаи оқилонаи онҳоро дар асоси ҷалб намудани ҳамаи шарикҳо дар амалишавии барномаҳо таъмин менамояд;

342. Низоми мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия имкон медиҳад, ки робитаи зич ва доимии байни ҳалҳои қабулшаванда ва натиҷаҳои амалишавии онҳо, шаффоф ва ҳисоботӣ будани фаъолияти вобаста ба мақсадҳо ва вазифаҳои Стратегия таъмин гардад.

343. Нақши марказӣ дар низоми ҷамъоварии маълумот ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии саривақтӣ, коркард ва пешниҳоди ҳаҷми нишондодҳои асосиро аз рӯи ҳамаи индикаторҳо ба мақомоти ҳамоҳангсози давлатӣ оид ба мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия таъмин менамояд. Ғайр аз ин, дар пешниҳоди нишондодҳо вазорат ва идораҳои дигар (аз рӯи соҳаҳои дахлдори онҳо), ки иштирок менамоянд ба эътимоднокии нишондодҳои ҷамъшаванда пурра масъул мебошанд. Дар ин маврид шаклҳои мушаххаси ҳисобот барои ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатии дахлдор коркард карда мешаванд. Дар баробари ин, истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои экспертӣ нақши муҳимро мебозад.

344. Вазифаҳо ва нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар низоми мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия иборат аст:

- дар ҷамъоварии иттилоот оид ба амалишавии чорабиниҳои Стратегия, ки дар ҳудудҳои онҳо амалӣ мегарданд;

- таҳлили раванди амалишавии афзалиятҳо ва самтҳои Стратегия дар минтақаҳо;

- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба вазорат ва идораҳои дахлдори соҳавӣ.

345. Низоми мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия инчунин низоми ҳисоботии дахлдор аз рӯи натиҷаҳои амалишавии Стратегия ва марҳилаҳои онро дар бар мегирад. Барои ин дар ҳамаи мақомоти соҳавӣ ва ҳудудии идоракунӣ, шахсони масъул муайян карда мешаванд, ки барои гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳӣ ҷавобгӯ ва ҳамоҳангсоз дар идораҳои худ мебошанд, инчунин ҷамъбасткунандаи иттилоот ва омодакунандагони ҳисоботҳо оид ба амалишавии Стратегия Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

346. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи иттилооти гирифташударо бо ҷалби тарафҳои ҳавасманд ҷамъбаст ва таҳлил намуда, ҳангоми зарурат метавонад мониторинги интихобии ҳисоботҳои пешниҳодшударо оид ба амалишавии мақсад ва вазифаҳои Стратегия гузаронад.

347. Натиҷаи рафти амалисозии Стратегия бо дарназардошти индикаторҳои миқдорӣ ва сифатии дар замимаи 12 овардашуда баҳогузорӣ карда мешавад.

35. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

348. Мақоми асосии ҳамоҳангсози амалигардонии Стратегия Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

349. Дар доираи амалигардонии Стратегия Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, институтҳои рушд ва ташкилотҳои илмӣ, иттифоқҳои касбии соҳаи сохтмон, инчунин иморатсозони тиҷоратӣ ҳамкориро ба роҳ мемонад.

Ниг. ба Замимаҳои 1-12

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 апрели соли 2022, №203

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025)

Ниг. ба Замимаи 2