Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026
Мутобиқи моддаҳои 17 ва 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Барои амалӣ намудани Барномаи мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравиро таъсис диҳад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар иҷрои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 2021, № 565