Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №512
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №512 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар ном, банди 1, сархати дуюми банди 2 ва банди 3 калимаҳои "фармасевтӣ" ва "фармасевтиро" мувофиқан ба калимаҳои "фарматсевтӣ" ва "фарматсевтиро" иваз карда шаванд;
- дар муқаддима калимаҳо ва рақами "моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон"," хориҷ карда шуда, калимаҳо ва рақамҳои "моддаҳои 8, 28", "моддаҳои 3 ва 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ"" ва "моддаҳои 3, 8, 30" мувофиқан ба калимаҳо ва рақамҳои "моддаи 32", "моддаи 5 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "моддаи 31" иваз карда шаванд.
2. Ба Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, №512 "Дар бораи тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) дар ном ва матн калимаҳои "фармасевтӣ", "фармасевтии", "фармасевт", "фармасевтон", "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино", "Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Вазорати тандурустӣ" мувофиқан ба калимаҳои "фарматсевтӣ", "фарматсевтии", "фарматсевт", "фарматсевтон", "муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ" ва "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" иваз карда шаванд;
2) дар муқаддима:
- ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
"Дигаргунсозиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот ва тандурустӣ мутобиқи тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Федератсияи умумиҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ, кишварҳои иштироккунандаи Эъломияи Болония, инчунин зиёдшавии талабот ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси тиббӣ ва фарматсевтӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, бо дарназардошти самтҳои афзалиятнок ва хусусиятҳои хоси соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, таъмин намудани рақобатпазирии мутахассисон таҷдиди назар ва тасдиқи Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав (минбаъд - Консепсия) талаб менамояд.";
- дар сархати чоруми ҷумлаи дуюм баъд аз калимаи "мутахассисон" калимаҳои "аз рӯйи ихтисосҳои тибби назариявӣ" илова карда шуда, сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- зина ба зина ва пай дар пай аз марҳилаи интернатура ба марҳилаи ординатураи клиникӣ гузаштан дар самти тарбияи табибон;
- таъмини ҳамгироии таълим, илм ва тибби амалӣ бо роҳи татбиқи дастовардҳои илм ва тибби муосир, принсипҳои тибби далелнок ба барномаҳои таълимӣ;";
3) ба ҷумлаи дуюми боби 1 сархатҳои нав бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- бештар ба омӯзиши фанҳои тахассусӣ ва малакаҳои касбӣ машғул шудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти касбии тиббӣ;
- аз рӯйи ихтисосҳои нави тиббӣ ба роҳ мондани тарбияи мутахассисон барои эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ;";
4) дар боби 2:
- аз матн калимаҳои "омӯзишгоҳ ва" хориҷ карда шаванд;
- дар сархати ҳафтуми ҷумлаи дуюм ва ҷумлаи чорум калимаҳои "коллеҷ ва омӯзишгоҳҳои" ва "омӯзишгоҳҳои" мувофиқан ба калимаи "коллеҷҳои" иваз карда шаванд;
- аз сархати ёздаҳуми ҷумлаи дуюм калимаҳои "мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 ҳамин Консепсия" хориҷ карда шаванд;
- аз ҷумлаи шашум калимаҳои "бо дипломи аъло" хориҷ карда шаванд;
5) дарзербоби 3.1.:
- дар ҷумлаи сеюм баъд аз калимаи "эпидемиолог" аломат ва калимаи ", вирусолог" илова карда шуда, калимаи "Даҳонпизишкӣ" ба калимаи "Стоматологӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати якуми ҷумлаи панҷум калимаҳои "факултетҳои тиббӣ ва нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ" ба калимахои "факултети тиббӣ-профилактикӣ" иваз карда шаванд;
6) дар зербоби 3.2.:
- ҷумлаи якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Таҳсилоти касбии олии баъдидипломии тиббӣ - интернатура аз рӯйи ихтисосҳои нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ ба муҳлати яксолаи бозомӯзӣ тибқи Низомнома оид ба интернатураи клиникӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.";
- ҷумлаҳои дуюм, чорум, панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштум хориҷ карда шуда, ҷумлаи сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Таҳсилоти касбии олии баъдидипломии тиббӣ аз рӯйи ихтисосҳои кори табобатӣ, педиатрия, кори тибби ташхисӣ, кори тибби профилактикӣ, кори тибби офиятӣ, кори тиббии психологӣ, стоматология дар марҳилаи ординатураи (резидентура) клиникӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад.";
- дар ҷумлаи нуҳум баъд аз калимаҳои "хатми интернатура," калимаҳои "ва ё муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ" илова карда шаванд;
- ҷумлаҳои ҳабдаҳум ва ҳаждаҳум хориҷ карда шаванд;
- дар ҷумлаи бисту якум баъд аз калимаҳои "магистрҳо" ва "мегиранд, ки" мувофиқан калимаҳои "аз рӯйи ихтисосҳои тибби назариявӣ" ва "дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" илова карда шаванд;
- ҷумлаҳои бисту нуҳум, сиюм, сию якум ва сию дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD бо муҳлати таҳсили 3 сола. Дохилшавӣ ба аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Ба аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD аз рӯйи ихтисосҳои тибби назариявӣ пас аз хатми магистратураи равияи муайяни тибби назариявӣ ва ё баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил шудан мумкин аст. Ба аспирантура ва докторантура аз рӯйи ихтисос PhD аз рӯйи ихтисосҳои тибби клиникӣ баъди хатми ординатура ва ё хатми интернатура бо 3 соли собиқаи корӣ дохил шудан мумкин аст.";
- дар ҷумлаи сию сеюм баъд аз калимаи "Докторантура" калимаҳои "ва постдокторантура аз рӯйи ихтисос" илова карда шаванд;
7) Дар боби 4:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои "Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии тайёр кардани кадрҳои тиббии Тоҷикистон ё Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино" ба калимаҳои "муассисаҳои таълимии касбии тиббӣ ва илмии тиббӣ" иваз карда шаванд;
- аз ҷумлаи дуюм калимаҳои "танҳо баъди 3-соли аз рӯйи ихтисоси қаблан гирифтааш кор кардан," хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 25 ноябри соли 2021, № 505