Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2022, №91

Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026 (минбаъд - Барнома) бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми вилояти Хатлон дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар заминаи инкишофи босуръати малакаҳои касбӣ, дониш ва технологияҳо, модернизатсия ва диверсификатсияи фаъолияти хоҷагидорӣ, ташаккули низоми босуботи рушди маҳаллӣ, коҳиш додани осебпазирӣ аз омилҳои беруна тавассути ҷорӣ намудани низоми банақшагирии стратегии рушди иҷтимоию иқтисодӣ таҳия карда шудааст.

2. Ҳадафи Барнома - такмили таркиби иқтисодиёти вилояти Хатлон тариқи баланд бардоштани саҳми саноат дар таъмини рушди устувор ва истифодаи самараноки маҳсулоти кишоварзӣ дар истеҳсолоти саноатӣ мебошад.

3. Вазифаҳои асосии Барнома ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи гузошташуда самтҳои зеринро фаро мегирад:

- дар самти саноат - бунёди корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, таҷдиди корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ ва диверсификатсияи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз рӯи талаботи бозор;

- дар самти кишоварзӣ - баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва сатҳи таъминоти соҳаҳои саноати хӯрокворӣ ва сабук бо ашёи хоми ватанӣ.

2. МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ОИД БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

4. Вилояти Хатлон соли 1992 таъсис ёфта, дар масоҳати 24700 км, ҷойгир шудааст ва 17,2 фоизи сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Тибқи тақсимоти ҳудудӣ вилоят ба 4 шаҳр, 21 ноҳия, 22 шаҳрак ва 133 деҳот тақсимбандӣ шудааст. Вилояти Хатлон дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гардида, аз шимол бо ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз шарқ бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ғарб бо Ҷумҳурии ӯзбекистон (103 км) ва аз ҷануб бошад, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (420 км) ҳудуди марзӣ дорад. Масофаи ҷойгиршавии шаҳри Бохтар (маркази вилоят) то шаҳри Душанбе (пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон) 97 км аст. Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди вилоят 5424,6 км ва роҳҳои оҳан 423,4 км-ро ташкил медиҳад.

5. Шумораи аҳолии вилоят ба ҳолати 1 январи соли 2020 ба 3350,1 ҳазор нафар расид, ки назар ба соли 2019 ба миқдори 75,2 ҳазор нафар ва назар ба соли 1991 бошад, 1427,1 ҳазор нафар зиёд шудааст. Суръати миёнаи афзоиши табиии аҳолии вилоят танҳо дар давоми солҳои 2015-2020 ҳар сол тақрибан 2,25 фоизро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолии шаҳрҳо 606,3 ҳазор нафар, аҳолии деҳот 2743,7 ҳазор нафар, мардон 1681,7 ҳазор нафар ва занон 1668,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолии ҷумҳурӣ зиёда аз 36 фоизи он ба вилояти Хатлон рост меояд. Зичии аҳолии вилоят дар 1 км(2) 133,1 нафарро ташкил медиҳад. Дар вилоят асосан тоҷикон (81,7 фоиз), ӯзбекҳо (13 фоиз), русҳо (5,1 фоиз) ва дигар миллатҳо, аз қабили тоторҳо, туркманҳо ва дигарон (0,2 фоиз) зиндагӣ мекунанд. Синни миёнаи аҳолии вилоят 75 сол мебошад.

6. Иқлими вилоят субтропикӣ, континенталӣ буда, дар байни дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ аз ҳама мавзеи гармтарин ба ҳисоб меравад, алалхусус дар ноҳияҳои Шаҳритус ва Носири Хусрав ҳарорати ҳаво дар тобистон ба зиёда аз 50 градус селсия мерасад. Аз ҳудуди вилояти Хатлон дарёҳои калонтарини ҷумҳурӣ, аз қабили Амударё (Оқсу) - Панҷ бо дарозии 921 км, Вахш - 524 км, Қизилсу Сурхоб (ҷанубӣ) - 230 км ва Оқсу - 160 км ҷорӣ мешаванд. Инчунин дар ҳудуди вилоят обанборҳои калонтарин, ба мисли Мӯъминобод (майдони обанбор 2,8 км(2), ҳаҷмаш 31 млн м3), Норак (майдони обанбор 98 км2, ҳаҷмаш 10500 млн м3) ва Селбури ноҳияи Восеъ мавҷуданд, ки ҳам барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ва ҳам ба сифати минтақаҳои истироҳатӣ истифода мешаванд.

7. Ҳудуди вилоят аз конҳои намаксангу оҳаксанг хеле бой аст. Дар вилоят захираи канданиҳои фоиданоки металлҳои ранга ва қиматбаҳо низ мавҷуд мебошад. Дар ҳудуди вилоят тибқи маълумоти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон конҳои зиёди металлҳои нодир ва асил, аз қабили тилло мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, вилоят аз конҳои ангишт, нафт, газ, гаҷ ва масолеҳи сохтмонӣ бой мебошад.

3. ТАЪМИНИ РУШДИ СОҲАҲОИ САНОАТ ВА КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

§1. Саноати вилояти Хатлон дар ҳошияи саноатикунонии босуръати кишвар

8. Сохтори соҳаи саноати вилоят асосан аз саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, саноати химия, коркарди металл, электротехника, саноати кӯҳкорӣ ва истеҳсоли барқ иборат аст. Дар корхонаҳои саноатии вилоят самти пахтатозакунӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли равған, гӯшт, орд ва консерва рушд кардааст. Истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ дар заминаи Корхонаи нуриҳои азотии Вахш ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Талко Кемикал" сурат мегирад. Заводи трансформатори шаҳри Бохтар барои истеҳсоли трансформаторҳои барқии дорои тавоноии гуногун муҷаҳҳаз гардидааст. Истихроҷ, истеҳсол ва коркарди захираҳои нафту газ, масолеҳи сохтмонӣ (гаҷ, хок, қуму шағал ва ғайра), тиллои пошхӯрда, ангишт, намак дар шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳандозӣ шуда, аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаҳои давлатӣ анҷом дода мешавад.

9. Рушд ёфтани соҳаи саноати вилоят барои амалишавии ҳадафи стратегии Тоҷикистон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, ҷиҳати гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, баланд бардоштани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва дар ин замина фароҳам овардани шароити зисту зиндагии шоиста барои сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят заминаи воқеӣ мегузорад.

10. Таҳлили маълумоти оморӣ нишон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба соли 2015 зиёда аз 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Ин пеш аз ҳама ба ду маротиба зиёд гардидани шумораи корхонаҳои мухталифи саноатӣ, ворид ва ҷорӣ намудани дастгоҳҳои муосир ва технологияҳои нав, ки ба ду маротиба баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат мусоидат кардааст, алоқаманд мебошад. Раванди диверсификатсиякунонии истеҳсолоти саноати вилоят ба мушоҳида мерасад. Дар панҷ соли охир дар вилоят зиёда аз 250 коргоҳ ва корхонаи нави саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли маводи кимиёвӣ, сохтмонӣ, коркарди маъдан ва дигар намудҳои ашёи хоми саноатӣ, саноати мошинсозӣ, нахи пахта, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти истеҳсоли кишоварзии ватанӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

11. Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 8,81 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2016 ба маблағи 4,1 млрд. сомонӣ зиёд буда, 28,6 фоизи маҳсулоти умумии саноати ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

12. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии хӯрокворӣ 1 млрд 236,4 млн. сомониро ташкил дода, ҳиссаи он дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 14,3 фоиз баробар гардид.

13. Тибқи маълумоти оморӣ соли 2020 истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, маҳсулоти ширӣ, маҳсулоти консервагӣ, намаки ошӣ, маҳсулоти қаннодӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, макарон, биринҷ, обҳои ташнашикан ва равғани растанӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан дар сатҳи 102,1 фоиз то 6 маротиба таъмин гардидааст.

14. Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук 1 млрд 675,2 млн. сомониро ташкил дод, ки назар ба нишоноди соли 2019 164,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад ва ҳиссаи он дар таркиби сохтори ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят ба 18,6 фоиз баробар мебошад. Суръати афзоиши соҳа дар соли 2020 ба 111 фоиз баробар шуд.

15. Афзалиятнокии саноати сабуки вилоят ба мавҷуд будани иқтидорҳои истеҳсолӣ, дастрасии ашёи хоми ватанӣ ва қувваи корӣ иртибот дорад, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо метавон масъалаи таъсиси ҷойҳои кори доимӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёр ва таъмини аҳолиро бо номгӯи мухталифи молҳо таъмин намуд.

16. Дар соҳа асосан истеҳсоли нахи пахта, ресмони пахтагин, маҳсулоти дӯзандагӣ, ҷӯроб, маҳсулоти беҳдоштию санитарӣ, халтаи полипропиленӣ ва мебел ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар ояндаи наздик бо ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда метавон самтҳои ресандагию бофандагӣ ва рангуборкуниро дар заминаи онҳо роҳандозӣ намуд.

17. Айни замон дар вилояти Хатлон 231 корхонаи соҳаи саноати сабук мавҷуд мебошад, ки 47,1 фоизи шумораи умумии корхонаҳои саноати сабуки ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин раванд дар вилояти Хатлон 6 корхона аз рӯи иқтидори воқеӣ барои коркарди 33 ҳазор тонна нахи пахта фаъолият дорад. Бо дарназардошти пешниҳод гардидани имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар самти коркарди нахи пахта, соҳаи мазкур аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Масалан, ба истифода додани сикли ресандагии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил" қадами устувор дар рушди коркарди нахи пахта ба ҳисоб рафта, корхонаи мазкур бо саҳмгузории шарикони чинӣ фаъолият намуда истодааст ва айни замон корҳои сохтмонӣ дар силсилаҳои навбатии корхона идома доранд.

18. Барои ба фаъолият оғоз кардани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адолат А"-и ноҳияи Фархор қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, №592 "Дар бораи муқаррар намудани мӯҳлати оғози сохтмон ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адолат А"-и ноҳияи Фархор" қабул шудааст. Тибқи маълумот дар корхонаи мазкур корҳои сохтмонии сикли ресандагии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адолат А" бо иқтидори коркарди 4000 тонна нахи пахта дар як сол моҳи январи соли 2015 оғоз гардида, айни замон васли конструксияҳои металлӣ, таҷҳизоти ҳавокашӣ ва ҳавотозакунӣ, сохтмони бино барои трансформатор ва компрессор, васлкунии ноқилҳои барқӣ, насби шифти коргоҳ пурра ба анҷом расонида шудааст.

19. Дастгоҳу таҷҳизоти сикли ресандагии тамғаи "Marzolli" (Италия) ба маблағи 15,6 млн. сомонӣ ба корхона ворид карда шуда, дар асоси ҷадвали тасдиқшудаи иҷрои корҳо тибқи қарори болозикр ба кор даровардани сикли ресандагӣ моҳи октябри соли 2015, сикли бофандагӣ моҳи декабри соли 2017, сикли рангуборкунӣ моҳи марти соли 2020 ва сикли дӯзандагӣ моҳи марти соли 2021 бояд ба истифода дода мешуданд. Мутаассифона, аз сабаби дучор шудан ба мушкилиҳои молиявӣ ва қатъ гардидани сармоягузорӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк" васлу насби дастгоҳу таҷҳизот ба таъхир афтода, бинобар дарёфт нашудани маблағҳои зарурӣ баистифодадиҳии сиклҳо ғайриимкон гардидааст.

20. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015, №732 "Дар бораи муқаррар намудани муҳлати оғози сохтмон ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Евразия Текстайл"-и ноҳияи Данғара" ҷадвали муҳлати баистифодадиҳии сикли пурраи коркарди нахи пахта дар корхонаи мазкур тасдиқ карда шуда буд. Иқтидори корхонаи мазкур дар як сол коркарди 6000 тонна нахи пахта буда, корҳои сохтмонии сикли ресандагӣ то 85 фоиз иҷро гардида, дастгоҳҳо низ ворид карда шудаанд. Тибқи замимаи қарор дар корхонаи мазкур ба кор даровардани сикли ресандагӣ моҳи феврали соли 2017 (марҳилаҳои якум ва дуюм), сикли бофандагӣ моҳи майи соли 2018, сикли рангуборкунӣ моҳи марти соли 2019 ва сикли дӯзандагӣ моҳи сентябри соли 2020 бояд ба истифода дода мешуд. Ин корхона низ аз сабаби қатъ гардидани сармоягузорӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷиксодиротбонк" васлу насби дастгоҳу таҷҳизот дар корхонаи мазкур ба таъхир гузошта шуд.

21. Аз тарафи корпоратсияи "Салтанат" дар масоҳати 9 гектари минтақаи саноатии шаҳри Левакант бунёд намудани маҷмааи нассоҷӣ бо дарназардошти коргоҳҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ идома дорад. Айни ҳол бинои истеҳсолии маҷмааи нассоҷӣ омода буда, қисман таҷҳизоти технологӣ ворид карда шудааст.

22. Рушди соҳаи коркарди ашёи чорво (пӯст ва пашм) бо дарназардошти истифода аз манбаъҳои мавҷудаи ашёи хоми маҳаллӣ, пайдо намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти истеҳсолӣ ва аз ин ҳисоб таъмин нашудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ аҳамияти иқтисодии муҳим дорад. Захираи ашёи хом-пӯсти чорво барои фаъолияти корхонаҳои мавҷудаи вилоят кофӣ мебошад. Коркарди пашм дар вилоят солҳои охир назаррас набуда, дар ин самт фаъолияти корхонаҳо коҳиш ёфтааст. Солҳои қаблӣ ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи "Шариф" ва "Муина" ба шустушӯ ва коркарди аввалияи пашм машғул буданд. Зарур аст, ки бо ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ корхонаҳои коркарди пӯсту пашм бунёд карда, иқтидори истеҳсолӣ дар ин самт тақвият бахшида шавад.

23. Истеҳсоли пилла дар солҳои охир ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил нашуда, тамоюли пастравӣ дорад. Агар дар соли 2016 истеҳсоли пилла дар вилояти Хатлон 381,4 тоннаро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 225 тонна расонида шуд, ки нисбат ба соли 2016 41 фоиз коҳиш ёфтааст. Зикр кардан бамаврид аст, ки дар вилоят дар самти истеҳсоли риштаи абрешимӣ низ натиҷаҳо назаррас намебошанд. Айни замон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Дук" бо иқтидори 70 тонна ба коркарди пилла машғул мебошад. Имконияти истеҳсолии коркарди пилла 70 тоннаро ташкил дода, дар ҳолати дуруст ташкил намудани кор ва баланд бардоштани боҷи содиротӣ барои пиллаи коркарднашуда то дараҷае иқтидорҳои истеҳсолӣ фаъол гардида, пиллаи истеҳсолшуда дар дохил коркард ва аз он риштаю матои абрешимӣ истеҳсол мегардад.

24. Зиёда дар 100 корхонаи дӯзандагии вилоят асосан дастгоҳҳои истеҳсоли ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Федератсияи Россия васлу насб гардидаанд, ки ин ҷиҳати бардоштани сифати маҳсулот мусоидат мекунад. Заминаи асосӣ барои фаъолияти мунтазами корхонаҳои дӯзандагӣ роҳандозӣ гардидани дӯхти либосҳои мактабӣ ва махсус баромад мекунад, зеро тибқи маълумоти оморӣ шумораи хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят зиёда аз 779 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

25. Дар ҳудуди вилоят иқтидорҳои зиёди истеҳсолӣ мавҷуд буда, бо истифодаи он метавон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, заргарӣ, бофандагӣ, пойафзолдӯзӣ, трикотажӣ (кешбофӣ), дӯзандагӣ, ҷуроббофӣ, ресандагӣ ва қолинбофӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

26. Металургияи ранга яке аз бахшҳои асосии саноати вилоят маҳсуб ёфта, ҳиссаи он дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 15,0 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи саноати истихроҷ аз 271 млн. сомонии соли 2016 то ба 652,6 млн. сомонӣ дар соли 2020 расонида шуда, нисбат ба соли 2016 2,4 маротиба ё ин ки 381,7 млн. сомонӣ афзудааст.

27. Маҳсулоти асосии истеҳсоли соҳа тилло ба ҳисоб меравад. Истихроҷи солонаи маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо дар асоси захираҳои тавозунии тасдиқгардида ба роҳ монда шудааст. Тибқи маълумоти Фонди иттилоотии геологӣ дар вилояти Хатлон 14 корхона дар самти коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо фаъолият менамояд, аз ҷумла 10 корхона ба истихроҷи тиллои пошхӯрда, 1 корхона ба истеҳсоли дуюмбораи қумҳои коркардшуда ва 3 коргоҳи хурди заргарӣ машғуланд, ки дар онҳо 2265 нафар коргар фаъолият менамоянд.

28. Айни замон дар ҳудуди вилоят 27 кони тиллои пошхӯрда ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин танҳо Ёхсу, Шуғнови ноҳияи Ховалинг ва кони Сариғори ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди истифода қарор доранд. Конҳои тилло дар мавзеъҳои Даштак, Оби мазори ноҳияи Ховалинг, Ёл, Сариосиёб ва Сулаймон-Дараи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Оби Сурх, Хитхам, Анҷироб, Қадиобзалнаи ноҳияи Муъминобод, Бугарак, Чубек, Амрудхам, Бушелак, Навобод ва ғайраи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойгир мебошанд, ки барои ташкил намудани корхонаҳои заршӯи ва таъсиси ҷойҳои кории нав мусоид мебошад. Ҳоло дар кони тиллои Шуғнови ноҳияи Ховалинг, ки мавриди истифода қарор дорад, зиёда 350 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои истифода ва коркарди захираҳои мавҷудаи тилло ва нуқра ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Назирӣ" ва "Баракати Истиқлол" иҷозатнома гирифта, айни замон фаъолиятро оғоз намудаанд.

29. Истихроҷи маъдан яке аз бахшҳои ояндадори соҳаи саноат дар вилоят ба ҳисоб рафта, дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли он 365,2 млн. сомониро ташкил дода, ҳиссаи он дар таркиби сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,3 фоиз баробар мебошад.

30. Дар шароити кунунӣ рушд додани истихроҷи ангишт ҳамчун манбаи асосии неруи гармӣ барои таъмини талаботи соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус соҳаи маорифу тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи тирамоҳу зимистон муҳим ва бамаврид ҳисобида мешавад. Дар маҷмӯъ ҳаҷми истихроҷи ангишт дар сатҳи ҷумҳурӣ дар солҳои 2019-2020 аз 1,4 млн. тонна то 2,1 млн. тонна расонида шуд, ки афзоиши воқеии он ба 0,7 млн тонна баробар мебошад. Дар ҳудуди вилояти Хатлон кони ангишти Шӯрообод ва зуҳуроти Даштиҷум воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамчун манбаъҳои ояндадори захираи ангишт барои таъмини талаботи минтақа ба шумор мераванд. Аммо дар ин самт якчанд мушкилиҳо, аз қабили пурра аз нигоҳи геологӣ омӯхта нашудани ин зуҳурот, мураккаб будани ҳолати ҷойгиршавии онҳо ва набудани коммуникатсияи муносиб вуҷуд доранд. Барои оғоз намудани истихроҷ зарурати сафарбар намудани маблағҳои хеле зиёд ба миён меояд.

31. Дар заминаи корхонаҳои мавҷуда ва бунёдшавандаи соҳаи саноати мошинсозӣ ва кимиёи вилояти Хатлон рушд додани соҳа барои саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат хоҳад намуд. Ҳоло дар вилояти Хатлон зиёда аз 36 корхона ва коргоҳҳои соҳаи мошинсозӣ ва кимиёвӣ ба истеҳсоли маҳсулоти мухталиф машғуланд, ки аз ин 1 корхона барои истеҳсоли трансфоматорҳои гуногунтамға, 1 корхона барои истеҳсоли маводи кимиёвӣ, 6 корхона барои истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пластмассӣ, 3 корхона барои коркарди металл, 10 корхона барои коркарди маҳсулоти пластикӣ, 1 корхона барои маводи таркандаи саноатӣ, 5 корхона барои коркарди гиёҳҳои шифобахш, 1 корхона барои истеҳсоли собун ва 1 корхона барои истеҳсоли хокаи ҷомашӯи махсус гардонида шуда, дар онҳо 2294 нафар коргар фаъолият менамояд.

32. Соли 2020 корхонаҳои соҳаи мазкур зиёда аз 327 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд ва дар нимсолаи якуми соли равон 3 корхона ва коргоҳи нав дар вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Восеъ барои истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ, дар ноҳияи Балҷувон барои коркарди гиёҳҳои шифобахш ва дар ноҳияи Данғара коргоҳи пластикӣ бо 45 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

33. Тавлиди неруи барқ ва истихроҷу коркарди нафту газ барои таъмини талаботи аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт яке аз масъалаҳои стратегии кишвар мебошад. Маҳз муҳим будани масъалаи мазкур Ҳукумати ҷумҳуриро водор намуд, ки онро ҳамчун ҳадафи стратегии дарозмуҳлат дар доираи "Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030", ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016, №636 тасдиқ шудааст, эълон намояд. Танҳо пешрафти соҳаи комплекси сӯзишворию энергетикӣ метавонад муҳаррики асосӣ барои тараққиёти босуръати соҳаи саноат баромад кунад. Соли 2020 дар ҳудуди вилоят 15 млрд. 924 млн. кВт соат неруи барқ истеҳол карда шуд, ки дар қиёс ба соли 2016 161 млн. кВт соат ё 101 фоиз зиёд мебошад. Зикр кардан бамаврид аст, ки бо натиҷаи соли 2020 80,5 фоизи неруи барқи дар ҳудуди кишвар тавлидёфта ба вилояти Хатлон рост меояд.

34. Асосан дар конҳои Бештентоқ, Қизил-Тумшуқ, ХоҷаСартез, Узуннаҳор, Сулдузӣ, Кичик-Бел, Акбашадир, Қуми-ҷанубӣ, Пушони шимолӣ, Сайёд, Саргазон, Қизилсӯ, Найчӣ, Қарадум, Ялгизқоқ ва Норин захираҳои нафту газ ба қайд гирифта шудааст.

35. Сабаби асосии коҳишёбии нишондиҳандаҳои истеҳсолиро мутахассисони соҳа дар мавсими зимистон ба обанбори Норак кам об ворид шудан ва хӯрдашавии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқӣ дар калонтарин неругоҳҳои барқи обии Норак, Бойғозӣ ва Вахш арзёбӣ менамоянд. Ҳадафи асосии соҳа ин таҷдид ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин намудани неругоҳҳои барқии обии мавҷуда, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, кам кардани талафоти неруи барқ ва дар ин замина беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба неруи барқ маҳсуб меёбад. Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда таҷдиди неругоҳи барқии обии Норак ва Сарбанд оғоз гардида, дар бартараф намудани як қатор мушкилиҳои соҳа мусоидат намуда, барои васеъ намудани имкониятҳои содиротии вилоят замина мегузорад.

36. Дар вилояти Хатлон 104 корхона ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул аст, ки аз ин 16 корхона ба истеҳсоли хишт, 64 корхона ба тайёр кардани қуму шағал, 5 корхона ба истеҳсоли семент, 9 корхона ва коргоҳи хурду миёна ба оҳакпазӣ, 6 корхона ба истеҳсоли маснуоти оҳану бетонӣ, 1 корхона ба истеҳсоли гаҷкартон ва 3 корхона ва коргоҳи хурд ба гаҷбарорӣ дахл дорад ва шумораи умумии кормандони онҳо дар соли 2020 2265 нафарро ташкил медиҳад.

37. Соли 2020 дар вилоят 2,6 млн тонна семент, 13,4 млн. дона хишт, 458,4 ҳазор м(3) қуму шағал, 845,6 ҳазор дона гаҷкартон, 417,2 ҳазор дона амстронг, 5,5 ҳазор тонна оҳак, 79,7 ҳазор тонна гаҷ, 50,3 ҳазор метри мукааб бетони сохтмонӣ, 393,0 ҳазор метр қубурҳои оҳану бетонӣ ва 113,8 ҳазор тахтаи шартӣ шифери асбестӣ истеҳсол гардидааст, ки рушди мунтазами соҳаи мазкурро нишон медиҳад. Ҳаҷми истеҳсол аз 562,0 млн. сомонии соли 2016 то ба 1,2 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст. Дар муқоиса ба соли 2016 истеҳсоли семент дар соли 2020 2,4 маротиба, хишти бинокорӣ 1,5 маротиба, қуму шағал 1 маротиба, гаҷкартон 3,2 маротиба афзудааст. Давоми солҳои охир дар соҳа барои ҳаллу фасли масъалаи диверсификатсияи истеҳсолот ҷиҳати воридотивазкунӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла семент, гаҷкартон, маводи нарми бомпӯш, шифер, рангҳои акрилию эмулсионӣ, андоваҳои минералӣ, ширеш ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

38. Гарчанде давоми солҳои охир зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз ҳисоби ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда таъмин гардида бошад ҳам, аммо ҳал нагардидани як қатор мушкилиҳо, аз ҷумла ислоҳоти татбиқшуда дар самти рушди босуръати саноати коркард, бахусус соҳаҳои сатҳи миёнаи технологӣ (аз ҷумла металлургияи ранга ва сиёҳ, мошинсозӣ, саноати масолеҳи сохтмонӣ, саноати кимиё ва нафту кимиё) ҳоло ҳам нокифоя боқӣ мемонад.

39. Ҳанӯз дастрасии молистеҳсолкунандагони ватанӣ ба воситаҳои молиявии арзон ва дарозмуҳлат дар сатҳи паст қарор дорад. Масалан, сатҳи мавҷудаи фоизи бонк аз 22 то 36 фоизро дар як сол ташкил медиҳад, ки ин аз сатҳи миёнаи даромаднокии корхонаҳои саноатӣ ниҳоят баланд аст. Ин ба рушди саноат дар давраи миёнамуҳлат ва дарозмуддат монеа эҷод мекунад.

40. Ҳиссаи корхонаҳои зиёновар дар саноати вилоят тақрибан то 40 фоиз расидааст. Корхонаҳои боқимондаи як замон фоидаовар бо даромаднокии хеле кам фаъолият мекунанд. Фонди истеҳлокии (амортизатсионии) корхонаҳо аз рӯи таъинот истифода намешавад. Норасоии захираҳои молиявӣ корхонаҳоро водор менамояд, ки барои дарёфти маблағҳои зарурӣ ба сарчашмаҳои иловагӣ, аз ҷумла бонкҳо муроҷиат намоянд. Аммо дар аксар маврид бинобар ҷой доштани фоизҳои баланди қарзӣ ҷалби воситаҳои молиявиро барои онҳо ғайриимкон мегардонад.

41. Таҷҳизоти як қатор корхонаҳои навтаъсиси вилоят ба гурӯҳи насли пасти техникӣ дохил мешавад, ки ба рақобатпазирии истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва ё воридотивазкунанда таъсири манфӣ мерасонад.

42. Қариб 65-70 фоизи таҷҳизоти мавҷудаи бахши саноати вилоят аз нигоҳи ҷисмонӣ ва маънавӣ куҳнаю фарсуда мебошад, ки ин ба рушди саноатикунонии босуръат ва инноватсионии кишвар монеа эҷод карда, имкон намедиҳад, ки маҳсулоти рақобатпазир барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ истеҳсол карда шавад.

43. Бидуни истисно қариб ҳамаи корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон, ки аксарияти онҳо дар давраи собиқ шӯравӣ сохта шудаанд, ба навсозӣ ва модернизатсия эҳтиёҷ дорад.

44. Маҳз аз ҳамин хотир 70 фоизи нахи пахта ва 97 фоизи сабзавоту меваҷот дар ҷумҳурӣ дар шакли ашёи хом содирот карда мешавад ва ин нишондиҳандаҳо дар вилояти Хатлон 78 ва 98 фоизро ташкил медиҳанд.

45. Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳолати баамаломада аз вазъи номукаммали саноати коркард гувоҳӣ медиҳад, ки давоми солҳои охир ҳиссаи бахши коркард дар сатҳи ҷумҳурӣ тамоюли пастравӣ (аз 65,6 фоиз дар соли 2015, то 56,6 фоиз дар соли 2019) ва саноати истихроҷ тамоюли болоравиро (аз 13,5 фоиз дар соли 2015, то 19,6 фоиз дар соли 2019) дорад.

46. Тибқи таҳлили коршиносон муайян шудааст, ки ҳангоми роҳандозӣ намудани даври пурраи коркарди нахи пахта дар корхонаҳои саноатии кишвар, яъне то маҳсулоти тайёр (матоъ ва либосворӣ) даромади соф аз ҳар як гектари майдони пахта (самаранокии истеҳсолот) назар ба даромад аз фурӯши нахи он ҳамчун ашёи хом аз 1,8 ҳазор доллари ИМА то 12-15 ҳазор доллари ИМА меафзояд.

47. Дар мавриди аз 25 то 30 фоиз расонидани ҳосилнокии пахта аз як гектар имконият фароҳам мегардад, ки то 12 ҳазор м2 матоъ, 277 кг равғани пахта, 726 кг кунҷора, 47 кг собун, 108 кг линт ва ғайра истеҳсол карда шуда, талаботи бозори дохилӣ таъмин карда шавад.

48. Ҳоло таъмини талаботи бозори дохилӣ ба як қатор молу маҳсулот бештар аз ҳисоби воридот таъмин мегардад, аз ҷумла равғани растанӣ 81,8 фоиз, шакар 100 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 83,6 фоиз, ҳасиб 38,4 фоиз, шоколад 76 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 50,4 фоиз, консерваи меваю сабзавот 42 фоиз, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 11 фоиз, нӯшокиҳои спиртӣ 79,4 фоиз, май (мусаллас) 74,2 фоиз, нуриҳои минералӣ, уребча, хамираи дандоншӯӣ, маводи шустушӯӣ, рангу бори сохтмонӣ, маҳсулоти полимерӣ, пластмассӣ, чӯбу тахта, маҳсулоти керамикӣ, сим аз оҳан ё пӯлоди легирониданашуда, сим аз дигар пӯлодҳои легиронидашуда, сими тобдодашуда, арғамчинҳо, танобҳо, ресмонҳои бофташуда, халқаҳо ва маснуоти монанд аз металлҳои сиёҳ, маводи доруворӣ 100 фоиз.

49. Дар шароити кунунӣ масъалаи роҳандозӣ намудани диверсификатсия дар истеҳсолоти саноати коркард хеле муҳим арзёбӣ мегардад, чунки ҳаҷм ва намуди маҳсулоти истеҳсолшавандаи саноатӣ, алалхусус дар вилояти Хатлон дар муқоиса бо соли 1990 хеле коҳиш ёфтааст. Дар бахши саноати сабук аз 11 номгӯи маҳсулоти асосӣ аз рӯи 4 намуди он ба сатҳи 17-45 фоизи соли 1990 расонида шуда, номгӯи боқимондаи маҳсулот ё тамоман истеҳсол намешавад ва ё 3 фоиз сатҳи соли 1990-ро ташкил медиҳад. Чунин омилҳо бо қатъшавии алоқаҳои иқтисодӣ, сатҳи баланди фарсудашавии маънавӣ ва ҷисмонии таҷҳизоти саноатӣ, набудани захираҳои қарзии дастрас ва ғайра алоқаманд мебошанд.

50. Ҳоло Корхонаи хурди "Тоҷи Осиё", Корхонаи чарми "Ал Асад", ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди "Паси Гаҷ", "Файзи Данғара", "Агро Фуд-Голд", "Нефтебитум", "Виён-2014", "Қутайба, Некруз", "Баҳром", "Замин Котон", "Комплекс Токфинекс", "Ҷумда", "Орди Хатлон", "Боби Абдураҳим", "Абубакри Дилшод", "Орди Рушди Хатлон", "Далер", "Мунавараи М", "Назирӣ", "Союз Зар", "Исроил-11", "Оби Норак", "Файзи Ҷомӣ", ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи ба номи "Файзалӣ Саидов", "Пахтаи Кӯлоб", ба номи "Умрзоқ Қобилов" ва "Саноил АСВА" бинобар надоштани маблағҳои гардон, қарздорӣ дар назди мақомоти андоз ва бонкҳо, набудани дастрасӣ ба сармоягузориҳо, надоштани иҷозатнома, сатҳи пасти маркетинг, нарасидани ашёи хом, рақобатнопазир будани маҳсулоти истеҳсолшуда, фарсудаю валангор гаштани биноҳои маъмурию истеҳсолӣ ва таҷҳизоти онҳо аз фаъолият боз мондаанд.

51. Дар давоми панҷ соли оянда масъулини дахлдори вилояти Хатлонро зарур мебояд, ки тадбирҳои зеринро роҳандозӣ намоянд:

- афзоиш додани арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ бо натиҷаи коркарди ашёи хоми конҳои маъдан, металлҳои нодир, элементҳои пошхӯрда ва металлҳои қимматбаҳо, ҳамчунин сангҳои сохтмонию ороишӣ;

- андешидани тадбирҳо вобаста ба ташкил ва рушди кластерҳои саноатӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, кимиёвӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, металлургияи ранга ва сиёҳ, масолеҳи саноати сохтмонӣ ва ғайра;

- дар минтақаҳои алоҳидаи вилоят ташкил додани кластерҳои азими агросаноатӣ барои коркарди ашёи хоми кишоварзӣ то маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла газворҳо, либоси кӯдакона, занона, мардона, либоси мактабӣ, варзишӣ, тагпӯш ва либоси ягонаи соҳавӣ, ҷӯробу пайпоқ, рӯйҷойҳо, сачоқҳо, маҳсулоти кешбофӣ, рӯймолу сарпушҳои пахтагӣ, абрешимӣ, пашмию чармӣ, пойафзол, либосҳо, камарбанд, ҷузъдону ҷомадонҳои чармӣ, маҳсулоти қаннодӣ, шоколад, мармелад, шарбату консерваҳои меваю сабзавот ва гӯшту ширӣ, ҳасибу панир ва дигар маҳсулоти ниҳоии ширию гӯштӣ бо дарёфти бозори фурӯши онҳо;

- гузаронидани корҳои геологию иктишофии захираҳои табиӣ;

- барқарор намудан ва рушди минбаъдаи истеҳсолоти кимиёвӣ барои зиёд намудани истеҳсоли нуриҳои минералӣ, воситаҳои кимиёи маишӣ, содаи каустикӣ ва ғайра;

- ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти бастабандӣ, инчунин зарфҳои органикӣ, синтетикӣ, алюминӣ ва шишагин;

- зиёд намудани истеҳсоли молҳои ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот;

- дарёфти механизмҳои ҷалби қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат аз ҷониби ташкилотҳои молиявию қарзӣ ҷиҳати таъмини маблағҳои гардишӣ бо фоизҳои дастрас, бахусус "Саноатсодиротбонк" барои пиллапарварон, пахтакорон, корхонаҳои коркарди сикли пурраи нахи пахта, пилла ва пӯсту пашм;

- ба роҳ мондани фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки "ТК Ойл" дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" бо иқтидори коркарди 500,0 ҳазор тонна нафт дар як сол;

- ташкили маҷмааи корхонаҳои нассоҷии "Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк" дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бо иқтидори коркарди 15 ҳазор тонна нахи пахта ва сармоягузориҳои хориҷӣ ба маблағи 150 млн доллари ИМА дар марҳилаи аввал ва 300 млн доллари ИМА дар марҳилаи дуюм тариқи роҳандозии чор сикли пурраи коркарди нахи пахта;

- тақвият додани фаъолияти бонизоми минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди вилоят.

52. Ҳаллу фасли масъалаҳои зерин дар самти ҷалби воситаҳои фондҳои инноватсионии рушд, сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои соҳаҳои саноат ва комплекси агросаноатӣ мусоидат хоҳад кард:

- ташкили стартапҳо, паркҳои технологӣ, бизнесинкубаторҳо ва ғайра;

- таҳияи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки саноати вилоят;

- ташкил ва истифодаи воситаҳои "Фонди сармояи венчурӣ" барои амалишавии лоиҳаҳо оид ба кам намудани хароҷоти корхонаҳои саноатӣ;

- таҳияи лоиҳаҳо оид ба зиёд намудани арзиши иловашудаи маҳсулоти саноатӣ дар заминаи истифодаи нисбатан пурраи захираҳои маҳаллӣ;

- таъсис ва рушди ассотсиатсияҳои соҳавӣ барои рушди саноатикунонии босуръат дар заминаи ҳадафу афзалиятҳои сатҳи миллӣ.

53. Дар сурати амалӣ намудани тадбирҳои зикргардида соҳаи саноати вилоят метавонад ба натиҷаҳои чашмдошти зерин ноил гардад:

- ҳиссаи саноати вилоят дар маҳсулоти умумии саноати кишвар аз ҳисоби рушди босуръати соҳа ва баланд шудани арзиши иловашудаи маҳсулоти саноатӣ то 30,4 фоиз расида, барои гузариш ба иқтисодиёти индустриалӣ-аграрӣ мусоидат менамояд;

- содироти маҳсулоти саноатии вилоят то 112 фоиз таъмин карда мешавад;

- зиёда аз 10,7 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис ёфта, ҳайати истеҳсолии саноатӣ ба 30 ҳазор нафар мерасад.

§2. Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи асосии ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ

54. Тамоюли солҳои охир дар арзёбии иқтисодиёти мамлакат нишон медиҳад, ки сатҳи баланди афзоиши табиии аҳолии кишвар (ҳамасола 2,2 фоиз), зиёд шудани бекорӣ, афзоиши нархи сӯзишворӣ (гази моеъ, бензин, сӯзишвории дизелӣ ва равғанҳои молиданӣ), инчунин истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои замину об боиси баланд гардидани нархи маҳсулоти озуқаворӣ мегардад. Аз ҳамин лиҳоз соҳаи кишоварзии вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ ва соҳаҳои саноат бо ашёи хом рушди устувори интенсивии истеҳсолотро роҳандозӣ намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид вобаста ба шуғли доимӣ саъю талош кунад. Соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2020 аз рӯи ҳисса дар маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 47 фоиз ва дар таркиби сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ 55,9 фоизро ташкил дода, суръати афзоиши миёнаи солонаи маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 2016-2020 ба 14,9 фоиз расид. Дар соҳаи кишоварзии вилоят 259,5 ҳазор нафар машғули коранд, ки 66,2 фоизи шуғли умумии вилоятро ташкил дода, 3/2 ҳиссаи корхонаҳои истеҳсолии фаъоли вилояти Хатлон ба корхонаҳои агросаноатӣ тааллуқ дорад.

55. Давоми солҳои охир дар бахши кишоварзии вилоят барои ҳалли масъалаи диверсификатсияи истеҳсолот тариқи ташкили кишти такрорӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва сердаромади содиротӣ, васеъ намудани майдони кишти сабзавот ва бунёди боғу токзорҳои серҳосил амалӣ гардидани тадбирҳои муассир мушоҳида мегардад. Ба ҳолати 1 январи соли 2021 шумораи умумии хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 66559 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 70 адад хоҷагиҳои давлатӣ, 2572 адад ба хоҷагиҳои коллективӣ ва кооперативӣ, 48 адад ба ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, 197 адад ба хоҷагиҳои ёрирасон, 63672 адад ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ рост меояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар давоми солҳои охир динамикаи афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба назар мерасад ва ин нишондиҳанда дар соли 2020 маблағи 16 млрд 985 млн сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба нишондиҳандаи соли 2016 ба андозаи 4,1 млрд сомонӣ зиёд мебошад. Дар таркиби сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи бахши растанипарварӣ нисбат ба бахши чорводорӣ тақрибан 2,4 маротиба зиёдтар буда, мутаносибан 70,4 ва 29,6 фоизро ташкил медиҳад.

56. Бахши растанипарварӣ ҳамчун муҳаррики асосии пешбарандаи кишоварзии вилоят маҳсуб ёфта, асосан барои парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавот, картошка, полезӣ, мева, ангур ва пахта махсус гардонида шудааст. Майдони заминҳои обии вилоят 285,4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Майдони заминҳои корам 328,1 ҳазор гектар буда, аз ин ба заминҳои корами обӣ 234,3 ҳазор гектар рост меояд. Ҳосилнокии миёнасолонаи ғалладонагиҳо дар давоми панҷ соли гузашта 36,5 сентнер/га, пахта 19,5 сентнер/га, сабзавот 271,4 сентнер/га, полезиҳо 283,9 сентнер/га, картошка 179,5 сентнер/га, мева 71,2 сентнер/га ва ангур бошад, зиёда аз 88 сентнер аз як гектарро ташкил кард.

57. Ривоҷ додани самти боғпарварӣ дар вилоят барои таъмини талаботи бозори дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бинобар муҳайё будани шароити иқлими мусоид аз ҷониби коршиносони маҳаллӣ мусбӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар давоми солҳои 2016-2020 дар вилоят зиёда аз 6,1 ҳазор гектар боғу токзорҳои нави содиротӣ бо истифода аз парвариши ниҳолҳои пайвандии стандартӣ ва минтақабоби сертификатдошта бунёд карда шуданд. Дар ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Қубодиён, Панҷ, Данғара, Восеъ, Муъминобод, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Ховалинг ва Балҷувон 185 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд карда шуд. Барои сари вақт коркард намудани меваю сабзавот дар вилоят бунёди 26 коргоҳи коркард ва 5 корхонаи мевахушкунӣ дар панҷ соли оянда дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин, бо мақсади аз байн бурдани талафот ва таъмини доимии бозор, айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои нигоҳдории меваю сабзавот 50 сардхона бо иқтидори 20040 тонна маҳсулот ва 26 анборхона бо иқтидори 5547 тонна мавҷуд мебошад. Мушкилии асосӣ, ки имрӯз боғпарварони вилоят ба он мувоҷеҳ гардидаанд, нокифоя будани корҳои мубориза бар зидди ҳашарот ва касалиҳо мебошад.

58. Бахши чорводорӣ дар ташаккули маҳсулоти умумии кишоварзии вилоят саҳми назаррас надорад, аммо таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ширу гӯшт хеле муҳим мебошад. Аз ин рӯ давоми солҳои охир динамикаи афзоиши нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа мушоҳида мегардад.

59. Дар соли 2020 саршумори чорвои калони шохдор 1 млн. 1,3 ҳазор сарро ташкил дод, ки назар ба нишондиҳандаи соли 2016 66,2 ҳазор сар зиёд мебошад. Афзоиши саршумори моли майда ва паранда низ ба назар мерасад. Саршумори моли майда дар соли 2020 ба 2,4 млн. сар расид, ки нисбат ба соли 2016 189 ҳазор сар зиёд мебошад.

60. Саршумори паранда низ ҳамасола зиёд гардида, дар соли 2016 1 млн. 772,5 ҳазор сарро ташкил дода, дар соли 2020 тақрибан ба 2,2 млн. сар расидааст, ки нисбат ба соли 2016 432,7 ҳазор сар зиёд мебошад.

61. Давоми панҷ соли охир маҳсулнокии бахши чорводорӣ аз рӯи ҳамаи намудҳои маҳсулоти чорводорӣ (ба истиснои пилла) мушоҳида мегардад. Сабаби асосии коҳиш ёфтани истеҳсоли пилларо мутахассисони соҳа дар набудани бозори фурӯш мебинанд. Дар давраи солҳои 2015-2020 суръати миёнаи солонаи истеҳсоли гӯшт 9,7 фоиз, шир 17,1 фоиз, тухм 5,1 фоиз ва асал 0,18 фоизро ташкил дод.

62. Тибқи маълумоти мавҷуда ҳоло дар ҳудуди вилоят 108 нуқтаи бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 19 -то дар бахши ҷамъиятӣ ва 89 -то дар бахши хусусӣ мавҷуд мебошад. Ҳамчунин дар ҳудуди вилоят 34 хоҷагии зотпарварӣ, аз ҷумла 4 хоҷагии зотпарварии асп, 15 хоҷагии зотпарварии гӯсфанду буз ва 15 хоҷагиҳои чорво амал мекунад, ки ҷиҳати афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва нигоҳдории генофонди мавҷудаи чорво нақши муҳим мебозанд. Айни замон дар хоҷагиҳои мавҷуда 5762 чорвои калони шохдор, 160,1 ҳазор сар чорвои майдаи шохдор ва 403 сар асп парвариш меёбад.

63. Дар ин раванд давоми солҳои охир ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус дода мешавад, ки дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад. Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсол 2236,3 тоннаро ташкил дод, ки назар ба нишондиҳандаи соли 2015 150 фоиз зиёд мебошад. Ҳоло дар ҳудуди вилоят 255 хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба қайд гирифта шудааст ва дар назар аст, ки шумораи онҳо то соли 2023 ба 260 хоҷагӣ расонида шавад.

64. Яке аз мушкилоти асосие, ки моҳипарварони вилоят ба он дучор гардида истодаанд, ин дуруст фаъолият накардани озмоишгоҳҳои мавҷуда (дар минтақаи Кӯлоб бошад, умуман озмоишгоҳ вуҷуд надорад), норасогии хӯрокии биологии моҳӣ, сари вақт ҷудо нагардидани заминҳои кишт барои мустаҳкам намудани базаи хӯроки моҳӣ, паст будани сифати кирминаҳои истеҳсоли ватанӣ ва баланд будани арзиши кирминаҳои воридотӣ (аз хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд (асосан аз шаҳри Гулистон) ва Федератсияи Россия мебошад.

65. Самти занбӯрпарварӣ давоми солҳои охир дар вилоят рӯ ба инкишоф дорад. Дар ҳудуди вилоят дар соли 2020 61871 ҳазор оилаи занбӯри асал ба қайд гирифта шуда, истеҳсоли асал ба 1067 тонна расонида шудааст ва ин дар қиёс нисбат ба соли 2016 106,6 тонна зиёд мебошад.

66. Аз майдони умумии заминҳои обии вилоят, ки 285,1 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, зиёда аз 25,6 фоизи он (73,1 ҳазор гектар) тариқи насосҳо обёрӣ мешавад. Низоми ирригатсионии вилоят аз 140 истгоҳи обкашии давлатӣ ва 183 чоҳҳои амудӣ, ки дар мувозинаи идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ қарор доранд, иборат аст. Дарозии каналҳои давлатии ирригатсионӣ 9,9 ҳазор километр ва шабакаҳои заҳбуру заҳкашҳо бошад, 7 ҳазор километрро дар бар мегирад. Таҷҳизот ва хатҳои технологии низоми ирригатсионии вилоят бинобар солҳои зиёд аз меъёри муқарраргардида зиёд истифода гардидан куҳнаю фарсуда шуда, ба таъмири асосӣ ниёз доранд. Дараҷаи эътимоди обгирӣ ва коэффитсиенти кори фоиданоки каналҳои байнихоҷагӣ ва заҳбурҳо тибқи ҳисобу китоби коршиносони соҳа паст шуда истодааст. Фарсудашавии воситаҳои асосии шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва истгоҳҳои обкашӣ аз ҳисоби арзиши боқимонда 76,8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин норасоии техникаи махсуси соҳа ҷиҳати тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо хоҷагиҳоро ба мушкилӣ мувоҷеҳ сохтааст. Аз шумораи умумии мошинҳо, экскаваторҳо ва булдозерҳо (69 техника) дар нимсолаи якуми соли 2020 ба миқдори 21 техника таъмирталаб мебошад.

67. Дар ҳудуди вилоят 14675 гектар заминҳои партов аз ин (13304 га обӣ) ва 16707 га заминҳои ҳолати мелиоративиаш ғайриқаноатбахш мебошад, ки 9 фоизи майдони умумии заминҳои обиро ташкил медиҳад.

68. Ба масъалаҳои дар самтҳои алоҳида зикргардида ва муваффақиятҳои бадастомада дар бахши кишоварзии вилоят ҳаллу фасли масъалаҳои зерин ногузир мебошад, аз ҷумла гузаронидани ислоҳоти самаранок ва мукаммал намудани муносибатҳои замин, дарёфт ва ҷалби субсидияҳои давлатӣ, сармоягузориҳои дохилию хориҷӣ дар заминаи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, дарёфт намудани механизмҳои беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ (роҳҳои байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагиҳо), ба роҳ мондани низоми баланд бардоштани малакаи маркетингӣ, коҳиш додани истифодаи ғайриоқилона ва идоракунии ҳамгироии пасти захираҳои табиӣ ва низоми обёрӣ, ки ба коҳишёбии ҳосилнокии хок, бад шудани ҳолати мелиоративии он ва зиёд шудани масоҳати заминҳои истифоданашаванда оварда расонидааст, дарёфти роҳу усулҳои ҳаллу фасли масъалаи гузаронидани инфрасохтори обёришаванда ва заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва роҳандозӣ намудани механизмҳои дастгирии давлатӣ барои рушди устувор ва фаъолияти ин ассотсиатсияҳо, инчунин кор карда баромадан ва ҷорӣ намудани низоми самараноки ҳавасмандгардонии давлатӣ барои аз худ намудани заминҳои нави кишоварзӣ, ба муомилот баргардонидани заминҳои қаблан обёришавандаи шӯр, ботлоқзор ва ғайра.

4. САРЧАШМАҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

69. Сарчашмаи асосии амалигардонии Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ, ҳамчунин аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои имконпазир, аз ҷумла сармоягузориҳои хусусии дохилӣ ва хориҷӣ, маблағҳои шарикони рушд дар шакли грант ва қарзҳо ва кумаки расмӣ барои рушд дар доираи маблағгузориҳои Ҳадафҳои рушди устувор мебошад. Ҷалби воситаҳои молиявӣ барои амалинамоии чорабиниҳои банақшагирифташуда дар ҳамбастагии зич ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи иштирокчиёни раванди амалишавии Барнома сурат мегирад.

70. Арзиши Барнома аз рӯи арзиши тахминии чорабиниҳое, ки ба Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он ворид шудаанд, ҳисоб карда шуда, 5461,18 млн. сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ:

- маблағҳои буҷети давлатӣ - 44,3 млн. сомонӣ ё 0,8 фоиз;

- маблағҳои шарикони рушд (бо дарназардошти кумакҳои расмӣ) - 296,28 млн. сомонӣ ё 5,4 фоиз;

- маблағҳои бахши хусусӣ (дохилӣ ва хориҷӣ) - 5120,60 млн. сомонӣ ё 93,8 фоиз.

5. НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

71. Ноил гаштан ба ҳадафҳо, ки ба ҳалли ин ё он мушкилии мушаххас равона шудаанд, бе банақшагирии ҳамаҷонибаи ҷараёни амалишавии он ғайриимкон аст.

72. Аз ҳамин лиҳоз низоми мониторинг ва арзёбии Барнома тавре тарҳрезӣ шудааст, ки барои расидан ба ҳадафҳои муқарраргардида тавассути ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатии кишвар, сафарбаркунии захираҳои молиявии дохилӣ ва хориҷӣ, истифодаи мақсаднок ва самараноки онҳо дар асоси ҷалби тамоми ҷонибҳои дахлдор, аз ҷумла шарикони рушд дар амалигардонии Барнома таъмин карда шавад.

73. Ҳангоми таҳияи низоми мониторинг ва арзёбии Барнома принсипҳои асосии зерин ба инобат гирифта шудаанд:

- таъмини равандҳои мустақили низоми мониторинг ва арзёбӣ, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ;

- таваҷҷуҳ ба натиҷа ва афзалиятҳои барнома;

- истифодаи технологияҳои нави мониторинг ва арзёбӣ;

- иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор бо ҷалби мақомоти сатҳи миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд;

- муназзамӣ ва мунтазамӣ;

- дастрасӣ ба иттилоот;

- пешниҳоди иттилооти босифат, муҳим ва боэътимод;

- риояи меъёру қоидаҳо;

- ошкорбаёнӣ ва шаффофият.

74. Сохтори низоми мониторинг ва арзёбии Барнома аз унсурҳои зерин иборат аст:

- хусусиятҳои асосии Барнома;

- индикаторҳои арзёбишаванда (нишондиҳандаҳо), ки тавассути онҳо пайгирии хусусиятҳо имконпазир аст;

- сарчашмаҳои иттилоот барои гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ;

- низоми ҷамъоварии маълумот;

- даврият ва ҷадвали ҷамъоварии маълумот;

- масъулин барои дастрас намудан ва пешниҳод кардани иттилооти зарурӣ;

- коркард ва таҳлили маълумоти бадастомада;

- истифодабарандагони натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ;

- хароҷоти зарурӣ барои гузаронидани мониторинг ва арзёбӣ;

- паҳн намудани натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ.

75. Ҳадафҳои Барнома ҳамон натиҷаҳое мебошанд, ки дар ҳолати бомуваффақият амалӣ намудани Барнома дар назар дошта шудаанд. Ҳадафҳои Барнома ҳамзамон ҳадафҳои фосилавии Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 ва барномаҳои дахлдори соҳавӣ мебошанд:

- вазифаҳо - ҷузъҳои (қисмҳои) ҳадафҳо (зерҳадафҳо) ва ё натиҷаи бевоситаи амалҳо дар доираи Барнома мебошанд. Ҳар як ҳадафи Барнома аз як ё якчанд вазифаҳо иборат аст. Вазифаҳо дар доираи Барнома роҳи ноил гаштан ба ҳадафҳо мебошанд;

- тадбирҳо - ин амалҳои мушаххаси ба ҳалли вазифаҳои гузошташуда равонашуда мебошанд. Тадбирҳо дар доираи Барнома воситаҳо ва усулҳои ноил гаштан ба ҳадафҳо мебошанд;

- ҳамаи ҳадафу вазифаҳо, чорабиниҳо, инчунин индикаторҳои мақсаднок дар доираи Барнома дар асоси меъёрҳои ҒMART (яъне мушаххас, арзёбишаванда, ноилшаванда, муносиб ва дорои муҳлати муайян) тартиб дода шудаанд;

- низоми индикаторҳои барнома, маҷмӯи мураттабгардидаи нишондиҳандаҳои ба ҳам алоқамандро барои тавсифи натиҷаҳои ҳадафҳои мақсадноки муқарраргардида ифода менамояд. Мониторинг ва арзёбии Барнома дар асоси нишондиҳандаҳо (бузургиҳои мақсаднок) ва тадбирҳои амалишаванда дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома дар сатҳи минтақаҳо ва маҳалҳо роҳандозӣ карда мешавад.

76. Дар низоми мониторинг ва арзёбии раванди амалишавии Барнома панҷ намуди нишондиҳандаҳое, ки воситаҳои низоми мониторинг ва арзёбӣ ба ҳисоб мераванд, истифода бурда мешаванд:

- индикаторҳои тадбирҳо (activitieғ) нишон медиҳанд, ки кадом тадбирҳо, барои ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин онҳо амалигардонии тадбирҳоро барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда таҷассум менамоянд;

- индикаторҳои захираҳои истифодашаванда (input) нишон медиҳанд, ки кадом захираҳо бо кадом миқдор барои ба даст овардани ҳадафҳои гузошташуда заруранд. Онҳо сиёсати ҷалб ва тақсимоти воситаҳои молиявии буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои (донорӣ, бахши хусусӣ) барои амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2021-2025 истифодашавандаро пешниҳод менамоянд. Бо ибораи дигар онҳо арзиши чорабиниҳоро инъикос мекунанд;

- индикаторҳои таъсиррасон (impact) нишон медиҳанд, ки кадом натиҷаҳои ниҳоӣ, инчунин тағйирот дар самти ҳадафҳои гузошташудаи стратегии сатҳи миллӣ ва беҳтар гардидани некуаҳволии аҳолӣ ба даст оварда мешаванд;

- индикаторҳои боздеҳ (output) нишон медиҳанд, ки пас аз роҳандозии амалҳо ва қабули чораҳо кадом намуди неъматҳо - маҳсулоти манфиатнок фароҳам оварда шудаанд. Онҳо натиҷаҳои фаъолияти шахсони масъулро (мақомоти давлатӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор) бевосита инъикос менамоянд;

- индикаторҳои натиҷаҳои ниҳоӣ (outcome) нишон медиҳанд, ки фароҳам овардани неъматҳо - маҳсулот дар доираи амалишавии Барнома ба чӣ оварда расонидааст. Дар натиҷа оё вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар тағйир ёфтааст ва ё то кадом андоза дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии давлатӣ ва қаноатмандӣ бо ин хизматрасониҳо таъмин карда шудааст.

77. Таҷриба нишон медиҳад, ки на ҳама вақт имконияти интихоб кардани нишондиҳанда барои арзёбии бевоситаи амалҳои зарурӣ ё натиҷа вуҷуд дорад. Дар ин ҳолат арзёбиҳои ғайримустақим истифода бурда мешаванд. Чунин нишондиҳандаҳоро прокси-индикаторҳо номида мешаванд, ки дар Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барнома муайян карда шудаанд.

78. Ба сарчашмаҳои маълумот барои низоми мониторинг ва арзёбӣ ва раванди амалишавии Барнома инҳо дохил мешаванд:

- омори (расмӣ) давлатӣ (махзани маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- омори идоравӣ (махзани маълумоти фосилавӣ ва ҳисоботи солонаи вазорату идораҳои кишвар);

- омори ташкилотҳо ва корхонаҳои алоҳида (махзани маълумоти ташкилоту корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор бе дарназардошти омори давлатӣ);

- омори алтернативӣ (махзани маълумоти институтҳоташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои мустақили тадқиқотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба пурсишҳои сотсиологии аҳолӣ, таҳқиқоти интихобии минтақаҳо, гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, хоҷагиҳои хонаводаҳо ё дигар таҳқиқоти гуногун асос меёбад).

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2022, №91

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026

Ниг. ба Замима