ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
Мутобиқи моддаҳои 14 ва 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нашудаанд, барои амалисозии Стратегияи мазкур тадбирҳо андешида, оид ба корҳои анҷомдодашуда ҳар сол то 15 январ ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
3. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз иҷрои Стратегияи мазкурро таъмин карда, оид ба рафти иҷрои он ҳар сол то 15 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 апрели соли 2022, № 203