Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №775
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №775 "Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
- аз банди 1 калимаҳои ", қи тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012, №34 "Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012" аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ пешниҳод гардидааст," хориҷ карда шаванд;
- дар банди 2 калимаҳои "Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии" ба калимаҳои "Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли" иваз карда шаванд.
2. Ба замимаҳои 1-10 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №775 "Дар бораи Тавсияномаҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1) дар кунҷи рости болои замимаҳои 1-10 калимаҳо ва рақамҳои "ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012, №775" ба калимаҳои "ба Тавсияҳои методӣ оид ба муайян намудани сабади истеъмолӣ барои гурӯҳҳои асосии иҷтимоию демографии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
2) замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 дар таҳрири нав тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4);
3) дар замимаи 5:
- дар сатрҳои 1.1 ва 1.2 банди 1 "Гурӯҳи болопӯшҳо (палто)" рақами "7" ба рақами "6" иваз карда шавад;
- дар сатри 4.1 банди 4 "Каллапӯшҳо ва маҳсулоти чарчинворӣ" рақами "9" ба рақами "6" иваз карда шавад;
4) дар замимаи 6:

- дар сатри 4.1 банди 4 "Каллапӯшҳо ва маҳсулоти чарчинворӣ" рақами "7" ба рақами "6" иваз карда шавад;
5) дар сатри 2.8 банди 2 замимаи 7 "Гурӯҳи болопӯшҳо костюмкуртаҳо" рақами "12" ба рақами "48" иваз карда шавад;
6) дар замимаи 9:
- дар сатри 12 калимаи "Радио" ба калимаҳои "Телефони мобилӣ" иваз карда шавад;
- дар сатри 13 рақам ва калимаи "10 фоиз" ба рақам ва калимаи "20 фоиз" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 феврали соли 2022, № 76