Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 № 1838 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 октябри соли 2021, №514

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №211

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника" аз 18 марти соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3 , мод. 219; с. 2018, №5, мод. 281; с. 2019, №7, мод. 469) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддимаи Қонун калимаи "техникиро" ба калимаҳои "техникӣ, назорати давлатии онро" иваз карда шавад.

2. Ба моддаи 1 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

" - мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илмро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;".

3. Моддаи 4(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 4(1). Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ

Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ фаъолияти субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникиро оид ба иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи давлатӣ пешбинӣ менамояд. Назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ тавассути мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм амалӣ карда мешавад.".

4. Моддаи 8(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 8(1). Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм дохил мешаванд:

- амалӣ намудани сиёсати давлатии назорат дар соҳаи фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи илм;

- аккредитатсияи субъектҳои фаъолияти илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- назорат ва баҳогузории фаъолияти илмии муассисаҳо ва ташкилотҳои илмӣ ва (ё) илмию техникӣ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021 № 1838