Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2022, № 91 "Дар бораи Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026

Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушди маҷмӯии индустриалию аграрии вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон:

- бо мақсади амалӣ намудани Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он дар самти ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва институтҳои молиявӣ ҳамкорӣ намояд;

- шаклҳои ҳисоботро оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи мазкур таҳия намояд.

4. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти ҷамъбастиро ҳар сол то 1 апрел ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 1 марти соли 2022, № 91