Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 № 732 "Дар бораи муқаррар намудани мӯҳлати оғози сохтмон ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Евразия Текстайл"-и ноҳияи Данғара"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муқаррар намудани мӯҳлати оғози сохтмон ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Евразия Текстайл"-и ноҳияи Данғара

Мутобиқи қисми 5 моддаи 313 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҷадвали мӯҳлати оғози сохтмон ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Евразия Текстайл"-и ноҳияи Данғара тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи мӯҳлати тасдиқшуда назорати оғози сохтмон ва ба кор даровардани иншоотҳои ҳар як силсилаи алоҳидаи истеҳсолу коркарди нахи пахта то ба даст овардани маҳсулоти ниҳоӣ ва пешниҳоди имтиёзи андозиро дар доираи ваколатҳои худ таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 ноябри соли 2015 № 732

ш.Душанбе

Замима

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении сроков начала строительства и ввода в эксплуатацию объектов каждого отдельного цикла производства и переработки хлопкового волокна до получения конечной продукции в Обществе с ограниченной ответственностью "Евразия Текстайл" Дангаринского района

В соответствии с частью 5 статьи 313 Налогового кодекса Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить график сроков начала строительства и ввода в эксплуатацию объектов каждого отдельного цикла производства и переработки хлопкового волокна до получения конечной продукции в Обществе с ограниченной ответственностью "Евразия Текстайл" Дангаринского района (прилагается).

2. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан и Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан в рамках своих полномочий обеспечить контроль за началом строительства и вводом в эксплуатацию объектов каждого отдельного цикла производства и переработки хлопкового волокна до получения конечной продукции и представлением налоговых льгот согласно утвержденным срокам.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 28 ноября 2015года, № 732

*График