Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2024, № 243 "Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маҷмааи варзишӣ"-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии "Маҷмааи варзишӣ"-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 122 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Корхонаи воҳиди давлатии "Маҷмааи варзишӣ"-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

2. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Корхонаи мазкурро ҳал намояд.

3. Ба замимаи 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, № 544 "Дар бораи Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон" банди 13(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"13(1). Корхонаи воҳиди давлатии "Маҷмааи варзишӣ"-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон".

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 29 апрели соли 2024, № 243

 

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О создании Государственного унитарного предприятия "Спортивный комплекс" при Таджикском национальном университете

В соответствии со статьей 13 конститутционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", статьей 122 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О государственных предприятиях" Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Создать Государственное унитарное предприятие "Спортивный комплекс" при Таджикском национальном университете.

2. Таджикскому национальному университету решить в установленном порядке организационно-правовые и финансовые вопросы данного Предприятия.

3. Дополнить приложение 2 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2021 года, №544 "Об Уставе Таджикского национального университета" пунктом 13(1) следующего содержания:

"13(1). Государственное унитарное предприятие "Спортивный комплекс" при Таджикском национальном университете".

4. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учетные данные.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан               Эмомали Рахмон

г.Душанбе

от 29 апреля 2024 года №243