ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, № 5
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021, №5 "Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар қисми муқаддимавӣ рақам ва калимаҳои "2 000 000 (ду миллион)" ба рақам ва калимаҳои "2 500 000 (ду миллиону панҷсад ҳазор)" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюм рақам ва калимаҳои "30 000 (сӣ ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "35 000 (сию панҷ ҳазор)" иваз карда шавапд;
- дар сархати сеюм рақам ва калимаҳои "20 000 (бист ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "30 000 (сӣ ҳазор)" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум рақам ва калимаҳои "10 000 (даҳ ҳазор)" ба рақам ва калимаҳои "20 000 (бист ҳазор)" иваз карда шаванд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши маблағгузории грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби маблағҳои захиравии буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2022 таъмин намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 28 марти соли 2022, № 131
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2021 года, №5
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 28 января 2021 года, №5 "О грантах Президента Республики Таджикистан по поддержке и развитию предпринимательской деятельности женщин на 2021-2025 годы" следующие изменения:
- в вводной части цифру и слова "2 000 000 (два миллиона)" заменить цифрой и словами "2 500 000 (два миллиона пятьсот тысяч)";
- во втором абзаце цифру и слова "30 000 (тридцать тысяч)" заменить цифрой и словами "35 000 (тридцать пять тысяч)";
- в третьем абзаце цифру и слова "20 000 (двадцать тысяч)" заменить цифрой и словами "30 000 (тридцать тысяч)";
- в четвертом абзаце цифру и слова "10 000 (десять тысяч)" заменить цифрой и словами "20 000 (двадцать тысяч)".
2. Министерству финансов Республики Таджикистан обеспечить увеличение финансирования грантов Президента Республики Таджикистан за счёт резервных средств республиканского бюджета на 2022 год.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 28 марта 2022 года, №131