Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
30 декабри соли 2021, №544
Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 243)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд - Оиннома) дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" таҳия гардидааст.
2. Муассиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.
3. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (минбаъд - Донишгоҳ) муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ буда, барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯйи доираи васеи соҳаҳо (ихтисосҳо) амалӣ мегардонад, кормандони баландихтисос, илмӣ ва илмиву омӯзгориро тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад, дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти бунёдӣ ва амалиро анҷом медиҳад ва дар соҳаҳои фаъолияташ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.
4. Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забонҳои давлатию русӣ, бланк ва штампҳо буда, дорои молу мулки алоҳида, ягонагии ташкилӣ ва қобилияти ҳуқуқдории махсус мебошад.
5. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия cуратҳисоби худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ кушояд, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида маблағҳои озоди махсуси худро дар бонкҳо ҳамчун амонат ҷойгир намояд.
6. Маблағгузории Донишгоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишгоҳ ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.
7. Донишгоҳ дар амалӣ сохтани барномаҳо ва стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, рушди илм (татбиқи натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ), инноватсия, фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ дорои имконияти махсус мебошад.
8. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад фаъолияти соҳибкориро барои расидан ба мақсадҳое, ки баҳри онҳо таъсис дода шудааст, амалӣ намояд. Фаъолияти соҳибкориро Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
9. Донишгоҳ барои инкишофи робитаҳои гуногуни байналмилалӣ (гуманитарӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ғайра) ҳуқуқ дорад, ки филиалҳо ва намояндагиҳояшро дар давлатҳои хориҷӣ дар мувофиқа бо Муассис кушояд.
10. Донишгоҳ фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Муассис ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
11. Номи расмии Донишгоҳ бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ чунин мебошад:
- бо забони давлатӣ - "Донишгоҳи миллии Тоҷикистон";
- бо забони русӣ - "Таджикский национальный университет";
- бо забони англисӣ - "Tajik National Univerғity".
12. Суроғаи ҳуқуқии Донишгоҳ: ҶумҳурииТоҷикистон, 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17. Телефон: (992-37) 221-77-11, 22123-96; факс: (992-37) 221-48-84; почтаи электронӣ: tnu.int.re@gmail.com.
2. ҲУҚУҚ, ХУДМУХТОРӢ, ХУДИДОРА ВА ОЗОДИҲОИ АКАДЕМИИ ДОНИШГОҲ
13. Донишгоҳ дар қабули қарорҳо ва амалӣ намудани фаъолияте, ки аз Оиннома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бармеояд, худмухтор ва мустақил аст.
14. Дахолати мақомоти давлатӣ ва шахсони дигар ба фаъолияти Донишгоҳ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
15. Донишгоҳ барои амалӣ намудани қобилияти ҳуқуқдории худ ҳуқуқ дорад воҳиди сохторӣ (пажӯҳишгоҳ, донишкада ва академия, паркҳои технологӣ, марказ, коллеҷ ва литсей), воҳиди асосӣ (факултет, кафедра ва шуъба) ва қисмҳои истеҳсолию таҷрибавиро (озмоишгоҳ, пойгоҳи таҷрибавӣ, профилактория ва марказҳои саломатӣ) тибқи тартиби муқарраршуда таъсис диҳад.
16. Худмухторӣ қисми муҳимтарини ташкили раванди таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, равобити байналмилалӣ, тарбиявӣ ва муносибатҳои молиявию хоҷагӣ мебошад. Худмухторӣ шакли фаъолияти Донишгоҳ мебошад, ки масъулияташро дар назди Муассис муайян мекунад.
17. Донишгоҳ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, равобити байналмилалӣ, тарбиявӣ, молиявию хоҷагӣ ва фаъолияти дигар мустақил аст, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
18. Донишгоҳ тавассути воситаҳои электронӣ ва телекоммуникатсионӣ ҳуқуқ дорад таҳсилоти фосилавӣ, ташкили корҳои илмию таҳқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ ва тарбиявиро бо тартиби муқаррарнамудаи Муассис ҷорӣ намояд.
19. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо Муассис раванди таълимро дар асоси технологияи инноватсионӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ ташкил ва ҷорӣ намояд.
20. Муассис дар доираи ваколати худ иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, иҷозатнома, фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, равобити байналмилалӣ, тарбиявӣ ва молиявию хоҷагии Донишгоҳро бевосита назорат мекунад.
21. Аккредитатсияи давлатии Донишгоҳ ва аттестатсияи хатмкунандагони он тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
22. Назорати мувофиқати фаъолияти таълимии Донишгоҳ ба меъёрҳои Оиннома, шартҳои иҷозатномаи фаъолияти таълимӣ ва талаботи дигари қонунгузории соҳаи маориф ва илм аз ҷониби Муассис ва мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
23. Ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, аз ҷумла ба ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарс (таълим)ро бо усули тадриси худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунанд, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои худ онро гузаронанд, инчунин ба донишҷӯён, докторантон, аспирантон, унвонҷӯён, коромӯзони илмӣ ва кормандони дигари илмӣ дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномаҳои таълимӣ озодӣ дода мешавад.
24. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад ихтиёран аз аккредитатсияҳои гуногуни ҷамъиятӣ гузарад. Дар ин маврид мутобиқатии фаъолияти Донишгоҳ ё барномаҳои алоҳидаи таълимӣ ба омилҳо ва талаботи ташкилотҳои акредитатсиякунандаи миллӣ ё байналмилалӣ санҷида мешаванд.
25. Худидоракунии Донишгоҳ дар чунин ҳолатҳо инъикос меёбад:
- амалӣ намудани қобилияти ҳуқуқдории оинномавӣ;
- амалӣ намудани раванди таълим, илм, муносибатҳои байналмилалӣ, тарбия, молиявию хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба роҳ мондани таълими донишҷӯён (бакалавр, мутахассис ва магистрон), аспирантон, унвонҷӯён, докторантон, коромӯзии илмӣ, табодули мутахассисон, пешбурди фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ, ташкили конференсияҳо, семинарҳо ва чорабиниҳои дигари таълимӣ, илмӣ, байналмилалӣ ва тарбиявӣ дар асоси шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафа тибқи тартиби муқарраргардида;
- вобаста ба ҳаҷм ва намуди корҳои иҷрошаванда, дар мувофиқа бо Муассис муайян намудани воҳиди кории кормандон, миқдори ҳамаи категорияҳои кормандон, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони илмӣ, техникӣ ва ёрирасон, вазифаҳои деканҳо ва мудирони кафедраҳо, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, сардорони бахшҳои гуногуни таълимию илмӣ (донишкадаҳо, марказҳо, коллеҷҳо, литсейҳо, паркҳои технологӣ, шуъбаҳо, лабораторияҳо), инчунин ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳ;
- тибқи тартиби муқарраргардида муайян намудани самт ва тартиби истифодабарии маблағҳо аз ҳисоби буҷет ва дигар манбаъҳо, ҳамчунин ҳиссаи онҳо, ки барои музди меҳнат ва ҳавасмандии моддии кормандон равона шудаанд;
- муайян намудани шакл ва андозаи музди меҳнати кормандон тибқи тартиби муқарраргардида;
- муассиси маҷаллаҳо, нашрияҳо, нашриётҳо, матбаа ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома муассиси дигар воситаҳои ахбор будан;
- тайёр кардани мутахассисон, ба роҳ мондани табодул, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандон дар самти муайяни фаъолияти касбӣ;
- роҳандозии таҳқиқоти илмӣ ва амалӣ.
26. Озодии академӣ ба принсипҳои зерин асос меёбанд:
- истифодаи самарабахши неруи зеҳнӣ бо мақсади афзун гардонидани саҳми Донишгоҳ дар тайёр намудани кормандони илмӣ, илмию омӯзгорӣ ва мутахассисони дигар дар соҳаҳои гуногун;
- ташкил ва идораи раванди таълимию методӣ, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва молиявию хоҷагӣ;
- таъмини алоқаи таълим ва таҳқиқоти илмӣ;
- истифодаи натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ дар раванди таълим.
3. ВАЗИФА, СОХТОР ВА ОБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ
27. Вазифаҳои асосии Донишгоҳ аз инҳо иборат мебошанд:
- қонеъ гардонидани талаботи шахс барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ;
- рушди илм ва иқтидори эҷодӣ тавассути фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ, донишҷӯён, магистрон, аспирантону докторантон, истифодаи дастовардҳо дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;
- омӯзиш, табодул, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон, донишҷуён, магистрон, аспирантон ва докторантон;
- ҳифз, нигаҳдорӣ ва оммафаҳм гардонидани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илмӣ;
- таъмини шароити мусоид барои гузаштани таҷрибаомӯзиҳо;
- ташкилу гузаронидани корҳои амалию таҷрибавӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию ихтироъкорӣ;
- паҳн намудани донишу малакаи муосир дар соҳаҳои мухталифи илм;
- таҳия ва нашри асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, силлабус ва барномаҳои таълимӣ;
- тайёр кардани кадрҳои илмию омӯзгорӣ.
28. Донишгоҳ бо ризоияти Муассис воҳиди сохторӣ (донишкада, академия, коллеҷ, литсей ва дигар) таъсис медиҳад, ки шахси ҳуқуқӣ буда, мустақилона самти мушаххаси фаъолияти онро амалӣ менамоянд.
29.Дар Донишгоҳ факултетҳо воҳидҳои сохторие мебошанд, ки шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намешаванд.
30. Дар Донишгоҳ ҷойгир намудани воҳидҳои кори асосии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ба истиснои иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ, иттифоқи касабаи донишҷӯён ва иттиҳодияи ҷамъиятии донишҷӯён манъ аст.
31. Объектҳои фаъолияти Донишгоҳ:
- ташкил ва идоракунии ҷараёни таълим, сохтор, мазмун ва ҳаҷми барномаҳои таълимӣ;
- кор бо ҳайати кормандон, бозомӯзии касбии онҳо, андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин бо музди кори арзанда, ҳавасмангардонии маънавӣ ва моддии онҳо, таъмини дастрасӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда, ҳифзи иҷтимоии онҳо;
- таъмини шаклҳои муосири корҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани эътибор ва нуфузи Донишгоҳ, эҳтироми омӯзгорон ва риояи одоби илмию омӯзгорӣ;
- тайёр намудани кормандони сатҳи олии касбӣ ва илмию омӯзгорӣ;
- қабули донишҷӯён, магистрон, аспирантон, докторантон ва кормандони дигари илмӣ, қонеъ гардонидани талаботи онҳо ба дониш, дастрасӣ ба китобхона, синфхонаҳои замонавӣ, стипендия, хобгоҳ ва ғайра;
- ба роҳ мондани баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ, назорати дохилӣ, таъмини ҳуҷҷатнигорӣ, кори бойгонӣ, самаранокии иқтисодиёти Донишгоҳ, инчунин ҳифзи ҳуқуқҳои шахсӣ ва молу мулкии Донишгоҳ;
- тавассути сомонаи интернетӣ истифодаи почтаи электронӣ, рӯзнома, маҷалла ва воситаҳои дигари ахбори омма, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ, китобхонаи электронӣ, такмил додани ҷараёни таълим, корҳои илмию таҳқиқотӣ, байналмилалӣ, тарбиявӣ ва иқтисодӣ;
- таъмини риояи қонунгузорӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ дар идоракунӣ ва самтҳои дигари фаъолияти Донишгоҳ;
- ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- пешбурди ҳамкории байналмилалӣ.
4. ИДОРАКУНИИ ДОНИШГОҲ
32. Донишгоҳ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳ, шартномаи коллективӣ, низомномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ идора карда мешавад.
33. Донишгоҳ бо татбиқи усулҳои мувофиқати яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ низоми мақоми идоракунанда таъсис медиҳад.
34. Низоми мақомоти марказии идоракунандаи Донишгоҳ чунин мебошад:
- ректор;
- Шӯрои олимон;
- раёсати Донишгоҳ.
35. Ректори Донишгоҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.
36. Ректор барои идоракунии дастаҷамъонаи Донишгоҳ раёсат (ректорат) ва Шӯрои олимонро таъсис медиҳад.
37. Шакли асосии фаъолияти раёсати Донишгоҳ гузаронидани ҷаласаҳо мебошад. Ҷаласаҳои раёсат аз ҷониби ректори Донишгоҳ даъват карда мешавад.
38. Уҳдадорӣ ва ваколатҳои ректори Донишгоҳ аз инҳо иборатанд:
- иҷрои дахлдори супоришҳои Муассис, соҳибӣ ва истифодабарии мақсадноки молу мулки давлатӣ мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмил додани идоракунии Донишгоҳ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташуда;
- пешниҳоди таклифҳо ба Шӯрои олимони Донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, инчунин дар таҳрири нав қабул кардани ҳуҷҷатҳои номбурда;
- аз номи Донишгоҳ бе ваколатнома амал кардан, муаррифии манфиатҳои он дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- ихтиёрдории маблағҳои пулии Донишгоҳ тибқи қонунгузорӣ;
- ба кор қабул ва аз кор озод намудани кормандони Донишгоҳ;
- дар доираи ваколати худ тасвиби фармоиш ва дастурҳое, ки иҷрои онҳо барои кормандони Донишгоҳ ҳатмӣ мебошад;
- тасдиқи оиннома ва низомномаҳои воҳидҳои сохторӣ;
- дар мувофиқа бо Муассис ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани муовинони ректор ва декани факултетҳо;
- тибқи қарордод ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод кардани роҳбарони воҳиди сохтории Донишгоҳ;
- роҳбарӣ ба фаъолияти раёсат ва Шӯрои олимони Донишгоҳ;
- манзур намудани пешниҳод ба комиссияҳои олии аттестатсионии миллӣ ва хориҷӣ дар бораи таъсис ва барҳамдиҳии шӯроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳ;
- қабул, аз курс ба курс гузаронӣ, хориҷ, барқарор, иҷозат додан, гузариш ва ба комиссияи аттестатсионии хатм роҳ додани донишҷӯён, магистрон, аспирантҳо, унвонҷӯён, докторантҳо ва кормандони дигари илмию омӯзгорӣ;
- ҳамасола ба Муассис пешниҳод намудани ҳисоботи солонаи Донишгоҳ;
- дар ҳолатҳои зарурӣ даъвати ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон;
- манзур намудани пешниҳод ва дархост оид ба масъалаҳои муҳимми фаъолияти Донишгоҳ ба Муассис;
- амалисозии ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузорӣ ва Оинномаи мазкур.
39. Шӯрои олимони Донишгоҳ дар ҳайати ректор (раис), муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, олимони варзида, намояндаи донишҷуён ва кормандони дигари илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад. Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳ ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои Шӯрои олимонро тағйир диҳад.
40. Ташкили бевоситаи фаъолияти Шӯрои олимони Донишгоҳ ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳ номзадии котиби илмии Шӯрои олимонро аз ҷумлаи аъзои Шӯрои олимон барои интихоб шудан ба вазифа пешниҳод менамояд.
41. Тартиби кори Шӯрои олимон мутобиқи низомномаи Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низомномаи Шӯрои олимони Донишгоҳ амалӣ карда мешавад.
42. Шакли асосии фаъолияти Шӯрои олимон ҷаласаи он дониста мешавад. Ҷаласаҳои Шӯрои олимон ҳамон вақт баргузор мегардад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои олимон дар ҷаласа ҳузур дошта бошанд.
43. Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ҳамон вақт эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад, ки агар аз нисф зиёди аъзои Шӯрои олимони дар ҷаласа ҳузурдошта (аз 50% зиёд) оид ба қабули он овоз диҳанд.
44. Ваколатҳои Шӯрои олимон:
- нақшаи кори Шӯрои олимонро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ менамояд;
- нақшаи кори раёсати Донишгоҳро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ менамояд;
- дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи Донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои асосиро доир ба амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, тарбиявӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ муайян менамояд;
- масъалаҳои такмили идоракунии Донишгоҳ, аз ҷумла ташкил ё барҳамдиҳии воҳиди сохториро баррасӣ менамояд;
- масъалаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишгоҳро баррасӣ мекунад;
- масъалаҳои таъсиси ихтисосҳоро дар зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти олии баъд аз муассисаи олии таълимиро баррасӣ менамояд;
- имтиёзҳои воҳиди кориро барои ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва кормандони дигари илмию таълимӣ муқаррар ва татбиқ мекунад;
- стратегияи рушди Донишгоҳ, нақшаҳои дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ намуда, тасдиқ менамояд;
- санадҳои дигари танзимкунандаи фаъолияти Донишгоҳро баррасӣ ва қабул менамояд;
- бо пешниҳоди ректор масъалаи пеш аз муҳлат аз вазифа бозхонд намудани мудири кафедраро баррасӣ менамояд;
- аъзои комиссияи назоратию тафтишотиро интихоб, низомнома ва ҳисоботи онро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;
- интихоби довталабонро ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои ҷойҳои холии ҳайати профессорону омӯзгорон амалӣ мекунад;
- масъалаҳои дарёфти унвони илмиро (дотсент ва профессор) барои манзур намудан ба комиссияҳои олии аттестатсионии миллӣ ва хориҷӣ баррасӣ ва тасдиқ мекунад;
- мавзӯъ ва роҳбари илмии докторантҳоро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- номгӯйи рисолаҳо ва корҳои (лоиҳаҳои) хатм, дипломӣ ва магистриро баррасӣ ва тасдиқ мекунад;
- номгӯй ва гирандагони стипендияҳои номиро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимиро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ мекунад;
- масъалаи муқаррар намудани иловапулиҳо (барои дараҷаи номзади илм ва доктор PhD) ва ҷубронпулиҳоро баррасӣ ва тасдиқ менамояд;
- номзадии кормандонро барои дарёфти мукофотҳои давлатӣ, соҳавӣ ва ҷоизаҳои гуногун тавсия медиҳад;
- масъалаҳои тайёр намудан, такмили ихтисос, табодул ва ҳавасмандкунии кадрҳоро баррасӣ намуда, барои дохил шудан ба аспирантура, интернатура, ординатура, докторантура, постдокторантура ва гузаронидани кормандон ба вазифаи ходими илмӣ ва ходими калони илмӣ ва анҷоми рисолаҳои докторӣ тавсияҳо медиҳад;
- ҳайат ва хулосаи комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ ва шӯроҳои доимию муваққатан амалкунандаро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ мекунад;
- ҳисоботи роҳбарони воҳиди сохториро баррасӣ, муҳокима ва тасдиқ менамояд;
- масъалаҳои муҳими фаъолияти Донишгоҳро, ки аз ҷониби ректор пешниҳод мегардад, баррасӣ ва муҳокима мекунад;
- масъалаҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
45. Раёсати Донишгоҳ дар ҳайати ректор (раис), муовинони ректор, деканҳои факултетҳо, роҳбарони воҳиди сохторӣ ва олимону мутахассисони даъватӣ аз рӯйи зарурият ташкил карда мешавад. Роҳбарии бевоситаи фаъолияти Раёсат ба уҳдаи ректор вогузор карда мешавад. Шумораи аъзои раёсатро ректор муайян менамояд.
46. Раёсат тибқи нақшаи тасдиқшуда, инчунин масъалаҳои оперативии идоракунӣ, раванди таълим, ҷараёни корҳои илмӣ ва масъалаҳои дигари ҳалталабро, ки ба ваколати он тааллуқ дорад, баррасӣ менамояд. Ҷаласаи раёсат аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи ректор дар як моҳ на камтар аз як маротиба даъват карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ ректор ҳуқуқ дорад ҷаласаи ғайринавбатии раёсатро даъват намояд.
47. Ҷаласаҳои раёсатро ректор раисӣ менамояд. Ҳангоми набудани ректор бо супориши ӯ дар ҷаласа муовини аввал ё муовин оид ба таълим раисӣ мекунад.
48. Қарорҳои раёсати Донишгоҳ барои иҷро аз ҷониби сохторҳо ҳатмӣ мебошад. Назорати иҷрои қарорҳои раёсатро, ки тавассути дастури ректори Донишгоҳ ба расмият дароварда шудааст, шахси аз ҷониби ректор ваколатдоршуда амалӣ менамояд.
49. Факултет воҳиди сохтории Донишгоҳ буда, фаъолияти онро декан роҳбарӣ менамояд.
50. Декани факултет дорои чунин ваколатҳо аст:
- корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, тарбиявӣ ва корҳои дигарро дар сатҳи факултет роҳбарӣ мекунад;
- иҷрои нақша ва барномаҳо, ҷадвали ҷараёни таълимро таъмин ва назорат менамояд;
- чорабиниҳо оид ба ташкили ҷараёни таълим, баланд бардоштани сифати таҳсилотро баррасӣ ва амалӣ менамояд;
- дар бораи ҳаракати донишҷӯён ва паҳлуҳои дигари фаъолияти факултет ба раёсат пешниҳод манзур менамояд;
- аттестатсияи кормандони илмиро дар факултет ташкил мекунад;
- масъалаҳои беҳдошти шароити зисту маишӣ, моддӣ ва саломатии донишҷӯёнро баррасӣ менамояд;
- назорати риояи меъёрҳои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳро дар факултет таъмин месозад;
- мувофиқи Оинномаи мазкур ва низомнома дар бораи факултет масъалаҳои дигаре, ки дар ваколати ӯ мебошанд, ҳал менамояд.
51. Дар факултет таҳти роҳбарии декан Шӯрои олимон ташкил карда мешавад. Тартиби ташкил ва ваколати Шӯрои олимони факултет мувофиқи низомномаи Шӯрои олимони факултети Донишгоҳ муайян карда мешавад.
52. Кафедра воҳиди муҳимми сохтории Донишгоҳ буда, фаъолияти он тибқи низомнома дар бораи кафедра ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд.
5. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ МЕТОДИИ ДОНИШГОҲ
53. Фаъолияти таълимию методӣ дар Донишгоҳ вобаста ба муҳлат ва зинаҳои таҳсил дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.
54. Самту усулҳои муосири таълим ва татбиқи онҳо дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсили касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, иҷозатнома ва шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дода мешавад, амалӣ мегарданд.
55. Донишгоҳ бо мақсади таъмини самараноки таълим низоми музди кори арзанда, заминаҳои муосири моддию техникӣ, иттилоотию иртиботӣ, иттилоотикунониро татбиқ намуда, инфрасохтори дигари пешбурди корҳои таълимию методӣ, таҷрибаомӯзӣ ва монанди инҳоро истифода мекунад.
56. Забони таҳсил дар Донишгоҳ забони давлатӣ (тоҷикӣ) мебошад. Барои ноил шудан ба сатҳи муассисаи таҳсилоти олии касбии байналмилалӣ барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти субъектони раванди таълим, Донишгоҳ ҳуқуқ дорад аз забонҳои дигар истифода намояд.
57. Донишгоҳ нақша ва ҷадвали раванди таълимро, аз ҷумла барои таълимоти инфиродӣ бо дар назар доштани сатҳи тайёрии пешакӣ, қобилиятнокӣ ва дархости фармоишгар таҳия ва тасдиқ менамояд.
58. Донишгоҳ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби тарзу усулҳои таълим барои донишҷӯён шароитҳои заруриро таъмин менамояд.
59. Ба корҳои дигар ҷалб намудани донишҷӯён, магистрон, аспирантону докторантон, истифода ва татбиқи усулҳои ғайрибашарии таълиме, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид мекунад, манъ аст.
60. Донишгоҳ дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклҳо, тартиби гузаронидани машғулият, шакли назорат ва баҳогузории имтиҳонҳои ҷорӣ, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил мебошад.
61. Донишгоҳ кори методиро ташкил ва роҳбарӣ намуда, дар асоси низомномаи Шӯрои илмию методӣ фаъолияташро ба роҳ мемонад.
62. Донишгоҳ муҳлат, тартиб ва сифати раванди таҷрибаомӯзиро дар худи Донишгоҳ ва ташкилотҳои дигар назорат менамояд.
6. ФАЪОЛИЯТИ ИЛМИЮ ТАҲҚИҚОТӢ ВА ИННОВАТСИОНИИ ДОНИШГОҲ
63. Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ дар самтҳои афзалиятноки рушди илм, инноватсия, техника ва технология чораҳои амалӣ меандешад.
64. Дар Донишгоҳ инфрасохтори илмию таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ, ба монанди раёсат, шуъба, бахш, озмоишгоҳ, парки технологӣ, кафедра, китобхона ва Шӯроҳои диссертатсионӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо, нашриёт ва ниҳодҳои дигари мусоидаткунанда ба фаъолияти илмӣ, ташхисӣ ва машваратӣ мавҷуд буда, дар пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ ва тиҷоратикунонии объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ замина мегузоранд.
65. Принсипи асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии Донишгоҳ ин ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин илмҳои соҳавӣ ва академӣ мебошад.
66. Дар Донишгоҳ ба самти тайёр намудани кормандони илмӣ ва омӯзгорӣ, иттилоотикунонии субъектони муомилоти гражданӣ оид ба дастовардҳои илмӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои истисноӣ ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ диққати махсус дода мешавад.
67. Донишгоҳ корҳои илмию таҳқиқотии худро аз рӯйи нақшаҳо анҷом медиҳад, ки аз тарафи Шӯрои олимон тасдиқ карда мешаванд.
68. Донишгоҳ захираҳои илмии худро таъмин намуда, онро оқилона ва самарабахш истифода менамояд, сифати корҳои иҷрошудаистода ва бехатарии шароити меҳнатро таъмин менамояд.
7. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ
69. Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байналмилалии байнидонишгоҳӣ, иштироки фаъол дар барномаҳои созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ва гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ чораҳои амалӣ меандешад.
70. Ҳамкории байналмилалиро Донишгоҳ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ ва байнидонишгоҳӣ ба роҳ мемонад.
71. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳо, фондҳо ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ робитаи бевоситаро ба роҳ монад.
72. Донишгоҳ барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмию методӣ ва илмию таҳқиқотиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд.
73. Донишгоҳ барои тайёр намудан, табодул, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ, инчунин тайёр намудан, табодул, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, корҳои омӯзгорӣ ва илмию таҳқиқотии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар асоси шартномаю созишномаҳои дахлдор машғул мешавад.
74. Маблағе, ки Донишгоҳ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меорад, дар ихтиёрдории он мегузарад. Ин маблағ барои рушди соҳаи таҳсилот, илм, мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва рушди иҷтимоии Донишгоҳ харҷ карда мешавад.
8. ФАЪОЛИЯТИ ТАРБИЯВИИ ДОНИШГОҲ
75. Донишгоҳ бо мақсади тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, фикру ҷисми солим, эҳсоси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳуввият ва худогоҳии миллидошта, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор, ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор фаъолияти тарбиявиро ба роҳ мемонад.
76. Фаъолияти тарбиявии Донишгоҳ дар асоси Оинномаи мазкур, низомномаи шуъбаи тарбия ва нақшаҳои тасдиқшудаи фаъолияти он ба роҳ монда мешавад.
77. Донишгоҳ барои ташвиқоту тарғиботи иҷтимоӣ, ҷалби бештари донишҷӯён ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ва аҳамияти калони иҷтимоию сиёсидоштаи давлатӣ чораҳои амалӣ меандешад.
78. Асоси методологии тарбия дар Донишгоҳ тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки моҳияти он дар таҳкими истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба таърихи ниёгон ва дар таъмини амалишавии ҳадафҳои стратегии миллӣ ифода мегардад.
9. ҚАБУЛИ ДОНИШҶӯЁН, МАГИСТРАНТОН, КОРОМӯЗОН, АСПИРАНТОН, УНВОНҶӯЁН, ДОКТОРАНТОН ВА КОРМАНДОН БА ДОНИШГОҲ ВА ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
79. Қабули донишҷӯён, магистрантон, коромӯзон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон ва кормандон ба Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
80. Дар Донишгоҳ донишҷӯён, магистрон, коромӯзон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон ва кормандон дорои ҳуқуқу уҳдадориҳо мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
81. Дар Донишгоҳ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии донишҷӯён, магистрантон, коромӯзон, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон ва кормандон кумитаҳои иттифоқи касаба фаъолият менамояд.
10. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГӢ ВА ҲИСОБОТДИҲИИ ДОНИШГОҲ
82. Донишгоҳ ба молу мулки дар истифодааш буда (биною иншоот, маҷмааҳои таълимӣ, таҷҳизот ва ашёи дигари зарурии таълимӣ, техникӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ ва ғайра) тибқи қонунгузорӣ, ҳадафҳои фаъолияти хеш, супоришҳои Муассис ва таъиноти молу мулк ҳуқуқи идоракунии оперативӣ дорад.
83. Донишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳибӣ ва истифодаи пурраи маблағу молу мулк ва намудҳои дигари моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш ҳадя намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё худ мерос мондаанд, дорад.
84. Маҳсули алоҳидаи фаъолияти зеҳнӣ, ки зимни иҷрои вазифа ё супориши хизматӣ эҷод шудаанд (асарҳои хизматӣ), объекти ҳуқуқи истисноии Донишгоҳ мебошанд. Ҳеҷ як шахси дигар бидуни иҷозати дахлдори Донишгоҳ, ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, наметавонад аз асарҳои хизматӣ ройгон истифода намояд.
85. Сарчашмаҳои ташаккули молу мулки Донишгоҳ ва маблағгузории фаъолият аз инҳо иборат аст:
- моликияти давлатие, ки ба Донишгоҳ дода шудааст;
- маблағҳои буҷетии дахлдор, ки барои Донишгоҳ ҷудо гардидааст;
- даромад аз ҳиссаи Донишгоҳ дар воҳиди сохторие, ки шахси ҳуқуқӣ мебошанд;
- даромадҳое, ки аз амалӣ намудани шаклҳои гуногуни хизматрасониҳои муздноки Донишгоҳ ба даст меоянд;
- ҳадя, хайрияҳои ихтиёрӣ ва мероси шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- даромад аз истифодаи объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнии Донишгоҳ;
- даромади дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур манъ нашудааст.
86. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, ба ғайр аз нақшаи қабули донишҷӯён, аспирантону докторантон, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, донишҷӯёну коромӯзон, аспирантону унвонҷӯён, муҳаққиқону докторантонро ба тариқи шартномавӣ бо пардохти ҳаққи таҳсил ба тариқи инфиродӣ ва аз ҳисоби маблағҳои шахсони дигар қабул намояд.
87. Донишгоҳ дар пешбурди корҳои шартномавӣ, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, мустақил мебошад. Маҷбур намудани Донишгоҳ барои бастан, тағйир додан ва қатъ намудани шартномаҳо, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ё супориши Муассис манъ аст.
88. Амалиёти молиявӣ тибқи супориши Донишгоҳ ва баҳисобгирии он аз ҷониби мақоми хазинадорӣ ба воситаи суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ ва суратҳисоби асъории хазинадорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
89. Донишгоҳ танҳо дар мувофиқа бо Муассис ва мақомоти хазинадории давлатӣ метавонад дар ташкилотҳои дигари қарзӣ (кредитӣ) суратҳисобҳои пулӣ кушояд.
90. Донишгоҳ ҳамчун аъзои ассотсиатсияҳои низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мақоми ҳуқуқии худро нигоҳ медорад ва танҳо аз рӯйи уҳдадориҳои ассотсиатсия дар ҳаҷм ва бо тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия муқарраршуда ҷавобгарии субсидиарӣ (иловагӣ) дорад.
91. Воҳидҳои сохтории Донишгоҳ, ки шахси ҳуқуқӣ мебошанд, барои кушодани суратҳисоби бонкии алоҳида ҳуқуқ доранд.
92. Донишгоҳ ҳисоботдиҳии оперативӣ ва молиявӣ аз натиҷаҳои фаъолияти кори худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад, бо шакли муқарраршуда баҳисобгирии муҳосибӣ, оморӣ ва бойгониро пеш бурда, аз рӯйи онҳо ба Муассис ҳисобот пешниҳод менамояд.
93. Донишгоҳ дар назди Муассис, мақомоти молия, андоз, омор ва мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
94. Давраи ҳисоботӣ барои Донишгоҳ соли тақвимӣ аз 1 январ то 31 декабр ба ҳисоб меравад.
11. ҚАТЪ ШУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ
95. Қатъ шудани фаъолияти Донишгоҳ тариқи барҳам додан ва ё азнавташкилдиҳӣ (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо шудан, табдил ёфтан)-и он амалӣ карда мешавад.
96. Қатъ шудани фаъолияти Донишгоҳ ҳамчун муассисаи давлатии дорои аҳамияти калони иҷтимоӣ дар ҳолатҳои истисно ва танҳо дар асоси қарори Муассис амалӣ мегардад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30" декабри соли 2021, №544
Сохтори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Шӯрои олимон
3. Раёсати таълим
4. Раёсати илм
5. Раёсати инноватсия
6. Раёсати маъмурию хоҷагидорӣ
7. Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
8. Раёсати муҳосибот
9. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
10. Шуъбаи тарбия
11. Шуъбаи ҳуқуқ
12. Шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо
13. Шуъбаи бехатарӣ
13(1). Корхонаи воҳиди давлатии "Маҷмааи варзишӣ"-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ()
14. Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
15. Институти илмию таҳқиқотӣ
16. Институти Конфутсий
17. Факултети механикаю математика
18. Факултети физика
19. Факултети химия
20. Факултети биология
21. Факултети геология
22. Факултети иқтисод ва идора
23. Факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ
24. Факултети молиявию иқтисодӣ
25. Факултети журналистика
26. Факултети филологияи рус
27. Факултети забонҳои Осиё ва Аврупо
28. Факултети филология
29. Факултети муносибатҳои байналхалқӣ
30. Факултети таърих
31. Факултети ҳуқуқшиносӣ
32. Факултети фалсафа
33. Факултети фарматсевтӣ
34. Факултети тиббӣ
35. Факултети муштараки ДМТ бо МТО Беларус
36. Литсей