Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2022, №148
Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (минбаъд - Барнома) бо мақсади беҳтар намудани таъминоти ташкилотҳо ва муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимию илмии иҷтимоӣ бо мутахассисони баландихтисоси низоми ҳифзи иҷтимоӣ тибқи талаботи бозори меҳнат ҷиҳати баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ таҳия гардида, барои амалӣ намудани яке аз самтҳои афзалиятноки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №446 тасдиқ шудааст, мусоидат мекунад.
2. Барнома ҳуҷҷатест, ки шумора, намудҳо ва дараҷаҳои зарурии касбии захираҳои меҳнатӣ, такмили ихтисос, бозомӯзии ҳайати шахсии кормандон ва ба кор қабул намудани онҳоро пешбинӣ менамояд.
3. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мафҳуми васеи худ ҳамчун маҷмуи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодии давлатӣ баррасӣ мешавад, ки ба бунёд намудани шароити арзандаи зиндагӣ, қонеъгардонии талабот, дастгирии таъминоти ҳаётӣ ва таъмини иҷтимоии шаҳрвандон, аз ҷумла тадбирҳои таъмини дастгириҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи сатҳи ҳадди ақали моддӣ ва дигар дастгириҳо ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолии ҷумҳурӣ равона карда шудаанд. Соҳаи мазкур номгӯи васеи хизматрасониҳо, аз ҷумла дастрасӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ, расонидани кумакҳои иҷтимоии унвонӣ, ёрии тиббӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, адолати судӣ ва амнияти иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғл ва танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ ва монанди инҳоро дар бар мегирад.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ
4. Солҳои охир дар кишвар ҷараёни азнавсозии низоми ҳифзи иҷтимоӣ, бахусус хизматрасониҳои иҷтимоӣ оғоз гардидааст, ки ҳадафи он беҳтару самаранок кардани раванди ислоҳоти бахш, қонеъгардонии талаботи иҷтимоии аҳолӣ, эътиногирии саривақтии низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба ниёзҳои рӯзмарраи шаҳрвандон, инчунин алоқамандии тадбири андешидашавандаи давлатӣ бо талаботи болозикр ба ҳисоб меравад. Диққати махсус ба масъалаҳои беҳтар сохтани сифати хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, гуногуннавъӣ ва ғайримарказонидани онҳо бо роҳи ҷалб намудани захираву воситаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматӣ, ҷалби кумакҳои шарикони рушд ва шахсони алоҳида, инчунин даромаднокӣ ва асосноккунии иқтисодию иҷтимоии онҳо равона гардидааст.
5. Бо дар назар доштани вобастагии зичи сифати хизматрасонии иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба сифати тайёр кардани кадрҳо ва салоҳияти касбии кормандони иҷтимоӣ, бо мақсади ба талаботи стандартҳои байналмилалии соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ мутобиқ намудани шаклҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ зич алоқаманд буда, тайёр кардани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла сиёсати кадрии давлат ва ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд.
6. Баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва сифати амалисозии сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба доираи вазифаҳои муҳимтарини давлатӣ дохил гардида, ба фаҳмиши он асос ёфтааст, ки кадрҳои соҳибтахассус ва салоҳиятнок қодиранд, ки сари вақт, ба таври касбӣ ва эҷодкорона ба даъватҳои замони муосир вокуниш намоянд. Ин гуна сифатҳо яке аз воситаҳои калидӣ ва муҳим дар амалишавии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбанд. Аз ин лиҳоз, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар шароити имрӯза яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз муҳтавои сиёсати кадрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.
7. Тайёр намудани кадрҳо маънои таҳлил ва банақшагирии иқтидори кадрӣ, идоракунии захираҳои инсонӣ ва рушди малакаҳои кориро бо мақсади коҳишёбии тафовут байни талаботи имрӯза ва оянда бо кадрҳо пешбинӣ менамояд. Ин имкон медиҳад, ки корфармоён кадрҳои дахлдорро ҷалб ва онҳоро дар кор нигоҳ дошта тавонанд, тарбия кунанд, қобилияти кории онҳоро ба дараҷае такмил диҳанд, ки онҳо ба сифати мутахассиси босалоҳияти соҳа фаъолият баранд ва корашон самаранок бошад.
8. Тайёр намудани кадрҳо - ин ташаббуси маҷмуии рушдёфта, бо самти стратегӣ мебошад, ки ба муайян намудани ҳайати кадрӣ (вазифа, шумора, дараҷанокӣ ва мавқеъ), инчунин барои қонеъ гардонидани мақсадҳои миёнамуҳлати стратегӣ ва истеҳсолӣ, ба нигоҳ доштан, ҷалб намудан ва баланд бардоштани малакаи касбии ин кадрҳо равона карда шудааст. Кормандон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бояд дорои таҳсилоти дахлдор аз рӯйи низоми таҳсилоти сезинаӣ бошанд. Салоҳиятҳои дахлдори сатҳи баланд ба онҳо имкони гузаронидани арзёбии ҳамаҷониба дар асоси назарияҳои рушди инсон ва ҷомеа, ки ба сифати заминаи иттилоотӣ ҷиҳати қабули қарорҳо хизмат карда, метавонад траектори ҳаёти шахси инфиродиро ба куллӣ тағйир диҳад, инчунин тадбирҳои мураккаби махсусгардонидашуда, иҷтимоӣ ё тавонбахширо амалӣ созанд, зарураст.
9. Банақшагирии фаъолияти тайёр намудани кадрҳо ин раванди муттасил ва доимии банақшагирӣ, амалисозӣ, мониторинг, таҳлил ва як навъ азнавбанақшагирие аст, ки ҷанбаҳои стратегӣ ва ҷории тайёр кардани кадрҳоро дар бар мегирад. Ин барои таъмини соҳа бо захираҳои меҳнатии баландихтисос, ки ҷиҳати иҷро гаштани мақсадҳои стратегии ташкилот заруранд, мусоидат менамояд.
10. Барнома ҳамчун барномаҳои дигари банақшагирифташуда мониторинги доимӣ, таҳлил ва аз рӯйи амалишавии ҳадафҳо ва тағйирёбии вазъият бознигарии ҳадафҳои стратегиро талаб мекунад.
11. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 ташкилоту муассисаҳои марбут ба хадамоти иҷтимоӣ, аз қабили хона-интернатҳо, марказҳои тавонбахшии маъюбон, марказҳои минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ, марказҳои будубоши рӯзона барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва пиронсолону маъюбон, шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳои табобатӣ ва монанди инҳо амал мекунанд (замимаи 1).
12. Дар баробари хадамоти иҷтимоии давлатӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш шаклҳои ғайридавлатии ташкили хизматрасонии иҷтимоӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ рушд намуда, айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва ҷалби кумакҳои техникию грантҳои созмонҳои байналмилалӣ бо кори иҷтимоӣ машғул мебошанд.
13. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир ба таълиму тарбияи кӯдакони ба таҳсилоти махсус эҳтиёҷманд диққати махсус дода мешавад. Ба бештари чунин кӯдакон кумакҳои гуногуни иҷтимоӣ расонида шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани онҳо шароити мусоид муҳайё карда мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 муассисаи томактабӣ, ки барои кӯдакони синни томактабии имконияташон маҳдуд пешбинӣ шудаанд, бо фарогирии 546 нафар кӯдак, 12 мактаб-интернатҳои иҷтимоии барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва 5 осоишгоҳ барои кӯдакони гирифтори бемории сил, 4 муассисаҳои таълимии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин (490 хонанда) ва 2 мактаби ғоибонаи коргарҷавонони нобино (114 хонанда) фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои таълимии зикргардида 2499 нафар хонандагони дорои имкониятҳои маҳдуд таълиму тарбия мегиранд.
14. Кӯдакони имконияташон маҳдуд, асосан дар муассисаҳои таълимии махсусгардонидашуда (барои кӯдакони дорои иллатҳои шунавоӣ, биноӣ, нутқ, ақлан носолим, узвҳои ҳаракаткунандаашон осебдор, инкишофи равониашон суст) таҳсил мекунанд. Ҷалби мақсадноки кӯдакони имконияташон маҳдуд ба муҳити таҳсилоти умумӣ дар ҷумҳурӣ бо дар назар доштани манфиатҳои беҳтарини кӯдакон дар ҳар як ҳолати алоҳида ва қобилияти инфиродии ҳар яки онҳо ба роҳ монда шудааст.
15. Ташаккулёбӣ ва рушди ҳар як соҳа, пешрафт ва комёбиҳои он, ҳалли мусбати мушкилот ва мутобиқгардонии ҳама намуди хизматрасониҳо ба талаботи муосири раванди рушди ҷомеа ба фаъолияти кадрҳое вобаста мебошанд, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият мебаранд. Аз ҷумла, ҳамаи он нишондиҳандаҳои беҳтарин ва комёбиҳое, ки дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба даст оварда шудаанд, маҳсули меҳнати он кадрҳоест, ки дар ин соҳаи басо масъулиятноку барои ҷомеа муҳим ифои вазифа мекунанд.
16. Дар навбати худ дар ҷумҳурӣ барои тайёр намудан ва тарбияи кадрҳо чорабиниҳои зиёд баргузор мешаванд. Қабули чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз қабили Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030, Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба тайёр намудани кадрҳои мақомоти соҳавӣ бахшида шудаанд, далели таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин масъалаи мазкур мебошад.
17. Таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб дар шароити имрӯза баҳри амалӣ гардидани тадбирҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ дар солҳои минбаъда заминаи боэътимод муҳайё хоҳад сохт. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бошад, айни замон дар аксари муассисаҳои ин соҳа мутахассисони соҳибкасб фаъолият надоранд. Таҳлилҳо дар шуъбаҳои (марказҳои) хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ (шаҳрҳои Кӯлоб, Конибодом, Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Қубодиён) шаҳодат медиҳанд, ки дар ин шуъбаҳо 105 корманд кор мекунад. Аз онҳо 94 нафарашон дар вазифаи "корманди иҷтимоӣ" ба кор қабул гардидаанд. Аз шумораи умумии кормандон 26 нафар ё ки 24,7 фоизашон соҳиби таҳсилоти олӣ (ғайри ихтисоси ҳифзи иҷтимоӣ), 41 нафар ё ки 39,2 фоизашон соҳиби таҳсилоти миёнаи касбӣ (асосан ҳамшираҳои тиббӣ ё омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ё томактабӣ) ва 38 нафар ё ки 36,1 фоизи онҳо баъди таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
18. Таҳлили маълумот оид ба тақсимоти ихтисосҳо ва тахассусҳо аз рӯйи самтҳои Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд, ки айни замон дар раванди тайёрии кадрҳо ба равияҳои ҳуқуқ, иқтисодиёт, идоракунӣ ва ташкили истеҳсолот, педагогика, техника ва технологияҳо нисбат ба равияи ҳифзи иҷтимоӣ афзалияти бештар дода мешаванд.
19. Яке аз сабабҳои нисбатан кам тайёр намудани мутахассиони низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар он аст, ки мафҳуми "мутахассис оид ба кори иҷтимоӣ" ба Маълумотномаи тахассусии вазифаҳои роҳбарон ва мутахассисон на он қадар пеш соли 2012 ворид карда шуда, аввалин мутахассисони ин соҳа дар соли таҳсили 2012-2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудаанд, гарчанде, ки талабот ба корманди иҷтимоӣ дар ҳама давру замон зиёд буд.
20. Сабаби дигар дар он аст, ки гарчанде ихтисоси "корманди иҷтимоӣ" дар низоми таҳсилоти олии касбӣ дохил карда шуда бошад ҳам, вале дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр кардани мутахассисони зарурӣ барои соҳаи мазкур умуман пешбинӣ нашудааст. Бинобар ин, дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дар самти хизматрасонии иҷтимоӣ кормандон асосан мутахассисони ҳамин соҳа набуда, намояндагони касбу кори гуногунанд ва танҳо бо такя ба таҷрибаи кории андӯхтаашон дар ин соҳа кору фаъолият мебаранд. Дар баробари ин, механизми мушаххаси бокортаъминкунии хатмкунандагони ихтисоси "кори иҷтимоӣ" (аз 50 то 70 нафар дар як сол) таҳия нагаштааст ва на ҳама хатмкунандагони ин ихтисос дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои кор сафарбар карда мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2021 ҳамагӣ 22 нафар хатмкунандагони соҳибихтисос дар ташкилоту муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ фаъолият карда истодаанд.
21. Айни замон маълумоти мушаххасро дар бораи ҳайати сифатии кормандони низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз он ҷумла соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ дарёфт кардан аз имкон берун аст, зеро на дар сатҳи ҳисоботи оморӣ ва на дар сатҳи мақомоти соҳа чунин навъи ҳисобот бурда мешавад. Мавҷудияти танҳо маълумоти маҳдуде, ки дар доираи як қатор тадқиқотҳои таҷрибавӣ ва соҳавӣ ба даст омадаанд, имкон медиҳанд, ки арзёбӣ ва хулосаҳои тахминии соҳавӣ анҷом дода шаванд. Омӯзиши ин масъала дар мисоли панҷ шаҳру ноҳияи таҷрибавӣ нишон дод, ки дар масъалаи бо мутахассисони соҳа ва ё ақаллан бо мутахассисони ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ наздик таъмин намудани соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ корҳои зиёди муайянро ба ҷо овардан лозим меояд.
22. Аз касбҳои ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ наздик - касбҳои омӯзгорӣ, ҳуқуқшиносӣ, равоншиносӣ ва мутахассисони соҳаи тиб низ шумораи хеле ками кормандон дар ин муассисаҳо кор мекунанд. Аз 105 корманде, ки дар ҳафт шуъбаи (маркази) хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ фаъолият мекунанд танҳо 3 нафар таҳсилоти ҳуқуқӣ дошта, 16 нафар омӯзгор, 3 нафар педагог-равоншинос ва 6 нафар ҳамшираҳои тиббӣ мебошанд, ки 26,6 фоизи шумораи умумии кормандонро ташкил медиҳанд. Таҳлили ҳайати сифатии кадрҳо собит месозад, ки дар ин муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ аз кор рафтану омадани кормандон зиёд аст. Ҳамин тариқ, тибқи нишондиҳандаҳои миқдории мавҷуда сатҳи дастрасии таҳсилоти олии пурра ва касбӣ дар байни кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ 26,6 фоиз арзёбӣ мешавад ва бо таҳсилоти умумӣ бошад, танҳо 73,4 фоиз кор мекунанд. Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки барои 28,7 фоизи ҳайати кормандони ҷории соҳа ихтисосашон ба вазифаи ишғолкардааш рабте надорад ва бисёр ҷойҳои холии корӣ бе баҳогузории мувофиқати довталаби эҳтимолӣ ба меъёрҳои тахассусӣ, мавҷудияти омодагии касбии муносиб ва таҷриба пур карда мешаванд.
23. Таҳлилҳо ҳамчунин нишон медиҳанд, ки дар ҳайати кормандони ташкилоту муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар сохторҳои амалкунанда ду категорияи кормандон фаъолият мекунанд. Қисми ками ин кормандонро шахсоне ташкил медиҳанд, ки дорои соҳиби таҳсилоти олӣ бо ихтисосҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқанд (яъне ки ихтисосҳои дипломи онҳо ба вазифаҳои ишғолкардаашон мутобиқат намекунанд). Қисми зиёди кормандонро шахсоне, ки ихтисос надоранд ташкил медиҳанд ва ба вазифаҳои ишғолнамудаашон аз рӯйи сифатҳои шахсиву таҷрибаи кориашон ё норасоии кадрҳо таъин карда шудаанд.
24. Дар маҷмуъ, 46 фоизи кормандонро шахсоне ташкил медиҳанд, ки собиқаи кории то панҷсоларо доранд. Онҳо на таҷрибаи кофии корӣ ва на таҳсилоти зарурии соҳавӣ доранд, ки дар он фаъолият мекунанд. Дар баробари ин, барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти кормандон шароити мусоид фароҳам оварда нашудааст. Ҳарчанд ки дар Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимиву таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳа амал мекунанд, лекин муассисаи мазкур пойгоҳи илмию методии муносиб ва захираҳои кадрии ҷавобгӯ ба талаботи муосирро надорад. Мутобиқ ба низоми амалкунандаи таҳсилот дар Тоҷикистон барои кор дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ зинаҳои зерини таҳсилоти касбиро соҳиб шудан мумкин аст: таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ.
25. Чи тавре ки дар боло қайд карда шуд, тайёр намудани кадрҳо барои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз рӯйи низоми таҳсилоти олии касбӣ ба Таснифоти (Классификатори) номгӯйи ихтисосҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Ҳол он ки қисми зиёди кормандони ин соҳаро бояд онҳое ташкил диҳанд, ки малакаву маҳорати бевоситаи кор бо истифодабарандагони хизмати иҷтимоиро дошта, ҳамчун корманди иҷтимоӣ (ёвари корманду кумаки иҷтимоӣ), фаъолият баранд. Дар баробари ин, дар банди 770 Барномаи рушди миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 2021, №441 тасдиқ гардидааст, мушаххасан таъкид гардидааст, ки яке аз василаҳои стратегии кишвар ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоӣ ин таҳия ва қабули Барномаи давлатии омода ва бозомӯзии кадрҳо, ҷалб ва қабул намудани мутахассисон ба кор дар низоми ҳифзи иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
26. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ - ин на танҳо як навъ дастгирии одамонест, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, балки ҳам фаъолиятест, ки ба таъмини некуаҳволӣ, ризоият ва амнияти иҷтимоӣ ва миллиро нигаронида шуда, асосҳои иҷтимоӣ ва муттаҳидии одамонро ташаккул медиҳад, ки дастгирӣ ва ҳифзи табақаҳои осебпазири ҷомеаро бо роҳи ба ҳар кадоми онҳо пешниҳод сохтани хизматрасонии инфиродӣ ва мусоидатнамоӣ ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид шудани онҳо роҳандозӣ менамояд. Ҳифзи иҷтимои аҳолӣ дар маҷмуъ ба бунёди давлати иҷтимоӣ ва ҷамъияти фарогир мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, мақсади асосии Барнома ин дастгирӣ ва ба фаъолияти ҳаётии ҷамъиятӣ ҷалб намудани он гурӯҳи одамонест, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва бо ин васила таъмин намудани ризоият, ҳамдигарфаҳмӣ ва амнияти миллӣ, некуаҳволии омма, андешидани тадбирҳои эҳтиётӣ ва пешгирикунанда ҷиҳати роҳ надодан ба ҳама гуна ҳолатҳои бадтар шудани имкониятҳо ва қобилиятҳои ҷисмонӣ, зеҳнӣ, эҳсосӣ, равонӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва робитавии истифодабарандагони хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад.
27. Мақсади Барнома чораҳои зеринро дар бар мегирад, ки ба таври назаррас бояд сифати иҷрои номгӯйи барномаҳои марбут ба ҳифзи иҷтимоии аҳолиро дар кишвар беҳтар сохта, ташаккулёбии низоми бисёрзинагию самарабахш, серталабнок ва аз лиҳози иқтисодию маъмурӣ устувори тайёр кардани кадрҳоро дар ин соҳа таъмин кунад:
- пешниҳоди тадбирҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муассир оид ба таъминоти низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо кадрҳои дорои тахассусҳои дахлдори соҳавӣ;
- тайёр намудани мутахассисони соҳибтахассус барои ҳамаи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, аз он ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ, меъёрбандии музди меҳнат ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ ва экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ҳамчун қисми таркибии сиёсати давлатии кадрӣ;
- ҳавасмандгардонии навсозии кадрӣ бо роҳи амалисозии чораҳои ба ташаккули имиҷи ҷолиб ва рӯҳбаландкунанда, инчунин серталабнок будани ихтисосҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа равона карда шудааст;
- такмил додани низоми тайёркунии кадрҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ тавассути ҷорӣ намудани равиши дахлдори бисёрмарҳилавӣ ва бисёрзинагӣ;
- таҳия ва тасдиқи меъёрҳои муосири интихоби сифатии кадрҳои соҳавӣ тибқи сифатҳои касбӣ ва ахлоқию равонии онҳо;
- таҳияи тадбирҳо оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва омилҳои коррупсионӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- мониторинг ва арзёбии банақшагирии тайёрии кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории мутахассисон, инчунин пешбарӣ ба мансаб (вазифа) тавассути истифодаи технологияҳо ва воситаҳои навтарини сиёсати кадрӣ.
28. Амалигардонии Барнома ва иҷрои мақсадҳои болозикр доираҳои вазифаҳои зеринро дар бар мегиранд:
- таҳлили мушаххаси низоми ҳифзи иҷтимоии ҷумҳурӣ дар самти сохтори кадрии он, намудҳои амалкунандаи дастгирии иҷтимоӣ ва дар ин замина амалисозии тадбирҳо оид ба такмили минбаъдаи сохтори ташкилӣ ва иҷтимоӣ;
- муайян намудани гурӯҳҳои иҷтимоии шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд ва андешидани тадбирҳои мушаххас барои пурра фаро гирифтани онҳо дар ҳамаи воҳидҳои маъмуриву ҳудудии ҷумҳурӣ;
- ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани раванди тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ;
- банақшагирии омодасозӣ ва идоракунии захираҳои кадрӣ, аз он ҷумла ташкили дараҷаи миёнаи тайёркунии кадрҳо, яъне омӯзиш дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ;
- зиёд намудани теъдоди шахсони дорои таҳсилоти олӣ ва дараҷаи илмӣ дар муассисаҳои таълимию илмии низоми меҳнат, шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ ва дар маҷмуъ ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз рӯйи ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таълимию илмии ватанӣ омода карда намешаванд;
- беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва иқтидори кадрӣ дар тамоми ташкилоту муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- такмили низоми таҳсилоти баъдидипломии мутахассисон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо дар назар доштани самтҳои афзалиятноки соҳа;
- таҳия ва ҷорӣ намудани Низоми миллии салоҳиятнокии касбии тахассусӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
- бо дарназардошти гуногунсамтии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва теъдоди истифодабарандагони он ба нақша гирифтани низоми нави таҳсилоти касбии сезинагӣ ва тартиби бисёрҷонибаи тайёр намудани кадрҳои соҳа дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ;
- ворид намудани тағйироту илова ба Таснифоти ҷумҳуриявии тайёр намудани кадрҳо вобаста ба кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ;
- такмили стандарҳои давлатии таҳсилоти иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо аз рӯйи ихтисосҳои гуногуни муносибатҳои меҳнат, аз ҷумла барои шуғли аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва таҳияи барномаҳои таълимии нав;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти кормандони иҷтимоӣ, мубодилаи омӯзгорон ва донишҷӯён;
- таҳлил ва бозбинии тартиби бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.
29. Ҳар як тахассуси низоми тахассуси касбӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дорои давомнокии тахминшавандаи давраҳои таҳсилот мебошад, ки бо шумораи эҳтимолии солҳо ва миқдори соатҳои академикии таълим баён карда мешавад. Ба ин нигоҳ накарда, давомнокии муҳлати таҳсилот (таълим) дар асоси талаботи гуногун нисбати ҳар як ихтисос (касб) муайян карда мешавад (замимаи 2).
4. АМАЛИСОЗӢ ВА НАТИҶАҲОИ ЧАШМДОШТИ БАРНОМА
30. Барои муайян намудани меъёри талабот ба ҳайати сифативу миқдории кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дар навбати аввал сохтори ташкилии низоми мавҷуда, намудҳои хизматрасонии иҷтимоӣ, теъдоди умумии ниёзмандон ба хизматрасонии иҷтимоиро дар ҳар як воҳиди мушаххаси маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ мавриди таҳлили амиқ карор додан лозим аст. Танҳо дар ҳамин сурат имкон дорад, ки нақшаи ҳамаҷониба фарогири тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ бо дар назар доштани эҳтиёҷоти ба онҳо доштаи мақомоти дахлдор тартиб дода шуда, онро дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ амалӣ кунанд.
31. Масъалаи дигар ин фарогирии ҳаматарафаи ниёзмандон ба ҳифзи иҷтимоӣ дар миқёси ҳамаи воҳидҳои маъмурию ҳудудии ҷумҳурӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо амал мекунанд. Барнома пешбинӣ менамояд, ки дар мавриди банақшагирии тадбирҳои тайёр намудани кадрҳои соҳа бояд эҳтиёҷоти гурӯҳҳои иҷтимоии ниёзманд ба ҳифзи иҷтимоӣ бо дар назар доштани рушди соҳа ба эътибор гирифта шаванд.
32. Мутахассиси низоми ҳифзи иҷтимоӣ ҳамчун ташкилотчӣ фаъолияти ташкилоту муассисаҳои гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатиро дар самти расонидани кумак ба эҳтиёҷмандон, дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, иштирок дар кори ташаккул додани сиёсати иҷтимоӣ, рушди шабакаи муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ ба танзим медарорад, ҳамчунин усулҳои нави баланд бардоштани тахассус ва малакаву маҳорати касбии худ ва дигаронро амалӣ менамояд.
33. Корманди иҷтимоӣ, дар баробари ин, ба расонидани хизматрасониҳои гуногуни иҷтимоӣ машғул мешавад, ки номгӯйи онҳо хеле зиёд буда, аз хизматрасониҳое иборатанд, ки хусусияти инфиродӣ, маишӣ ва беҳдоштӣ дошта, ба истифодабарандагони хадамоти иҷтимоӣ расонида мешаванд, ки вобаста ба вазъи саломатиашон наметавонанд амалиётҳои одии худхизматрасониро ба ҷо оранд.
34. Бо дарназардоши он вазифаҳое, ки кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ ба ҷо меоранд, Барнома ба нақша гирифтани низоми таҳсилоти сезинагии тайёр намудани кадрҳоро пешбинӣ менамояд, ки қисми асосии онро бояд супоришоти давлатӣ ташкил диҳад. Дар Таснифоти умумиҷумҳуриявии тайёр намудани кадрҳо таҳти рамзи 86010102 танҳо ихтисоси "кори иҷтимоӣ" пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кафедраи "кори иҷтимоӣ" амал мекунад. Қабули довталабон ба ихтисоси "кори иҷтимоӣ" дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев низ ба нақша гирифта шудааст. Ба нақша гирифтани низоми нави бисёрзинагии тайёр намудани кадрҳои ҳифзи иҷтимоӣ маънои онро дорад, ки мутахассиси соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вазифаҳои гуногунро дар мансабҳои мухталиф ва категорияву дараҷаҳои гуногуни соҳа ба ҷо меорад, ки он аз роҳбари мақомоти давлатӣ ва ташкилоту муассиса сар карда, то корманди одиро дар бар мегирад.
35. Азбаски доираи фаъолияти корманди соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хеле гуногунҷанба аст, Барнома чунин гуногунии хусусиятҳои соҳавиро дар тайёр кардани мутахассисон ба эътибор гирифта, теъдоди кофии тахассусҳоро барои ин соҳа ба нақша мегирад. Барнома ҳамчунин пешбинӣ менамояд, ки таҳсили мутахассисони зинаҳои гуногуни соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ аз рӯйи ихтисосҳои "кори иҷтимоӣ", "ҳуқуқ ва ташкили таъминоти иҷтимоӣ", "иқтисодиёти меҳнат", "мутахассисони соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ", "педагогикаи иҷтимоӣ", "равоншиносии иҷтимоӣ", "тавонбахшӣ тавассути меҳнат (эрготерапия)", "физиотерапия ё муолиҷаи ҷисмонӣ", "идоракунии ҳайати шахсӣ", "дефектология", "логопед", "устои протезсозӣ ва ортопедия", "мададкорони иҷтимоӣ" ва ғайраҳо ба роҳ монда шаванд. Зимнан, заминаи тайёр кардани мутахассисони соҳавиро бояд самтҳои гуногуни соҳа, ки аз хизматрасонии иҷтимоӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, шуғли аҳолӣ ва монанди инҳо иборатанд, ташкил намояд.
36. Низоми сезинагии тайёр намудани кадрҳо дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ назар дорад, ки ба соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ дар баробари мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин мутахассисоне лозим ҳастанд, ки малакаву маҳорати кори иҷтимоиро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз худ карда бошанд. Дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бештар мутахассисони зинаҳои якум ва дуюм заруранд. Бинобар ин, Барнома таҳия кардани нақшаи чорабиниҳои тайёр намудани кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоиро бо дарназардошти ҳамаи талаботе, ки ба мутахассиони соҳаи кори иҷтимоӣ дахл доранд, бояд пешбинӣ кунад.
37. Сохтори касбии ҳифзи иҷтимоӣ айни ҳол дар ҷумҳурӣ номукаммал буда, стандартҳои баҳодиҳӣ ба қобилияти корманди соҳа бошад, мутобиқ ба анъанаҳои аз замони шӯравӣ боқимонда ба роҳ монда шудааст. Дар он меъёрҳои мушаххас барои додани дараҷаҳои тахассусӣ муқаррар карда нашудаанд. Аз ин рӯ, Барнома пешниҳод менамояд, ки низоми ҷаҳонии тахассусиро бо дарназардошти таҷрибаи маҳаллӣ ва хусусиятҳои миллӣ омӯхта, бо мақсади ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани тартиби баҳодиҳӣ ба салоҳияту қобилияти корманди соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ барои гузаштан ба низоми ҷаҳонии тахассусӣ бояд тадбирҳо андешида шаванд.
38. Тавре ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, аксарияти кормандони ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муддатҳои тӯлонӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ кор карда, таҷрибаи муайяне ҳосил намудаанд. Бинобар ин, зарур аст, ки фаъолияти ин кадрҳо тавассути ҷалб намудани онҳо ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар заминаи Муассисаи давлатии "Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо"-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба роҳ монда шавад. Дар ин муассисаи таълимӣ асосан кормандони сатҳи миёнаи низоми хизматрсонии иҷтимоӣ барои азнавтаёркунӣ ба таҳсил ҷалб карда мешаванд. Мувофиқи мақсад аст, ки минбаъд ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ҳамаи гурӯҳҳои кормандони низоми ҳифзи иҷтимоӣ, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқӣ, тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон ҷалб карда шаванд.
39. Барои доштани маълумоти дақиқ оид ба ҳайати сифатии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зарур аст, ки дар мақомоти ваколатдор махзани маълумот ва ҳисоботи расмии оморӣ бо тартиби муқарраршуда ташкил карда шаванд.
40. Амалигардонии Барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ минбаъд рушд намуда, низоми тайёр намудани кадрҳо бо дар назар доштани талаботи соҳа ба танзим дароварда шавад. Натиҷаҳои чашмдошти амалисозии Барнома аз инҳо иборатанд:
- касбикунонии кори иҷтимоӣ бо роҳи бунёди низоми сезинагии тайёр намудани кадрҳо амалӣ мегардад;
- фаъолияти ташкилоту муассисаҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ дар асоси стандартҳо ва меъёрҳои наву мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда мешаванд;
- низоми нави бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва раванди мониторинги муосири сифати иқтидори кадрии муносиб дар амал татбиқ карда мешаванд.
- барои ҳавасмандгардонии иҷтимоии кормандон, истифодаи оқилонаи кадрҳо ва пешравии касбии онҳо шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
5. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ БАРНОМА ВА НАЗОРАТИ ИҶРОИ ОН
41. Маблағгузории умумии Барнома аз ҳисоби маблағҳое, ки ҳамасола дар буҷети давлатӣ ба ин мақсад пешбинӣ мегарданд, инчунин аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилаливу ғайридавлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҷурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
42. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
43. Барнома дар тӯли давраи амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тавассути 3 марҳила бо қабули Нақшаи чорабиниҳо ва бо дар назар доштани натиҷагириҳои миёнамуҳлати раванди амалишавии мақсадҳои стратегии болозикр, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва низоми рушди захираҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
44. Вазорату идораҳои далхдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои Барнома ҳар сол то 10 январ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.
Ниг. ба Замима
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 марти соли 2022, №148
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (марҳилаи якум то соли 2024)