ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода
Мутобиқи моддаи 59 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби ташкили расонидани кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои Тартиби мазкурро дар доираи маблағҳои ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинишаванда, ҷалби маблағҳои сармоявии шарикони рушд ва дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 феврали соли 2022, № 62
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Порядке организации оказания медицинской помощи при чрезвычайных ситуациях
В соответствии со статьей 59 Кодекса здравоохранения Республики Таджикистан Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Порядок организации оказания медицинской помощи при чрезвычайных ситуациях (прилагается).
2. Министерству здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов обеспечить выполнение настоящего Порядка в рамках средств, ежегодно предусматриваемых в государственном бюджете для сферы здравоохранения и социальной защиты населения, привлечения инвестиционных средств партнеров по развитию и других источников финансирования, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 26 февраля 2022 года, №62