Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, № 565
Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуда, кафолат медиҳад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз мешаванд. Муқаррар шудааст, ки мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо ва фаъолияти мақомоти давлатиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд пайваста тадбирҳои мушаххас меандешад.
2. Бо мақсади тақвият додани амалисозии кафолатҳои зикршуда ва иҷрои муваффақонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ соли 2009 дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи инсонВаколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2016 вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Яке аз вазифаҳои асосии ин ниҳод мусоидат дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
3. Бо мақсади иҷрои самараноки вазифаи зикршуда Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 лоиҳаи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020-ро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, №678 Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ гардида, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт таъйин гардида буд.
4. Қобили зикр аст, ки Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 бо дарназардошти принсипҳо ва мақсаду вазифаҳои марҳилаи дуюми (барои солҳои 2010-2014) Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон қабул шуда, дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ ягона мебошад ва амалисозии муваффақонаи он мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд боз ҳам қавитар менамояд.
5. Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ҳар панҷсола як маротиба таҷдиди назар шуда, бо дарназардошти фарогирии қишрҳои нави ҷомеа такмил ва бо қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул мешавад, аз ҷумла дар марҳилаи нави Барномаи мазкур барои солҳои 2020-2024 намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷавонон фаро гирифта шудаанд.
6. Бинобар ба анҷом расидани амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 зарурати таҳия ва қабули Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон пеш омадааст.
7. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 20222026 (минбаъд-Барнома) бо дарназардошти марҳилаи чоруми Барномаи умумиҷаҳонии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2024 такмил дода шуда, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия шудааст.
8. Барнома низоми таълимро дар марҳилаи нави рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги ҳуқуқии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, тақвият додани донишҳои касбии кормандони соҳаи маориф, судяҳо, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар соҳаи ҳуқуқи инсон мутобиқи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ равона шудааст.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
9. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома иборатанд аз мусоидат ба:
- эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон;
- таҳкими ҳамкориҳои байни мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- риоя ва таъмини принсипҳои роҳбарикунандаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, барномаҳои таълимии судяҳо, низоми хизмати давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, ҷавонон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- тақвияти омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ;
- таҳия ва амалисозии барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма;
- тавсеа бахшидани иқдомҳои амалишуда ҷиҳати татбиқи арзишҳо ва стандартҳои ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, барномаҳои таълимии судяҳо, низоми хизмати давлатӣ, ҷавонон ва воситаҳои ахбори омма;
- таъсиси шабакаҳо ва ба танзим даровардани ҳамкориҳои байни ташкилотҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ;
- такмили барномаҳои таълимии вазорату идораҳо дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва идома додани фаъолият дар самти тайёр кардани кадрҳо ҷиҳати тақвият додани низоми таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- таъсиси махзани ягонаи маълумот оид ба ҳуқуқи инсон.
3. САМТҲОИ АСОСИИ БАРНОМА
10. Барои низоми маориф:
- тақвият бахшидани фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 2016, №348;
- мунтазам таҷдиди назар намудани мутобиқати маводи мавҷудаи таълимӣ ва методӣ бо меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- такмили барномаҳои таълимӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ бо дарназардошти меъёрҳои санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон;
- ташкил ва муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ;
- дар доираи имкониятҳо зиёд намудани соатҳои дарсӣ аз фанни ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ;
- тақвият бахшидани ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимию методӣ оид ба ҳуқуқи инсон;
- таъминоти мунтазами китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо маводи вобаста ба ҳуқуқи инсон;
- дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ сохтани гӯшаҳои алоҳида иборат аз адабиёт роҷеъ ба ҳуқуқи инсон;
- барои кормандони соҳаи маориф ва илм гузаронидани семинару тренингҳо оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон;
- ҷорӣ намудани курси таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон барои ҳамаи омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ дар сохторҳои такмили тахассуси омӯзгорон;
- натиҷагирӣ ва баҳодиҳии даврии сифати таълим ва сифати такмили ихтисос оид ба ҳуқуқи инсон;
- мусоидат намудан ба таъсиси шабакаи байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба мубодилаи доимии таҷриба дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- инъикос намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва раванди таълими ҳуқуқи инсон дар воситаҳои ахбори омма;
- дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ мондани таҳияи маводи методӣ ва таълимӣ оид ба ҳуқуқи инсон, гӯшаҳои иттилоотӣ, ки муқаррароти конунгузориро оид ба ҳуқуқи инсон инъикос менамоянд;
- ташкил ва гузаронидани онлайн - дарсҳо;
- ташкил ва гузаронидани маҳфилҳо, клубҳои музокиравӣ, марказҳои машваратӣ, курсҳои тобистонаи донишҷӯён ва талабагон, олимпиадаҳо, озмунҳо, конференсияҳои илмию амалӣ оид ба ҳуқуқи инсон;
- таҳия ва нашри фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи инсон бо забони давлатӣ;
- мусоидат намудан ба таъсиси бурсия (грант)-ҳои давлатӣ ва ҷалби бурсия (грант)-ҳои хориҷӣ барои тадқиқот дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- мусоидат ба баланд бардоштани сифати таълим ва усули таълими ҳуқуқи инсон.
11. Барои мақомоти судӣ:
- дар барномаҳои таълимии Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани омӯзиши ҳуқуқи инсон бо ҷалби судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо фарогирии Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ);
- дар доираи давраҳои такмили ихтисос дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши меъёрҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва баланд бардоштани сатҳи дониши тахассусӣ ва малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар ин самт.
12. Барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ:
- омода намудани мураббиҳо ва устодон оид ба ҳуқуқи инсон аз доираи васеи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва сохторҳои ҳарбӣ, ки барои риоя, ҳифз ва татбиқи ҳуқуқи инсон масъулияти хос доранд;
- омода намудани кормандони илмӣ дар самти ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи инсон аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва сохторҳои ҳарбӣ;
- ба роҳ мондани такмили ихтисоси мураббиҳо ва устодон оид ба ҳуқуқи инсон дар дохил ва хориҷи кишвар;
- омода ва нашри маводи илмӣ, таълимӣ, таълимӣ-методӣ, маҷмӯи масъалаҳо, тестҳо, маҷмӯаи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- ба роҳ мондани усули нави таълим;
- ба роҳ мондани чорабиниҳои илмӣ, аз қабили конференсияҳо, форумҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар, викторинаҳо, озмунҳо ва ғ.;
- ба роҳ мондани омӯзиши ҳуқуқи инсон дар ҳамаи сохторҳои таълимӣ ва такмили ихтисос;
- ҳангоми озмуни ишғоли вазифа барои довталаб ҳамчун талаботи ҳатмӣ ҷорӣ намудани дониши ҳуқуқи инсон.
13. Барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ:
- ҷорӣ намудани курсҳои махсус, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос оид ба ҳуқуқи инсон барои гурӯҳҳои мақсаднок;
- ба роҳ мондани ҳамкориҳо оид ба расонидани ёрии методӣ ва амалӣ ба мақоми ваколатдори хизмати давлатии Тоҷикистон дар таҳияи барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
- интихоб ва тайёр намудани хизматчиёни давлатии дахлдор, ки қобилияти муносибат кардан бо гурӯҳҳои мақсаднок соҳаи ҳуқуқи инсонро доранд;
- таъсиси механизми мониторинг, таҳлил ва арзёбии таълим оид ба ҳуқуқи инсон дар бахши хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
- ҷорӣ намудани блоки саволҳо оид ба ҳуқуқи инсон ба рӯйхати саволҳои аттестатсияи даврии хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ.
14. Барои ҷавонон:
- ташаккули ҷаҳонбинӣ ва мафкура бо роҳи тарбияи ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳисси оштинопазирӣ ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва намудҳои дигари ҷинояткорӣ;
- ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон;
- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилоти ҳуқуқӣ барои ҷавонон;
- таъмини рушди эҷодкории ҷавонон бо роҳи ҳавасмандгардонии онҳо тавассути ташкил ва гузаронидани озмунҳо, форумҳо ва ғ.;
- мусоидат дар баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ, машваратӣ-психологӣ дар байни ҷавонон бо мақсади дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва волоияти қонун тарбия намудани онҳо;
- мусоидат дар баргузор намудани семинарҳои машваратӣ ва омӯзишӣ вобаста ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо;
- мусоидат барои дастгирӣ ва тарбияи ҷавонони оворагард, ҷавонони аз оилаҳои камбизоат, ятим ва қишри дигари осебпазири ҷомеа дар шакли моддӣ ва молиявӣ.
15. Барои намояндагони воситаҳои ахбори омма:
- таълими ҳамаҷонибаи кормандони воситаҳои ахбори омма бо мақсади воқиф гардонидани онҳо аз санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, қонунгузории миллӣ ва стандартҳои соҳаи ҳуқуқи инсон;
- мусоидат ба огоҳонии кормандони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла рӯзноманигорон оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи конвенсияҳои Женева аз соли 1949 ва Протоколи иловагии I ба онҳо оид ба ҳимояи қурбониёни низоъҳои мусаллаҳонаи байналмилалӣ аз соли 1977;
- дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондани баромаду вохӯриҳо ва чорабиниҳои дигар бо рӯзноманигорон дар самтҳои мухталифи ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори омма.
4. ВОСИТАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
16. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва таҳкими он истифодаи муносибати томро ба омӯзиш ва андӯхтани донишҳо тавассути муттаҳидсозии маҷмӯи мақсадҳо ва мундариҷаи барномаҳо, захираҳо, методологияҳо, арзёбии миқдорӣ ва сифатӣ, баҳисобгирии омилҳои ҷамъиятии берун аз синфҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин ба роҳ мондани робитаҳои шарикӣ байни иштирокчиёни гуногун ҳам дар дохили ҷомеаҳои таълимӣ (академикӣ) ва ҳам берун аз он талаб менамояд.
17. Ҳар як мақомот ва воҳидҳои сохтории дахлдори он барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсонро, аз ҷумла шарҳи масъалаҳои асосии дар рафти омӯзиш баррасишаванда ва иттилоотонии хонандагон, донишҷӯён, хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ, судяҳо, кормандони дастгоҳҳои судҳо, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти иҷро, хизматчиёни ҳарбӣ, ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаро тартиб медиҳад.
18. Таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон бо роҳи амалисозии барномаҳои таълимии соҳавӣ ва ташкили семинару курсҳои кӯтоҳмуддат бо истифодаи филмҳо, мубоҳисаҳо, брошюраҳо ва муҳокимаи мисолҳои таҷрибавӣ гузаронида мешавад.
19. Низоми таълим ва иттилоотонии мақомоти дахлдор бояд назорати сатҳи дониш ва истифодаи донишҳои андӯхтаро дар амалия пешбинӣ намояд. Шакли назорати сатҳи донишҳо дар охири ҳар курси таҳсил бо роҳи тестӣ ва шакли дигари назорат ва дар амалия бо роҳи санҷиш (мониторингҳо) аз ҷониби роҳбарияти ҳар як мақомот муайян карда мешавад.
20. Зимни назорат ва санҷиши (мониторинги) низоми таълим бояд санҷиши (мониторинги) мунтазами риояи меъёрҳои қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон гузаронида шуда, дар асоси ин санҷишҳо ба барномаҳои соҳавии таълим ва такмили ихтисос, ки мундариҷаи таълим ба онҳо асос ёфтааст, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.
5. МАҚОМИ РОҲБАРИКУНАНДАИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
21. Рафти амалисозии Барнома аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби роҳбарони сохторҳои таълимии вазорату идораҳо, муассисаҳои такмили ихтисос, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳои дигари дахлдор таъсис дода мешавад, таъмин мегардад.
22. Ҳамоҳангсозии умумии фаъолияти иҷрокунандагони Барнома ба зиммаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
23. Иҷрокунандагони Барнома ҳамасола то нимаи дуюми моҳи декабр ба Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба рафти амалисозии Барнома маълумот ирсол менамоянд.
6. МАҚОМОТИ МАСЪУЛИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
24. Барои пешбурд ва риояи стандартҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ба омӯзиши мураттабу босифати тахассусӣ оид ба ҳуқуқи инсон фаро гирифтани доираи васеи мутахассисон аз ҳисоби омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои бозомӯзӣ ва донишкадаҳои такмили ихтисоси вазорату идораҳо, кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ҳамчун сохторҳои давлатӣ барои риоя, ҳифз ва амалисозии ҳуқуқи инсон масъуланд, зарур аст.
25. Масъулияти асосӣ барои иҷрои Барнома дар соҳаи маориф ба зиммаи муассисаҳои таълимии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои дигари таълимӣ, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқиашон, вогузор карда мешавад.
26. Таҳияи тавсияҳои илмию методӣ ва воситаҳои таълимӣ оид ба истифодаи шакл ва методҳои фаъоли таълим ва иттилоотонӣ, тартиб додани барномаҳои ягона оид ба ҳуқуқи инсонро дар соҳаи таълими судяҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти иҷро ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, инчунин сохторҳои ҳарбӣ таъмин менамоянд. Кормандон дар доираи машғулиятҳои мунтазами такмили ихтисос ва тайёрии ҳуқуқӣ бо ҷалби профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии (Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарҳо) ин мақомот, ҷалби ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон таълим дода мешаванд. Муассисаҳои таълимии мақомоти зикргардида манбаи асосии таълими соҳаи ҳуқуқи инсон мебошанд.
27. Иҷрои Барномаро дар соҳаи таълими хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Таҳия ва амалисозии Барномаи давлатии таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои хизматчиёни давлатӣ ба зиммаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зичро бо мақомоти марказию маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо муассисаҳо ва ташкилотҳои дигар, ба монанди марказҳои бозомӯзӣ ва донишкадаҳои такмили ихтисоси вазоратҳо ва идораҳо, сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак, бахш оид ба корҳои занон ва оила, ташкилотҳои низоми кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра), кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воситаҳои ахбори омма ба роҳ мемонад.
28. Иҷрои Барномаро дар самти ҷавонон Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеи он таъмин намуда, ҷиҳати амалисозии бандҳои дахлдори он ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ ба роҳ мемонад.
29. Иҷрои Барнома дар самти намояндагони воситаҳои ахбори омма ба зиммаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи воситаҳои ахбори омма, факултетҳои рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
7. ЧОРАБИНИҲОИ ИТТИЛООТӢ
30. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ба тариқи доимӣ барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавониро оид ба ҳуқуқи инсон амалӣ менамоянд.
31. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола то нимаи дуюми моҳи декабр оид ба рафти иҷрои банди 30 Барнома ба Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ маълумоти алоҳидаи муфассал пешниҳод менамояд.
8. ИДОРАКУНӢ ВА ТАШКИЛИ ТАЪЛИМ ДАР СОҲАИ ҲУҚУҚИ ИНСОН
32. Идоракунии умумии Барномаро Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ амалӣ менамояд.
33. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар маърӯзаи ҳарсолаи худ оид ба рафти амалисозии Барнома маълумот пешниҳод менамояд.
34. Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ ҳамасола моҳи январ маълумотро дар бораи ҳолати иҷрои Барнома ба Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон пешниҳод менамояд.
9. МАБЛАҒГУЗОРӢ ВА МОНИТОРИНГИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
35. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.
36. Зимни амалисозии Барнома солҳои 2024 ва 2026 (дар моҳи декабр) аз ҷониби коршиносони миллии мустақил мониторинги иҷрои Барнома ва раванди таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 декабри соли 2021, № 565
Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026
Замима