Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 23 июни соли 2021, №457
қабул карда шуд
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 декабри соли 2021, №203
ҷонибдорӣ карда шуд
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ташаккулу камолоти ҷавононро бо мақсади амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон пешбинӣ карда, истифодаи самараноки неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳоро ба манфиати ҷомеа муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон - иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии ҷавонон мебошад, ки онҳо дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон нишон дода шудаанд;
2) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷавононмақоми давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, сиёсати давлатиро дар соҳаи кор бо ҷавонон амалӣ менамояд;
3) оилаи ҷавон - оилае, ки дар он зану шавҳар ё яке аз онҳо ба синни 30 нарасидаанд, ё ин, ки падар ё модари синни то 30-солае, ки дар танҳоӣ кӯдакро тарбия мекунад;
4) сиёсати давлатии ҷавонон - низоми ягонаи тадбирҳои ташкилӣ ва ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангӣ мебошад, ки аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади ташаккулу камолоти ҷавонон, ҳифзи ҳуқуқ ва истифодаи босамари неруи зеҳнии онҳо ба манфиати ҷамъият татбиқ мегардад;
5) субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон - ҷавонон, оилаҳои ҷавон, иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳое, ки дар доираи ваколатҳои худ дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон иштирок менамоянд;
6) ташкилотҳои кор бо ҷавонон - шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо), новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқие, ки дар соҳаи ҷавонон фаъолият менамоянд;
7) ҷавонон - шахсони синни аз 14 то 30-сола мебошанд;
8) ҷавонони болаёқат, фаъол ва ташаббускор - ҷавононе, ки қобилияти муносиб, майлу рағбат ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ба корҳои ҷамъиятӣ дошта, иштироккунандаи фаъоли чорабиниҳои оммавӣ мебошанд ва ё дар таҳсил, шуғл ё меҳнат рафтори намунавӣ доранд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон Вазифаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон аз инҳо иборатанд:
1) ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон;
2) тарбияи шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ;
3) ҷалб намудани ҷавонон ба ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон
Сиёсати давлатии ҷавонон бо принсипҳои асосии зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) ошкорбаёнӣ ва шаффофият;
3) иштироки ҷавонон дар ташаккул ва амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон;
4) дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои ҷавонон ва иттиҳодияи онҳо;
5) ҳуқуқи баробари ҷавонон ба дастгирии давлатӣ;
6) афзалиятнокии арзишҳои миллӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ;
7) ҳамкории байниидоравӣ дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон;
8) амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон.
Моддаи 5. Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон
Самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон инҳоянд:
1) тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо;
2) ташаккули мафкураи миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва ҳисси оштинопазир ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷалобӣ ва намудҳои дигари ҷинояткорӣ;
3) ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, фаъол намудани онҳо дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ;
4) таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла, бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо;
5) таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон;
6) таъмини ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон;
7) фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок барои ҷавонон ва таъмини рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо;
8) таъминоти иҷтимоии ҷавонон, таъмини онҳо ба шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб;
9) таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ;
10) омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани мутахассисони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда.
БОБИ 2. АСОСҲОИ ИДОРАКУНӢ ДАР САМТИ АМАЛИСОЗИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дорои салоҳияти зерин мебошад:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон;
2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон;
3) тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатии рушди соҳаи кор бо ҷавонон;
4) ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ;
5) тасдиқи низомномаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон;
6) таъсиси марказҳо ва сохторҳои дигар дар соҳаи кор бо ҷавонон;
7) ташкили низоми ягонаи маълумоти оморӣ ва таъмини иттилоотии соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон;
8) салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) таъмини татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон;
2) омода намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва шинохти бештари манфиатҳои миллӣ;
3) андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати шинос намудани ҷавонон бо манфиатҳои миллию ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани мафкураи оштинопазир ва муқовимат ба амалҳои номатлуб, инчунин, ақидаю гурӯҳҳои ба ин амалҳо мусоидаткунанда ва ташаккули маърифати ҳуқуқию сиёсӣ;
4) андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати ташаккули ахлоқи ҳамидаи ҷавонон, сафарбар кардани онҳо ба корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ;
5) омода сохтани ҷавонон ҷиҳати дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ ширкат варзидан;
6) амалӣ намудани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботи оид ба баланд бардоштани вазъи иҷтимоии ҷавонон, омода намудани онҳо барои дарёфти шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб, таъмини мустақилияти иқтисодии ҷавонон, рушди фаъолияти соҳибкории ҷавонон, ҷалби онҳо ба хоҷагидорӣ ва ҳунармандӣ;
7) омода ва пешниҳод намудани мутахассисони ҷавон ба вазифаҳои роҳбарикунанда;
8) ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон бо мақсади амалисозии мақсадноки сиёсати давлатии ҷавонон, новобаста аз мансубияти идоравӣ ва шакли моликият;
9) ташкил намудани нашри адабиёти илмӣ, методӣ ва оммавӣ доир ба масъалаҳои амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон тибқи тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) пешбурди феҳристи захираи мутахассисони ҷавон ва тасдиқ намудани тартиби баҳисобгирии он;
11) таҳия ва амалӣ намудани фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ вобаста ба амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон;
12) пешбурди омори соҳаи кор бо ҷавонон ва аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои кор бо ҷавонон талаб намудани маълумоти оморӣ;
13) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) таъмини татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар маҳал;
2) тасдиқ ва маблағгузорӣ намудани барномаҳои мақсадноки маҳаллии рушди ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон;
3) маблағгузорӣ намудани соҳаи кор бо ҷавонон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва аз ҳисоби сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
4) ташаккул додани фондҳои рушди соҳаи кор бо ҷавонон аз ҳисоби сарчашмаҳои ғайрибуҷетӣ;
5) мусоидат намудан ба фаъолияти ташкилотҳои кор бо ҷавонон барои сохтмон, таъмир ва барқарорсозии иншооти соҳавӣ;
6) ба роҳ мондани фармоиши иҷтимоии давлатӣ вобаста ба амалисозии самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон;
7) таъсис додани стипендияи номӣ, ҷоизаҳои дахлдор дар сатҳи маҳал ва чораандешӣ намудан ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон дар маҳал дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон;
8) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
1) таъмини татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот;
2) тасдиқ ва амалӣ намудани нақшаҳои мақсадноки рушди ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот;
3) таъсис додани ҷоизаҳо ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷавонон дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот;
4) мусоидат кардан барои таъсис, таъмир ва бозсозии иншооти ҷавонон;
5) иштирок кардан дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҷавонон;
6) мусоидат кардан ба фаъолияти субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳудуди дахлдор;
7) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 10. Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон
1. Таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
2. Иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон фаъолияти худро тибқи оинномаи худ ба роҳ мемонад.
3. Фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон ҳамчун шарики иҷтимоӣ дар амалисозии самтҳои афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо роҳи амалисозии фармоишҳои иҷтимоии давлатӣ, ташкили чорабиниҳои мақсадноки рушди ҷавонон дастгирӣ карда мешавад.
4. Барои дастгирии фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон грантҳои давлатӣ таъсис дода мешаванд.
Моддаи 11. Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон
Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ҳуқуқ доранд ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавононро таъсис диҳанд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шахсони ҳуқуқӣ ба чунин ассотсиатсия ҳуқуқи шомил шуданро доранд.
Моддаи 12. Маркази ҷавонон
Таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии маркази ҷавонон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 13. Шӯрои олимони ҷавони муассисаҳои таълимӣ таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ
Бо мақсади ташаккул ва рушди заминаҳои илмӣ, таҳлилӣ ва иттилоотии ҷавонон дар муассисаҳои илмӣ ва таълимии таҳсилоти олии касбӣ шӯрои олимони ҷавон таъсис дода мешавад.
Моддаи 14. Шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
Бо мақсади муттаҳидсозии ҷавонон дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии фаъолияти таълимию эҷодкорӣ ва ташаббускории донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шуъбаи кор бо ҷавонон таъсис гардида, фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ба роҳ мемонад.
Моддаи 15. Маҳфили гирандагони стипендияҳо барои ҷавонони болаёқат, фаъол ва ташаббускор
Маҳфили гирандагони стипендияҳо барои ҷавонони болаёқат, фаъол ва ташаббускор метавонад аз ҳисоби гирандагони стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва инчунин стипендияи номӣ дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва сохторҳои маҳаллии он таъсис ёбад.
Моддаи 16. Маҳфили волонтёрони ҷавон
1. Маҳфили волонтёрони ҷавон метавонад аз ҳисоби ихтиёриён дар назди ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, таъсис ёбад.
2. Аъзои волонтёрони ҷавон ба воситаи ташкилоти ҷалбкунанда барои фаъолият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.
БОБИ 3. АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ, ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР САМТИ АМАЛИСОЗИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
Моддаи 17. Ҳуқуқи ҷавонон дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон
Ҷавонон дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:
1) дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон ширкат варзанд;
2) тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумакҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ гиранд;
3) намуди кумак ва хизматрасониҳоро қабул намоянд ё рад кунанд;
4) захираҳои моддӣ, молиявӣ, меҳнатӣ, иттилоотӣ ва табииро дастрас ва истифода намоянд;
5) аз ҳуқуқҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Моддаи 18. Амалисозии ҳуқуқи ҷавонон ба таъмини иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла, бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо
Таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла, бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо бо мақсади фаъолгардонии сиёсӣ, таҳкими иқтидор ва захираи мутахассисони соҳаи идоракунӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъмини ҳуқуқи ҷавонон ба идоракунӣ ва ҳуқуқэҷодкунӣ, таъмини таҷриба, такмили малака, маҳорати идоракунӣ ва роҳбарии ҷавонон, дастгирии шарикии ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо дар таҳия ва амалисозии барномаҳои мақсадноки алоқаманд, инчунин, амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 19. Таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон
1. Ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии ҷавонон аз ҷониби субъектҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳифз ва таъмин карда мешаванд.
2. Давлат шахсонеро, ки ба синни 18 нарасидаанд, таҳти ҳимоя қарор дода, тартиби махсуси амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои онҳоро муқаррар мекунад.
Моддаи 20. Ҳифзи саломатӣ, солимгардонӣ, истироҳат, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди сайёҳӣ, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои кор бо ҷавонон:
1) ҳангоми паҳншавии бемориҳои махсусан хатарнок, аз ҷумла, вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, нашъамандӣ, майзадагӣ ва бемориҳои дигаре, ки ба афзоиши маъюбӣ ва фавти ҷавонон сабаб мешаванд, оид ба пешгирии паҳншавии чунин бемориҳо тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд;
2) тарзи ҳаёти солимро бо роҳи машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин истеъмоли ғизои солим ва риояи ҳолатҳои беҳдоштии шахсӣ ба роҳ мемонанд;
3) барои ташкили истироҳату солимгардонии ҷавонон, лагерҳои тобистонаю зимистона ва рушди сайёҳии ҷавонон мусоидат менамоянд;
4) хизматрасонии тиббӣ ва хизматрасониҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
Моддаи 21. Ҳуқуқи ҷавонон ба гирифтани таҳсилоти сифатнок ва рушди ихтироъкорию эҷодкорӣ
Ҳуқуқи ҷавонон ба гирифтани таҳсилоти сифатнок ва рушди ихтироъкорию эҷодкории онҳо бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) таъсиси стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо ва стипендияҳои номӣ барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, ҷавонони болаёқат ва фаъоли ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) аз ҷониби давлат дастгирӣ кардани ихтироъкорӣ ва эҷодкории ҷавонон;
3) рушд ва дастгирии давлатии фаъолияти илмиву ихтироъкорӣ ва эҷодкории ҷавонон бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ.
Моддаи 22. Ҳуқуқи ҷавонон ба дастгирии иҷтимоӣ, шуғли пурмаҳсул ва ҷойи кори муносиб
1. Давлат дар таъмини кумакпулӣ, кумаки тиббию равонӣ, таҳсил, ҷойи кор, манзил ва нафақа барои ҷавонон аз гурӯҳҳои осебпазир, инчунин, оилаҳои ҷавоне, ки як ва ё ҳар дуи онҳо маъюб мебошанд, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
2. Ҷавонон ба меҳнат, интихоби касбу кор ва ҳифзи меҳнат ҳуқуқ доранд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ:
1) ҷавононро ба ҷойи кори муносиб таъмин менамоянд;
2) дар таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва барномаҳои дигар дар соҳаи кор бо ҷавонон иштирок менамоянд;
3) машғулиятнокии ҷавононро таҳлил менамоянд ва ҷиҳати таъмини шуғлнокии онҳо чораҳо меандешанд;
4) маблағгузории чорабиниҳоро, ки ба мақсади ташкили ҷойи кор барои ҷавонон амалӣ карда мешаванд, таъмин менамоянд;
5) ба фаъолияти ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, оид ба таъмини шуғли пурмаҳсул, тамоюли касбӣ ва тайёрии касбии ҷавонон мусоидат мекунанд;
6) омӯзиши касбу ҳунар ва таълими забонҳои хориҷиро ташкил менамоянд;
7) корфармоёнеро, ки ба хизмати иҷтимоӣ, шуғли ҷавонон дар соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, илму техника, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ мусоидат мекунанд, ҳавасманд мегардонанд.
4. Ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат барои бо кор таъмин намудани ҷавонон ҳиссаи (квотаи) ҷойҳои кориро муайян мекунанд.
Моддаи 23. Ҳуқуқи ҷавонон ба моликият, фаъолияти соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари иқтисодӣ
1. Давлат ҳуқуқи ҷавононро ба моликият, фаъолияти соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари иқтисодӣ кафолат медиҳад.
2. Ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолияти соҳибкории ҷавононро тавассути таъминоти моддию техникӣ, грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок дар доираи амалисозии барномаҳои мақсадноки рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ дастгирӣ менамоянд.
3. Барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти иқтисодии ҷавонон барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва лоиҳаҳои озмоишӣ (моделӣ) таҳия ва амалӣ гардонида мешаванд.
4. Ҷиҳати рушди маданияти иқтисодии ҷавонон дар байни онҳо, махсусан оилаҳои ҷавон мунтазам чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.
5. Лоиҳаҳои тиҷоратии ҳунармандони ҷавон оид ба коркард ва истеҳсоли молу маҳсулоти дастӣ дар доираи фондҳои дастгирии соҳибкорӣ ва барномаҳои мақсадноки рушди давлатӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Моддаи 24. Омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати пешниҳод намудани онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда
Давлат барои амалисозии босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди заминаҳои илмӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, омодасозии кадрӣ ва касбии сиёсати давлатии ҷавонон шароит ва заминаи зарурии илмию амалӣ ва идоракуниро фароҳам меорад.
Моддаи 25. Дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон
1. Бо мақсади дастгирии давлатии оилаҳои ҷавон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зерин андешида мешаванд:
1) расонидани кумакҳои моддӣ, таълимӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ, равоншиносию омӯзишӣ ба оилаҳои ҷавон ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва маишии онҳо;
2) расонидани кумакҳои молиявии таъхирнопазир ба оилаҳои ҷавон дар доираи барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ;
3) беҳтар намудани шароити манзилии оилаҳои ҷавони камбизоат аз ҳисоби фонди манзили истифодаи иҷтимоӣ;
4) таъмини хизматрасонии ройгони иттилоотӣ ва машваратии оилаҳои ҷавон дар муассисаҳои марбутаи давлатӣ ва маҳаллӣ;
5) татбиқи чораҳо барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ ва мусоидат ба омӯзиши асосҳои танзими оила.
2. Бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон барои ташкили оила, устувор гардонидани он, таваллуд, тарбияи кӯдакон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки моддию молиявӣ ва навъҳои дигари ёрӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 26. Маблағгузорӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон
Маблағгузорӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон дар доираи маблағҳои барои субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешавад.
Моддаи 27. Фонди дастгирии ҷавонони Тоҷикистон
Бо мақсади дастгирии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, моддию маънавӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии ҷавонон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад Фонди дастгирии ҷавонони Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Моддаи 28. Эҳсонкорӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд барои рушди соҳаи кор бо ҷавонон иншооти соҳаи кор бо ҷавононро таъсис дода, онҳоро бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз намоянд, тариқи эҳсонкорӣ молу мулк ва маблағ хайр намоянд.
БОБИ 4. МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ АМАЛИСОЗИИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
Моддаи 29. Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон
Ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 30. Иштироки сармоягузорони хориҷӣ дар ташкили инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар ташкили инфрасохтори соҳаи кор бо ҷавонон иштирок намоянд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон" аз 15 июли соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №7, мод.459; с.2011, №6, мод.429; с.2014, №11, мод.670) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 33. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 23 декабри соли 2021, №1830