Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2022, № 131 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №5 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар қисми муқаддимавӣ рақам ва калимаҳои "2 000 000 (ду миллион)" ба рақам ва калимаҳои "2 500 000 (ду миллиону панҷсад ҳазор)" иваз карда шаванд;

- дар сархати дуюм рақам ва калимаҳои "30 000 (сӣ ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "35 000 (сию панҷ ҳазор)" иваз карда шавапд;

- дар сархати сеюм рақам ва калимаҳои "20 000 (бист ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "30 000 (сӣ ҳазор)" иваз карда шаванд;

- дар сархати чорум рақам ва калимаҳои "10 000 (даҳ ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "20 000 (бист ҳазор)" иваз карда шаванд.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши маблағгузории грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022 таъмин намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 28 марти соли 2022, № 131