Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022 № 1864 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҚОМОТИ АДЛИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 9 марти соли 2022, №664

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 марти соли 2022, № 248

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 20 апрели соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №4, мод. 193) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Номи моддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 9. Нотариати давлатӣ".

2. Дар моддаи 30:

- дар ном ва қисмҳои 1 ва 2 калимаи "роҳбарикунандаи" ба калимаҳои "роҳбарикунанда ва дигар кормандони" иваз карда шавад;

- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти адлия тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" амалӣ карда мешавад.";

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) дигар кормандони мақомоти адлия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 18 марти соли 2022 № 1864