Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, № 150 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 пешбинишуда ҳар сол ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи харгӯшпарварӣ маблағ ҷудо намуда, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он чораҳои мушаххас андешанд.

3.Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур корҳои илмию тадқиқотиро оид ба харгӯшпарварӣ беҳтар намуда, барои кушодани тахассуси "харгӯшпарвар" тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба ҳисоботҳои омории моҳона ва солонаи хоҷагиҳои кишоварзию деҳқонӣ ва ҳар семоҳаи бахши хусусӣ ворид намудани нишондиҳандаҳои соҳаи харгӯшпарварӣ чораҷӯӣ намояд.

5.Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкили коргоҳҳои коркарди маҳсулоти харгӯш, аз ҷумла пӯст ва мӯинаи харгӯш тадбирҳо андешад.

6.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо лоиҳаҳои сармоягузориро таҳия карда, барои ҷалби сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

7.Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар барои амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 31 марти соли 2022, № 150