Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2021, №515

Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027 (минбаъд - Барнома) бо мақсади таҳкими заминаи моддӣ-техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таъмини дурнамои рушди бомаром ва устувори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдКитобхона) дар марҳилаи нави пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Дар шароити ба манбаи ҷаҳонишавии рушд табдил ёфтани иттилоот, бахусус, иттилооти илмию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва баланд бардоштани нақши Китобхона ҳамчун бузургтарин муассисаи иттилоотию библиографӣ ва объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг ба ҳисоб меравад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪ ВА МУШКИЛОТИ КИТОБХОНА

3. Китобхона соли 1933 дар заминаи китобхонаи оммавии шаҳрӣ таъсис ёфта, соли 1934 ба ифтихори 1000-солагии классики адабиёти форсу тоҷик Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи ӯро гирифт. Соли 1993 Китобхона мақоми Китобхонаи миллиро дарёфт кард ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2011, №1093 ҳамчун Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

4. Китобхона аз 28 шуъба, 6 бахш, 4 марказ ва Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дорои 518 воҳиди корӣ, аз ҷумла 411 корманди илмӣ, библиографону китобшиносон ва 107 нафар кормандони техникӣ мебошад. Хизматрасониҳои иттилоотӣ-библиографӣ тавассути зерсохторҳои зерини Китобхона пешниҳод мегардад:

- шуъбаи феҳристнигорӣ;

- шуъбаи нигоҳдории китоб;

- шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир;

- шуъбаи хизматрасонӣ барои шахсони дорои имконияти маҳдуд;

- шуъбаи матбуоти даврӣ;

- шуъбаи адабиёти хориҷӣ;

- шуъбаи библиографияи миллӣ;

- шуъбаи хизматрасонии библиографӣ;

- шуъбаи адабиёти техникӣ ва илмҳои дақиқ;

- шуъбаи нигоҳдории депозиторӣ;

- шуъбаи адабиёт доир ба фарҳанг ва ҳунар;

- шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ;

- шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо;

- шуъбаи кӯдакон ва наврасон;

- шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён;

- маркази иттилоотӣ-ҳуқуқӣ.

5. Дар Китобхона барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати дастраси умум гардонидани арзишҳои иттилоотӣ ва фарҳангӣ 3,3 миллион нусха маводи чопӣ, 2617 дастхати нодир ва беш аз 320 000 китоби электронӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мегарданд.

6. Дар Китобхона хизматрасониҳои асосӣ ройгон буда, як қисми хизматрасониҳои иловагӣ, аз ҷумла нусхабардорӣ, нусхабардории маводи электронӣ, аъзошавӣ ба Китобхона ва барасмиятдарории шаҳодатномаи хонанда музднок мебошанд.

7. Китобхона бо китобхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Корея, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Фаронса ва ғайра якчанд шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

8. Дар Китобхона гӯшаи фарҳангии 3 кишвари хориҷӣ амал менамояд, ки бо омӯзиши забонҳои чинӣ, кореягӣ ва олмонӣ машғул ҳастанд. Дар Китобхона маркази забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, инчунин Маркази такмили ихтисос барои баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорату малакаи касбии китобдорони ҷумҳурӣ амал менамояд.

9. Дар Китобхона барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ шароитҳои зарурӣ ва мусоид фароҳам оварда шудаанд. Дар давраи солҳои 2015-2020 дар Китобхона зиёда аз 26 чорабинӣ (ҷаласа, конфронси илмӣ, мизи мудаввар, ҳамоиши илмию оммавӣ, озмунҳои байналмилалӣ ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ) баргузор гардид.

10. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015, №105 Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 қабул шуда буд. Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 мавқеи Китобхонаро дар амалисозии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рақобатпазирии он дар бозори иттилоотӣ устувортар гардонида, ба ин васила ба раванди таъмини босифату самараноки ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои дарёфти иттилоот ва дастрасии озодонаи шаҳрвандон ба арзишҳои илмию фарҳангии миллӣ ва умумибашарӣ, ба таъмини ҷараёни ҳифзу нигаҳдорӣ, таъмиру барқарорсозӣ, вусъати раванди рақамигардонии фондҳои гуногун, аз ҷумла дастхатҳо мусоидат намуд.

11. Аз таҳлили вазъи Китобхона бармеояд, ки айни замон дар муассиса мушкилоти зерин ҷой доранд:

- Китобхона ҳамасола ба тамдиди муҳлати иҷозатномаи барномаи "Aleph" (Алеф) барои кормандон ва хонандагони Китобхона ва дастгирии техникии он, инчунин пайваста дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани таҷҳизоти гуногуни технологӣ, аз ҷумла таҷҳизоти муосири ҳифзи иттилоот, зиддисӯхтор, обрасонӣ, гармидиҳӣ, асбобҳои равшанидиҳанда ва амсоли инҳо ниёз дорад;

- аз давраи баистифодадиҳии бинои нави Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллӣ"-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 8 сол сипарӣ гардид. Дар ин муддат қисми муайяни технологияи муосири иттилоотӣ - компютеру принтерҳо, дастгоҳҳои нусхаафзо, лавозимот барои рақамигардонии фондҳо, серверҳои аз ҷиҳати техникӣ ва хотира пуриқтидор, инчунин таҷҳизоти техникии китобхонақисмҳои эҳтиётии лифтҳои мусофиркаш ва китобкаш, генераторҳои дизелӣ, лӯлаҳои обрасонӣ, дастгоҳҳои тармиму барқарорсозии дастхатҳо ва амсоли инҳо фарсудаву корношоям гардиданд.

3. ВАЗИФАҲО ВА САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА

12. Вазифаҳои асосии Барнома аз инҳо иборат аст:

- тибқи талаботи замони муосир такмил додани низоми идоракунии воҳидҳои сохтории Китобхона ва заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти онҳо;

- таъсис додани маркази ягонаи автоматишуда бо мақсади автоматӣ гардонидани тамоми равандҳои фаъолияти Китобхона дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои буҷетии пешбинишуда;

- такмили фаъолияти озмоишгоҳи таъмиру тармим ва барқарорсозии китобу дастхатҳои чопӣ;

- таъмини раванди ҳифз, таъмиру тармим ва барқарорсозии дастхатҳо, нашрияҳои нодири чопи сангӣ (литографӣ) - намунаҳои беҳтарини ёдгориҳои хаттии халқи тоҷик ва дигар халқҳои Шарқ, ки мутааллиқ ба асрҳои XIII-XIX мебошанд;

- ҳамасола харидорӣ намудани иҷозатномаҳо ҷиҳати фаъолгардонии барномаи "Aleph" (Алеф) барои кормандон ва хонандагони Китобхона ва дастгирии техникии он;

- ҳамасола ташкил намудани обунаи музднок ба пойгоҳҳои машҳури иттилооти электронии хориҷӣ, аз ҷумла маҷаллаҳои мукаммалматни илмӣтехникӣ вобаста ба эҳтиёҷоти воқеии истифодабарандагони Китобхона;

- тезонидани раванди рақамигардонии ҳуҷҷатҳо ва феҳристнигории электронии фондҳои Китобхона;

- ташаккули бойгонии электронии мероси мусиқӣ ва фолклори халқи тоҷик, харидорӣ намудани таҷҳизоти зарурии техникӣ барои фаъолияти бонизоми он;

- вусъат бахшидан ба раванди корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои назариявии китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, сарчашмашиносӣ, иттилоотшиносӣ ва таърихи китоби тоҷик;

- ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти мақсадноки сотсиологӣ дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ оид ба тарғиби китоб, хониш, дастовардҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;

- баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии роҳбарони тамоми сохторҳои Китобхона оид ба таъмини рушди бомаром ва устувори муассисаи мазкур;

- таҷдид ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани заминаи моддӣ-техникии Китобхона, аз ҷумла ҷиҳозонидани он бо технологияи муосири иттилоотӣ, серверҳои аз ҷиҳати хотира ва техникӣ пуриқтидор, мебелҳо, таҷҳизоти муосири гармидиҳӣ, асбобҳои равшанидиҳанда, воситаҳои обрасонӣ, лифтҳои китобкашониву мусофирбар, инчунин таъмиру тармим ва барқарорсозии китобу дастхатҳо;

- вусъат бахшидан ба раванди ҳамкориҳо дар доираи мубодилаи байналмилалии китоб, дастрасии электронӣ ба иттилоот;

- дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва мувофиқа бо мақомоти болоии дахлдор ҷалб намудани олимону мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои тайёркунӣ ва бозомӯзии кормандони Китобхона;

- омӯзиши масъалаи коркарди барномаҳои миллии ивазкунандаи ALEPH бо ҷалби мутахассисони ватанӣ;

- таъмини дастрасии шакли электронии китоб ба хонандагони Китобхона ва коркарди барномаҳои махсуси мобилӣ барои дастрасӣ ба китобҳои Китобхона;

- такмил додан ва беҳтар намудани сомонаи Китобхона бо дар назар доштани фарогирии он ба видео ва наворҳои шавқмандкунандаи кӯдакон, дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қисми махсус барои муарифии китобҳои навчопшуда ва ғайра;

- хариди ашё ва молҳои зарурӣ барои нигоҳдории бинои Китобхона;

- ташкили мониторинги амалисозии нишондоди нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур.

13. Самтҳои асосии амалигардонии Барнома аз инҳо иборатанд:

- таҳия ва амалисозии маҷмӯи тадбирҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини дурнамои рушди бомаром ва устувори Китобхона;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти Китобхона бо ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тезонидани равандҳои автоматикунонӣ, феҳристнигории электронӣ, рақамигардонӣ, таъмир ва барқарорсозии китобу дастхатҳо ва таъсиси махзанҳо ва бойгониҳои нави электронӣ;

- пуррагардонии фонди Китобхона бо адабиёти тозанашр ва дигар маводи арзишманди иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ;

- таъмини ширкати фаъолонаи Китобхона дар мубодилаи электронии иттилоот, иштироки кормандони он дар ҳамоишҳои илмӣ ва лоиҳаҳои гуногуни байналмилалии соҳавӣ;

- такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони Китобхона.

4. НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

14. Иҷрои самараноки Барнома барои расидан ба нишондиҳандаҳои зерин мусоидат мекунад:

- заминаи ҳуқуқии Китобхона тавассути аз нав таҳия ва омода намудани 1 Оиннома, 48 низомнома ва 518 адад дастурамалҳои вазифавӣ ва дигар санадҳои дохилӣ (локалӣ) оид ба фаъолияти кормандон такмил меёбад;

- дар инфрасохтори Китобхона 2 воҳиди сохтории нав, озмоишгоҳи таъмиру барқарорсозии китобу дастхатҳо ва фонди электронии фолклору мероси мусиқии халқи тоҷик таъсис меёбанд;

- барои харидорӣ намудани 252 адад иҷозатномаҳо ҷиҳати истифодаи барномаи "Aleph" (Алеф) аз ҷониби кормандон ва хонандагони китобхона ва дастгирии техникии он Китобхона бо сарчашмаи маблағгузории кафолатнок таъмин мегардад;

- равандҳои автоматикунонӣ, рақамигардонӣ, феҳристнигории электронӣ, барқарорсозиву таъмири китобу дастхатҳо вусъат ёфта, дар Китобхона 4 махзани нави электронӣ таъсис меёбад;

- дар ҷумҳурӣ аввалин ва бузургтарин бойгонии электронии мероси мусиқӣ ва фолклори халқи тоҷик таъсис меёбад;

- аз ҳисоби воридшавии адабиёти тозанашр ва дигар маводи арзишманди иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ фондҳои Китобхона такмил меёбанд;

- корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои назариявии китобхонашиносӣ, библиографишиносӣ, сарчашмашиносию иттилоотшиносӣ ва таърихи китоби тоҷик дар Китобхона вусъат ёфта, сатҳи назариявӣ ва натиҷаҳои амалии таҳқиқоти илмӣ барои ҳалли вазифаҳои нисбатан афзалиятнок ва стратегии фаъолияти китобдорию иттилоотӣ ба маротиб беҳтар мегардад;

- шароитҳои муносиб барои мубодилаи электронии иттилоот ва имконияти иштироки кормандони Китобхона дар ҳамоишҳои илмӣ ва лоиҳаҳои гуногуни байналмилалии соҳавӣ фароҳам меояд;

- сатҳу сифати донишҳои назариявӣ ва малакаҳои касбии кормандони Китобхона ба маротиб баланд ва беҳтар мегардад.

5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

15. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Китобхона якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор гузаронида мешавад.

16. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Барнома бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешавад.

6. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

17. Ҳаҷми умумии маблағгузории Барнома 12 миллиону 956 ҳазор сомониро ташкил дода, аз ҷумла 11 миллиону 831 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 1 миллиону 125 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси Китобхона мебошад ва барои амалишавии Барнома сарчашмаҳои маблағгузории зерин истифода мешаванд:

- маблағҳои ҳамасола аз буҷети давлатӣ пешбинишуда барои Китобхона;

- маблағҳои махсуси Китобхона;

- маблағҳои грантӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2021, №515

Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи рушди китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027

* Замима мегардад