Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 06 августи соли 2021, №129 "Дар бораи Тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 августи соли 2021 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 1093

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)

100.200.010

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қарор мекунад:

1. Тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Идораи назорати суғуртавӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии қарори мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи котиби Раёсат, идораи назорати суғуртавӣ, идораи ҳуқуқ ва шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло гузошта шавад.

Раиси раёсат                                                   Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло

аз 6 августи соли 2021, №129

ш. Душанбе

ТАРТИБИ ҶОЙГИРКУНИИ МАБЛАҒҲОИ ЗАХИРАҲОИ СУҒУРТАВИИ ТАШКИЛОТҲОИ СУҒУРТАВӢ (АЗНАВСУҒУРТАКУНӢ)

Тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) (минбаъд - Тартиб) бо мақсади ҷойгиркунии самаранок ва мақсадноки маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ва ба ин васила таъмини пардохтпазирӣ ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба пардохти ҷуброни суғуртавӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ" таҳия гардида, тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- захираҳои суғуртавӣ - уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рӯи шартномаҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар асоси баҳисобгириҳои актуарӣ арзёбӣ мешаванд;

- диверсификатсия - тақсимоти маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар байни объектҳои гуногуни маблағгузоришаванда бо мақсади кам кардани хавфи имконпазири талафоти маблағ ё даромад аз онҳо;

- пардохтпазирӣ - сармоягузорӣ ё ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ба он дороиҳое, ки бо хароҷотҳои камтарин қобилияти фаврии ба шакли пулӣ мубаддал шуданро доранд;

- баргардонӣ - бо шартҳои муайяни бехатар таъмин будани маблағҳои ба сармоягузорӣ равонагардидаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо роҳи то ҳадди ақал паст намудани хавфи сармоягузорӣ. Зери хавфи самоягузорӣ ҳолате фаҳмида мешавад, ки агар фоидаи воқеӣ аз сармоягузорӣ камтар аз фоидаи ба нақшагирифта бошад;

- даромаднокӣ - гирифтани даромад аз маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки ба дороиҳо сармоягузорӣ ё ҷойгир карда шудаанд;

- депо мукофот - як қисми мукофоти суғуртавӣ, ки ҳангоми бастани шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба сифати кафолати иҷрои уҳдадории азнавсуғуртакунанда дар ташкилоти азнавсуғурташаванда (седент) нигоҳ дошта мешавад.

2. Тартиби мазкур танҳо нисбати маблағҳои фондҳои захиравии суғуртавӣ татбиқ мегардад.

3. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадоранд аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Тартиби мазкур фаъолияти худро ба талаботи он мутобиқ намоянд.

БОБИ 2. ДОРОИҲОИ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ ЗАХИРАҲОИ СУҒУРТАВӢ САРМОЯГУЗОРӢ Ё ҶОЙГИРШАВАНДА ВА ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ОНҲО

4. Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо шартҳои диверсификатсия, пардохтпазирӣ, баргардонӣ ва даромаднокӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи суғурта пешбинӣ намудааст, ба сармоягузорӣ ва ё ҷойгиркунӣ ба дороиҳо равона мешаванд.

5. Арзиши умумии дороиҳое, ки ба онҳо маблағи захираҳои суғуртавӣ сармоягузорӣ ё ҷойгир карда мешаванд, бояд ба андозаи умумии захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) баробар бошад.

6. Сармоягузорӣ ҳам аз ҳисоби маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба як дороӣ (қисми дороӣ) дар як вақт иҷозат дода намешавад.

7. Арзиши дороиҳое, ки ба онҳо маблағҳои захираҳои суғуртавӣ сармоягузорӣ ё ҷойгир карда мешаванд, дар санаи баҳисобгирии нархгузорӣ аз рӯи маълумотҳои ҳисоботи муҳосибӣ муайян карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.

8. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маблағҳои захираҳои суғуртавии худро бо дар назар доштани банди 4 Тартиби мазкур ба намудҳои зерини дороиҳо сармоягузорӣ ё ҷойгир карда метавонанд:

1) пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории амалкунанда, дар маҷмуъ - ба андозаи на зиёда аз 60 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

2) воситаҳои пулӣ:

- маблағҳои пулӣ дар хазина дар ҳаҷми то 4 фоиз аз сармоя (фонд)-и оинномавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), вале на зиёда аз 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки меъёри мазкурро ҳамарӯза риоя намояд;

- воситаҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ - ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

3) векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд - ба андозаи на зиёда аз 40 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

4) коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон тавассути ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон - ба андозаи на зиёда аз 50 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

5) коғазҳои қиматноки давлатии мамлакатҳои хориҷӣ (дорои рейтинги АА) дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон - ба андозаи на зиёда аз 30 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

6) коғазҳои қиматноки дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барориш ва муомилот дар ҳудуди Ҷумуҳурии Тоҷикистон баровардашуда ё аз ҷониби эмитентҳои хориҷӣ баровардашуда, ки барои амалисозии фаъолият оид ба ташкили тиҷорат дар бозори коғазҳои қиматнок иҷозатномаи мақоми ваколатдори дахлдорро дошта, барои муомилот дар бозори коғазҳои қиматнок роҳ дода шудаанд - ба андозаи на зиёда аз 30 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

7) қарздории дебитории суғурташавандагон, азнавсуғуртакунандагон, азнавсуғурташавандагон, суғуртакунандагон ва миёнаравҳои суғуртавӣ - ба андозаи на зиёда аз 25 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ҳаёт ва на зиёда аз 35 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи умумӣ;

8) депо мукофот аз рӯи хавфҳое, ки ба азнавсуғуртакунӣ қабул карда шудааст - ба андозаи на зиёда аз 15 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

9) ҳисса дар сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд - ба андозаи на зиёда аз 25 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

10) ҳиссаи ташкилоти азнавсуғуртакунӣ дар захираҳои суғуртавӣ - ба андозаи на зиёда аз 80 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;

11) сабикаҳои ченакии тиллои Бонки миллии Тоҷикистон - ба андозаи на зиёда аз 10 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ.

9. Маблағҳои пулии зербанди 1) ва 2) банди 8 танҳо барои иҷрои уҳдадориҳо дар назди суғурташавандагон истифода бурда мешаванд.

10. Дороиҳое, ки аз ҳисоби захираҳои суғуртавӣ сармоягузорӣ ё ҷойгир шудаанд, ҳамчун гарав ё сарчашмаи пардохти маблағи пулӣ ба қарздиҳанда аз рӯи уҳдадориҳои зоминӣ буда наметавонанд.

11. Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ба номгӯӣ дороиҳои зерин сармоягузорӣ ё ҷойгир карда намешаванд:

- мукофотҳои суғуртавии дар муҳлати зиёда аз 6 моҳ аз ҷониби суғурташавандагон пардохтнагардида аз рӯзи пардохти дар шартномаи суғурта муқарраргардида;

- қарзи дебиторӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;

- маблағҳои кафолатӣ;

- воситаҳои асосӣ (биноҳо, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва ғайра), ки барои пешбурди фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинӣ шудаанд;

- дороиҳое, ки ҳамчун заминаи уҳдадорӣ қарор дода шудаанд (дар ҳудуди уҳдадориҳои қабулгардида);

- қитъаи замин;

- дороиҳое, ки ба ҳабс гирифта шудаанд.

БОБИ 3. ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ

12. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар баробари ҳисоботҳои муҳосибӣ, ҳар семоҳа дар бораи захираҳои суғуртавӣ тибқи замимаҳои №1 ва №2 Тартиби мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.

13. Давраи ҳисоботӣ як соли тақвимиро дар бар мегирад. Ҳангоми мавҷуд будани шартномаҳои суғуртавии дарозмуҳлат, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадориашро аз рӯи ингуна шартнома дар ҳисобот дарҷ мекунад.

14. Дар ҳолати мавҷуд будани зарурати ворид намудани тағйирот ва/ё иловаҳо ба ҳисобот, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳисобот ба мақоми назорати суғуртавӣ дархости хаттиро оид ба ворид намудани тағйирот ё иловаҳо бо эзоҳномаи сабабҳои лозим будани воридкунии тағйирот ё иловаҳо пешниҳод менамояд.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

15. Иҷрои талаботи Тартиби мазкур барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатмӣ мебошад.

16. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) риоя нагардидани меъёрҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур мақоми назорати суғуртавӣ таъинот дар хусуси бартарафсозии риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи суғуртаро қабул менамояд.

Замима

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 23 августа 2021 года, регистрационный номер 1093

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

О Порядке размещения средств страховых резервов страховых (перестраховочных) организаций 100.200.010.

В соответствии со статьей 27 Закона Республики Таджикистан "О страховой деятельности", Правление Национального банка Таджикистана п о с т а н о в л я е т:

1. Утвердить Порядок размещения средств страховых резервов страховых (перестраховочных) организаций (прилагается).

2. Настоящее постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить управление страхового надзора при государственной регистрации настоящего постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, при необходимости вносить в его текст приложения изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержания.

4. Исполнение пункта 2 настоящего постановления возложить на секретаря Правления, управление страхового надзора, юридическое управление и отдел прессы.

5. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на председателя Национального банка Таджикистана Холикзода Хокима Хикматулло.

Председатель Правления Холикзода Хоким Хикматулло

г. Душанбе, от 06 августа 2021г., №129

*Порядок