Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2022, №58
тасдиқ шудааст
Тартиби мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 686)
1. Тартиби мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар (минбаъд - Тартиби мазкур) масъалаҳои марбут ба мусоидати мақомоти давлатӣ барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд.
2. Роҳнамоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони дорои имтиёз тибқи номгӯи гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва нишондодҳои тиббӣ ба хизматрасонии тиббии ройгон ҳуқуқ доранд, ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи онҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад.
3. Кумаки башардӯстона, грантҳо ва маблағҳои иловагие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дарёфт менамоянд ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, манбаи иловагии кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
4. Барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - беморон) дар он ҳолат фиристода мешаванд, ки агар гузаронидани ташхис ё табобат дар ҷумҳурӣ ғайриимкон бошад.
5. Асоси баррасии масъалаи фиристодани бемор барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дархости хаттии бемор (намояндаи қонунии ӯ) дар бораи зарурати табобат дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи нусхаи шиноснома, маълумотнома аз ҷои истиқомат ва ҷойи будубош ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст, мебошад.
6. Ба дархости хаттии бемор (намояндаи қонунии ӯ) инчунин иқтибос аз таърихи беморӣ, ки аз ҷониби муассисаи тандурустии ҷумҳуриявӣ бо қайди маълумот оид ба вазъи саломатӣ, муоина ва табобатҳои анҷомдода ва тавсия, ки дар он оид ба ташхису табобати иловагӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, замима карда мешаванд.
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се рӯзи корӣ аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 5 ва 6 Тартиби мазкур (минбаъдҳуҷҷатҳо) пешбинигардида бақайдгирии онҳоро анҷом дода, маълумотро дар бораи бемор ба рӯйхати беморони интизори роҳхат барои табобат дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи замимаи 1 ба Тартиби мазкур ворид мекунад.
8. Дар давоми панҷ рӯз аз рӯзи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои омода кардани маълумот дар бораи истифодаи (истифода накардани) усулҳои ташхис ва табобат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба бемор тавсия дода шудааст ва ба муассисаи махсусгардонидашудаи ҷумҳуриявӣ барои таҳияи хулоса оид ба мақсаднок (номувофиқ) будани фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд.
9. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо онҳоро баррасӣ карда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин ба бемор (намояндаи қонунии ӯ) оид ба иҷро кардани (накардани) усулҳои ташхис ва табобати ба бемор тавсияшуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ирсол менамояд.
10. Муассисаи махсусгардонидашудаи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳуҷҷатҳои қабулшударо баррасӣ карда, беморро дар шароити амбулаторӣ ва (ё) беморхонавӣ муоина намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса оид ба мақсаднок (номувофиқ) будани фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нусхаи онро ба бемор (намояндаи қонунии ӯ) дар муҳлати на зиёда аз си рӯз аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳо пешниҳод менамояд.
11. Оид ба фиристодани бемор барои кумаки тиббӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби комиссияи дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда (минбаъд-комиссия) дар асоси маълумотномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин хулосаҳои муассисаи махсусгардонидашудаи ҷумҳуриявӣ дар муҳлати на зиёда аз панҷ рӯз аз санаи дастрас шудани хулосаи сармутахассис-коршинос ҷиҳати тибқи нишондод дар ташхис ва табобати бемор истифода шудани тамоми усулҳои ташхис ва табобати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатдодашуда қарор қабул карда мешавад.
12. Ҳангоми қабули қарор дар бораи фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия бо дарназардошти нишондодҳои тиббӣ ва нишондиҳандаҳои самаранокии табобатии ташкилоти тиббии хориҷиро муайян мекунад ва инчунин масъалаи зарур будани мушоиати беморро баррасӣ менамояд.
13. Қарори фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ тартиб дода мешавад. Аз ҷониби комиссия нусхаи қарор оид ба фиристодан барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемор (намояндаи қонунии ӯ) дастрас карда мешавад.
14. Ҳангоми қабули қарор оид ба фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби котиби комиссия дар варақаи мунтазирии роҳхат барои табобат дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи замимаи 1 ба Тартиби мазкур тартиб дода шудааст, қайд карда мешавад.
15. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сафарбарнамоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва пешниҳоди маълумотнома тибқи замимаи 2 ба Тартиби мазкур масъул мебошад.
16. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- бо ташкилоти тиббии хориҷӣ оид ба табобат шартномаро ба имзо мерасонад, ки дар он шартҳои пардохти хизматрасонии тиббӣ, инчунин сметаи хароҷоти аз ҷониби тарафҳо мувофиқашуда пешбинӣ шудааст;
- маблағҳоро ба ташкилоти тиббии хориҷӣ бо асъори хориҷӣ интиқол медиҳад;
- барои муолиҷа берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи пайдарпайии муқаррарнамудаи рӯйхати мунтазири роҳхатҳо барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мекунад;
- тибқи қоидаҳои пардохти хароҷот бо асъори хориҷии марбут ба табобати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиш тасдиқ шудаанд, ба бемор маблағҳоро бо асъори хориҷӣ ҷудо мекунад;
- баъди гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар вобаста ба маблағҳои харҷшудаи аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохтшуда аз беморон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро дархост ва қабул менамояд;
- марҳилаҳои барои кумаки тиббӣ, протезию ортопедӣ ба хориҷи кишвар равона намудани беморонро бо роҳи банақшагирии маблағҳо дар буҷети давлатӣ ба танзим медарорад;
- маълумотро дар бораи хароҷоти маблағҳои буҷети давлатӣ ҷиҳати расонидани кумаки тиббӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои дигар тибқи замимаи 3 омода намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд.
17. Агар комиссия дар бораи радди фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намояд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ рӯз аз рӯзи қабули қарор нусхаи онро ба бемор (намояндаи қонунии ӯ) ва дар сурати мавҷуд будани нишондоди тиббӣ, ба бемор (намояндаи қонунии ӯ) дар хусуси аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ расонидани кумаки тиббӣ, аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои муосири тиббӣ дар ҷумҳурӣ тавсия медиҳад.
18. Аз болои қарори рад кардани фиристодани бемор барои табобат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
19. Маблағи тибқи Тартиби мазкур барои гирифтани кумаки тиббӣ ва протезию ортопедӣ дар мамлакатҳои дигар ҷудошуда тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (№ 686).
20. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иҷро накардани Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (№ 686).
Ниг. ба Замимаҳои 1-3

19. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иҷро накардани Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ниг. ба Замимаҳои 1-3