Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Хоҷагии зотпарварии ба номи Сангак Сафарови ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Хоҷагии зотпарварии ба номи Сангак Сафарови ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бо заминҳои дар тавозунаш қарордошта ба ҳолати 1 январи соли 2021 бе ҳуқуқи бегона кардан ва иваз намудани самти фаъолият бо дар назар доштани қарзҳои дебиторию кредиторӣ ба тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Мармарӣ" гузаронида шавад.
2. Хоҷагии зотпарварии ба номи Сангак Сафарови ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон дар Шабакаи хоҷагиҳои зотпарварӣ нигоҳ дошта шуда, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои пешбурди корҳои зотпарварӣ дар ин хоҷагӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
3. Дар сатри 22 "Шабакаи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварӣ оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2007, №245 "Дар бораи заводҳо, хоҷагиҳо ва фермаҳои зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвариши чорво, парранда, моҳӣ ва занбӯри асали зотӣ" тасдиқ шудааст, калимаи "давлатии" ба калимаи "зотпарварии" иваз карда шавад.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ ва ҳуҷҷатҳои кадастри замин тағйироти дахлдор ворид намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 26 октябри соли 2021, №466