Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2022, № 62 "Дар бораи Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода

Мутобиқи моддаи 59 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Тартиби мазкурро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинишаванда, ҷалби маблағҳои сармоявии шарикони рушд ва дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                               Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 26 феврали соли 2022, № 62