Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарор
Дар бораи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027
Мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳру ноҳияҳо якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии онро аз ҳисоби маблағҳои дар буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ барои ин мақсадҳо пешбинишаванда, инчунин аз ҳисоби истифодаи маблағҳои хизматрасонии соҳа ва ҷалби сармояҳои мустақими дохилию хориҷӣ таъмин намоянд.
3. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мониторинг ва ҷамъбасти маълумоти ҷории вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Барномаи мазкур ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 марти соли 2022, №90