Низомномаи Комиссияи даъватии ҷумҳуриявии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз 26 феврали соли 2022, № 56

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №56

Низомномаи Комиссияи даъватии ҷумҳуриявии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Комиссияи даъватии ҷумҳуриявии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ (минбаъд - Низомнома) бо мақсади ташкил ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ таҳия гардида, ваколатҳои раис ва ҳайати Комиссияи даъватии ҷумҳуриявии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ (минбаъд - Комиссия), ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян менамояд.

2. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ КОМИССИЯ

3. Комиссия дар ташкил ва гузаронидани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ;

- назорати рафти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, фаъолияти нуқтаҳои ҷамъшавӣ, гузаронидани маъракаҳои гусели тантанавии даъватшавандагон, таъмини молу мулки шайъӣ, озуқаворӣ ва беҳдоштиву санитарӣ;

- назорати таъсис ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳо;

- назорати фиристонидани даъватшавандагон ба маҳалли адои хизмати ҳарбӣ;

- назорати рафти даъват ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва тақсимоти даъватшавандагон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ, инчунин хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ;

- таъсиси комиссияи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;

- вобаста ба фаъолият аз комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ талаб намудани ҳисобот;

- ҳангоми зарурат ба ҷаласаи Комиссия даъват намудани шахсони дигар;

- таъмин намудани иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Комиссия гузошташуда;

- пеш аз даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ гузаронидани ҷаласа ва қабул намудани қарор;

- баррасии муроҷиати шаҳрвандон оид ба масъалаҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ;

- пешниҳод намудани ҳисобот аз натиҷаи фаъолияти Комиссия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

БОБИ 3. ВАКОЛАТҲО, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ РАИС ВА ҲАЙАТИ КОМИССИЯ

4. Раиси Комиссия ваколатҳои зеринро доро мебошад:

- роҳбарии фаъолияти Комиссияро амалӣ мекунад;

- ҷаласаҳои Комиссияро даъват мекунад ва мегузаронад;

- вазифаҳоро байни ҳайати Комиссия тақсим менамояд;

- масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро тартиб дода, оид ба иҷрои масъалаҳои баррасигардида ба аъзои Комиссия дастуру супоришҳо медиҳад;

- бо дарназардошти пешниҳодҳои аъзои Комиссия рӯзномаи ҷаласаи Комиссияро тасдиқ менамояд;

- сана, макон ва вақти гузаронидани ҷаласаи Комиссияро муқаррар менамояд;

- пешниҳодҳои ҳайати Комиссияро якҷо бо аъзои Комиссия баррасӣ менамояд;

- қарорҳои қабулкардаи Комиссияро тасдиқ менамояд;

- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

5. Раиси Комиссия ҳуқуқ дорад:

- дар ҳолати зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатии Комиссияро даъват намояд;

- аз ҳайати Комиссия, асосноккуни масъалаҳои баррасишавандаро, ки ба рӯзномаи кори ҷаласаи Комиссия манзур намудаанд, талаб намояд.

6. Раиси Комиссия уҳдадор аст:

- барои пешбурди кори Комиссия ва иҷрои вазифаҳои он масъулият дошта бошад;

- ба протоколҳои ҷаласаи Комиссия имзо гузорад.

7. Муовинони раиси Комиссия ваколатҳои зеринро доро мебошанд:

- оид ба иҷрои супоришҳои раиси Комиссия чораҳои зарурӣ меандешанд;

- оид ба самтҳои асосии фаъолияти Комиссия пешниҳодҳо омода менамоянд;

- бо супориши раис (яке аз муовинон, ки раиси Комиссия муайян менамояд) дар набудани ӯ ба ҷаласаҳои Комиссия роҳбарӣ намояд.

8. Муовинони раиси Комиссия ҳуқуқ доранд, ки ҷиҳати иҷрои супоришҳои раиси Комиссия пешниҳоди дахлдор омода намоянд.

9. Муовинони раиси Комиссия уҳдадоранд:

- назорат ва иҷрои қарорҳои қабулкардаи Комиссияро таъмин намоянд;

- супоришҳои раиси Комиссияро иҷро намоянд.

10. Котиби Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- нақшаи ҷаласаи Комиссия ва рӯзномаи онро таҳия намуда, ба раиси Комиссия пешниҳод намояд;

- супоришҳои раис ва муовинони раиси Комиссияро оид ба ташкили фаъолияти Комиссия иҷро кунад;

- омодагии ҷаласаҳои Комиссия ва таҳияи қарорҳои онро таъмин намояд;

- аз натиҷаи фаъолияти Комиссия ба раиси Комиссия ҳисобот омода гардонад;

- ваколатҳои дигарро мутобиқи супориши раиси Комиссия ва муовинони ӯ иҷро намояд.

11. Котиби Комиссия уҳдадор аст:

- нақшаи ҷаласаи Комиссия ва рӯзномаи онро ба аъзои Комиссия пешниҳод намояд;

- оид ба омодагии ҷаласаҳои Комиссия ва таҳияи қарорҳои он чораҳои зарурӣ андешад;

- сари вақт протоколҳои ҷаласаи Комиссияро омода намуда, барои тасдиқ ба раиси Комиссия пешниҳод намояд.

12. Аъзои Комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- дар доираи масъалаҳои марбут ба фаъолияти худ ба Комиссия таклифҳо пешниҳод намоянд;

- дар муҳокимаи пешниҳодҳо ва қабули масъалаҳои дар баррасии Комиссия қарордошта иштирок намоянд.

13. Аъзои Комиссия ҳуқуқ доранд оид ба фаъолияти Комиссия ва рафти амалисозии қарорҳои он маълумот гиранд.

14. Аъзои Комиссия уҳдадоранд:

- дар доираи уҳдадориҳои худ чораҳои заруриро оид ба татбиқи амалии қарорҳои Комиссия андешанд;

- супоришҳои раиси Комиссияро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти даъват иҷро карда, тамоми чораҳои заруриро ташкил ва амалӣ кунанд;

- оид ба самтҳои асосии кори Комиссия пешниҳод омода намоянд;

- иҷрои қарорҳои қабулкардаи Комиссияро таъмин гардонанд;

- барои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ масъулият дошта, ба раиси Комиссия ҳисобот пешниҳод намоянд;

- дар ҷаласаҳои Комиссия, муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда ва таҳияи қарорҳо иштирок намоянд;

- ҳангоми имконнопазир будани иштирок, ба котиби Комиссия оид ба масъалаҳои рӯзнома пешниҳодҳои хаттии худро ирсол намоянд.

БОБИ 4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ

15. Фаъолияти Комиссия дар шакли ҷаласа сурат мегирад. Дар ҷаласа масъалаҳое, ки ба ваколати Комиссия дохиланд, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

16. Ҷаласаҳои Комиссия дар як сол ду маротиба пеш аз оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ва хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ гузаронида мешаванд.

17. Ҷаласаи ғайринавбатӣ бо пешниҳоди раиси Комиссия ва ташаббуси аъзои он ҳангоми зарурати баррасии бетаъхиронаи масъалаҳо гузаронида мешаванд.

18.Ҷаласаҳои Комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешаванд, агар дар он аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок дошта бошанд.

19. Қарорҳои Комиссия бо овоздиҳии аксарият бо дар назар доштани ақидаи аъзои ҳузурнадоштаи Комиссия, ки ба котиби Комиссия дар шакли хаттӣ ирсол шудаанд, қабул мегарданд. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раисикунанда дар ҷаласа ҳалкунанда мебошад.

20. Қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаи Комиссия бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, аз тарафи раиси комиссия ё муовини ӯ, ки дар ҷаласа раисӣ мекунад, инчунин котиби комиссия имзо карда мешаванд. Нусхаи протоколҳо ба аъзои комиссия пешниҳод карда мешавад.

21. Таъминоти ташкилию техникии фаъолияти комиссияро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

22. Нисбати қарорҳои комиссия ба мақомоти судӣ шикоят кардан мумкин аст. Дар ин ҳолат қарори комиссия то ба қувваи қонунӣ даромадани санади судӣ боздошта мешавад.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 феврали соли 2022, №56

Ҳайати Комиссияи даъватии ҷумҳуриявии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ

муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;

сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;

сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ - муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Комиссия;

сардори шуъбаи даъват, пуррагардонӣ ва бақайдгирии теъдоди ҳайати шахсии раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Комиссия.

Аъзои Комиссия:

- муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо мувофиқа);

- сардори сарситод - муовини аввали фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- раиси Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Приложение 1

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №56

Положение о Республиканской призывной комиссии граждан на военную службу

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Республиканской призывной комиссии граждан на военную службу (далее - Положение) разработано в целях организации и проведения призыва граждан на военную службу в республике, определяет полномочия председателя и состава Республиканской призывной комиссии граждан на военную службу (далее - Комиссия), права, обязанности и порядок их работы.

2. Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О воинской обязанности и военной службе", другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и Положением.

ГЛАВА 2. ПОЛНОМОЧИЯ КОМИССИИ

3. Комиссия в организации и проведении призыва граждан на военную службу имеет следующие полномочия:

- обеспечение исполнения указа Президента Республики Таджикистан об увольнении в запас военнослужащих, отслуживших установленные сроки военной службы и очередном призыве граждан Республики Таджикистан на военную службу;

- контроль за ходом призыва на срочную обязательную военную службу и военную службу в составе мобилизационного призывного резерва, деятельностью сборных пунктов, проведение торжественных церемоний отправки призывников, вещевого, продовольственного и санитарно-гигиенического обеспечения;

- контроль создания и организации деятельности призывных комиссий Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения и городов и районов;

- контроль отправки призывников до места прохождения военной службы;

- контроль за ходом призыва на срочную обязательную военную службу и распределение призывников в виды Вооружённых Сил Республики Таджикистан, виды войск и другие воинские формирования, а также на службу в составе мобилизационного призывного резерва;

- создание комиссии по призыву граждан на военную службу в военный комиссариат городов и районов республиканского подчинения;

- затребование отчёта с призывных комиссий Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения относительно их деятельности;

- при необходимости созыв других лиц на заседание Комиссии;

- обеспечение выполнения задач, возложенных на Комиссию;

- перед призывом граждан на военную службу проведение заседания и принятие решения;

- рассмотрение обращений граждан по вопросам призыва граждан на военную службу;

- представление отчета Правительству Республики Таджикистан об итогах деятельности Комиссии;

- осуществление других полномочий, предусмотренных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

ГЛАВА 3. ПОЛНОМОЧИЯ, ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ ПРЕДСЕДАТЕЛЯ И СОСТАВА КОМИССИИ

4. Председатель Комиссии имеет следующие полномочия:

- осуществляет руководство над деятельностью Комиссии;

- созывает и проводит заседания Комиссии;

- распределяет задачи между составом Комиссии;

- составляет вопросы повестки заседания, дает указания и поручения членам Комиссии о выполнении рассмотренных вопросов;

- с учётом предложений членов Комиссии утверждает повестку заседания Комиссии;

- определяет дату, место и время проведения заседания Комиссии;

- совместно с членами Комиссии рассматривает предложения состава Комиссии;

- утверждает решения, принятые Комиссией;

- осуществляет другие полномочия, предусмотренные нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

5. Председатель Комиссии имеет право:

- созывать при необходимости внеочередное заседание Комиссии;

- требовать у состава Комиссии обоснования по рассматриваемым вопросам, представленным на повестку работы заседания Комиссии.

6. Председатель Комиссии обязан:

- нести ответственность за ведение работы Комиссии и выполнение её функций;

- подписывать протоколы заседания Комиссии.

7. Заместители председателя Комиссии имеют следующие полномочия:

- принимать необходимые меры по выполнению поручений председателя Комиссии;

- подготавливать предложения по основным направлениям деятельности Комиссии;

- по поручению председателя (одного из заместителей, которого определяет председатель Комиссии) в его отсутствие руководить заседаниями Комиссии.

8. Заместители председателя Комиссии имеют право подготовить соответствующее предложение об исполнении поручений председателя Комиссии.

9. Заместители председателя Комиссии обязаны:

- обеспечить контроль и выполнение принятых Комиссией решений;

- выполнять поручения председателя Комиссии.

10. Секретарь Комиссии имеет следующие полномочия:

- разрабатывать план заседания Комиссии, его повестку и представить председателю Комиссии;

- выполнять поручения председателя и заместителей председателя Комиссии по организации деятельности Комиссии;

- обеспечить подготовку заседаний Комиссии и разработку его решений;

- подготавливать отчет Правительству Республики Таджикистан по результатам работы Комиссии;

- выполнять другие полномочия в соответствии с поручением председателя Комиссии и его заместителей.

11. Секретарь Комиссии обязан:

- представить план заседания Комиссии и его повестку членам Комиссии;

- принимать необходимые меры по подготовке заседаний Комиссии и разработке протокола;

- своевременно подготовить протокол заседания Комиссии и представлять председателю Комиссии на утверждение.

12. Члены Комиссии имеют следующие полномочия:

- представлять предложения Комиссии в рамках вопросов, касающихся своей деятельности;

- участвовать в обсуждении предложений и принятии вопросов, находящихся на рассмотрении Комиссии.

13. Члены Комиссии вправе получать данные о деятельности Комиссии и ходе реализации ее решений.

14. Члены Комиссии обязаны:

- принимать необходимые меры для практического применения решений Комиссии в рамках своих обязанностей;

- выполнять поручения председателя Комиссии в соответствии с требованиями нормативных правовых актов в направлении призыва, организовать и осуществлять все необходимые меры;

- подготовить предложения по основным направлениям работы Комиссии;

- обеспечить выполнение принятых Комиссией решений;

- нести ответственность за призыв граждан на военную службу, представлять отчёт председателю Комиссии;

- участвовать на заседаниях Комиссии, в обсуждении рассматриваемых вопросов и подготовке решений;

- в случае невозможности участия, представлять секретарю Комиссии письменные предложения по вопросам повестки заседания.

ГЛАВА 4. ОРГАНИЗАЦИЯ ДЕЯТЕЛЬНОСТИ КОМИССИИ

15. Деятельность Комиссии проводится в форме заседания. На заседании рассматриваются вопросы, входящие в полномочия Комиссии.

16. Заседания Комиссии проводятся два раза в год до начала призыва граждан на срочную обязательную военную службу и военную службу в составе мобилизационного призывного резерва.

17. Внеочередные заседания проводятся по предложению председателя Комиссии и инициативе её членов при необходимости неотложного рассмотрения вопросов.

18 Заседания Комиссии считаются правомочными, если на них участвуют две трети её членов.

19. Решения Комиссии принимаются большинством голосов с учётом мнений отсутствующих членов Комиссии, представленных секретарю Комиссии в письменной форме. В случае равенства голосов председатель на заседании имеет решающий голос.

20. Принятые решения заседания Комиссии оформляются протоколами и подписываются председателем и секретарем Комиссии. Копии протоколов предоставляются членам Комиссии.

21. Организационно-техническое обеспечение деятельности Комиссии осуществляет Министерство обороны Республики Таджикистан.

22. Решения Комиссии могут быть обжалованы в судебные органы. В этом случае постановление Комиссии приостанавливается до вступления судебного акта в законную силу.

Приложение 2

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 26 февраля 2022 года, №56

Состав Республиканской призывной комиссии граждан на военную службу

заместитель Премьер-министра Республики Таджикистан - председатель Комиссии;

начальник управления обороны и правопорядка Исполнительного аппарата Президента Республики Таджикистан - заместитель председателя Комиссии;

начальник Генерального штаба Вооруженных Сил - первый заместитель министра обороны Республики Таджикистан - заместитель председателя Комиссии;

начальник отдела призыва, укомплектования и учёта численности личного состава организационно-мобилизационного управления Генерального штаба Вооруженных Сил Республики Таджикистан - секретарь Комиссии.

Члены Комиссии:

- заместитель министра внутренних дел Республики Таджикистан;

- заместитель министра образования и науки Республики Таджикистан;

- заместитель министра здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан;

- заместитель председателя Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан;

- заместитель председателя Комитета по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан;

- заместитель председателя Комитета по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан;

- депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан (по согласованию);

- начальник главного штаба - первый заместитель командующего Национальной гвардией Республики Таджикистан;

- председатель Центрального комитета Общественной организации содействия обороне Республики Таджикистан.