Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021, № 1829 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 октябри соли 2021, №546

қабул карда шуд

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 декабри соли 2021, №202

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 531), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- сархатҳои якум ва сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"- минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдминтақаҳои кӯҳӣ) - ҳудудҳое, ки дорои хусусиятҳои хоси табиӣ (баландиҳои табиии минтақавӣ) буда, ба ташаккули экосистемаҳо, тарзи ҳаёт ва пешбурди фаъолияти хоҷагидории аҳолии дар ин ҳудудҳо истиқоматкунанда таъсир мерасонанд;";

- баландиҳои табиии минтақавӣ - тағйирёбии мунтазами шароитҳо ва ландшафтҳои табиӣ, ки бинобар тағйирёбии иқлим ва баландии сатҳи баҳр, бо пайдоиши минтақаҳои табиии кӯҳии миёна, баланд ва баландтар ба амал омадааст;";

- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва тарзи зиндагии анъанавии аҳолии минтақаҳои кӯҳӣ равона шудаанд;".

2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Ба моддаи 4 сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- таъмини ҳифзи муҳити зист, системаҳои табиии экологӣ ва ландшафтҳои табиии минтақаҳои кӯҳӣ;".

4. Моддаи 6(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 6(1). Ҳифзи муҳити зист дар минтақаҳои кӯҳӣ

1. Дар минтақаҳои кӯҳӣ системаҳои табиии экологӣ, ландшафтҳои табиии кӯҳӣ, қисматҳои табиӣ ва иқлими кӯҳӣ таҳти муҳофизати махсус қарор доранд.

2. Ҷойгиронии объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти минтақаҳои кӯҳӣ пас аз гузарондани арзёбии экологии таъсири фаъолияти пешбинишуда ба муҳити зист иҷозат дода мешавад.

3. Зараре, ки ба муҳити зист дар натиҷаи амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият дар минтақаҳои кӯҳӣ расонда шудааст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.".

5. Дар моддаи 8:

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;";

- сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- таъмини ҳамкории мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба минтақаҳои кӯҳӣ;".

6. Ба моддаи 9 сархатҳои дуюм, сеюм ва шашум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушд ва ҳифзи минтақаҳои кӯҳӣ;

- фароҳам овардани шароит барои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии варзишию кӯҳгардӣ ва экологӣ;

- фароҳам овардани шароит барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ;".

7. Ба моддаи 10 сархатҳои ҳаштум, нуҳум, даҳум ва ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- дастгирӣ ва рушди заминистифодабарии лалмӣ, боғдорӣ ва ангурпарварии кӯҳӣ, чорводории чарогоҳҳои кӯҳӣ;

- рушди технологияҳои рақамӣ ва воситаҳои коммуникатсионӣ;

- рушди системаҳои саноатӣ, ирригатсионию мелиоративӣ, шабакаҳои нақлиётӣ ва энергетикӣ;

- рушди хоҷагидории манзилию коммуналӣ;".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 23 декабри соли 2021, № 1829

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОРНЫХ РЕГИОНАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят

постановлением МН МОРТ

от 27 октября 2021 года, №546

Одобрен

постановлением ММ МОРТ

от 17 декабря 2021 года, №202

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О горных регионах Республики Таджикистан" от 22 июля 2013 года (Ахбор Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст. 531), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- абзацы первый и третий изложить в следующей редакции:

"- горные регионы Республики Таджикистан (далее - горные регионы) - территории, обладающие характерными природными особенностями (природная высотная зональность), оказывающими влияние на формирование экосистем, уклад жизни и ведение хозяйственной деятельности населения, проживающего в пределах этих территорий;";

"- природная высотная зональность - закономерная смена природных условий и ландшафтов, вызванная изменениями климата и высоты над уровнем моря, с образованием среднегорных, высокогорных, сверх высокогорных природных зон;";

- дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- охрана горных регионов - совокупность мер, направленных на охрану окружающей среды, рациональное использование природных ресурсов, охрану историко-культурного наследия и традиционного уклада жизни населения горных регионов;".

2. Статью 4 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

"- обеспечение охраны окружающей среды, естественных экологических систем и природных ландшафтов горных регионов;".

3. Дополнить статьей 6(1) следующего содержания:

"Статья 6(1). Охрана окружающей среды горных регионов

1. В горных регионах подлежат особой охране естественные экологические системы, горные природные ландшафты, природные компоненты и горный климат.

2. Размещение объектов хозяйственной и иной деятельности горных регионах допускается после проведения экологической оценки влияния намечаемой деятельности на окружающую среду.

3. Вред окружающей среде, причиненный в результате осуществления хозяйственной и иной деятельности в горных регионах, подлежит возмещению в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

4. В статье 8:

- абзац первый изложить в следующей редакции:

"- формирование и реализация государственной политики о горных регионах;";

- дополнить абзацем вторым следующего содержания:

"- обеспечение взаимодействия центральных и местных исполнительных органов государственной власти в целях реализации государственной политики о горных регионах;".

5. Статью 9 дополнить вторым, третьим и шестым абзацами следующего содержания:

"- участие в разработке и реализации государственных программ в сфере развития и охраны горных регионов;

- создание условий для развития сферы туризма, в том числе спортивно - горного и экологического туризма;

- создание условий для развития предпринимательской деятельности;".

6. Статью 10 дополнить абзацами восьмым, девятым, десятым и одиннадцатым следующего содержания:

"- поддержка и развитие богарного земледелия, горного садоводства и виноградарства, горно-пастбищного животноводства;

- развитие цифровых технологий и средств коммуникаций;

- развитие промышленных, ирригационно-мелиоративных систем, транспортных и энергетических сетей;

- развитие жилищно-коммунального хозяйства.".

Статья 2. Настоящий Закон внести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 23 декабря 2021 года, №1829