ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030
Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи маҷмӯии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 (марҳилаи якум то соли 2024) тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба амалисозии Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои он ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 31 марти соли 2022, № 148
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной комплексной программе по подготовке кадров системы социальной защиты населения на период до 2030 года
В соответствии со статьей 16 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную комплексную программу по подготовке кадров системы социальной защиты населения на период до 2030 года и План мероприятий по реализации Государственной комплексной программы по подготовке кадров системы социальной защиты населения на период до 2030 года (первый этап до 2024 года) (приложения 1 и 2).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов принять необходимые меры по реализации настоящей Программы и Плана её мероприятий.
3. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять информацию о ходе выполнения настоящей Программы и Плана её мероприятий в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 марта 2022 года, №148