Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 апрели соли 2022, № 177
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (минбаъд - Тартиб) гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоии муайян намудани қобилияти меҳнатӣ, муваққатан ва муддати дароз аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, гурӯҳ ва сабабҳои маъюбӣ, давомнокии маъюбӣ, гузаронидани муоинаи такрорӣ, инчунин тартиби бақайдгирии варақаҳои корношоямии беморон ва маъюбонро муқаррар менамояд. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ бо дар назар доштани арзёбии умумии ҳолати организм дар асоси таҳлили нишондиҳандаҳои клиникию функсиониалӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, касбӣ, меҳнатӣ ва руҳии шахси муоинашаванда амалӣ карда мешавад.
2. Маъюбӣ, сабабҳо, давомнокӣ, вақти бавуҷудоии он, дараҷаи маъюбӣ ва ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд будани шахс бо роҳи гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ муқаррар карда мешавад.
3. Экспертизаи тиббию иҷтимоӣ аз ҷониби Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ (минбаъд - Хадамот), ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ маҳсуб меёбад, гузаронида мешавад.
4. Экспертизаи тиббию иҷтимоии бемориҳои касбӣ дар асоси хулосаи муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ" гузаронида мешавад.
5. Экспертизаи ҳарбию тиббӣ бо мақсади муайян намудани қобили хизмати ҳарбӣ (хизмати ба он баробар) ва таълим аз рӯи ихтисосҳои мушаххаси ҳарбӣ, инчунин муайян намудани сабабҳои маъюбӣ ва бемории хизматчиёни ҳарбӣ вобаста ба гузаштани хизмати ҳарбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
6. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- маҳдудиятҳои иҷтимоӣ (дезадаптатсия) - нотавонӣ (вобаста ба вайрон шудани вазифа ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ) барои анҷом додани рафтори рӯзмарраи худ дар зиндагӣ;
- нотавонии пешбурди зиндагонии мустақилона - мавҷуд набудани робитаҳои иҷтимоӣ ва ниёзманд будан ба кумаки шахси дигар;
- эҳтиёҷмандии иҷтимоӣ - зарурат ба ҳифзи иҷтимоӣ ё мансубият ба гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, ки барои муқаррар намудани гурӯҳи маъюбӣ асос шуда метавонад;
- маҳаки фаъолияти ҳаётӣ - доштани имкон барои худхизматрасонӣ, ҳаракат, самтёбӣ (ориентатсия), худидоракунӣ, алоқа бо муҳити атроф, таълим, инчунин иҷрои фаъолияти меҳнатӣ;
- қобилияти ҳаракат кардан - имконияти ҳаракати самарабахш (роҳ рафтан, давидан, гузаштан аз монеаҳо, истифода бурдан аз нақлиёт). Маҳаки баҳодиҳӣ - хусусияти роҳгардӣ, суръати ҳаракат, масофае, ки бемор онро тай менамояд, имконияти мустақилона аз нақлиёт истифода намудан, ниёз доштан ба кумаки дигарон ҳангоми ҳаракат намудан;
- имконияти худхизматрасонӣ - имконияти самаранок иҷро намудани фаъолияти ҳамарӯзаи маишӣ ва қонеъ намудани талаботи худ бе кумаки шахсони дигар. Маҳаки баҳодиҳӣ - фосилаи вақте, ки дар давоми он кумак зарур аст - кумаки муваққатӣ (на камтар аз як маротиба дар як моҳ), кумаки пайваста (якчанд маротиба дар як моҳ), кумаки доимӣ (якчанд маротиба дар як ҳафта - кумаки нақшавӣ ва ё якчанд маротиба дар як рӯз - кумаки ғайринақшавӣ);
- самтёбӣ дар макон - имкони мустақилона муайян намудани ҷойи худ дар макон ва вақт, инчунин доштани маълумот дар бораи ашёи атроф. Асоси самтёбиро ҳиссиёти биноӣ ва шунавоӣ ташкил медиҳанд. Самтёбӣ дар ҳолати муътадили фаъолияти равони ва нутқ баҳогузорӣ карда мешавад. Маҳаки баҳодиҳӣ - қобилияти фарқ кардани намуди зоҳирии одамон ва ашё дар масофаи афзоянда ва дар шароити мухталиф (мавҷуд будан ва ё набудани монеа, шиносоӣ бо муҳити атроф), қобилияти фарқ намудани овоз ва нутқи шифоҳӣ (самтёбӣ аз рӯи овоз) - ҳангоми мавҷуд будан ё набудани халалёбӣ ва дараҷаи ҷуброни вайроншавии қабули нутқи шифоҳӣ бо дигар воситаҳо (мактуб ва дигар шаклҳо ғайришифоҳӣ), зарурати истифодаи васоити техникӣ барои самтёбӣ ва кумаки дигар шахсон дар намудҳои мухталифи фаъолияти ҳамарӯзаи зиндагӣ (дар ҳаёти маишӣ, таҳсил, истеҳсолот);
- имконияти иртиботӣ - муошират карда тавонистан бо одамон ва ба роҳ мондани муносибатҳои муқаррарии иҷтимоӣ (дар ҳолати мазкур канда шудани муносибатҳое, ки ба халалдор шудани фаъолияти равонӣ алоқаманд мебошанд, дар назар дошта нашудааст). Воситаи асосии иртибот нутқи шифоҳӣ буда, воситаҳои ёрирасон хондан, навиштан, шаклҳои муоширати ғайришифоҳӣ (имову ишора) мебошанд. Маҳаки баҳодиҳӣ - хусусияти гурӯҳи одамон, ки бо онҳо имконияти алоқа мавҷуд аст, инчунин зарурати кумаки шахсони дигар дар раванди таълим ва фаъолияти меҳнатӣ;
- имконияти худидоракунӣ - имкони худдорӣ намудан дар доираи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқии муҳити атроф. Маҳаки баҳодиҳӣимкони худдаркнамоӣ ва риояи меъёрҳои иҷтимоии муқарраршуда, қиёс намудани одамон ва объектҳо, дарк намудани муносибати байни онҳо, дуруст қабул намудан, бозгӯй намудан, якранг муносибат намудан ба ҳолатҳои муқаррарӣ ва ғайримуқаррарӣ, риояи бехатарӣ ва беҳдошти шахсӣ;
- қобилияти донишандӯзӣ - имкони қабул намудан, омӯзиш, сафарбар намудани лаёқату имкониятҳои (маишӣ, фарҳангӣ, касбӣ) ба раванди мақсадноки таълим;
- қобилияти касбомӯзӣ - имкони фаро гирифтани дониши назариявӣ ва амалӣ, малакаи мушаххаси касбӣ. Маҳаки баҳодиҳӣимкони гирифтани таълим дар шароити муқаррарӣ ва ё шароити махсус ташкилкардашуда (муассисаҳои махсуси таълимӣ, дар гурӯҳҳо, таълим дар хона), қабули ҳаҷми барнома, вақт ва реҷаи таълим, имкони фарогирии сатҳи гуногуни касбӣ ё намуди алоҳидаи кор, зарурати истифодаи маводи махсуси таълимӣ ва истифодаи кумаки дигарон;
- қобилият ба фаъолияти меҳнатӣ - маҷмӯи имконияти ҷисмонӣ ва маънавии одам, ки ҳолати сиҳатии онро барои машғул шудан ба фаъолияти минбаъдаи меҳнатӣ муайян мекунад;
- мутобиқатии касбӣ - имкони бо сифати баланд иҷро намудани кор дар касби мушаххас, ки шароити амалӣ намудани фаъолияти меҳнатиро дар макон муайяни истеҳсолот мувофиқ ба талаботи ҳаҷми истеҳсолот, реҷаи корӣ ва муҳити истеҳсолӣ пешбинӣ менамояд. Маҳакҳои баҳодиҳӣ- нигоҳдорӣ ё аз даст додани коршоямии касбӣ, имконияти кор кардан дар сатҳи касбӣ дар дигар соҳаҳои ба касби пешина баробар, баҳо додан ба ҳаҷми кор ва мансаб, имконияти машғул шудан ба кор дар шароити муқаррарӣ ва ё махсус ташкилкардашуда;
- вайроншавии қобилияти меҳнатӣ - сабаби асосии норасоии иҷтимоие, ки метавонад ҳангоми маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ ба вуҷуд омада, ҳамзамон ба дигар сатҳи фаъолияти ҳаётӣ дахолат намекунад.
2. ҚОИДАҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ЭКСПЕРТИЗАИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ
7. Экспертизаи тиббию иҷтимоиро Хадамот дар асоси баҳодиҳии ҳамаҷонибаи ҳолати саломатӣ, дараҷаи вайроншавии вазифа ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ, бо дар назар доштани ҳолати равонӣ, муоинаи такрорӣ ва иҷтимоӣ, муҳит, инчунин унсурҳои касбӣ ройгон амалӣ менамояд.
8. Хадамот дар сурати мавҷуд будани асосҳо (нишондодҳо)-и маҳдудияти фаъолияти ҳаётии бемор сабаб ва вақти фарорасии маъюбиро муқаррар намуда, дараҷаи аз даст додани қобилияти коршоямии касбиро (ба ҳисоби фоиз) муайян намуда, барои ҳар як маъюб барномаи инфиродии тавонбахшии маъюбро тартиб медиҳад.
9. Вайроншавии қобилияти кор ва маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ бо таносуби фоизӣ баҳо дода мешавад. Бо мақсади ба тартиб даровардани раванди баҳогузорӣ аз рӯи нишондодҳои гуногун "дараҷаи вазифавӣ" мутобиқ ба ҷадвали панҷбала, ки тибқи он (аз 0 то 4) баробар ба 100% ва фосилаи миёни балҳо баробар ба 25%-ро ташкил медиҳад, муайян карда мешавад, аз ҷумла:
- дараҷаи вазифавии 0 - ҳолати муқаррарии нишондод;
- дараҷаи вазифавии 1 - вайроншавии сабуки вазифаҳо ё ҳадди фаъолияти ҳаётӣ (аз 1 то 25%);
- дараҷаи вазифавии 2 - вайроншавии миёна ё муътадил (аз 26 то 50%);
- дараҷаи вазифавии 3 - ҳадди бузургтари вайроншавӣ (аз 51 то 75%);
- дараҷаи вазифавии 4 - вайроншавии шадид то ба дараҷаи пурра аз даст додани вазифа ва ё имконият (аз 76 то 100%).
10. Ҳангоми арзёбии фоизи дараҷаи вайроншавии вазифаҳо таъсирбахшии ҷуброн бо ёрии маводи тиббӣ ё васоити техникӣ, ки вазифаро беҳтар мегардонанд, ба инобат гирифта мешавад.
11. Ҳолати фаъолияти ҳаётӣ вобаста ба ҳар як маҳаки алоҳида арзёбӣ карда мешавад, зеро дар марҳилаи аввали беморӣ мумкин аст, яке аз имкониятҳо вайрон гардад, ки он метавонад ба маҳдудияти иҷтимоӣ ва зарурати муайян намудану таъини маъюбӣ оварда расонад.
12. Таносуби байни дараҷаи вазифавии вайроншавӣ ва маҳдудгардии фаъолияти ҳаётӣ на ҳама вақт маълум аст, ки ин арзёбии алоҳидаи ҳар як нишондодро талаб менамояд. Оқибати иҷтимоии беморӣ аз дараҷаи маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ муайян карда мешавад.
13. Ҳангоми нигоҳдории қобилиятҳои касбии маъюб ё имконияти барқарор намудани онҳо ба маъюб тавсияи меҳнатӣ ё барномаи инфиродии тавонбахшӣ пешниҳод карда, маъюб ба мақомоти шуғли аҳолӣ равон карда мешавад.
14. Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб аз се қисмтавонбахшии иҷтимоӣ, тиббӣ ва касбӣ иборат буда, чорабиниҳои тиббӣ, маишӣ-иҷтимоӣ ва касбиро фаро мегирад. Хадамот ба маъюб тавсияи мухтасар ва чораҳои асосии тавонбахширо нишон медиҳад, ки дар он макон ва вақти гузаронидан, суроға ва соатҳои кории муассисае, ки бемор бояд ба он муроҷиат намояд, нишон дода мешавад. Ҳангоми муоинаи такрории маъюб дар роҳхати муассисаи табобатию пешгирӣ бояд барномаи чораҳои асосии тавонбахшӣ бо сабти иҷрои онҳо, натиҷаҳо ё сабабҳои иҷро нагардидан нишон дода шавад.
15. Экспертизаи тиббию иҷтимоии бемороне, ки вобаста ба вазъи саломатиашон дар Хадамот гузаронида шуда наметавонад, мувофиқи роҳхати шакли-088/б бо қайди "дар хона, беморхона, хона-интернатҳо ва ғайра" дар ҷойи нишондодашуда бо истифода аз нақлиёти хизматӣ гузаронида мешавад.
16. Муоинаи такрории маъюбон як моҳ қабл аз муҳлати муқарраршуда гузаронида мешавад.
17. Муоинаи такрорӣ пеш аз муҳлати муқарраршуда дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- ҳангоми тағйир ёфтан (бад ё беҳ шудан)-и вазъи саломатӣ ва дараҷаи маҳдудияти фаъолияти меҳнатӣ;
- ҳангоми муайянсозӣ дар раванди тафтиши пешакӣ муайян шудани далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ (тақаллубкории ҳуҷҷатҳо).
18. Муоинаи такрории маъюбӣ бе нишон додани муҳлат таъин карда мешавад:
- барои занони аз 58-сола боло ва мардони аз 63-сола боло;
- ҳангоми тағйироти бебозгашти морфологӣ, вайрон гардидани вазифаҳои узвҳо ва системаи организм, имконпазир будани беҳтаршавии раванди беморӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ ҳангоми бесамаранокии чорабиниҳои тавонбахшӣ (на кам аз 5 соли назорати пайваста);
- ҳангоми ҷой доштани нуқсонҳои анатомӣ, ки дар боби 4 Тартиби мазкур нишон дода шудаанд.
19. Эҳтиёҷмандии иҷтимоӣ ё мансубият ба гурӯҳи осебпазири аҳолӣ, ки дар асоси маълумотномаи мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ҷойи зист (яккаву танҳо, дар оила мавҷуд будани 2 ва зиёда маъюб, камбизоатӣ) нишон дода шудааст, ҳангоми гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ба назар гирифта мешавад.
20. Номгӯйи бемориҳо, нуқсонҳо ва дигар нишондодҳои тиббие, ки тибқи онҳо ба шаҳрвандон маъюбӣ муқаррар карда мешаванд, таснифоти вайроншавии функсияҳои асосии организм ва маҳдудиятҳои ҳаётӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.
§1. Муайян намудани гурӯҳи I маъюбӣ
21. Барои муайян намудани гурӯҳи I маъюбӣ инҳо асос шуда метавонанд:
- муҳтоҷ будан ба кумаки доимии шахсони дигар;
- бинобар сабаби якбора ба амал омадани маҳдудияти фаъолияти ҳаётӣ бо сабаби бемориҳо;
- оқибати осебҳо;
- норасоиҳои вазнину омехтаи анатомие, ки ба норасоии тиббию иҷтимоӣ оварда мерасонанд.
22. Ба вайроншавии куллӣ пурра аз даст додани вазифа ё имконият дохил мешавад:
- вайроншавии куллии худхизматрасонӣ - бе кумаки шахсони дигар анҷом дода натавонистани талаботи зарурии беҳдошти шахсӣ, қазои ҳоҷати физиологӣ, ки басомадашон танзимнашавандаанд;
- пурра ё қисман аз даст додани қобилияти ҳаракат - имкони ҳаракат намудан танҳо дар доираи манзили истиқоматӣ ё бо кумаки шахсони дигар;
- вайроншавии куллии худидоракунӣ - ғайриимкон будан ё вайроншавии куллии дарки шахсияти худ, олами атроф, одамон, набудани таассур (реаксия) ё таассури бемувозинат дар ҳолати муқаррарӣ, риоя накардани чораҳои бехатарии шахсӣ, ки зарурати назорати доимӣ ва кумаки шахсони дигарро ба миён меорад. Вайроншавии худидоракунӣ дар натиҷа ба вайроншавии тамоми ҷанбаҳои фаъолияти зиндагонӣ, зиёда аз он, ба пароксизмҳои такроршаванда оварда мерасонад, ки шуурро вайрон мекунанд (торикшавии шуур ва монанди инҳо);
- вайроншавии куллии муошират - имкон надоштани муошират ё вайроншавии куллии иртибот то ба хешони наздик дар сатҳи маишӣ, ки кумаки доимии шахсони дигарро душвор месозад.
23. Ҳолатҳои маҳдудшавии куллии фаъолияти ҳаётӣ дар мавридҳои зерин ба амал меоянд:
- ҳангоми бемориҳои узвҳои дарунӣ, асаб, системаи эндокринӣ, устухону мушакҳо, ҳисси босира, системаи рагҳо, ки вайроншавии вазифаи ҳар яке аз онҳо ба ҳадди нишондиҳандаи дараҷаи вазифавии 4 мерасад;
- ҳангоми зиёд будани вайроншавии вазифавии ду ва зиёда системаҳо, ки ба маҳдудияти ногаҳонии ҳаётӣ дар доираи яке аз ин дараҷаҳо оварда мерасонад;
- ҳангоми вайроншавии ногаҳонии ҳолати равонӣ.
24. Гурӯҳи I маъюбӣ инчунин ҳангоми бемориҳое, ки барои муҳити зиндагонӣ номувофиқанд, новобаста аз дараҷаи маҳдудияти ҳаётӣ муайян карда мешавад.
25. Гурӯҳи I маъюбӣ муқаррар карда мешавад:
1) барои шахсоне, ки имконияти меҳнатиашонро ба таври доимӣ пурра аз даст додаанд ва ба кумаки доимӣ ва нигоҳубин ниёз доранд. Бемориҳои зерин метавонанд барои муқаррар кардани гурӯҳи I маъюбӣ сабаб бошанд:
- бемориҳои саратони бадфарҷом;
- сили шуш бо ҷараёни афзоишёбанда дар марҳилаи декомпенсатсия бо норасоии нафаскашии дараҷаи 3;
- вайроншавии системаи дилу рагҳо бо норасоии хунгардишдараҷаи 3;
- вайроншавии мағзи сар бо фалаҷи чуқур (параплегия) ва афазияи шадид;
- фалаҷи ду даст ё пой;
- нимфалаҷи маълуми дасту пой;
- алоими вазнину музмини катотоникӣ ва параноидӣ ҳангоми маҷзубият;
- саръ (эпилепсия) бо хуруҷҳои тез-тез ва ҳолати носолимшавии ақл, зинаи аввали камақлӣ то аз даст додани муносибати нобарҷомӣ ба бемори худ;
2) барои шахсоне, ки новобаста ба вайроншавии ошкору куллии вазифавӣ ва зарурати нигоҳубини доимӣ ба кумаки шахсони дигар, имкон доранд бо намудҳои алоҳидаи фаъолияти меҳнатӣ дар шароити ташкили инфиродии кор (коргоҳҳои махсус, кор дар хона) машғул шаванд. Бемориҳои зерин метавонанд барои муайян кардани гурӯҳи I-уми маъюбӣ сабаб бошанд:
- фалаҷи устувори пойҳо;
- мунчаи (культя) ампутатсионии ҳарду даст (набудани ҳамаи ангуштон дар ҳарду каф);
- мунчаи (культя) ампутатсионии ҳарду соқи пой дар баробари сеяки қисми болоӣ;
- мунчаи (культя) ампутатсионии дар ҳама гуна ҷойи дастҳо ва ронҳо;
- нобиноии пурра.
§2. Муайян намудани гурӯҳи II маъюбӣ
26. Барои муайян намудани гурӯҳи II маъюбӣ хеле маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ бо сабаби беморӣ, оқибатҳои осеб, норасоии омехтаи анатомӣ, ки ба норасоии иҷтимоӣ оварда мерасонад, асос шуда метавонад.
27. Ба ниҳоят маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ нишондодҳои зерин мансубанд:
- ниҳоят маҳдуд шудани имкониятҳои худхизматрасонӣзарурати доимии кумаки дигарон барои иҷрои як қатор талаботи танзимшаванда, ки қонеъ гардондани онҳо дар муддати як ҳафта се маротиба ё зиёда аз ин, вале на бештар аз як маротиба дар як рӯз талаб карда мешавад (таъмин бо маводи ғизо ва омода намудани хӯрок, рӯбучин, шустушӯй, гарм намудани бино ва ғайра);
- ниҳоят маҳдуд шудани имконияти ҳаракат кардан - имкони ҳаракат танҳо дар ҳудуди минтақаи наздик ба макони истиқомат ё ҳаракат бо кумаки васоити мураккаб, душвории зиёд ҳангоми истифодаи нақлиёт бе кумаки шахсони дигар;
- ниҳоят маҳдуд шудани самтёбӣ дар макон - имкони хеле душвори шинохтани одамон ва объектҳо дар масофаи на он қадар дур, ҳангоми мавҷуд будани монеа дар самтёбӣ (равшании паст, мавҷзанӣ ва ғайра) дар мавзеи ношинос, зарурати истифодаи васоити ёрирасон дар таҳсил ё дар истеҳсолот, қабул накардани овозҳо ва нутқи шифоҳӣ ҳангоми имкон надоштани ҷуброни норасоии шунавоӣ бо кумаки дастгоҳи шунавоӣ (ношунавою ногӯё + бесаводӣ);
- аз даст додани худидоракунии назаррас - нигоҳ доштани имкони шинохтани худ ва хешовандони наздик, имконияти худхизматрасонӣ ҳангоми муайянкунии нопурраи ҷои зист ва вақт, мушкилиҳо дар макони ношинос, ба қадри имкон риоя намудани бехатарии шахсӣ, ба ин омилҳо инчунин такроршавии тез-тези пароксизм, вайроншавии кӯтоҳмуддати шуур низ шомил мебошанд;
- маҳдудияти назарраси муошират - имкони муошират намудан танҳо бо одамони шинос дар сатҳи маишӣ, аз даст додани робитаҳои доимии пешина ва барқарор карда натавонистани робитаҳои нав.
28. Имкон надоштан ба таълими касбӣ ё имкони таълим танҳо бо барномаҳои махсус дар муассисаҳои махсуси таълимӣ, дар гурӯҳҳои барои маъюбон пешбинишуда, омӯзиши инфиродӣ дар хона, зарур будани васоити махсуси таълим, барномаҳо ва усулҳои таълим ва ё кумаки шахсони дигар дар ин раванд (ғайр аз ношунавоён).
29. Гурӯҳи II маъюбӣ ҳамчунин новобаста аз шиддати маҳдудият (новобаста аз анҷом додани муолиҷа ва тавонбахшӣ), пешгӯии меҳнатӣ ва корношоямии меҳнатӣ вобаста ба бадшавии вазъи саломатӣ муайян карда мешавад. Ба инҳо ҳолатҳои зерин шомил мешаванд:
- норасоии мушакҳои дил ё дарғотҳои дил;
- норасоии гардиши хуни дараҷаи 2-3;
- фишорбаландии дараҷаи 2 моил ба буҳронҳои зуд-зуд хуруҷкунандаи ангиоспастикӣ;
- сили шуш бо падидоии нишонаҳои норасоии дилию шушӣ;
- шакли вазнини артериосклероз бо нишонаҳои пастшавии зеҳн (лоғаршавии равонӣ);
- иллатёбӣ ё вайроншавии раг;
- бемориҳои сироятии мағзи сар бо вайроншавиҳои мувозинат (вестибилярӣ) ва босира ё вайроншавии вазифаҳои ҳаракати дасту пойҳо;
- ба шахсоне, ки барояшон тамоми намудҳои фаъолияти меҳнатӣ дар давраи тӯлонӣ бо назардошти бад шудани вазъи саломатиашон зери таъсири фаъолияти меҳнатӣ манъ аст (сактаи такрории дил бо нишонаҳои маълуми норасоии иқлилӣ (коронарӣ), сактаи такрории мағзи сар, хунрезӣ ба пардаи як чашми сиҳат ҳангоми афзоиши хирагии чашм, баъди ҷарроҳии омосҳои бадфарҷоми меъда, шуш ва монанди инҳо, барои шахсони гирифтори бемориҳои вазнини доимӣ бо нуқсҳои омехтаи дастгоҳи такяву ҳаракат бо талафи зиёди қувваи биноӣ, ки меҳнат барояшон манъ набуда, дар шароитҳои махсуси ташкилкардашуда иҷозат дода шудааст, буридагии рон ё соқҳо дар сатҳҳои гуногун, баъди буридани ампутатсия рон ва имкон надоштани протезшинонӣ гурӯҳи II маъюбӣ муайян карда мешавад).
30. Намунаи норасоиҳои вазнини анатомӣ метавонанд инҳо бошанд:
- ампутатсияи ҳар ду соқи пой;
- набудани панҷаҳо ё банди даст ва соқи пой;
- набудани китф ё банди даст ҳангоми зиёд вайроншавии вазифаҳои мутаҳаррикӣ ё статикии дигари пой;
- набудани даст ё пойҳо;
- экзартикулятсияи рон.
§3. Муайян намудани гурӯҳи III маъюбӣ
31. Барои муайян намудани гурӯҳи III маъюбӣ маҳдудшавии боэътидоли фаъолияти ҳаётӣ бо сабабҳои беморӣ, оқибати осебҳо ва зоҳиршавии норасоиҳои анатомӣ, ки ба камбудии иҷтимоӣ оварда мерасонанд, асос шуда метавонанд.
32. Ба маҳдудиятҳои ҳаётӣ инҳо шомиланд:
1) маҳдудяти боэътидоли худхизматрасонӣ - зарурат доштан ба кумаки шахсони дигар (чор ва зиёда маротиба) дар иҷрои як қатор талаботи ҳаррӯза;
2) маҳдудияти боэътидоли ҳаркат намудан - маҳдудияти ҳаракат намудан танҳо дар ҳудуди манзил, ниёз доштан ба истифодаи воситаҳои ёрирасон ҳангоми ҳаракат берун аз хона, мушкилӣ кашидан дар истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ, вале бе ёрии шахсони дигар имконпазир;
3) маҳдудияти боэътидоли самтёбӣ - қисман вайроншавии дарк кардани муҳити атроф вобаста ба вайроншавии боэътидоли узвҳои босиравӣ ва якбора аз даст додани қабули овозҳо, ки зарурати истифодаи имову ишораҳо талаб менамояд;
4) маҳдудияти боэътидоли худидоракунӣ - нигоҳ доштани имконоти шинохти худ, одамон, ашё ва вазъият дар ҳолати аввала, ҳангоми душвории шарҳ (интерпритатсия)-и ҷойгиршавӣ дар байни объектҳо дар муҳити ношинос ва коркарди аксуламал дар вазъи ғайримаъмулӣ, ки ба бемор имкони иҷрои корҳои оддӣ ва гирифтани таълимро бе кумаки дигарон медиҳад, ба ин пароксизм, вайроншавии суръати миёнаи идрок низ дохил мешавад;
5) маҳдудияти боэътидол дар таҳсил - имкон доштани таълим дар муассисаҳои муқаррарӣ дар доираи барномаву ҷадвали умумӣ, вале дар синфхонаҳои махсус барои гурӯҳҳои муайяни маъюбон ё таълим ба воситаи шахсони дигар ғайр аз омӯзгор;
6) маҳдудияти боэътидол дар фаъолияти меҳнатӣ - тағйирёбии назаррасӣ фаъолияти касбии дар шароити муқаррари истеҳсолӣ иҷрошаванда, бинобар зарурати саломатӣ;
7) пастшавии маҳорати касбӣ ба ҳадди 2-3 дараҷа (зиёда аз 25%) дар робита бо имкон надоштани идомаи кор дар касби худ ё ба он баробар;
8) маҳдудияти ҳаҷми фаъолияти касбӣ дар ихтисоси худ вобаста бо пастравӣ ба ҳадди 4 зинаи мансаби мутахассис (зиёда аз 25%) ё сатҳи идоракунии роҳбарӣ;
9) маҳдудияти давомнокии рӯзи корӣ (танҳо рӯзи нопурраи корӣ иҷозат дода мешавад);
10) имкони иҷро намудани танҳо баъзе намуди корҳо аз номгӯи уҳдадориҳои вазифавӣ;
11) зарурати муҷаҳҳазсозии ҷойи корӣ бо воситаҳои ёридиҳанда ва дигар васоити техникӣ;
12) нуқсҳо ва шаклдигаркунии дастҳо, набудани китф, банди даст, панҷа, буғуми қалбакии устухони китф ва ё ҳарду устухони банди даст, ҳолати контрактураи возеҳ (маҳдудияти ҳаракат дар пайвандҳо то ба дараҷаи 5-8) ё сахтшавии буғуми оринҷ дар ҳолати номувофиқи вазифавӣ (дар зери на камтар аз 60 дараҷа ё 150 дараҷа) ё ҳангоми мустаҳкамшавии банди даст дар ҳолати тобхӯрии ниҳоии даст ба дарун ё тобхӯрии даст ба берун, баъди буриш, алвонҷ хурдани пайвандҳои китф ё оринҷ, набудани ҳамаи буғумҳои чор ангушти панҷа, бе баҳисобгирии ангушти аввал, анкилоз ё контрактураи шадидан маълуми ҳамаи ангуштон дар ҳолати функсионалии номувофиқ, набудани ангуштони якум ва дуюм ё се ангушт якҷоя бо устухони бехи панҷа, набудани ангуштони аввали ҳар ду даст, баъди буриши пайвандҳои китф ё оринҷ, аз ҷумла набудани ҳамаи буғумҳои чор ангушти панҷа, бе баҳисобгирии ангушти аввал, набудани се ангушт бо баҳисобгирии ангушти аввал, набудани ҳаракат (анкилоз) ё контрактураи возеҳи ҳамаи ангуштон дар ҳолати номувофиқии вазифавӣ, набудани ангуштони якум ва дуюм ё се ангушт якҷоя бо устухонҳои асосии панҷа, набудани ангуштҳои аввали ҳар ду панҷа.
13) нуқсҳо ва шаклдигаркунии пойҳо аз ҷумла, мунчаи ампутатсияи панҷаи пойҳо баъди бурриши устухонӣ-пластикӣ (намунаи Пирогов), бо нуқс дар сатҳи буғуми Шопар ва буридагии дутарафа дар баробари буғуми Лисфранк, контрактураи намоён ё сахтшавии пайвандҳои соқу попанҷаҳо дар мавриди нуқс доштани попанҷаҳо ва вайроншавии зиёди вазифаҳои роҳгардӣ ва истодан, буғуми қалбакии рон ва ҳар ду устухонҳои соқҳо, алвонҷхӯрии зонуҳо ё пайванди миёну рон баъди буриш, шаклдигаркунии падидомада ё сахтшавии пайванди косу рон, сахтшавии пайванди зонуҳо дар ҳолати номувофиқи вазифавӣ - дар зери кунҷи 180 дараҷа ё кутоҳшавии пойҳо бо ҳади беш аз 7 см баъди буриши пайванд;
14) оқибатҳои осеб ва бемории системаи асаб, аз ҷумла фалаҷи панҷа ва дастҳо, фалаҷи пойҳо, нимфалаҷ (парез)-и шадиди дастҳо ва ё пойҳо бо вайроншавии зиёди трофикӣ (атрофияи падидомадаи мушакҳо, ҷароҳати трофикии доимӣ);
15) нобиноии пурра ё пастшавии биноиш дар як чашм то 0,02 ё маҳдудгардии майдони биноиш то 5 дараҷа (дар робита бо осеби ҳарбӣ ё меҳнатӣ);
16) мавҷуд будани ҷисмҳои бегона дар мушакҳои дил ва ё меъдачаи дил;
17) нуқси назарраси устухони сар;
18) нуқси ҷоғ ё коми сахт, агар протезшинонӣ хойиданро таъмин карда натавонад;
19) шаклдигаркунии қафаси сина пас аз гузаронидани ҷарроҳӣ, буриши панҷ ё зиёда аз қабурғаҳо ҳангоми мавҷуд будани нокифоягӣ дар вақти нафаскашӣ (ҳангоми муайян намудани гурӯҳи II маъюбӣ муҳлати муоинаи такрорӣ дар асоси муқаррароти умумӣ муайян карда мешавад);
20) ношунавоии дутарафа аз кӯдакӣ.
Эзоҳ: ношунавоиро бояд ҳангоми мавҷуд набудани қабули нутқи баланди шифоҳӣ дар садафи гӯшҳо ҳисоб кард. Дар ҳолати норасоӣ ё ҳолатҳои пешбининакардаи Тартиби мазкур масъалаи муқаррар кардани гурӯҳи маъюбиро аз рӯи принсипҳои умумии ташхис, яъне бо дар назар доштани имкони иҷрои корҳо аз тарафи маъюб аз рӯи касби худ бояд ҳал кард.
§4. Муайян намудани категорияи "кӯдаки маъюб"
33. Нишондод барои муайян намудани категорияи "кӯдаки маъюб" дар кӯдакон ҳолатҳои бемориҳое мебошанд, ки ҳангоми бемориҳои модарзодӣ, ирсӣ ва баъдан гирифторшуда пайдо мешаванд.
34. Муқаррар намудани категорияи "кӯдаки маъюб" аз синни 2 - солагӣ пас аз ба қайд гирифтан дар муассисаи тиббии маҳалли зист гузаронидани чорабиниҳои ташхисӣ, табобатӣ ва тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дида баромада мешавад. Муайян намудани категорияи "кӯдаки маъюб" ба кӯдакони то 2 - сола бо тартиби пешбининамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян карда мешавад.
35. Муқаррар намудани экспертизаи тиббию иҷтимоии кӯдакон дар робита ба муайянсозии қобилияти онҳо ба таълим, муошират, ҳаракаткунӣ, муайянкунии мавқеъ, худхизматрасонӣ, идоракунии рафтори худ, коромӯзӣ дар асоси таҳлили вазъ ва пешбинии солимии онҳо муайян карда мешавад.
§5. Бемориҳое, ки тибқи онҳо категорияи "кӯдаки маъюб" то ба синни 18 расидан бе муҳлат муқаррар карда мешавад
36. Номгӯи бемориҳо ва ҳолатҳои патологие, ки тибқи онҳо категорияи "кӯдаки маъюб" муқаррар карда мешавад, дар ҷадвали ба Тартиби мазкур замимашаванда оварда шудааст (замима мегардад).
37. Роҳхат барои гузаштан аз экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ба кӯдаки то синни 18 - сола (шакли 080/у), ки бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, аз ҷониби муовини менеҷери шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия/шаҳр ва табиби муолиҷавии тахассуси дахлдор (табиби минтақавӣ, табиби оилавӣ), ки кӯдакро ба комиссияи машваратии табибӣ пешниҳод намудааст, омода намуда, бо имзо ва муҳри гирд тасдиқ карда, дар муҳлати 2 рӯз ба падар ё модар (парастор)-и кӯдак дода мешавад, то ки ба шуъба/бахшҳои ноҳиявӣ/байниноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и Хадамот дар ҷои зист муроҷиат намоянд.
38. Маълумоти анамнезӣ ва объективӣ, ки барои додани роҳхати тиббӣ ҳамчун асос хизмат кардаанд, натиҷаҳои хулоса, инчунин санаи пур кардани роҳхати навбатии тиббӣ дар шакли ҳуҷҷати ибтидоии шакли муқарраргардида (варақаи амбулаторӣ, варақаи бемори статсионарӣ) қайд карда мешаванд.
39. Роҳбари муассисаи табобатию пешгирӣ дар бораи вазъи ҳамаи корҳо барои додани роҳхати тиббӣ ба кӯдакони имконияти маҳдуддошта масъул мебошад. Варақаҳои муассисаҳои тиббӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии қатъӣ дар дасти корманди масъули муассисаи тандурустӣ нигоҳ дошта мешавад. Корманде, ки барои бақайдгирӣ, қабулкунӣ, нигоҳдорӣ ва истифодабарии бланкаҳои тиббӣ масъул аст, бо фармоиши роҳбари муассисаи табобатию пешгирӣ таъин карда мешавад.
40. Хадамот дар асоси ҳуҷҷатҳои тиббии пешниҳодгардида кӯдакро аз экспертизаи тиббию иҷтимоӣ гузаронида, оид ба муқаррар намудани категорияи "кӯдаки маъюб" қарор қабул менамояд ва дар муҳлати 2 рӯз ба падар ё модар (парастор)-и кӯдак маълумотномаро пешниҳод менамояд.
41. Падару модар ё парастори кӯдаки маъюб дар мавриди норозӣ будан аз хулосаи Комиссияи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ба Шӯрои экспертии тиббию иҷтимоии Хадамот, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба суд дар муҳлати 1 моҳ тариқи хаттӣ муроҷиат намоянд.
3. БЕМОРИҲОЕ, КИ НИСБАТ БА ОНҲО ГУРӯҲИ МАЪЮБИИ БЕМУҲЛАТ МУАЙЯН КАРДА МЕШАВАД
42. Бемориҳое, ки нисбат ба онҳо гурӯҳи маъюбии бемуҳлат муайян карда мешавад:
1) бемориҳои узвҳои дарунӣ:
- бемории фишорбаландии дараҷаи III (бо тағйирёбии системаи марказии асаб, қаъри чашмҳо, мушакҳои дил, гурдаҳо);
- норасоии шадиди иқлилӣ (коронарӣ) баъди сактаи дил бо тағйироти зиёди мушакҳои дил ва вайроншавии гардиши хун-дараҷаи III;
- нуқси дил (маҳдуд шудани сӯрохии атриовентрикулярии чап, норасоии дарғотҳои шараёнӣ, норасоиҳои омехта) ҳангоми мавҷуд будани вайроншавии гардиши хун - дараҷаи III;
- бемориҳои миокардиопатияи дилятатсионӣ ва гипертрофикӣ бо вайроншавии гардиши хун - дараҷаи III;
- бемориҳои музмини шуш бо норасоии устувори нафаскашӣдараҷаи III ва норасоии гардиши хун - дараҷаҳои II-III;
- норасоии музмини фаъолияти гурдаҳо дар марҳилаи ниҳоӣ;
- сиррози ҷигар бо вайроншавии гардиши порталии хун (астсит);
- бемории қанд - шакли вазнин (ҳангоми асетонурия ва моил будан ба ҳолати коматозӣ);
- саратони бадфарҷоми табобатнашаванда;
- ҳолати пас аз буриши пурраи меъда;
- ҳолати баъди буридани шуш;
2) бемориҳои асабу равонӣ:
- бемориҳои сироятии системаи марказии асаб бо ҷараёнгирии музмини афзоянда, намудҳои гуногуни энсефалитҳо, энсефаломиелит, склерози яктарафаи амиотрофикӣ, вайроншавии нутқ ва босира (паркинсонизм, фалаҷ, афазия) бо гидросефелия (обгирӣ)-и афзоишёбандаи мағзи сар;
- фалаҷи шиддатёбанда бо падидаҳои маълуми камақлӣ, новобаста аз табобат;
- оқибатҳои осеби зарарёбии мағзи сар бо нишонаҳои шадиди вайроншавии ҳаракат (гемиплегия, гемипарез ва тетроплегия), бо афазия, бо гидросефелия (обгирӣ)-и афзоишёбандаи мағзи сар ва бо зуҳурёбии падидаҳои камақлӣ;
- оқибатҳои зарари осеби мағзи сар бо мавҷудияти васеи норасоии устухон ё ҷисмҳои бегона дар мағзи сар (бе муоинаи такрорӣ гурӯҳи III маъюбӣ муайян карда мешавад);
- оқибатҳои осеб, бемории ҳароммағз ё думғоза бо вайроншавии фаъолияти ҳаракат (фалаҷ ё нимфалаҷ (парапарез) ва вайроншавии вазнини вазифаҳои узвҳои кос;
- оқибатҳои вазнини вайроншавии гардиши хун дар мағзи сар ҳангоми бемории рагҳои мағзи сар бо гемиплегия ё гемипарез ё психоз бо ҷараёнгирии афзоянда ва падидаҳои камақлӣ;
- саръ (эпилепсия) ҳангоми мавҷуд будани хурӯҷи тез-тез пайдошаванда (бо ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда) ва камақлӣ;
- бемории музмини афзоишёбандаи системаи марказии асабмиопатия, миотония, ларзиши бадан дар марҳилаи вайроншавии шадиди вазифаҳои такяву ҳаракат;
- оқибатҳои зарарҳои бебозгашти асабҳои канорӣ - фалаҷи панҷа ё даст, фалаҷи пойҳо бо нимфалаҷ (парез)-и даст ё пой ва вайроншавии трофикӣ;
- пайдоиши омоси ҷарроҳинашавандаи мағзи сар ва ҳароммағз;
- ноқисулақлии дараҷаи вазнин;
- ношунавоии дутарафа;
- ношунавоӣ ва ногӯёӣ;
- пас аз камақлии дараҷаи ибтидоӣ паси аз гирифторӣ ба маҷзубият (шизофрения);
3) бемориҳои ҷарроҳӣ, норасоиҳои анатомӣ ва шаклдигаргардонӣ:
- нуқс ва шаклдигаркунии китф, банди даст, набудани панҷаҳо, буғуми қалбакии китф ё ҳар ду устухони банди даст, контрактураи падидомада, сахтшавии буғуми оринҷ дар ҳолати номувофиқи вазифавӣ дар зери кунҷи камтар аз 60 дараҷа ё зиёда аз 150 дараҷа ё ҳангоми мустаҳкамшавӣ (қолабгирӣ)-и банди даст дар ҳолати тобхӯрии ниҳоии даст ба дарун (пронатсия) ё тобхӯрии кафи даст ба берун (супинатсия) набудани чор ангушти панҷа бе дар назар доштани ангушти аввал, се ангушти панҷа бо дар назар доштани ангушти аввал, сахтшавӣ ё контрактураи дараҷаи вазнини возеҳ падидаомадаи ҳамин ангуштон дар ҳолати номувофиқи вазифавӣ, набудани ангуштони якум ва дуюм ва ё се ангушт бо асоси панҷа, набудани ангуштони аввали ҳар ду панҷа (агар ин дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ва ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ ё истеҳсолот ба амал омада бошад);
- нуқсҳо ва шаклдигаркунии пойҳо - ампутатсияи рон ё соқҳо дар сатҳҳои гуногун, мунчаи попанҷаҳо баъди гирифтани устухониву пластикӣ (аз рӯи усули Пирогов), мунчаи нуқсондор дар сатҳи буғуми Шопар ва мунчаи дутарафа дар сатҳи буғуми Лисфранк, контрактураи падидомада ё сахтшавии буғуми соқу попанҷаҳо ҳангоми нуқси попанҷаҳо ва вайроншавии зиёди вазифаи роҳгардӣ ва истодан, буғуми қалбакии рон ё ҳарду устухонҳои соқ, баъди буриши буғуми зону ва косу рон, контрактураи назаррас ё падидомадаи буғумҳои косу рон, сахтшавии буғуми зону дар ҳолати номувофиқи вазифавӣ дар зери кунҷи 180 дараҷа ё ҳангоми кӯтоҳшавии дасту пой зиёдтар аз 7 см баъди буриши буғум;
- ҷисмҳои бегона дар мушакҳои дил ё меъдачаи дил;
- ҷароҳати куҳнашудаи фасоднок новобаста аз табобат (наҷосатӣ, пешобӣ, берункунандаи фасодиҳо);
- нуқсҳои ҷоғ ё ком, агар протез хоиданро таъмин карда натавонад;
- шаклдигаркунии қафаси сина бинобар ҷарроҳии гузаронидашуда - буриши панҷ ва ё зиёда қабурғаҳо ҳангоми мавҷуд будани норасоии нафас (ҳангоми муайян намудани гурӯҳи II маъюбӣ муҳлати муоинаи такрорӣ тибқи муқаррароти умумӣ муайян карда мешавад);
- саркомаи Капошӣ,ҷузом ва обиласории ҳақиқии пӯст;
4) бемориҳои гӯш, гулӯ ва бинӣ, набудани ҳалқ пас аз гирифтан тавассути ҷарроҳӣ;
5) бемориҳои чашм:
- хирашавӣ ва кӯчиши дутарафаи шабакия;
- нуқси модарзодии узвҳои босира;
- гидрофталм ва буфталм (дутарафа);
- наздикбинии дараҷаи баланди ҳар ду чашм (зиёда аз 20 диоптрий);
- абиотрофияи ирсии шабакияи ҳар ду чашм;
- анофталми дутарафа;
- атрофияи пурраи ҳалқаҳои асаби босиравии ҳар ду чашм;
- сафедшавӣ (албинизм)-и дутарафа;
- глаукомаи пӯшидакунҷ ва кушодакунҷи марҳилаи 3-4-и ҳар ду чашм;
- нобиноии пурраи як чашм, пастшавии тезии биниш дар чашми дигар то 0,04 ҳангоми имкон надоштани коррексия ё маҳдудияти босира то 10 дараҷа;
- алоими Морфан, алоими Сюгрен.
43. Гурӯҳи маъюбии бемуҳлат дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- барои маъюбоне, ки муҳлати муоинаи такрорӣ баъди ба синни 58 расидани занҳо ва ба синни 63 расидани мардҳо дар ҳолати агар бемориашон табобатнашаванда бошанд;
- маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашуда;
- маъюбони вобаста ба бартарафсозии садамаи неругоҳи барқи атомии Чернобил.
4. НУҚСҲОИ АНАТОМИЕ, КИ НИСБАТ БА ОНҲО МАЪЮБӢ БЕ НИШОН ДОДАНИ МУҲЛАТИ МУОИНАИ ТАКРОРӢ МУАЙЯН КАРДА МЕШАВАД
44. Нуқсҳои анатомие, ки нисбат ба онҳо маъюбӣ бе нишон додани муҳлати муоинаи такрорӣ муайян карда мешавад:
1) нуқсҳои анатомие, ки дар ҳолати мавҷуд будани онҳо гурӯҳи I-уми маъюбӣ муқаррар карда мешавад:
- ампутатсияи ҳарду по то устухони рон;
- ампутатсияи панҷаи ҳарду даст;
- ампутатсияи ҳарду даст аз қисми боло;
- набудани ҳар ду чашм;
2) камбудиҳои анатомие, ки дар ҳолати мавҷуд буданашон гурӯҳи II маъюбӣ муқаррар карда мешавад:
- мавҷуд набудани буғуми чаҳор ангушти кафи як даст ва ангушти аввали дасти дигар;
- набудани ангуштҳои якум ва дуюм ва ангушти нишондиҳанда бо мувофиқати устухонҳои пушти кафи даст;
- набудани се ангушти кафи ҳарду даст бо мувофиқати устухонҳои пушти кафи даст;
- ампутатсияи қисми зиёди даст;
- ампутатсияи ҳар ду по дар сатҳи буғум бо усули Шопар;
- ампутатсияи соқи ҳар ду по бо усули Пирогов;
- ампутатсияи соқи ё қисми зиёди по бо замми набудани ҳамаи устухонҳои пушти панҷаи даст ё хеле боло бурида шудани қисми даст;
- экзартикулятсияи буғуми косу рон;
- экзартикулятсияи даст дар буғуми китф;
- ампутатсияи як даст ва набудани чашм;
- ампутатсияи як по ва набудани чашм;
3) нуқсҳои (камбудиҳои) анатомие, ки дар ҳолати мавҷуд буданашон гурӯҳи III маъюбӣ муқаррар карда мешавад:
- набудани чор ангушти кафи даст бо бе назардошти ангушти аввал;
- набудани се ангушти кафи даст бо назардошти ангушти аввал;
- набудани ангуштҳои аввал ва дуюми кафи даст;
- набудани се ангушти кафи даст бо мувофиқати устухонҳои пушти каф;
- набудани ангуштҳои якуми ҳар ду панҷаи даст;
- бурида шудани як даст;
- ампутатсияи попанҷа аз рӯи усули Шопар ва ампутатсияи қисми зиёди як пой;
- ампутатсияи попанҷа ҳарду по аз рӯи усули Шопар;
- кӯтоҳшавии як по баробари 7 см ва зиёдтар;
- нуқси ҷоғ ва ком, агар протез хоиданро таъмин карда натавонад;
- нанизми гипофизарӣ, остеохондропатия, остеохондродистрофия бо паканагӣ, шаклҳои дигари паканагӣ (дарозии қад аз 150 см камтар);
- трахеостомаи доимо амалкунанда;
- нуқси устухонии васеи косахонаи сар (зиёда аз 12 см квадратӣ);
- набудани як шуш;
- буриши пурраи меъда;
- тиреоидэктомияи пурра аз бемории саратон.
5. ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ САБАБҲОИ МАЪЮБӢ
45. Баъди муайян намудани яке аз гурӯҳҳои маъюбӣ Хадамот сабабҳои онро муқаррар менамояд. Асос барои муқаррар намудани сабабҳои маъюбӣ, ҳуҷҷатҳои клиникӣ, тиббӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо мебошанд. Хадамот сабабҳои зерини маъюбиро муайян менамояд:
- бемориҳои умумӣ;
- бемориҳои касбӣ;
- осеби меҳнатӣ;
- маъюбӣ аз овони кӯдакӣ;
- маъюбӣ аз оқибатҳои гирифтани осеб, контузия ё осеб алоқаманд ба амалиётҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва вобаста ба рафъи оқибати неругоҳи барқи атомии Чернобил;
- алоқаманд ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти қудратӣ, дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ.
§1. Сабаби маъюбӣ: "бемориҳои умумӣ"
46. Сабаби маъюбӣ барои бемориҳои умумӣ ба шахсоне муайян карда мешавад, ки бемориҳои гузаронидаи онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ ё осеби меҳнатӣ алоқамандӣ надошта, маъюб гардидаанд. Муайянкунии сабабҳои мазкур маънои онро дорад, ки асосҳо барои дигар сабабҳои дар боби мазкур номбаршуда вуҷуд надорад.
§2. Сабаби маъюбӣ: "бемориҳои касбӣ"
47. Ҳангоми муайянкунии беморҳои касбӣ бояд хусусиятҳои этиологии мавҷуда ва корҳои иҷрошаванда, хусусиятҳои хоси клиникии шаклҳои беморӣ, шароити муайяни санитарӣ-гигиении истеҳсолот ва раванди меҳнатӣ, собиқаи корӣ дар шароити зараровар ва хатарнок ба назар гирифта шаванд.
48. Ба қатори бемориҳои доимии касбӣ бояд оқибатҳои бевосита ва оризаҳои бемориҳои касбӣ (масалан, маҳдудияти устувори тағйирёбии асаб баъди заҳролудшавии карбонӣ) дохил карда шаванд. Инчунин имконияти ривоҷёбии бемориҳои касбӣ баъди гузаштани муҳлати дарози қатъ намудани кор бо моддаҳои зараровару хавфнок ва унсурҳои истеҳсолӣ (силикози интиҳоӣ, берриллиоз, папилломаи масона)-ро ба назар гирифтан зарур аст.
49. Ба бемории касбӣ бемориҳоеро низ дохил намудан лозим аст, ки барои авҷгирии минбаъдаи онҳо бисёр хатарнок ҳисобида мешаванд (масалан, саратони бадфарҷоми авҷгирандаи шуш дар заминаи силикоз, асбестоз ва бронхит аз ғубор). Дар ҳолати омехтагии этиологии бемории касбӣ масъалаҳои ташхис (дар бораи сабаби маъюбӣ, дараҷаи аз даст додани қобилияти меҳнатӣ) бояд ҳамчун бемории касбӣ ҳал карда шаванд.
50. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои муайян Хадамот вобаста ба гурӯҳи маъюбӣ, дараҷаи аздастдиҳии қобилияти касбӣ ва эҳтиёҷот ба дигар намудҳои кумакро муайян менамояд. Хадамот зимни муқаррар намудани алоқаи беморӣ бо хатари касбӣ хулосаи Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ ва ҳуҷҷат оид ба шароити корӣ ба асос гирифта мешавад.
§3. Сабаби маъюбӣ: "осеби меҳнатӣ"
51. Сабаби маъюбии осеби меҳнатӣ дар он ҳолате муайян карда мешавад, ки агар маъюбӣ бо оқибати зарари минбаъдаи он ба сиҳатию ҳаёти сиҳатии коргар ва ё зарарҳои дигари ба саломатии ӯ расида, бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатияш алоқаи бевосита дошта бошанд.
52. Маъюбӣ он вақт фарорасида ҳисобида мешавад, ки агар он дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши ба осеб сабаб гардида (ба ғайр аз ҳодисаҳои зиддиҳуқуқӣ) рӯй дода бошад:
- ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ (дар вақти сафари хизматӣ будан), аз ҷумла ҳангоми иҷрои кадом фаъолияте, ки ба фоидаи корхона новобаста аз супориши махсус анҷом меёбад;
- дар роҳ ба кор ва ё аз кор ба хона (бо ҳуҷҷатҳои дахлдори ба расмия даровардашуда);
- дар ҳудуди ташкилот ва ё дар ҷои дигари кор дар вақти корӣ, барои ба тартиб овардани олоти меҳнатӣ, либос ва ғайра пеш аз оғоз ва ё хотимаи кор;
- дар наздикии ташкилот ва ё дар дигар ҷои кор дар тӯли вақти корӣ (бо изофаи тафреҳоти муқарраркардашуда), агар ҳозир будан дар он ҷо ба қоидаҳои реҷаи дохилии корӣ мухолиф набошад (дар ин хусус ҳуҷҷат ба расмият дароварда намешавад);
- ҳангоми иҷрои вазифаи давлатӣ, фармоиши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятии бо тартиби муқарраршуда қайдгардида, ҳатто агар ин ташкилотҳо бо кори асосӣ алоқа надошта бошанд (бо ҳуҷҷати дахлдори ба расмият даровардашуда);
- ҳангоми иҷрои қарзи шаҳрвандӣ дар наҷот додани ҳаёти одамон, муҳофизати моликияти хусусӣ ва қонуният (дар ин хусус ҳуҷҷат тартиб дода намешавад);
- ҳангоми гузаштани таълими истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, дарсҳои амалии донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимӣ аз ҷумла касбӣ-техникӣ, мактабҳо, такмили ихтисос.
53. Агар дар асоси ҳуҷҷати мақомоти дахлдор муқаррар карда шавад, ки ҳодиса дар натиҷаи қонунвайронкунӣ ба амал омада, инсон бо амалҳои бошуурона ба саломатии худ зарар расонидааст, чунин ҳодисаҳо ҳамчун ҳодисаи нохуши ғайриистеҳсолӣ бо санад дар шакли Н-1 ба расмият дароварда мешаванд.
54. Ҳангоми фарорасии маъюбӣ дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот сабаби "осеби меҳнатӣ"-ро Хадамот ҳангоми мавҷуд будани ҳуҷҷат дар бораи ҳодисаи нохуш дар шакли Н-1 ё қарори суд муайян менамояд. Агар осеб дар истеҳсолот то оғози ҷараёни патологӣ гирифта шудааст ё сабаби пайдо шудани беморӣ дар узви осебдида гардидааст, он ҳамчун оқибати осеби меҳнатӣ баррасӣ карда мешавад.
55. Хуруҷёбии умумии бемориҳои барқароршаванда аз таъсири осебҳои меҳнатӣ низ ҳамчун оқибати осеби меҳнатӣ ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолатҳо зарурати алоқаи мутақобилаи патологии мавҷудбуда, вазнинии вайроншавии вазифавӣ, хусусияти ҷараён гирифтани бемориҳои бо истеҳсолот алоқадошта бояд дар асоси омӯзиши дақиқи қайдҳои клиникӣ, омӯзиши таърихи беморӣ дар муқоиса бо хусусияти осеби азсаргузаронидашуда муайян карда шавад.
56. Агар оқибатҳои осеби истеҳсолӣ бо гузашти вақт қисман барқароршуда, баъдтар боз ба ҳолати маъюбӣ оварда бошанд, дар ин сурат сабаби маъюбӣ, новобаста аз фосила, ҳамчун осеби меҳнатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
57. Агар оқибатҳои осеби истеҳсолӣ ба ҳолати қобилияти меҳнатӣ таъсир накунад, вале беморӣ ё маъюбии нав хуруҷ намояд, сабаби маъюбӣ бояд вобаста ба хусусияти бемории нав хуруҷнамуда муқаррар карда шавад.
58. Барои муайян намудани сабабҳои осеби меҳнатӣ Хадамот ҳуҷҷатҳои зеринро баррасӣ мекунад:
- маълумотномаи муассисаи тандурустие, ки дар он вақти расонидани кумаки тиббӣ, ҳуҷҷати анамнезӣ, хосияти осеб ва ҳаҷми кумаки тиббӣ нишон дода шудааст;
- протоколи нозири бозрасии давлатии автомобилӣ дар бораи садамаи нақлиётӣ дар роҳ, дар бораи иштироки ҷабрдида дар наҷот додани ҳаёти одамон, ҳифзи молу мулки хусусӣ, тасдиқи ҳифз аз сӯхтор;
- маълумотномаи мақомоти давлатӣ дар бораи аз тарафи ҷабрдида ба ҷо овардани уҳдадориҳои шаҳрвандӣ;
- маълумотнома аз ҷойи кор, ки вақти оғозёбӣ ва анҷомёбии вақти корӣ, суроғаи ҷойи корашро тасдиқ менамояд;
- маълумотнома аз ҷойи истиқомат.
59. Хадамот бояд номгӯи ҳуҷҷатҳоеро, ки дар асоси он қарор дар бораи сабаби осеби меҳнатӣ баровардааст, эълон намояд.
60. Хадамот ҳангоми гувоҳдиҳӣ ба кормандони дар зери назорати корфармо коркунанда ва ё кӯдакони то 18-солае, ки ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар рафти таҳсил вобаста ба иҷрои вазифаҳои меҳнатиашон саломатиашон зарар дида, зич алоқаманд асту барои муайян намудани маъюбӣ ҳуқуқ медиҳад, хулосаи (кӯдаки маъюб бинобар осеби меҳнатӣ)-ро медиҳад. Ҳамчунин дараҷаи аз даст додани саломатӣ ва қобилияти меҳнатии касбӣ низ муайян карда мешавад.
61. Хадамот гурӯҳ ва сабабҳои маъюбиро муайян намуда, дараҷаи аз даст додани қобилияти касбӣ ва пурра гум кардани қобилияти меҳнатӣ, инчунин дараҷаи умумии аз даст додани қобилияти меҳнатиро бо таносуби фоиз ва зарурат доштан ба намудҳои дигари кумакро муқаррар менамояд.
§4. Сабаби маъюбӣ: "маъюбӣ аз овони кӯдакӣ"
62. Хадамот сабаби маъюбӣ аз овони кӯдакӣ дар ҳолате муайян менамояд, ки бемориҳо (осебҳо) то ба 18-солагӣ ба амал омадаанд.
63. Барои он ки сабаби маъюбии "маъюбӣ аз овони кӯдакӣ" барои шахсони аз синни 18 боло муайян карда шавад, исбот намудан зарур аст, ки аломатҳои маъюбӣ то ба 18-солагӣ расидан вуҷуд доштааст. Далели ин қайдҳо дар ҳуҷҷатҳои муассисаҳои тандурустӣ иқтибос аз таърихи беморӣ, варақаи дармонгоҳӣ, маълумотнома дар бораи муолиҷа, ҷарроҳӣ, дар бораи табобати санаторию курортӣ ва монанди инҳо буда метавонанд. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳангоми мавҷуд будани нуқси анатомӣ, Хадамот шаҳодати табибони беморро муолиҷанамуда, гувоҳномаи мақомоти иҷроия, амрдиҳанда ва дигар мақомотеро, ки санаи беморӣ ва гирифтани осеби анатомӣ шудани беморро тасдиқ менамоянд, ба назар мегирад. Дар ҳолатҳои дигар Хадамот сабабҳои "маъюбӣ аз овони кӯдакӣ"-ро аз хусусияти худи бемориҳо, ки то ба 18-солагӣ расидан инкишоф ёфтаанд (фалаҷи кӯдакона, бозмондагии ақлонии модарзодӣ, баромади модарзодии ронҳо), муайян менамояд.
64. Мавҷудияти бемориҳо, нуқсон ё шаклдигаркунӣ (деформатсия) аз кӯдакӣ наметавонад барои муайян намудани сабаби "маъюбӣ аз овони кӯдакӣ" асос бошад, агар бемориҳои нишододашуда (нуқсон, шаклдигаркунӣ (деформатсия) ва ё оқибати онҳо ба маҳдудшавии фаъолияти ҳаётии бемор, яъне ба маъюбии то 18-солагӣ оварда нарасонида бошад. Шахсоне, ки дар онҳо беморӣ (нуқсон, шаклдигаркуниҳо (деформатсия), ҳарчанд дар кӯдакӣ ба вуҷуд омадааст, вале вайроншавии вазифавии онҳо дар марҳилаи фаъолияти меҳнатӣ ошкор карда шудааст, сабаби маъюбӣ вобаста ба шароит (осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ, бемории умумӣ) муқаррар карда мешавад.
65. Агар пас аз бадшавии вазъи саломатӣ дар натиҷаи бемории касбӣ ё осеби меҳнатӣ маъюбӣ фаро расад, беморӣ аз овони кӯдакӣ хуруҷ намоянд, дар ҳолати мазкур ҳамчун сабаби маъюбшавӣ, бемории касбӣ ё осеби меҳнатӣ муайян карда мешавад.
§5. Сабаби маъюбӣ аз оқибатҳои захмӣ шудан, контузия ё маъюбӣ алоқаманд ба амалиётҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва вобаста ба рафъи оқибати неругоҳи барқи атомии Чернобил
66. Сабабҳои маъюбӣ дар ҳолате муайян карда мешаванд, ки маъюбӣ аз оқибатҳои захмӣ шудан, контузия ё маъюбӣ алоқаманд ба амалиётҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва вобаста ба рафъи оқибати неругоҳи барқи атомии Чернобил (ҷароҳат бардоштан дар натиҷаи таркиши гулӯла ё норинҷаки ҳарбӣ (снаряд), минаҳо дар майдонҳои ҷанг ё бемориҳое, ки ҳангоми иҷрои хизмати ҳарбӣ пайдо шудаанд) ба вуҷуд омадаст.
67. Ҳангоми ҳалли масъалаи маъюбӣ аз захмӣ шудан, контузия ё маъюбӣ алоқаманд ба амалиётҳо дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ё дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва вобаста ба рафъи оқибати неругоҳи барқи атомии Чернобил ва ё аз оқибатҳои онҳо бояд ҳуҷҷатҳои зерини муассисаҳои тандурустӣ ба роҳбарӣ гирифта шаванд: иқтибос аз таърихи беморӣ, дафтарчаи тиббӣ (Ш025/у), маълумотнома оид ба муолиҷаҳо, ҷарроҳиҳо дар шифохона, гувоҳномаҳо аз беморхонаҳо, санадҳои мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва мудофиа.
§6. Сабаби маъюбии алоқаманд ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти қудратӣ ва дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ
68. Маъюбӣ дар давраи хизмат дар сурате алоқаманд ҳисобида мешавад, ки агар он: дар давраи гузаштани хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти қудратӣ ва дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ (минбаъд хизматчиёни ҳарбӣ) на дертар аз 3 моҳ пас аз ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ, дар ҳама ҳолати баъди истеъфо аз хизмати ҳарбӣ алоқаманд ба гирифтани осеб (ҷароҳатҳо, осебҳо, контузия) ва бемориҳое, ки дар вақти гузаштани хизмати ҳарбӣ ба вуҷуд омаданд, ба амал омада бошад.
69. Ҳангоми мавҷуд будани аломатҳои маъюбӣ Хадамот ҳуқуқ дорад хизматчиёни ҳарбиро то ба итмом расидани хизмати ҳарбӣ, даъватшавандагони уҳдадориҳои ҳарбидошта, ҳайати фармондеҳӣ ва мақомоти қудратиро аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаронад.
70. Агар маъюбии шаҳрванди аз хизмати ҳарбӣ ба истеъфорафта, дар натиҷаи осебҳо (захмҳо, осебҳо, контузия ва ё авҷгирии бемориҳо), ки дар давраи гузаштани хизмати ҳарбӣ ба амал омадаанд, дар ҳама ҳолат ба хизмати ҳарбӣ алоқаманд ҳисобида мешаванд.
71. Ҳангоми муқаррар намудани сабабҳои алоқамандии маъюбӣ (захмҳо, осеб, контузия, бемориҳои дар хизматчиёни ҳарбӣ мавҷудбуда) Хадамот хулосаҳои тиббӣ-ҳарбиро (хулосаи комиссияи тиббӣ-ҳарбӣ, комиссияи тиббӣ-парвозӣ) ба назар мегирад.
72. Дар сурати нодуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои тиббӣҳарбӣ ва мавҷуд будани шубҳа барои муайянсозии сабабҳои алоқамандии маъюбӣ Хадамот ҳуҷҷатҳои заруриро барои омӯзиш ба комиссияи марказии тиббӣ-ҳарбии дахлдор ирсол менамояд.
73. Комиссияи тиббӣ-ҳарбӣ, комиссияи тиббӣ-парвозӣ ҳангоми мавҷуд будани хулосаи тиббӣ-ҳарбӣ сабабҳои маъюбӣ ва алоқамандии хизмати ҳарбиро муайян менамоянд. Дар ҳолатҳои алоҳида комиссияи марказии тиббӣ-ҳарбӣ мувофиқи хулосаҳо пас аз озод шудан (истеъфо) аз хизмати ҳарбӣ ҳангоми мавҷуд будани асос барои алоқамандии маъюбӣ ба хизмати ҳарбӣ метавонад сабаб ва алоқамандии бемориро муайян намояд.
74. Ҳангоми дар собиқ хизматчии ҳарбӣ мавҷуд будани зарарҳои ошкори бадан (набудани дасту пой ё қисме аз онҳо, норасоии устухонҳо, изи баъди захм, дар дохили бофтаҳо вуҷуд доштани оҳанпораҳо), ҳангоми иштироки ӯ дар амалиёти ҳарбӣ мувофиқи номгӯйи мамлакатҳо ва санади амалиётҳои ҳарбӣ бо иштироки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вақти дар асорат будан, бо ҳуҷҷатҳое, ки гирифтани ҷароҳатҳои ғайримустақимро дар ҳамин давра тасдиқ мекунанд (хислатномаи хизматӣ, варақаи мукофот, пешниҳод оид ба гирифтани рутбаи ҳарбӣ, аттестатсия, маълумотномаи бойгонӣ дар хусуси рафтан аз қисми ҳарбӣ барои табобат, баргаштан ба қисми ҳарбӣ аз табобат, маводи тафтишоти махсус), шаҳрвандон ба комиссариатҳои ҳарбӣ барои муоинаи такрории экспертизаи тиббӣ-судӣ бо мақсади муайян намудани хусусият ва таърихи бардоштани осеб фиристода мешаванд. Сабаби маъюбӣ аз тарафи комиссияи марказии тиббӣ-ҳарбӣ муайян карда мешавад.
§7. Тағйир додани сабабҳои маъюбӣ
75. Сабабҳои маъюбӣ метавонанд тағйир ёбанд. Барои тағйири сабабҳои маъюбӣ инҳо асос шуда метавонанд:
- пайдо шудани ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва ё ҳуқуқии имкониятдиҳандаи сабаби тағйири маъюбии "бемориҳои умумӣ" ба сабаби дигар (санад дар бораи фалокати нохуш дар истеҳсолот дар шакли Н-1);
- хулосаи Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ;
- ҳуҷҷатҳои тиббӣ-ҳарбӣ ва монанди инҳо;
- ҳангоми илова шудани дигар бемориҳое (осебҳое), ки сабаби вазнин гаштани гурӯҳи маъюбӣ мегардад ё бо хоҳиши маъюб муайян карда мешавад. Ҳангоми пайдо намудани далели муайянсозии сабабҳои маъюбӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои ғайриэътимоднок Хадамот ва зерсохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баъди экспертизаи тиббию иҷтимоии ҳаматарафа дар ин маврид сабаби маъюбиро тағйир медиҳад.
76. Агар дар маъюб дар натиҷаи осеби меҳнатӣ, бемориҳои касбӣ, дар натиҷаи амалиёти ҳарбӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, ҳимояи сохти конститутсионӣ, осеби ҳарбӣ, бемориҳо дар вақти иҷрои хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садама дар неругоҳи барқи атомии Чернобил бемориҳои нави хусусияти умумидошта пайдо шаванд, ки ба баландтар шудани гурӯҳи маъюбӣ оварда мерасонад, сабаби маъюбии пешина нигоҳ дошта мешавад.
6. ТАРТИБИ МУАЙЯН НАМУДАНИ ДАРАҶАИ АЗ ДАСТ ДОДАНИ ҚОБИЛИЯТИ КАСБИИ МЕҲНАТӢ ДАР ТАНОСУБ БО ФОИЗ
77. Хадамот бо назардошти эҳтиёҷоти ҷабрдида ба намудҳои гуногуни кумак, ҳангоми мавҷудияти асосҳо дар баробари муайянсозии дараҷаи аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, инчунин дараҷаи гурӯҳи дахлдори маъюбиро муқаррар менамояд.
78. Дар он ҳолатҳое, ки осеби меҳнатӣ раванди бемориро мураккаб мекунад ё оқибати тағйироти анатомиро, хусусан ҳангоми зарар ёфтани узвҳои ҷуфт шиддат мебахшад, дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ бо дар назар доштани дараҷаи вайроншавии вазифаҳои узвҳои бадан дар вақти муоина муайян карда мешавад.
79. Хадамот барои муайян намудани дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ ва зарурат доштан ба намудҳои иловагии кумак кормандони муассисаҳо, корхонаҳо, дигар ташкилотҳоро новобаста аз шакли моликият, ки дар асоси шартномаҳои ҳуқуқии гражданӣ ва фармоишҳо кор мекунанд ва осеби меҳнатӣ гирифтаанд, ба сифати шахси аз муоинаи такрорӣ гузаранда қабул менамояд.
80. Ба шаҳрвандоне, ки осебро берун аз ҷои кор гирифтаанд, дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатиашон аз ҷониби Комиссияи экспертизаи тиббии судӣ муайян карда мешавад.
81. Агар ҷабрдида якчанд касб дошта бошад, пас тибқи хоҳиши ӯ ҳамон касбе, ки дар он осеби меҳнатӣ гирифтааст, ё ҳамон касбе, ки дар он собиқаи зиёди корӣ дорад, ё касбе, ки бо тариқи таълимоти махсус, ё касбе, ки дар он тахассуси нисбатан баландро соҳиб шудааст, касби асосӣ ҳисобида мешавад.
82. Хадамот ҳангоми муайянсозии дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ дар ҳар як ҳолати мушаххас вайроншавии вазифаҳои узвҳо, дараҷаи барқарорсозии вазифаҳои гумкардашуда, қобилияти ҷабрдида барои иҷрои ин ё он кор дар сатҳи муайян, аз ҷумла имконияти иҷрои корҳо дар шароити муқаррарӣ ё махсус ташкилкардашуда, ҳамчунин чорабиниҳо оид ба тавонбахшӣ бо таълимоти иловагии касбӣ ва бозомӯзиро ба назар мегирад.
83. Дар ҳолатҳое, ки ҷабрдида дар натиҷаи вайроншавии фаъолияти узвҳо ҳангоми мавҷудияти нишондодҳои мутлақи тиббӣ барои иҷрои фаъолияти касбӣ, ҳатто дар шароити махсус ташкилкардашуда вазифаҳояшро иҷро карда натавонад, аз даст додани дараҷаи қобилияти касбии меҳнатӣ 100% муайян карда мешавад.
84. Агар ҷабрдида дар натиҷаи вайроншавии вазифаҳо танҳо корҳои дар шароити махсус ташкилкардашуда (ташкилотҳои махсус, сехҳо) - ро иҷро карда тавонад, дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатияш аз 70 то 80 % муайян карда мешавад.
85. Агар ҷабрдидаи пештар корҳои махсусгардонидашударо дар шароитҳои муқаррарии истеҳсолӣ иҷрокунанда танҳо корҳои ғайримахсусгардонидашударо дар шароитҳои махсус таъсисдодашуда тавонад ба анҷом расонад, ба ӯ дараҷаи 90 % аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ муайян карда мешавад.
86. Агар ҷабрдида метавонад корҳоро дар шароити махсус таъсис додашударо бо касби асосияш ба иҷро расонад, барои ӯ дараҷаи 70 % аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ муайян карда мешавад.
87. Агар дар натиҷаи осеби меҳнатӣ ҷабрдида тавонад корҳоро бо касби асосияш дар шароитҳои муқаррарӣ, вале дар ҳаҷми камтар ё дараҷаи пасти тахассусӣ ё агар ӯ ихтисоси асосияшро аз даст дода бошад ҳам, вале тавонад дар шароитҳои муқаррарии истеҳсолӣ дар натиҷаи таъсири вайроншавии муътадили вазифаҳои узвҳо корҳои дигари сабуктарро иҷро кунад, ба ӯ дараҷаи аз 40 то 60 % аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ муайян карда мешавад.
88. Аз даст додани дараҷаи 60 % қобилияти касбии меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- агар ҷабрдида касби асосияшро аз даст дода бошад, вале дигар корҳои сабукро аз рӯи дигар ихтиссос иҷро карда тавонад;
- агар ҷабдида корҳоро бо ихтисоси асосияш иҷро карда тавонад, вале бо ихтисор ба ҳадди 5 дараҷаи тарофавӣ;
- агар ҷабрдида корҳои ҷисмонии ғайриихтисосиро иҷро карда тавонад бо ихтисор дар ҳадди 5 дараҷаи муракабӣ.
89. Аз даст додани дараҷаи 50 % қобилияти касбии меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- агар ҷабрдида тавонад корҳоро бо ихтисоси асосияш иҷро намояд, вале бо ихтисор ба ҳадди 4 дараҷаи тарофавӣ;
- агар ҷабрдида корҳоро бо ихтисоси асосияш бо ихтисори ҳаҷми корӣ ба ҳадди фаъолияти истеҳсолии 0,5 баст иҷро карда тавонад;
- агар ҷабрдида тавонад корҳои ғайриихтисосии ҷисмониро бо ихтисор ба ҳадди 4 дараҷаи вазнинӣ иҷро намояд.
90. Аз даст додани дараҷаи 40 % қобилияти касбии меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- агар ҷабрдида корҳоро бо ихтисоси асосӣ, бо ҳаҷми ками фаъолияти истеҳсолӣ аз ҳисоби кам кардани давомнокии ҳафтаи корӣ ба ҳадди ду рӯз бо кам кардани меъёри мувофиқи коркард иҷро намояд;
- агар ҷабрдида корҳоро на бо ихтисоси худ, вале бо истифода намудани малакаи касбӣ иҷро намояд;
- агар ҷабрдида тавонад корҳоро бо ихтисоси худ, вале бо ихтисор дар ҳадди 3 дараҷаи тарофа иҷро намояд;
- агар ҷабрдида меҳнати ғайриихтисосии ҷисмониро бо ихтисор дар ҳадди 3 дараҷаи вазнинӣ иҷро карда тавонад.
91. Агар ҷабрдида тавонад корҳоро бо ихтисоси асосӣ, вале бо тағйир додани шароитҳои меҳнат иҷро намояд, ки ба камшавии маош оварда мерасонад ё ин ки корҳоро бо ихтисоси худ вале бо матонати зиёд иҷро мекунад, барои ӯ аз 10 % то 30% аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ муайян карда мешавад.
92. Аз даст додани 30% қобилияти касбии меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин муайян карда мешавад:
- агар ҷабрдида тавонад корҳоро бо ихтисоси худ, вале бо ихтисор дар ҳадди 2 дараҷаи тарофа иҷро намояд;
- агар ҷабрдида тавонад меҳнати ғайриихтисосии ҷисмониро бо ихтисор дар ҳадди 2 дараҷаи вазнинӣ иҷро намояд.
93. Аз даст додани 20% қобилияти касбии меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин муқаррар карда мешавад:
- агар ҷабрдида тавонад корҳоро бо ихтисоси худ, вале бо ихтисор дар ҳадди 1 дараҷаи тарофавӣ иҷро намояд;
- агар ҷабрдида тавонад меҳнати ғайриихтисосии ҷисмониро бо ихтисор дар ҳадди 1 дараҷаи вазнинӣ иҷро намояд.
94. Аз даст додани дараҷаи 10 % қобилияти касбии меҳнатӣ дар ҳолатҳое муайян карда мешавад, ки агар ҷабрдида корҳоро бо ихтисоси худ, вале бо матонати зиёд иҷро намояд.
95. Агар сабаби осеби меҳнатӣ нуқси анатомие бошад, ки ба вайроншавии устувор ва мунтазами қобилияти касбии меҳнатӣ оварда расонидааст, дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ бо фоиз вобаста ба вайроншавии ошкори вазифаҳои организм, ки ба ин нуқси анатомӣ овардааст тибқи меъёрҳои Тартиби мазкур муайян карда мешавад.
96. Дар ҳолати гирифтани осеби такрории меҳнатӣ, дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ бо оқибатҳои ҷудогонаи ҳар яке аз ин осебҳо, новобаста аз он ки ин осебҳо дар вақти кор дар назди ин ё он корфармо бардошта шудаанд, дар алоҳидагӣ муайян карда мешавад.
97. Шахсоне, ки осеби меҳнатиро дар давраи таълим (таҷрибаомӯзӣ) ё ҳангоми иҷрои дигар корҳо (масалан, корҳои кишоварзии мавсимӣ, корҳои сохтмонӣ) гирифтаанд, дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ аз рӯи касбе, ки таълим мегиранд ё тибқи шартҳои бандҳои 84 ва 85 Тартиби мазкур муайян карда мешавад.
98. Хадамот новобаста аз мавҷуд будани аризаи ҷабрдида, талаби корфармо, иттифоқи касаба, суд дар масъалаи муайян намудани зарурати кумаки иловагӣ масъул аст, агар онро оқибатҳои осебҳои меҳнатӣ талаб намояд.
99. Хадамот зарурати намудҳои зерини кумаки иловагиро муайян менамояд:
- назорати махсуси тиббӣ, ки онро вазъи саломатии ҷабрдида тақозо дорад (номгӯй ва ҳаҷми онҳо аз тарафи табибони муассисаҳои шифоию пешгирӣ муайян карда мешавад);
- бе кумаки дигарон, вақте ҷабрдида вобаста ба ҳолати саломатияш наметавонад пурра худхизматрасонӣ, ҳаракат, самтёбӣ (ориентатсия)-ро таъмин намояд ё ба нигоҳубини муайян муҳтоҷ аст (ҳангоми муайян намудани гурӯҳи I маъюбӣ хулосаи Хадамот дар бораи зарурати нигоҳубин аз тарафи шахсони дигар талаб карда намешавад, ба ғайр аз ҳолатҳои зарурати назароти тиббӣ);
- ба нигоҳубини маишӣ, дар ҳолате, ки ҷабрдида вобаста ба вазъи саломатӣ қисман барои худхизматрасонӣ маҳдуд аст (рӯбучини манзили истиқоматӣ, шустушӯи либос, омода намудани ғизо);
- ба ғизои иловагӣ ҳангоми мавҷуд будани нишондоди тиббӣ;
- ба кумаки протезӣ-ортопедӣ (протезҳо, отрезҳо, корсет) ҳангоми осеб дидани узвҳои такя ва ҳаракат, ҳамчунин ҳангоми протезкунонии аввала, иваз намудани протезҳо ва воситаҳои дигари протезию ортопедӣ;
- ба воситаҳои махсуси ҳаракаткунанда (аробачаҳои маъюбӣ, велоколяска, мотоколяска, автомобил) ҳангоми дар ҷабрдида мавҷуд будани хулосаи тиббӣ дар бораи таъмини воситаҳои махсуси ҳаракаткунанда;
- ба табобати осоишгоҳию курортӣ ҳангоми мавҷуд будани осеби меҳнатӣ дар ҳолате, ки ҷабрдида наметавонад мустақилона то ба осоишгоҳҳо равад, қарор дар хусуси роҳбаладӣ қабул карда мешавад;
- ба таъмини дорувориҳо.
100. Номгӯи кумакҳои иловагӣ намунавӣ мебошад. Дар ҳар як ҳолати мушаххас Хадамот зарурати кумаки иловагиро бо дар назар доштани зарари ба саломатӣ расида ва имкониятҳои тавонбахшӣ ё нигоҳдории саломатиро дар асоси хулосаи муассисаи табобатию пешгирӣ муайян менамояд. Хадамот маълумоти муассисаҳои табобатию пешгириро бодиққат меомӯзад ва ҳангоми зарурат маълумоти иловагиро талаб менамояд.
101. Хадамот дар хусуси зарурат доштани ҷабрдида барои таълими ихтисоси нав, агар ӯ дар натиҷаи маъюбии меҳнатӣ натавонад бо ихтисоси пешина кор кунад, қарор қабул менамояд.
7. ЭКСПЕРТИЗАИ ТАКРОРИИ ТИББИЮ ИҶТИМОӢ
102. Ҳангоми муайян намудани дараҷаи гум кардан қобилияти касбии меҳнатӣ муоинаи такрории маъюб пас аз 6 моҳ, 1 сол ё ин ки 2 сол вобаста аз оқибати осебҳо ва имконияти қисман ё пурра барқароршавии қобиляти меҳнатӣ, дар натиҷаи табобат ё тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ дида баромада мешавад.
103. Агар ҳангоми муоинаи такрорӣ дар маъюб тағйири ҳолати қобилиятнокии меҳнатӣ бо сабаби оқибатҳои маъюбии меҳнатӣ муайян шавад, Хадамот фоизи нави аз даст додани қобилияти касбии меҳнатиро муқаррар менамояд.
104. Дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатии дар мавриди бе бозгашт будани оқибатҳои маъюбии меҳнатӣ бе муҳлат муайн карда мешавад
105. Муоинаи такрории маъюбон бо тартиби муқарраршуда дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
- аз ҷониби воҳиди сохтории Хадамот дар ҳолати тағйир ёфтани вазъи саломатии маъюб дар асоси аризаи бемор ҳангоми мавҷуд будани роҳхат аз муассисаи шифоию пешгирӣ;
- аз ҷониби Хадамот ҳангоми рад кардани қабули қарор аз тарафи воҳиди сохтории Хадамот ё ҳангоми ошкор кардани далелҳои беасоси нодуруст қабул намудани қарор (аз ҷумла бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ).
106. Хадамот дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатиро новобаста аз вақти муроҷиати ҷабрдида ба Хадамот ё ба корфармо дар тамоми марҳилаи ба охиррасӣ ё аз рӯзи ба охиррасии давомнокии муҳлати фоизҳои пештар муқарраршудаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ, дар асоси маълумоти муассисаи шифоию пешгирие, ки вазъи саломатии ҷабрдидаро дар давраи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ ба қайд гирифтааст, муайян менамояд.
107. Муоинаи такрорӣ аз ҷониби воҳиди сохтории Хадамот, воқеъ дар маҳалли истиқомати ҷабрдида ва ё дар муассисаҳои шифоию пешгирӣ, ки ҷабрдида ба он вобаста карда шудааст, гузаронида мешавад.
108. Муоинаи такрорӣ дар Хадамот дар асоси роҳхати корфармо, ташкилот ё дигар мақомоти вобасташуда, ки дар он ҷой фалокати нохуш ба амал омадааст, судҳо ё дар асоси аризаи ҷабрдида, санад дар бораи фалокати нохуш дар истеҳсолот ё намуди дигари ҳуҷҷат дар бораи фалокати нохуши алоқаманд ба иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ (хулосаи нозири техникии меҳнат, қарори суд) инчунин роҳхати муассисаи шифоию пешгирӣ (ҳангоми бемориҳои касбӣ - роҳхати Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ) анҷом дода мешавад.
109. Ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар Хадамот ҷиҳати муайян намудани дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ аз муоинаи такрорӣ гузаронида мешаванд, бояд имконияти шиносшавӣ бо ҳуҷҷатҳои меъёрии муайянкунандаи тартиби муоинаи такрорӣ ва масъалаи ташхисгузаронӣ дода шавад.
110. Гувоҳнома дар бораи хулосаи муайян кардани дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ дар таносуб бо фоиз, зарурат доштан ба намудҳои кумаки иловагӣ ба дасти шахси аз муоинаи такрорӣ гузаранда дода мешавад, иқтибос аз хулосаи муоинаи такрорӣ дар бораи натиҷаҳои муайян кардани дараҷаи аз даст додани қобилияти касбии меҳнатӣ, зарурат доштан ба намудҳои иловагии кумакҳо ба корфармо, суд ва ё дигар мақомот ҷабрдидаро ба Хадамот равон карда ё ба дасти худи шахси аз муоинаи такрорӣ гузаранда, агар муоинаи такрорӣ дар Хадамот бо аризаи ӯ гузаронида шуда бошад, дода мешавад.
111. Ба ҳар як маъюбе, ки такроран аз экспертизаи тиббию иҷтимоӣ мегузарад, дар Хадамот шакли тасдиқгардидаи санад оид ба муоинаи такрорӣ пур карда мешавад, ки бо тартиби муайянгардида бо дигар ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар Хадамот ё воҳиди сохтории он, ки муоинаи аввалия гузаронида шудааст, нигоҳ дошта мешавад.
8. ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ МУОИНА ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД
112. Ба Хадамот барои гузаштан аз экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва муоина хуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- роҳхат ба Хадамот (шакли - 088/б), ки аз тарафи муассисаи давлатии тиббӣ тартиб дода шудааст;
- нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (барои онҳое, ки кор мекунанд);
- иқтибос аз таърихи беморӣ;
- иқтибос аз картаи тиббии дармонгоҳӣ;
- ҳангоми гузаронидани экспертизаи такрорӣ маълумотнома аз мақомоти таъминкунадаи нафақаи ҷои истиқомати доимӣ;
- аризаи шаҳрванд.
113. Шахсони ҳарбии бори аввал ба Хадамот роҳхатгирифта барои муайян намудани сабабҳои алоқамандии бемориҳо, осебҳо, захмҳо, контузия ҳуҷҷатҳои тиббию ҳарбӣ, маълумотномаи беморӣ ё маълуматнома оид ба хизмати ҳарбӣ, барои муайян намудани сабабҳои алоқаманди осебҳои меҳнатӣ санади тартибдодашуда (ё дигар ҳуҷҷати расмии ивазкунандаи он)-ро дар бораи ҳодисаи нохуш дар ҷои кор, шахсони алоқаманди бемориҳои касбӣ хулосаи Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои касбӣ ва шахсони бо фоиз муайян намудани қобилияти меҳнатии касбӣ роҳхати маъмурият ё қарори мақомоти судиро пешниҳод менамоянд.
114. Ҳуҷҷатҳои экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар муҳлати 10 сол дар Хадамот нигоҳ дошта шуда, пас аз он ба бойгонии давлатӣ супорида мешаванд.
9. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ВАРАҚАҲОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАҚҚАТИИ БЕМОРОН ВА МАЪЮБОН
115. Варақаи корношоямии муваққатӣ ҳангоми бемориҳои шадид ба муҳлати на зиёдтар аз чор моҳи бефосилаи беморӣ, бо танаффус панҷ моҳ дар давоми сол ва ҳангоми гирифтори бемории сил ба муддати на бештар аз дувоздаҳ моҳ дода мешавад.
116. Агар қобилияти меҳнатии ин гурӯҳи беморон дар муҳлати нишондодашуда барқарор нашавад ё қисман барқарор шавад, барои баррасии масъалаи тамдиди варақаи корношоямӣ ё муқаррарсозии гурӯҳи маъюбӣ варақаи шакли 088/б пур карда шуда, ба Хадамот фиристода мешавад.
117. Хадамот баъди гузаронидани экспертизаи тиббию иҷтимоӣ дар бораи муқарарар намудани гурӯҳи маъюбӣ қарор қабул менамояд, ё ин ки барои идомаи табобат ҳамзамон давом додани муҳлати варақаи корношоямӣ тавсия медиҳад.
118. Дар ҳолати корношоямии муваққатӣ (то чор моҳ) бо дар назар доштани номусоидии пешгӯии беморӣ ва меҳнатӣ, инчунин пайдо шудани маҳдудияти иҷтимоию ҳаётӣ варақаи шакли 088/б пеш аз муҳлат пур карда мешавад.
119. Ҳангоми бемориҳои мунтазам бо хуруҷёбии рушдкунанда (бемории қанд, диққи нафас, бемории фишорбаландӣ) варақаи корношоямӣ дар вақти хуруҷёбӣ то ба эътидол омадани ҷараёни беморӣ дода шуда, ҳангоми ба Хадамот ирсол гардидан суръат ва давомнокии беморӣ бо дар назар доштани омилҳое, ки сабаби беморӣ шудаанд дар давоми 5 соли охир ба назар гирифта мешавад.
120. Ба маъюбоне, ки барояшон кор дар шароити махсус ташкилшуда иҷозат дода шудааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон варақаи корношоямии бефосила ба муҳлати 2 моҳ ё бо танаффус ба муҳлати 3 моҳ дар давоми сол дода мешавад. Агар дар ин муҳлат маъюб натавонад ба фаъолияти меҳнатии худ оғоз намояд, барои ҳал намудани қобилияти меҳнатӣ ва тағйири гурӯҳи маъюбӣ варақаи корношоямӣ ба Хадамот фиристода мешавад.
121. Агар дар тавсияи меҳнатӣ ба маъюб фаъолияти меҳнатӣ иҷозат дода нашуда бошаду маъюб ба ин нигоҳ накарда кор кунад, ҳангоми бад шудани вазъи саломатӣ ё рушдёбии беморӣ варақаи корношоямӣ кушода шуда, ба Хадамот фиристода мешавад.
122. Бо мақсади арзёбии осеби гирифташуда, пешгӯйии тиббӣ ва меҳнатӣ, амалӣ намудани усулҳои тавонбахшӣ, муассисаҳои тандурустӣ ҷиҳати солимгардонии бемороне, ки дар давраи корношоямӣ (новобаста аз муҳлати корношоямӣ) қарор доранд, дар доираи амалигардонии барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб тавсияҳои Хадамотро истифода менамоянд.
Ниг. ба Замима